Як сол пеш сокинони хонаи № 66 дар хиёбони Рўдакиро (собиқ Ленин), ки дар байни мардум ҳамчун «Сказка» (афсона) маъруф буд, огоҳ карданд, ки хона тахриб мешавад, аз ин рў ҳама бошандагон бояд онро то 1 апрели соли 2021 тарк кунанд. Бар иваз ба онҳо манзилҳои сатҳи «бизнес-класс» дар бинои баландошёна, ки дар наздикӣ қомат меафрохт, пешниҳод шуд. Дар робита ба ин ман, иқоматкунандаи куҳнаи ин бино, хостам гузаштаи онро ба хотир орам. Охир, «Сказка» як қисми таърихи оила, шаҳр ва кишвари мо ва дар баробари ин ҷузъи муҳими тарҳи шаҳру шаҳрсозӣ буд.
Аз таърихи меъмории хона
Душанбе ба фарқ аз бисёр пойтахтҳои дигар таҷдиду бозсозӣ на, балки аз сирф бунёд шудааст. Сохтмони муташаккилонаи он дар солҳои охирини ҳукмронии Сталин (охири солҳои 1940 – оғози солҳои 1950-ум) шурўъ гардид, аммо сохтмони оммавӣ, бо тамоми зерсохтори муосири лозима (ки имрўз низ амал мекунад), дар солҳои 1960-ум оғоз ёфт. Он замон ба ҷумҳурӣ захираҳои бузурги инсонӣ ва молиявӣ, дар навбати аввал барои ривоҷи гидроэнергетика сафарбар мешуданд.
Маъракаи сохтмоние, ки дар шаҳр доман паҳн мекард, то бинои назарногири чўбини осорхонае низ расид, ки дар чорраҳаи кўчаи Коммунистӣ ва хиёбони Ленин, дар сояи дарахтон ниҳон меистод. Онро шикастанд ва дар ҷояш дар ду навбат, солҳои 1964 ва 1965, бинои №66-ро ба истифода доданд. Бунёди он дар паси девори посбонишаванда ҷараён мегирифт, зеро сохтмончиён маҳбусон буданд. Бино деворҳои такягоҳии мустаҳками дуюнимхишта дошт (худам санҷидаам). Иморат ба замони охири роҳбарии Хрушёв рост меомад (Н.С. Хрушёв аз вазифа моҳи октябри соли 1964 барканор гардид). Қисман, тақрибан ба нисф, он аз хишт сохта шудааст, яъне як навъ бинои «хрушёвӣ»-и «люкс», дар асл каме беҳтар аз хонаҳои «хрушёвӣ»-и одии панелӣ буд, ки имрўз қисмати бештари фонди манзили аксари шаҳрҳои Шўравии собиқро ташкил медиҳанд.

Чаро «Сказка»? Ба он номи мағозае часпид, ки дар он молҳо барои кўдакон ба фурўш гузошта шуда буданд. Дар ошёнаи якуми бино боз коргоҳи дўзандагӣ барои кўдакон, сартарошхона ва дўкони аккосии низ махсуси кўдакон амал мекарданд. Айвонҳо гуногунранг, дар ҳавои тифлӣ, оро ёфта буданд. Хонаро инчунин паннои сафолии фарогири мавзўъҳои «афсонавӣ» ҳусн мебахшид, ки то ҳанўз дар ҳолати хеле хуб боқӣ мондааст.
«Сказка» на танҳо рангу ороиши ҷолиб, балки боз мавқеи хуб ҳам дошт. Он дар дили Душанбе: байни Боғи Ленин, мағозаи «Подарки» ва Фурўшгоҳи марказии универсалӣ ҷой мегирифт.
Дар рўзҳои ҷашнҳо аз айвонҳо гузаштани параду намоишҳои оммавиро дидан мумкин буд. То бозори Путовский (аниқтараш, «Баракат», ки 10 сол пеш тахриб шуд) ду қадам роҳ буд.
