Чӣ тавр Соли нав ба Тоҷикистон омада, яке аз идҳои дўстдоштаи мардум шуд?

Бўйи афлесуну арчаи зинда, оливйею хўришҳои дигар, шампон, «Чароғаки солинавӣ» ва шабзиндадориҳои пур аз шодӣ. Ба ҳар нафаре, ки ҷашнгирии Соли навро дар Иттиҳоди Шўравӣ (ё, тавре он замон мегуфтанд, Иттифоқи Советӣ) дар ёд дорад, ин эҳсосот шинос аст.

Соли нав ба Тоҷикистон чӣ тавр омад ва аз он замон дар кишвари мо онро чӣ гуна ҷашн мегиранд, дар матлаби www.nukta.tj бихонед.

            Дар Тоҷикистон Соли навро ҳамроҳ бо рамзҳои он – Бобои Барфӣ ва арча – бори аввал соли 1936, пас аз қабули сарқонуни нав, бо ибтикори комсомол қайд карданд. 11 сол пас Соли нав ҳамчун иди давлатӣ эътироф шуд. Аммо айни ҳол як қисми аҳолии Тоҷикистон бар он ақида аст, ки Соли навро на шаби 31 декабр ба 1 январ, балки 21 март – дар рўзи истиқболгирии Наврўз бояд ҷашн гирифт.

                  Соли нав барои бисёр аз сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои дўстдоштатарин боқӣ мемонад. Он ба диёри мо дар интиҳои асри 19, баъди Осиёи Марказиро забт намудани Русияи императорӣ омад. Бояд гуфт, он замон Соли нав ҳатто дар байни забтгарон чандон маъруф набуд. Шомҳои рақс ва чорабиниҳои идона асосан дар байни нухбагон – дар клубҳову ҳайатҳои дипломатию низомӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳои Русия дар Тошканд, Хуҷанд, Исфара, Қўқанд ва шаҳрҳои дигар баргузор мешуданд. Тадриҷан ба ин базмгоҳҳо мансабдорону тоҷирони маҳаллиро ҳамроҳи фарзандонашон низ даъват мекардагӣ шуданд.

                  Пас аз инқилоби октябри соли 1917 ва ташкил ёфтани Иттиҳоди Шўравӣ роҳбарони кишвари шўроҳо иди Соли навро қабул накарданд. Онро бозмондаи империализм медонистанд. Аз ин рў, то соли 1935 дар ҷумҳуриҳои шўравӣ Соли нав иди расмӣ маҳсуб намеёфт. Ва ҳарчанд дар бисёр хонаводаҳо мувофиқи анъана Соли нав ва рўзи мавлуди Исоро қайд мекарданд, кўшиш менамуданд, инро овоза накунанд.

Соли нав муборак бошад, Сталинобод!

Ва инак, моҳи декабри соли 1935, баъди нашри мақолаи арбоби маъруфи давлатӣ Павел Постишев дар рўзномаи “Правда” доир ба муҳим будани ҷашнгирии Соли нав, роҳбарияти кишвар иҷозат дод, ки Соли нав дар тамоми паҳнои Иттиҳоди Шўравӣ васеъ ид карда шавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод (Душанбе) ба Соли нав тайёрии ҷиддӣ диданд. Дар мағозаю бозорҳо арчаҳои солинавӣ ва лавозимоти ороиши онҳо, анвои мухталифи шириниҳо, меваю нўшобаҳо ба фурўш бароварда шуданд. Тарабхонаҳо бо нашри эълонҳо сокинони шаҳр ва меҳмононро ба ҷашнгирии Соли нав дар муассисаҳои онҳо бо ваъдаи зиёфати гуворо, мусиқию рақс то субҳ даъват менамуданд. Базмҳои солинавии ниқобдорон – бал-маскарадҳо, консертҳо дар биноҳои Кинотеатри калон, театри Лоҳутӣ, дар Хонаи Артиши Сурх ва дигар марказҳои фароғатии пойтахт баргузор мешуданд.

