Дар Тоҷикистон муҳорибаҳои омехта торафт бештар маъмулу маъруф мешаванд. Имрӯзҳо даҳҳо ҳазор ҷавонон дар толорҳои варзишӣ машқ мекунанд, то маҳорати худро такмил диҳанд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастболо гарданд.
Ин аст, ки дар охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба ММА баргузор гардид ва дар он паҳлавонони Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ мақоми аввалро ишғол карданд.
Ин навъи ҳунарҳои размӣ ҷавонони моро бо чӣ ба худ ҷалб мекунад ва ба онҳо чӣ медиҳад?
Аз гӯштингирӣ – то ММА
Ҳунарҳои размӣ ҳамеша мардони тоҷикро ба худ ҷалб мекарданд. Асрҳо боз дар байни тоҷикон гӯштии миллӣ – “гӯштингирӣ” маъмул аст. Дар солҳои Шӯравӣ намудҳои дигари варзишҳои размӣ – самбо, бокс ва баъдтар каратэ, муай-тай, таэквондою дигар навъҳои ҳарбҳои шарқӣ пайдо ва маъруф гаштанд.
Аз ибтидои солҳои 2000-ум муҳорибаҳои омехта ё MMA (аз Mixed Martial Arts (англ.) – ҳунарҳои размии омехта) ба њаёти мо ворид шуданд. MMA-и муосир яке аз варзишҳои босуръат рушдкунанда аст ва омори фурӯши пахшҳои пулакии мусобиќаҳо тариқи ТВ ва интернет, фаро гирифта шудани ин навъи варзиш тариқи расонаҳо, афзоиши шумори тамринкунандагон ва болоравии фурӯши молҳои марбут ба MMA далели инанд.

Хоса, дар байни ҳаводорони ММА маъруфияти лигаи беҳтарини дунё – UFC бузург аст. Ҳар нафаре, ки ба муҳорибаҳои омехта машғул мебошад, ормони рӯзе узви он шуданро дар дил мепарварад. Набардҳо дар UFC миллионҳо тамошобинро ҷалб мекунанд, ки дар байни онҳо ҷавонони тоҷик низ зиёданд.
Аксари онҳо орзу доранд, ки мисли қаҳрамони номвари UFC Ҳабиб Нурмагомедов қавӣ ва машҳур шаванд. Ва чанде боз ҷавонони мо аз миёни ҳамватанони худ низ размкорони дӯстдошта пайдо кардаанд – инҳо Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов, Муин Ғафуров ва дигарон мебошанд.
Чун натиҷа, дар мусобиқаи болозикри қаҳрамонии Осиё оид ба ММА дар байни варзишгарони ғайрикасбӣ тоҷикистониён дар ҳисоби даставӣ натиҷаи рекордӣ нишон доданд. Воқеан, ин мусобиқот ба таври мустақим дар 13 кишвари ҷаҳон намоиш дода шуд.
Ҳунарнамоии беназири варзишгарони тоҷик ҳайати доварон ва ҳам мухлисонро дар ҳайрат гузошт. Тоҷикистон 35 медал – 9 тилло, 8 нуқра ва 18 биринҷӣ ба даст овард.
Қаблан, дар соли 2021, Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта – IMMAF дар ҷамъбасти чемпионати ҷаҳон дар Абу-Даби қайд намуда буд, ки аз замони ба ин ташкилот ҳамроҳ шудан Федератсияи Тоҷикистон босуръат рушд карда, дар як муддати кӯтоҳ ба даҳгонаи федератсияҳои пешсафи ҷаҳон ҳам миёни калонсолон ва ҳам дар сатҳи наврасон ворид шудааст.
Нурулло Алиев – нахустин паҳлавони Тоҷикистон дар UFС
Имрӯз размкори маҳбубтарини ММА дар Тоҷикистон Нурулло Алиев аст. Паҳлавони 22-солаи тоҷик як моҳ пеш дар раунди аввали набард бар Ҷош Уики 27-солаи амрикоӣ ғолиб омад ва баъд аз ин Дана Уайт, президенти UFC, аз қабул шудани Нурулло ба ташкилоташ мужда дод.

Алиев дар сонияҳои охирини раунди якум ба сари Уик як силсила зарбаҳои қавӣ рехта, пирӯзӣ ба даст овард.