Дар рў ба рўи «Сказка» сартарошхонае фаъолият дошт, ки дар он «дядя Саша»(амаки Саша)-и дар тамоми шаҳр маъруф – яке аз устоҳои беҳтарини шаҳр кор мекард. Ман бо писари вай Лёва Салоп дар як синф мехондам. Ҳамроҳи «дядя Саша» дар толорҳои мардона ва занона беш аз даҳ нафар яҳудии бухороии ҳарду ҷинс кор мекарданд. Дар рафти кор онҳо беист аз машғулияташон канда шуда, ба ҳамдигар бо лаҳҷаи нотакрори бухороӣ баланд-баланд луқма мепартофтанд. Гўё як навъ Бруклине буд дар Душанбеи калон. Аксарияти онҳо дар ҳамон наздикиҳо – дар маҳаллаи яҳудиён, ки синагога (каниса, ибодатгоҳи яҳудиён) дошт ва ба бозори Путовский ҳамшафат буд, иқомат мекарданд.
Аз тарафи ҳавлии бинои «Сказка» боғчаи кўдакон воқеъ буд, ки, тавре лавҳаи хотиравӣ гувоҳӣ медод, дар бинои он соли 1930 анҷумани 1-уми комсомоли Тоҷикистон баргузор гашта буд. Лавҳаи фанерагӣ ҳамагӣ ду сол дар ҷояш монд, худи боғчаро бошад дар солҳои бозсозӣ тахриб карданд. Дуртар мактаби ман – мактаби миёнаи №2-ро медидед, ки дар шаҳр яке аз беҳтаринҳо маҳсуб меёфт (ҳоло онҷо қисми ҳарбист), пас аз он кинотеатри тобистонаи «Красная Звезда» ё «Звёздочка»-ро.
Ҷанг ва бино
Солҳои 1990-ум хона ногоҳ худро дар миёнҷои муборизаҳои сиёсӣ дарёфт. Дар моҳи феврал яғмогарон, ки тамоман кўдак буданд, шишаҳои «Сказка»-ро шикаста вориди он мегаштанд ва нимтанаҳои навакак ба бару бозичаҳо дар даст берун мешуданд.
«Сказка» ба байни ду майдони ба ҳам зид – Озодӣ ва Шаҳидон афтид. Дар як рўзи баҳор бевосита дар чорраҳа гурўҳи «бетараф»-и Ғаффор Мирзоев («Седой») мавқеъ гирифт. Шабонгаҳ ва ҳатто рўзона дар гирди бино ҷавонони силоҳбадаст такудав доштанд. Шабҳо садои тирпарронӣ хоби пуризтироби сокинони биноро халалдор месохт. Аммо ба хотири риояи адолат бояд гуфт, ки ҳарду тараф – чи онҳое, ки пешонибандҳои сафед ва чи онҳое, ки пешонибандҳои сабз доштанд – нисбати мо хайрхоҳона муносибат мекарданд. Ҳар кадом мехост, ки мо маҳз дар чеҳраи онҳо муҳофизатгарони худро бинем.

Дар хотир надорам, ки дар мо, тавре дар баъзе маҳаллаҳои Душанбеи он замон буд, «отряди худмуҳофизатӣ» амал карда бошад. Дар ин хусус гуфтумонҳо буданд, вале кор аз ин дуртар нарафт. Лекин «Сказка», мисли дигар биноҳои пойтахт, даҳшатҳои ҷангро бо чашмони худ дидааст. Баҳори соли 1992 «юрчикҳо» «вовчикҳо»-еро, ки аз гирдиҳамоӣ бармегаштанд, дастгир намуда, ба ошхонаи парҳезӣ, ки дар муқобили «Сказка», дар паҳлўи сартарошхона ҷойгир буд, медароварданд. Фарёду нолаҳои латукўбшавандаҳо дар тарафи дигари хиёбон баръало шунида мешуданд. 24 октябри соли 1992 бошад, дар гузаргоҳи зеризаминии наздикии Фурўшгоҳи марказӣ ҷасадҳои ҷангиёни ҳамон рўз шикастхўрдаи ҳисорӣ месўхтанд… Метавон боз бисёр чизҳоро ба ёд овард, аммо биёед хотираҳои ҳузнангезро канор монда, ба солҳои пурнишоти 1960-ум баргардем.
