Тавре интизор меравад, аз 5-уми декабри соли 2022 барои Россия рӯзҳои сиёҳ фаро мерасанд ва бори он ба дўши аҳолӣ меафтад, ки аллакай интизори болоравии нархи маводи ғизоӣ ва тарофаҳои коммуналӣ аст. Гап сари он аст, ки дар чаҳорчӯби бастаи ҳаштуми таҳримҳо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қасд доранд, ҳудуди нархи нафти Россияро муқаррар кунанд. Рақамҳо гуногунанд – ИМА барои як баррел 40 – 60 доллар, Полша ва кишварҳои назди Балтика 30 доллар пешниҳод мекунанд.
Хонандагони нашрияи олмонии Welt аз суханони канслери Олмон Олаф Шолтс ба хашм омадаанд, ки гуфтааст, Олмон аз моҳи январи соли 2023 хариди нафт аз Россияро қатъ карданӣ аст. Дмитрий Песков гуфт, Россия интиқоли нафту газро ба ҳар кишваре, ки нархи ниҳоӣ муқаррар мекунад, қатъ хоҳад кард. Дар расонаҳо русҳо ба навиштан шуруъ намудаанд, ки Аврупо аллакай курсию харакҳоро арра карда, сандалию бухорӣ тайёр мекунад ва ба зудӣ ба истифодаи ҳезум мегузарад. Аз ранги кор, русҳо ҳеҷ одати насиҳат кардани дигаронро, ки чӣ кор кунанду аз кӣ чӣ бихаранд, партофта наметавонанд.
Мубориза барои истихроҷ ва фурӯши нафту газ кайҳост идома дорад
Аммо, мехоҳӣ ё на, дар баробари кашмакашҳои дарёфту истихроҷи газу нафт ба суоле низ посух бояд пайдо намуд, ки бо сӯзишвории истихроҷшуда чӣ кор мекунӣ. Барои зиндагиро пеш бурдан он бояд фурӯхта шавад, аммо харидор нест ё ҳасту барои он пули кам медиҳад. Кишварҳое ҳастанд, ки ба онҳо нафт пешниҳод кардан мумкин аст – Чину Ҳиндустон, аммо инҳо, ки тақрибан 3 миллиард нафар сокин доранд, ба ин қадар нафт ниёз надоранд, ҳамчунин дар мавриди додугирифт бо онҳо интиқолу суғурта гарон меафтанд. Аз ин рӯ, мубориза барои бозорҳои фурӯши нафт дар ҳама ҷо ва муддати тӯлонӣ боз идома дорад, аз ҷумла дар Тоҷикистон – кишвари хурде, ки ҳамасола аз Россия миқдори қобили мулоҳизаи сӯзишворӣ ва равғани молиданиро бе боҷ мегирад.

- Тибқи иттилои портали Neftegaz.ru, Тоҷикистон дар соли 2021 аз Россия беш аз 800 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 260 ҳазор тонна бензини навъҳои гуногун, 260 ҳазор тонна карасини авиатсионӣ, гази моеъ, кокси нафтӣ, битум ва маводи сӯхт барои низоми гармидиҳӣ харидорӣ карданист.
Ин то кадом андоза зиёд аст, аз рӯйи рақамҳои фурӯш муайян кардан мумкин мебошад. Ҳар рӯз, бо шумули рӯзҳои истироҳату идҳо, ба кишвар 2190 тонна сузишворӣ, ё худ 35 систернаи стандартӣ бо ҳаҷми 62 метри мукааб — як қатораи том ворид мегардад. Аз ин рӯ, агар Россияро коҳиши назарраси талабот дар пеш бошад, ҳатто ин ҳаҷм барояш арзишманд мешавад ва барои он мубориза бурдан меарзад.