Дар хусуси ҷашнгирии расмии Соли нав дар Сталинобод рўзномаи «Коммунист Таджикистана» чунин менавишт: «31 декабр дар бинои Кинотеатри калон шабнишинии солинавии меҳнаткашони шаҳр доир шуд. Расо соати 23.00 идро кушода эълон карданд. Ҳамин ки мардум ба дарун пой ниҳоданд, навои ҷаз садо дод ва дар саҳна бо рақамҳои оташин сана – “соли 1937” фурўзон гашт. Дар гирди арчаи оростаи солинавӣ рақсҳо оғоз ёфтанд. Аз деворҳо плакату шиорҳо тоҷикистониёнро бо Соли нав муборакбод мегуфтанд. Ҳама ҷо мусиқӣ, ханда, шодӣ буд. Ид дар бевақтии шаб бо баромадҳои консертӣ ва ҳунарнамоии актёрҳои театрҳои Сталинобод ба охир расид. Шабнишиниҳои солинавии сершумор инчунин дар дигар марказҳои фарҳангӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, мактабҳо баргузор шуданд”.

Дар бораи он ки кўдакони Сталинобод Соли навро чӣ хел истиқбол мегирифтанд, сокини собиқи пойтахт Абдукаримака Баротов қисса кард: «Охири солҳои 30-юм буд. Ман дар синфҳои ибтидоӣ мехондам. Дар як рўзи моҳи декабр муаллима эълон кард, ки мо ба наздикӣ ба театр барои ҷашнгирии Соли нав меравем. Ба мо гуфтанд, ки онҷо иди калон, бал-маскарад, арча мешавад ва мо бояд ба тан пероҳани ягон қаҳрамони афсонавӣ ва ё ҳайвонеро дошта бошем. Мо зиндагии серу пур надоштем, дар мағозаҳо ҳам, ба назарам, чандон интихоб зиёд набуд. Аз ин сабаб волидонам тасмим гирифтанд барои ман бо дасти худ либос омода кунанд. Модарам аз пораҳои газвор свитер дўхт, ки хеле ба ҷавшани ҷангӣ монанд буд. Падарам аз фанер сипар ва аз чўб шамшер сохт. Сохтани сарпўши ҷангӣ- хўд вақти зиёдро гирифт, аммо дар натиҷа ҳамааш зебо баромад. Он идро то ҳанўз дар ёд дорам – он пурҷило, як афсонае буд. Дар шохҳои арчаи солинавӣ бозичаҳои гуногун, аксаран аз картон ва шиша овезон буданд. Зиёд байрақчаву ситорачаҳо ба назар мерасиданд. Мо месароидем, мерақсидем ва таҳти мусиқии гуногун дар гирди арча мерақсидем. Баъд ба мо туҳфаҳоро тақсим карданд. Мо ба хона хеле қаноатманд баргаштем».

Филмҳои солинавӣ, оливйе ва мандарин…

Ҷашнгирии Соли нав бо вусъати ҳақиқии идона, дар гирди мизи пурнуқлу наво ва дар фазои бештар озод дар ҷумҳуриҳои собиқи Шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аз солҳои 60-ум шурўъ гардид. То ин ҳангом ҷанг бо Олмони фашистӣ ва мушкилоти баъдиҷангӣ пушти сар шуданд, нармшавии фазои сиёсӣ ба одамон имкон дод, ки нафаси озод кашанд. Номгўи анвои маҳсулоти озуқаворӣ дар рафҳои мағозаҳо хеле васеътар шуд, ки барои гузарондани ид аҳамияти хоса дошт.

            Намояндагони насли калонсол то ҳанўз он ҳисси шодиро дар хотир доранд, ки дар рўзҳои арафаи ид ҳамагонро фаро мегирифт. Зеро ин танҳо як иди одӣ не, имкони чашидани хўрданиҳои болаззати камёфт, ба ҳадя гирифтани чизҳои нав, бо дўстон фориғ аз сиёсат суҳбат доштан, тамошо кардани филмҳои дўстдошта тариқи телевизион, шунидани консертҳо бо ширкати ситораҳои ватанию хориҷӣ буд.