Сокинон

Азбаски бино «ҳукуматӣ» буд, дар он зиёд оилаҳои номенклатураи ҳизбӣ-шўравӣ, инчунин олимон, ҳунармандон, табибон, профессорҳо, собиқадорони ҷанг, нафақахўрони шоиста, ки мақоми ба номенклатура баробарро соҳиб буданд ва ҳатто якчанд оилаи одии серфарзанди коргарон рўзгор ба сар мебурданд. Ордери чунин манзилҳоро дар сатҳи болотарин медоданд. Онҳоро мисли имрўз намехариданд, ройгон мегирифтанд. Аммо кас наметавонист манзилашро озодона иваз кунад ё фурўшад. Ў бояд онҷое мезист, ки роҳбарони корхонааш таъин мекарданд. Танҳо манзилҳоро ба фарзандони худ ба мерос мондан мумкин буд. Аз сабабе ки овози ҳалкунанда дар тақсими манзилҳо ба шаҳрвандон аз як марказ садо медод (Кумитаи марказӣ ё шаҳрии ҳизби коммунистӣ), бино бештар ба як коммуна монанд буд, на ба иттиҳоди соҳибмулкони соҳибихтиёр. Ин заминаеро барои ба вуҷуд омадани гурўҳҳои устувор ва дарозмуддати инсонӣ фароҳам меовард, ба коллективизм ва мустаҳкамкунии алоқаҳои горизонталӣ дар байни ҳамсояҳо таҳрик медод. Сокинонро ҳамбастагии озодӣ ва ноозодӣ ба хотири ҳадафҳои баланд, сўи идеали фатҳнашавандае бо номи «шўравият» муттаҳид менамуд.

Иқоматкунандагони бино гуногун, вале аксаран шахсони дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта буданд. Ва, албатта, инҷо интернатсионализми мутлақ ҳукмфармо буд. Дар байни сокинони нахустини «Сказка» Филипп Робертович Менделевич, болшевик, қаҳрамони ҷанги шаҳрвандии солҳои аввали шўравӣ, собиқадори дивизияи Н.Шорси номвар ва артиши Будённий буд. Дар ёди ман ў ҳамчун иштирокчии ҳикояҳои Бабел дар бораи Артиши савора ва Одесса нақш бастааст.
Дар бино арбобони барҷастаи илми астрофизикаи тоҷик – академикҳо Пўлод Бобоҷонов ва Олег Доброволский сукунат доштанд. «Чекист»-и ҳама вақт хушнамуд Ҳамза Пўлодов, ду вазир: вазири саноати сабук Эшон Аҳмедов ва алоқа Арон Авнуков ҳам дар хотирам мондаанд. Ҳунарманди театру синамо Хайрӣ Назарова ва раққоса Зуҳро Каримоваро ёд дорам. Шоира Гулчеҳра ва хоҳари адабиётшиноси ў Лола Сулаймоноваҳо – духтарони шоир Пайрав Сулаймонӣ, «Маяковскийи тоҷик» иқомат мекарданд. Инҷо боз чанд оиларо аз онҳое номбар мекунам, ки дар ёдам нақш бастаанд: Атоевҳо, Погудинҳо, Рустамбековҳо, Юлчиевҳо, Вайнштейнҳо, Ғаффоровҳо, Мирзоевҳо, Кувшиновҳо, Ҳақназаровҳо, Иброҳимовҳо, Калгановҳо, Азизовҳо, Ҳайдаровҳо, Муҳаммадиевҳо, Умаровҳо… Онҳое, ки инҷо номбар карда натавонистам, маъзурам доранд.


Метавон ҳамчунин аз Салоҳат Айнӣ – ҳамсари асосгузори адабиёти шўравии тоҷик Садриддин Айнӣ ёд кард. Инчунин аз Исмоили бармаҳал ин дунёро падрудгуфта – бародари «маликаи ҳусни ИҶШС аз Тоҷикистон» Лола Исмоилова. Бо ў модараш Сурманисо мезист, ки завҷаи собиқ котиби КМ ҲК(б) Тоҷикистон Иброҳим Исмоилови соли 1938 репрессияшуда буд.
