Тибқи раддабандии Transparency International, дар мубориза бо ришвахорӣ дар соли 2020 Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои фасодзада боқӣ монда, бо ба даст овардани 25 имтиёз аз 100-тои имконпазир ҷойи 149-умро дар канори Мозамбик, Нигерия, Мадагаскар, Камерун ва Эрон ишғол намудааст. Новобаста ба он ки дар ҷумҳурӣ аз соли 2007 мақомоти махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолият дорад ва чандин мақомоти дигар низ алайҳи коррупсия мубориза мебаранд, вазъ беҳтар намешавад.
Вақте ин ҳама мубориза бо фасод натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, чӣ бояд кард?
Таҷрибаи Сингапур
Ба назари банда, барои комилан аз байн бурдани порахӯриву порадиҳӣ ва решакан кардани ҳама зуҳуроти коррупсионӣ Тоҷикистон бояд ҳатман аз таҷрибаи Сингапур истифода барад. Тавре маълум аст, дар замони ба даст овардани истиқлолият дар соли 1965 Сингапур низ чун Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои сатҳи баланди коррупсия дар чаҳон ба ҳисоб мерафт. Маъракаи муваффақонаи мубориза бо коррупсия дар Сингапур дар солҳои 70-ум бо ибтикори сарвазири собиқ Ли Куан Ю ба вуқӯъ пайваст. Тактикаи пешгирифтаи ӯ имкон дод, ки Сингапур бо як ҷаҳиши бесобиқа аз ҷаҳони сеюм ба якум гузарад ва ба яке аз кишварҳои пешрафтатарини ҷаҳон табдил ёбад. Шиори ҳизби “Амалиёти Халқӣ”, ки онро Ли Куан Ю роҳбарӣ мекард, ин буд. “Агар шумо хоҳед, ки коррупсияро шикаст диҳед, омода бошед, ки дӯстон ва наздикони худро ба зиндон равон кунед.”

Тактикаи коҳиш додани коррупсия ба татбиқи барномаи махсуси мубориза бо коррупсия асос ёфта буд, ки маҷмӯи тадбирҳоро оид ба танзими амали мансабдорон ва ротатсияи онҳо бо ҳадафи пешгирӣ аз ташаккули робитаҳои устувори коррупсионӣ, содагардонии расмиёти бюрократӣ, собит намудани волоияти қонун ва ҷанбаҳои зиёди дигарро фаро мегирифт.
“Агар шумо хоҳед, ки коррупсияро шикаст диҳед, омода бошед, ки дӯстон ва наздикони худро ба зиндон равон кунед.” (Шиори Ҳизби Амалиёти Халқӣ бо роҳбарии Ли Куан Ю.)
Инчунин танзими иқтисод, тайёр кардани кадрҳои маъмурии соҳибихтисос, зиёд кардани маоши мансабдорон ва ғ. аз тадбирҳое буданд, ки маҳз барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар амал татбиқ карда шуданд.
Тоҷикистон аз Сингапур чи камӣ дорад?
Фикр мекунам, агар иродаи қавии сиёсӣ мавҷуд бошад, мо ҳам метавонем мисли Сингапур ба фасод хотима гузорем. Муборизаи беамон дар муқобили ришвахорон, комилан аз байн бурдани коррупсия, метавонад кишвари моро дар як муҳлати хеле кӯтоҳ ба яке аз пешқадамтарин кишварҳои ҷаҳон табдил диҳад. Барои ин, ба назари банда, бояд нахуст қонунҳои сахттари муҷозот барои ришвахорон қабул карда шуда, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар умум кормандони давлатӣ то ба сатҳе баланд бардошта шавад, ки зарурат ба гирифтани пора боқӣ намонад. Масалан, агар маоши кормандони мақомоти қудратиро мисол орем, чунин маош ҳеҷ гоҳ имконияти харидории на танҳо хона, балки ҳатто харидории мошинро намедиҳад. Кӣ кафолат дода метавонад, ки кормандони ин ташкилотҳои давлатӣ, ки аксар мошинҳои гаронбаҳо ва қасру кӯшкҳо доранд, ин ҳамаро бо пули маош харидорӣ кардаанд?
Ба назари банда, Тоҷикистон вақте бо фасод мубориза бурда метавонад, ки сарчашмаи даромади ҳамаи дороиҳои мансабдорони давлатиро муайян кунад ва қонун иҷозат диҳад ҳама молу амволе, ки берун аз маош ба даст омадааст, мусодира кунад.