Анъанаҳои солинавии ҳама сокинони Иттиҳоди Шўрави он замон қариб як хел буданд.

            Масалан, дар хона мондани арчаи зинда як анъана шуд. Дар шаҳрҳои Тоҷикистон ба риояи ин анъана аз соли 1961, баъди он ки дар майдони асосии Душанбе (соли 1961 Сталинобод номашро ба Душанбе иваз кард) бори нахуст арчаи солинавӣ гузошта шуд, шуруъ карданд.

Арчаро бо ороишоти гуногуни ранга, бозичаҳои шишагӣ ва дигар мавод зебу зинат мебахшиданд. Навори коғазӣ бо номи «серпантин» ва «борон» аз коғазпораҳои ранга маъруф буданд.

Дар шароити хона мардум ба хотири сарфакорӣ ба омода намудани ороишоти худсохт дастбакор мешуданд. Масалан, борони аз шифти хона овезон. Ташкил кардани он осон буд: пораи хурди пахтаро ба нўги риштаҳои дарози ҷилонок, ки нақши қатраҳои боронро мебозиданд, печонда, пахтаро ба об тар мекарданд ва ба шифти хона мепартофтанд. Он мечаспид. Дар ним соат бо ин усул шифти хонаи калонро пур кардан мумкин буд. Боз аз варақаҳои фолга ва ҳатто аз дастпоккунҳои коғазин барфзарраҳои гуногунро бурида ба арча меовехтанд ё ба тирезаҳо мечаспонданд. Шакли зарра вобаста ба нафари қайчибадаст ҳар гоҳ нотакрор мебаромад.

Тифлакони шўравӣ мисли кўдакони муосир Соли навро дар базмҳои пагоҳирўзӣ – «утренник»-ҳо дар боғчаву мактабҳо ҷашн мегирифтанд. Дар Тоҷикистон Дед Мороз ва Снегурочка номҳои миллӣ доштанд – Бобои Барфӣ ва Барфак.

Либосҳои карнавалиро одатан худи волидон тайёр мекарданд. Дар фурўш ниқобҳои ҳар гуна ҳайвонҳо зиёд буданд, вале либосро пайдо кардан душвор буд. Бештар аз ҳама дар солҳои мухталиф сарупои мушкетдорон, Зоррои ҷасур, лўлизанон, роҳзанҳои баҳрӣ, харгўшакон ва ғайра маъмул буданд.

Туҳфаҳое, ки волидон аз ҷойи кор меоварданд (яктоӣ барои ҳар кўдаки то 14-сола иттифоқи касаба ҷудо мекард), барои он даврон хеле хуб ҳисоб меёфтанд. Ба кўдакон беш аз ҳама шакалод, афлесун ва норанҷҳое писанд буданд, ки ба халтачаҳо андохта мешуданд.

Рўи дастархон тибқи анъана торт, хўриши оливйе, ҳасиб, мурғи бирён, «Шампони советӣ», арақу шаробҳо, лимонади «Буратино», «Дюшес» ва боз ҳам ҷузъи ҳатмии соли нав – афлесуну норанҷҳоро мегузоштанд.

Аз даруни «хлопушка» «конфетти» – тангачаҳои коғазин, наворҳои серпантин, ниқобҳои коғазини маймуну хирсакҳо ва ғайра мепариданд. Маводи тарфгарии «шамъи банғолӣ»  хеле маъруф буд. Онро хурду калон бо худ ба ҳамаи ҷашну базмгоҳҳо мебурданд. Ва вақте мусиқии романтикӣ оғоз меёфт, ҳамагон шамъҳои банғолиро дармегиронданд ва дастҳояшонро бардошта, бомаром алвонҷ медоданд. Ин манзара мафтун мекарду ҳамзамон ғамгин месохт, ки ид чунин зудгузар аст.