Дар манзили ҳамдевор ба мо, ки аммо даромадгоҳаш аз даҳлези дигар буд, ҳамсарон Собировҳо бо ду фарзандашон – Марат ва Малика, раққосаи маъруфи балет, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (яъне СССР) иқомат доштанд. Сардори оила Абдураҳим аз ўзбекони Фарғона, устои асбобҳои мусиқии халқӣ, хонумаш Мадина, зани асатин, мудири поликлиника буд. Марат аз Малика хурдтар буд. Ў шими ҷинси амрикоии аз хориҷа овардаи хоҳарбузургашро, ки бениҳоят душворёфт буд, пўшида, савори «Нива»-и сурх мегашт. Марат дараҷаи устодии варзиш оид ба тирандозии стендӣ дошт. Нақл мекарданд, ки дар манзили Собировҳо дастгоҳи хореографӣ меистод. Малика худ як намоди нафосату назокат буд, қади пастакак дошт. Аммо ўро кам медидем, зеро зиёд дар сафарҳои ҷаҳон буд. Боре, дар рафти суҳбат бо апаам Мавлуда ў нақл намуд, ки дар Лондон тариқи телевизион ҳунарнамоии «Битлз»-ро дидааст.
Оё лозим аст хотиррасон кунем, ки он замон ҳамаи мо мухлиси ашаддии ин гурўҳ будем? Акнун тасаввур кунед, ки чӣ андоза ифтихор аз он доштем, ки нафаре аз мо он чор нафарро тариқи ТВ дар Англия дидааст. Мо он вақт аллакай мефаҳмидем, ки дар канори ситораи ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунем. Малика аз бемории мудҳиш чанд рўз қабл аз 40-солагиаш, дар санаи 27 феврали соли 1982 фавтид. Бо гузашти 9 моҳ дар девори бинои №66-и хиёбони Ленин, дар наздикии айвони мо лавҳаи хотиравиро насб карданд (меъмор И. Милашевич). Мадина Георгиевна қариб ҳар рўз назди тасвири духтараш гулҳои тару тоза меовард ва рўймоли сиёҳ ба сар муддати тўлонӣ дар кунҷи хона хомўшона меистод. То замоне, ки худаш низ ба тарзи хеле фоҷиавӣ ҳамроҳи шавҳараш ин оламро тарк накард. Дертар Марат низ батамом аз Тоҷикистон кўчид.
Маҳалла дар маркази Душанбе

Тарҳрезии шаҳрҳо дар Шўравӣ ба тасаввуроти аврупоӣ доир ба зебоӣ ва шаҳри идеалӣ асос меёфт, анъанаҳои маҳаллии тоҷикӣ ба эътибор гирифта намешуданд. Аммо хусусиятҳои миллӣ, мисли гули қоқуе, ки дар фаршҳои мумпўш ба худ роҳ ёфта сўи офтоб сар мекашад, низ ба зиндагии ҳаррўза роҳ пайдо мекарданду дар симои шаҳр таҷассум мешуданд. Худи ҳавлии бино танг буд, ду мошин гузашта наметавонистанд, лек касе метавонист, токи ангур мешинонду мебардошт. Токҳо ҳарчанд меваи чандон намедоданд, вале сояи роҳатбахш ато мекарданд ва ҳавлиҳои замони ширини тифлии дурмондаро ба хотир оварда, чашму дилҳоро шод месохтанд. Ҳамчунин анъанаҳои ҳамсоягии тоҷикона, монанди «ошбаракон»-у дигару дигар ҳифз мешуданд. Мардон илоҷе карда гўшаи холиеро пайдо менамуданду онҷо кат («топчан») мегузоштанд. Онҳо пайваста дар ин чойхонаи худҷўши маҳалла ҷамъ меомаданд. Пири ин ҷамоати хурд собиқадори меҳнат Шароф Муҳаммадиев аз Панҷакент буд. Медонам, ки ин гуна «маҳалла»-ҳо бо ҳотаҳои панҷарадору катҳо то замонҳои наздик дар тамоми шаҳр як падидаи паҳншудае буданд, ки ба ҳавлиҳои биноҳои пойтахт як хосагии нотакрор мебахшиданд.