Чанд сол пеш аз як рафиқи мансабдорам пурсида будам:
– Чӣ қадар маош мегирӣ?
– 2500 сомонӣ.
Ба мошини гаронбаҳояш нигариста гуфтам:
– Ин мошинро бо пули маош харидӣ?
Хандиду гуфт:
– Магар одам мошинро бо пули маош мегирад?
Ин худ чавоб буд ба саволи ман. Имрӯз аксари мансабдорони давлатӣ мошинҳои гаронбаҳои шахсии худро доранд ва ҳама медонанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо бо пули маош имконияти харидорӣ кардани чунин дороиҳоро надоранд. Зеро дар Тоҷикистон чунин маоше нест, ки барои харидории мошину бунёди қасру кӯшкҳо имкон диҳад. Ин аст, ки суоли «Магар одам мошинро бо пули маош мегирад?» дар Тоҷикистон комилан мантиқӣ аст.
Назари коршиносон
Барои бархам додан ва ё паст кардани сатҳи фасод дар Точикистон чӣ бояд кард? Ҳукумат бояд чӣ икдоме ё икдомҳоеро пеш гирад, ки коррупсия пурра решакан карда шавад? Ин ду суоле буд, ки бо он мо ба якчанд коршинос муроҷиат кардем.
Рӯзноманигор Бобоҷон Шафеъ ба он андеша аст, ки барои пурра решакан кардани фасод зарур нест, ки “Ҳукумат иқдоми наве пеш гирад. Танҳо зарур аст, ки қонунҳои зидди коррупсонии то имрӯз қабулшударо дар амал татбиқ намояд”.
Аммо нависанда Абдуқодири Рустам қонунҳои қаблушударо кам медонад. Ба фикри ӯ, “то замоне, ки дар Ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои давлатӣ ҳама хешу таборон ва мардуми як маҳал кор мекунанд, барҳам додани коррупсия имкон надорад”.

Ба назари ҳуқуқшинос, профессор Шокирҷон Ҳакимов, ”барои тадриҷан паст кардани сатҳи муносибатҳои коррупсионӣ ва минбаъд аз байн бурдани он ҳамчун падидаи на танхо ба амнияти иктисодӣ тахдидкунанда, балки тамоми равандҳои амалӣ намудани ормонҳои шаҳрвандонро халалдоркунанда, аввал бояд иродаи сиёсиро ташаккул ва ҷиҳати гирифтани тасмимҳои ниҳоят ҷиддию самимӣ корҳои мушаххасро анҷом дод.
Чораҳои пешгирифта, ки бояд садди роҳи фасодкорӣ мешуданд, маълум гардид, кифоя нестанд. Новобаста аз мавқеи шаҳрвандӣ, бояд донишмандони ҳаққонӣ ва босалоҳиятро, ки на ба забон, балки дар амал устуворанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ ба кор ҷалб намоянд. Назорати парлумонӣ, контрол аз ҷониби воситаҳои ахбор дар ин робита бояд таъмин карда шавад. Ба таври ошкоро дар як сол ақаллан ду маротиба масъалаҳои ошкорсозӣ ва муқовимат ба коррупсияро баррасӣ кардан низ самаранокии муборизаи беамонро дар ин самт бештар хоҳад кард”.
Шокирҷон Ҳакимов ба он андеша аст, ки бояд далелҳои “робитаи авлодӣ доштани мансабдорон муайян ва ошкор карда шуда, ба хешутаборчигӣ дар ҳама зинаҳо хотима дода шавад”. Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, экспертизаи конуну дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бояд аз тарафи коршиносони мустақил аҷом дода шавад. Ин амал метавонад эҳтимолияти заминаҳои ҳуқуқии мусоидаткунанда ба содирнамоии муносибатҳои дорои хусусияти коррупсиониро пешгирӣ намояд.
Бо таҳлил ва пешниҳодҳои коршиносон ошно шуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Тоҷикистон танҳо дар замоне давлати пуриқтидор ва комилан мардумӣ мешавад, ки тамоми мансабдорони давлатӣ, аз зинаҳои поён то боло аз фасод даст кашанд ва соҳибкасб бошанд ва меҳнати одамон қадр карда шавад. Мо бояд дарк намоем, ки бидуни ҷилавгирӣ аз фасод ва қонуншиканӣ кишвар оянда надорад.
Холиқи Муҳаммадназар