Соли нав бе ТВ тасаввурношуданӣ буд

Ҷузъи асосии ин анъанаро тамошои барномаи «Голубой огонёк» (Чароғаки нилгун ё «Чароғаки солинавӣ») ташкил медод. Шурўъ аз соли 1964 таронаву ҳазлҳои барномаи мазкур ҳамасола ба ин шоми мардуми шўравӣ лаззати хоса мебахшиданд.

Анъанаи дигар тамошои филми «Карнавальная ночь» тариқи телевизион буд, ки соли 1976 мавқеашро ба филми дигар – «Ирония судьбы или С лёгким паром» дод. Онро низ ҳарсола намоиш медоданду медиҳанд. Ғайр аз ин, дар рўзҳои арафа ва ҷашни Соли нав мазҳакаҳои писандидаи мардум – «Бриллиантовая рука», Кавказская пленница», «Джентльмены удачи» ва ғайраро ба маъраз мегузоштанд.

Таҳти садои соати бурҷи Кремл қадаҳҳоро бардошта, нўшбод мегуфтанд, баъдан ба сайругашт мебаромаданд. Ё дар хонаи гарм, назди арча нишаста барномаҳои телевизионро тамошо мекарданд. Мизу дастархон, мусиқии ғарбӣ баъди соати дуи шаб, милт-милти чароғакҳо…

Табъ идона, дил пур аз шодию фараҳ буд!

Дар ИҶШС (СССР) медонистанд, ки Соли навро чӣ тавр ҷашн гиранд!

Наврўз Соли навро танг кард

Пас аз пошхўрии ИҶШС 15 ҷумҳурии шўравии собиқ соҳибистиқлол шуданд. Акнун гарчанде Соли навро дар фазои пасошўравӣ «тибқи одати кўҳна» ҷашн мегиранд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ он то андозае мавқеи худро аз даст дода, роҳ ба Соли нави дигар – ҷашни баҳории Наврўз мекушояд.

Аммо дар сатҳи давлат анъана идома дорад. Соли навро дар сатҳи давлатӣ, бо фароҳамории рўзҳои истироҳат ҷашн мегиранд, ҳар сол арчаи калон дар майдони асосии пойтахт «Дўстӣ» қад ба само мекашад. Консертҳои солинавӣ низ чун анъана дар ҳамин майдон барпо мегарданд.  

Арчаҳое, ки дар майдони зикршуда солҳои охир насб мегарданд, баландии на кам аз 25-метра доранд. Соли гузашта инҷо бозори солинавӣ пайдо шуд, ки монанд ба ярмаркаҳои рўзи Мавлуди Исо дар шаҳрҳои аврупоӣ буд.

Мутаассифона, имсол аз сабаби пандемия тасмим шуд Соли нав дар Тоҷикистон бе сайругашт, дар ҳудуди оила ҷашн гирифта шавад.

Дил мехоҳад бовар кунад, ки ин ҷашн ба ҳар ҳол ба нестӣ намеравад ва боз солҳои тўлонӣ ба мардуми Тоҷикистон шодию нишот ато мекунад.

Соли наватон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Оцените статью

Чӣ тавр Соли нав ба Тоҷикистон омада, яке аз идҳои дўстдоштаи мардум шуд? Бўйи афлесуну арчаи зинда, оливйею хўришҳои дигар, шампон, «Чароғаки солинавӣ» ва шабзиндадориҳои пур аз шодӣ. Ба ҳар нафаре, ки ҷашнгирии Соли навро дар Иттиҳоди Шўравӣ (ё, тавре он замон мегуфтанд, Иттифоқи Советӣ) дар ёд дорад, ин эҳсосот шинос аст. Соли нав ба Тоҷикистон чӣ тавр омад ва аз он замон дар кишвари мо онро чӣ […]
3.67 1 5 3
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.