Ҷавонон аз субҳи барвақт то шом дар сатҳи қобили эҳтиром тенниси рўимизӣ мебозиданд. Шарики ҳамешагии ман дар ин бозии олӣ Майя, духтари Хайрӣ Назарова буд. Хурдакакон ба бозиҳои худ – лангаву қолбозию бандпарак машғул буданд. Бо талошҳои иқоматкунандагони бино дар иморати иловагии якқабата ҳуҷраи кўдакон бо китобхона кушода шуд. Яке аз ташаббускорони таъсис додани он Менделевичи саршор аз неру буд, ки дар он ба бачаҳо аз Будённий ва артиши савораи ў қиссаҳо мекард. Дар ҳамон ҳуҷра ҳаваскорони бино ҳунарнамоӣ мекарданд ва идҳоро ҷашн мегирифтанд. Китобҳои китобхонаро ҳамсояҳо ҳамакаса ҷамъ карда буданд. Аз ҳама зиёд оилаи Айнӣ китоб овард. Бисёри онҳо муҳри «Аз китобхонаи шахсии С. Айнӣ»-ро доштанд. Мутаассифона, дере нагузашта иморати иловагӣ тахриб шуд.
Зиндагӣ бо пошхўрии Шўравӣ ва ҷанги баъди он саршуда тағйир ёфт. Ними бошандагони қаблии бино, дар навбати аввал русҳо, онро тарк карданд. Хусусигардонии манзилҳо соли 1995 ба вуқўъ пайваст. Молики хонаҳо шуда, бисёр оилаҳо онҳоро фурўхтанду ба биноҳои дигар ва ё тамоман берун аз шаҳру кишвар кўч бастанд. Ҷамоати бино мо ҳамроҳи тарзи зиндагии шўравӣ пош хўрд. Танҳо чанд оила аз онҳое, ки инҷо ҳанўз солҳои 1964-65 маскун шуда буданд, боқӣ монданд. Аммо имрўз онҳо низ чизу чора ғундошта, бо хонаи худ барои абад видоъ мекунанд.
Поёни афсона?
Нафаре метавонад гўяд, ки аз назари меъморӣ «Сказка» чандон арзиши фарҳангие надорад. Он арзишеро ки, барои мисол, бинои ду-се сол пеш тахрибшуда бо мағозаи «Туҳфаҳо»-и аз «Сказка» даҳ сол калон ё иморатҳои аз он ҳам қадиматари дар сабки конструктивизм ва неокласситсизм бунёдшудаи Сталинободи куҳан (1929-1961) доштанд. Аммо биёед дар хулосабарорӣ ба аҷала роҳ намедиҳем.
Тавре болотар қайд гардид, қисми бештари манзилу зерсохтори имрўза маҳз дар солҳои 1960-ум ва пас аз он сохта шуд, замоне ки суръати афзоиши аҳолӣ ва мавҷи муҳоҷирон ба авҷи худ расид. Тайи 30 сол нуфуси мардуми Душанбе беш аз ду карат афзуд: аз 225 ҳазори соли 1958 то 600 ҳазори соли 1989. Таъминкунии аҳолии афзоянда бо манзилҳои дастрасу арзон ба вазифаи аввалиндараҷа табдил ёфта буд. Бинобар ин, ба ҷои иморати 3-қабатаи 30-манзилдор аз ҳамон маводу бо ҳамон пул бинои 4-қабатаи 45-манзилдор месохтанд. Албатта, на ба ҳама ҳадафҳо расидан муяссар мешуд – суръати афзоиши аҳолӣ баландтар аз имконоти сохтмон буд. Ин буд, ки дар шаҳр инҷову онҷо маҳаллаҳои деҳамонанди мардуми аз деҳот омада ба вуҷуд меомаданд. Миёни сокинони онҳо норозигӣ торафт меафзуд. Аз тарафи дигар, роҳбарияти сиёсӣ наметавонист ба мутахассисоне, ки барои сохтмони НБО-ҳо, омўзиши қаъри замин, рушди илм, маориф ва тиб меомаданд, манзил муҳайё накунад. Масъала тезутунд мешуд. Беҳуда нест, ки маҳз норасоии манзил дар пойтахт ва овозаҳо дар бораи тақсими манзилҳо ба гурезаҳои арманистонӣ боиси беназмию хунрезии баҳманмоҳи соли 1990 шуданд.