– Ман чанд моҳ дар Амрико машқ карда, Дана Уайтро розӣ намудам, ки ба ман имкони дар силсилаи мусобиқоти номзадҳо иштирок намуданро диҳад. Ман ҳар рӯз чандборӣ машқ карда, сӯйи ин мақсадам муддати тӯлонӣ боисрор роҳ паймудаам. Хеле шодам, ки аввалин намояндаи кишвари кӯҳии Тоҷикистон дар UFC шудам. Эҳсоси гуворое маро фаро гирифтааст, гӯё ин ҳама дар хоб бошад. Ин хиссиётро бо сухан тасвир кардан намешавад. Ду рӯз аст, ки халқи ман: ҷавонон, хурдсолон, зану мардони солхӯрда хоб нестанд. Ҳоло дар Ватанам соат 7-и пагоҳист. Ҳама барои ҷашн гирифтани пирӯзии ман берун баромадаанд. Мехоҳам Тоҷикистонро маъруф кунам, то ки кишвари маро њама дар ҷањон шиносанд. Мо паҳлавонони хубе дорем. Фикр мекунам, аз паси ман бисёр размкорони дигари тавонои тоҷик ба UFC меоянд. Ба ин умед дорам”, – гуфт Алиев дар нишасти матбуотии UFC, ки баъд аз набардаш доир шуд.
Пеш аз ин Нурулло дар моњи сентябри соли гузашта ба майдон баромада, бо ќарори якдилонаи доварон зафар ёфта буд. Он замон ӯ ҳамроҳ бо намояндаи дигари Тоҷикистон – Самандар Муродов дар мусобиқаи EFC (Eagle Fighting Championship), бахшида ба ёди Абдуманап Нурмагомедов, падар ва мураббии размкори шуҳратёри ММА Ҳабиб Нурмагомедови доғистонӣ ғолиб шуда буд. Пас аз ин пирӯзӣ соҳибкор ва эҳсонкори маъруфи тоҷик Раҳим Бобоҷонов (Раҳими Ғармӣ) ба Нурулло Алиев ва Самандар Муродов яктоӣ мошини «Мерседес» ҳадя кард.
Нурулло Алиевро зиёд бо Ҳабиб Нурмагомедов иштибоҳ мекунанд, зеро воқеан ба ӯ монанд аст. Худи Нурулло нақл мекунад, ки борҳо одамон ӯро гумони Ҳабиб карда, ҳатто барои гирифтани соядаст ба ӯ муроҷиат намудаанд.
Дар пайи Нурулло Алиев ду варзишгари дигари тоҷик – Муин Ғафуров ва Самандар Муродов дар мусобиқоти довталабон рақибони худро шикаст дода, ҳаққи ширкат дар UFC-ро дарёфт карданд.
«Ба MMA барои қувват, шуҳрат ва пул меоянд»
Варзишгарони тоҷик дар солҳои охир торафт бештар аз намудҳои гуногуни варзиш ба ММА мегузаранд.
– Ҳар кас худаш тасмим мегирад, ки барои чӣ ба муҳорибаҳои тан ба тан меояд, – мегӯяд мутахассиси ҳарбҳои шарқӣ Фотеҳ Табаров. – То тавонӣ, ки худро ҳимоя кунӣ? Ё ин ба ту барои обутоб додани баданат лозим аст? Аксаран ҷавонон бо ҳардуи ин сабабҳо ҳунарҳои размиро интихоб мекунанд. Имконияти ҳосил намудани малакаҳои худмуҳофизатӣ ҳамзамон бо рушди иродаи қавӣ ҳунарҳои размиро ба як чизи фаротар аз танҳо як варзиш табдил медиҳанд. Аз ин ҷост, ки танҳо намояндагони ин навъи варзишро “размкор” меноманд.

Коршиносон қайд мекунанд, ки MMA худдифоъкуниро ҳаматарафа ёд медиҳад. Бокс, каратэ, муай-тай, ҷиу-ҷитсу, грэпплинг, гӯштӣ – истифодаи ҳар як аз ин намудҳо дар ин варзиш раво аст. Размкори ММА метавонад ҳам дар ҳолати росто бо пою даст зарба занад ва ҳам малакаҳои гӯштигириро ба кор барад.

– Ғайр аз ин, он як шуғли хуби мардона аст. Яке аз сабабҳои асосии ҳолати депрессия дар мардон набудани имкони бароварда сохтани талаботи ботини мардонаи онҳост. MMA як шуғли олист, ки хислатҳои заминавии мардро ба монанди далерӣ, устуворӣ, зӯрӣ ва ҷавонмардӣ тарбия мекунад. Ва боз ҳарбҳои тан ба тан, махсусан MMA, ба инкишофи маҷмуии ҷисмонӣ мусоидат мекунанд. Ҳама гуна услуби мубориза, хоҳ зарбавӣ бошаду хоҳ марбут ба гӯштӣ, дар як вақт ҳамаи гурӯҳҳои асосии мушакҳоро ба кор меандозад. Иловатан, тамринҳои MMA сифатҳои кардиоро хеле хуб инкишоф медиҳанд. Ҳеҷ як дав ҷойи спаррингро гирифта наметавонад. Мегӯянд, ки MMA як варзиши хатарнок аст, ин ҷо маъюб шудан мумкин аст. Аммо дар ҳама намудҳои қувваозмоиҳои тан ба тан эҳтимоли латбардорӣ вуҷуд дорад. Агар омодагии хуб дошта бошӣ, аз латҳои вазнин эмин мондан метавонӣ, – андешаҳои худро арз кард табиби соҳаи варзиш Комрон Усмонов.
– MMA як бозори бузурги варзишӣ, фан-базаи бузурги иборат аз мухлисони ҷавонро фаро гирифтааст, аз ин рӯ имрӯз ба размкорон талабот вуҷуд дорад. Тибқи омор, ҳоло бештар аз навъҳои дигари варзиш бачаҳо ба ММА таваҷҷуҳ мекунанд, зеро инҷо ҳам масъалаи пулу ҳам маъруфият дар миён аст. Алалхусус, ин раванд пас аз зафарҳои Ҳабиб Нурмагомедов авҷ гирифт. Дар хотир доред, ҷавонони мо ғалабаи ӯро чӣ тавр ҷашн гирифта буданд? – ба ёд меорад мураббии гӯштигирон Субҳон Абдукаримов.
Воқеан, бисёр размкорони ҷавон қайд мекунанд, ки онҳо ба MMA на танҳо барои саломатӣ, балки барои муваффақият ва пул низ омадаанд.
– Ин ҷо ягон сир нест, – мегӯяд варзишгари ҷавон Фирӯз Зуҳуров. – Бале, бисёриҳо MMA-ро ягона роҳи расидан ба орзуҳои худ дар зиндагӣ мебинанд. Мо мехоҳем дар Тоҷикистон ва берун аз он номдор шавем, зӯр шавем, медал ва пули хуб ба даст орем. Саломатӣ, шуҳрат ва зиндагии шоиста – ин аст он чизе, ки ҳар як варзишгар орзу мекунад.
Фаррух Бозоров