Бо вуҷуди ин, ба шарофати сиёсати иҷтимоии ҳукумати ҷумҳурӣ ва шаҳрдорӣ, дар солҳои 1960-1990 сатҳи назар ба солҳои 1950-ум баландтари зиндагии сокинони пойтахт таъмин гардид. Ин вақт ҷумҳурӣ «асри тиллоӣ»-и 30-солаи хеш, болоравии бемисли иқтисод, илм ва фарҳангро паси сар мекард. Сохтмони калонмиқёси шаҳр дар солҳои 1960-ум бо меъмории мақсаднок, камхарҷ, бе исрофкорӣ истифодаи пайвастаи манзилҳоро бе таҷдиду таъмирҳои асосӣ, хароҷоти иловагӣ ва ташвишҳои дигар таъмин менамуд. Соҳибони хуштолеи манзилҳои иқоматӣ дигар дар андешаи гармкунии хона, обгармкунӣ ва сарфаи сўзишворӣ барои пухтани ғизо ё манбаи равшанӣ барои китобхонӣ набуданд. Ин маънои онро дошт, ки онҳо акнун ба кор, таҳсил, фарҳанг ва тарбияи кўдакон метавонистанд вақти бештар бахшанд. Ғизоҳояшон низ беҳтару гуногуннавътар шуданд, ки кўдакони душанбегиро солимтар, қоматбаландтару қавитар аз волидонашон мекард. Манзилҳо аз нигоҳи меъёрҳои имрўзаи «аврупоӣ» хоксоронатар буданд, вале долонҳои танг, ҳуҷраҳои хурд, шифтҳои паст, фаршҳои чўбин дошта бошанд ҳам, дар қиёс бо хонаҳои пештара калонтар буданд. Оилаи 7-нафараи мо, масалан, аз манзили 3-ҳуҷрадори воқеъ дар наздикии бозори Шоҳмансур (он замон 8 нафар будем), ки онҷо мо барои шустушў ба «титан» бо ҳезум алоб мемондем, барои пухтани ғизо дар баллонҳо газ мехаридем, ба 5-ҳуҷрагии олиҷаноб кўчидем (бигзор чандон калон ҳам набуд – 86 метри мураббаъ) ва ман дар ниҳоят соҳиби ҳуҷраи алоҳидаам шудам. Дар муқоиса бо иморатҳои солҳои 1950-ум хона бо харҷи бештар сохта шуда буд, вале роҳаттару аз лиҳози технологӣ пешрафтатар буд. Дар алоқа ба ин, бамаврид аст хотиррасон кунем, ки дар кишвари рушдкардатарини Аврупо – Олмон дар канори биноҳои қадимаву муосир кам нестанд биноҳое, ки аз рўи нақшаҳои меъмории шўравӣ дар солҳои 1960-ум барпо шуда буданд. Эҳтимол, аз он сабаб ки бартарии асосии онҳо дар қулайӣ, сифат ва нархашон аст. Бовар дорам, аз манзили начандон калон ва нисбатан арзон, ки боз ба худ таърихи бой ҳам дорад, аксари душанбегиҳои миёнаҳол рўй намегардонданд. Эҳтимоле ҳам ҳаст, ки ин манзилҳоро барои имтиёзи зистан дар хонаи дорои лавҳаи хотиравӣ бо нархҳои гарон харидорӣ мекарданд.
Дар рўзҳои мо дар маҳаллаҳои таърихии Лондон, Амстердам ва Париж манзилҳои хеле барои зистан ноқулай ва хеле хурд, ҳатто «микроскопӣ» бисёранд, лек талабот ба онҳо зиёд асту арзишашон ба садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо мерасад. Чаро? Зеро онҳо таърих ва хосагиҳо доранд, ки бо ҳеҷ пулу зар наметавон дарёфт.
Камол Абдуллоев, таърихнигор
P.S. Муаллиф ба хоҳарони азизи худ Саодат, Маҳбуба, Матлуба, бародараш Баҳодур, инчунин ҳамсояаш дар бинои «Сказка» Гуля Атоева барои кўмак дар мураттабсозии матлаби мазкур миннатдорӣ баён мекунад.