Зимнан, дар худи Тоҷикистон истихроҷи маҳсулоти нафтӣ имрӯз ночиз аст. Аммо тавре аз изҳороти сафири собиқи Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов маълум мегардад, ки соли 2015 дар сомонаи “Ахбор ва шарҳу тафсири вазъи саноати нафту химия” эълон шуда буд, захираҳои энергия дар кишвар назаррас буда, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ аз ҷониби геологҳо омӯхта шудаанд. Сафир аз рақамҳо ҳам ёдовар шуд – “истеҳсоли миёнаи шабонарӯзии нафт то 85 тонна ва газ ҳудуди 55 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад”. Ҳамзамон ў қайд кард, ки захираҳои энергетикӣ 1 миллиард тонна арзёбӣ мешаванд, аммо дар чуқурии калон ҷойгир мебошанд.
Аз ранги кор, сафир ҳақ ва аз воқеият огоҳ буд. Ў хуб медонист, ки дар Тоҷикистон захираҳои энергетикӣ вуҷуд доранд.
- Сокинони Душанбе, ки ҳоло синнашон аз 70 гузаштааст, ба хотир оварда метавонанд, ки чӣ тавр дар миёнаҳои солҳои 60-ум дар шимоли пойтахт, дар лаби дарёи Душанбе, мавзеи Маркази барқу гармидиҳии кунунӣ дар чанд нуқта гази табиӣ оташ гирифта, муддати тӯлонӣ сӯхта буд. Табиату сабабҳои ба рӯйи замин баромадани газ дар он мавзеъ ба дурустӣ омӯхта нашудааст, вале баландии машъалҳо аз 10 метр зиёд буд.

Ин барои мутахассисони тоҷик як ҳодисаи нав буд ва фаввораҳои сӯзонро танҳо бо ҷалби мутахассисони конҳои нафти Қафқоз хомӯш кардан муяссар гашт. Аммо ба гумон аст, касе яқинан бигӯяд, ки он захираи газ комилан сӯхтааст ё метавонад дар миқёси саноатӣ истихроҷ шавад. Насли нисбатан ҷавонтар боз як ҳодисаи пурасрорро дар хотир дорад, ки чӣ тавр соли 1989 бар асари заминларза дар наздикии деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор гили тар ва нафт ба сатҳи замин баромад.
Дар мавриди интиқоли нафт, маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон бошад, то ҳанӯз маълум нест, ки халалдор кардани ҳаҷми ташаккулёфта барои содиркунандагони Россия ва воридкунандагони тоҷик ба нафъи кӣ буд. Ва кӣ, кай ва бо чӣ мақсад дар ВАО маълумот паҳн кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бешумори энергетикӣ буда, метавонад ба яке аз давлатҳои пешқадами нафтугазии Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Ҷунуни нафтугазӣ дар «Қувайти дуюм»
Муждаи «Қувайти дуюм»-ро ба Тоҷикистон кормандони ширкати иктишофи захираҳои энергетикии Tethys оварданд. Тавре маълум аст, Tethys иҷозати иҷрои корҳои кофтуковиро ба даст овард ва дар соли 2010 ба пармакунӣ дар шимоли Душанбе шуруъ намуд, аммо он, ки кор бо чӣ анҷомид, номуайян боқӣ мемонад.
- Бо вуҷуди ин, Дэвид Робсон, раиси ширкати Tethys, дар соли 2012 гуфта буд, ки захираҳои нафту гази Тоҷикистон метавонад ба маротиб бештар аз захираҳои қисми бритониёии Баҳри Шимолӣ бошад. Ифодаи «метавонад» сарфи назар шуд ва ҳаяҷони бесобиқа ба миён омаду шарикон барои коркарди кони Бохтар даъват шуданд.
Дар ҳамин ҳол, сарвари Tethys дар охири соли 2016 даргузашт ва “Қувайти дуюм” оҳиста-оҳиста ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Аммо собиқ сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон Георгий Кошлаков, ки як сол баъд аз ин даргузашт, дар суҳбат бо муаллифи як матлаб дар соли 2013 изҳори ҳайрат аз он карда буд, ки чаро Tethys даҳҳо ҳазор километри мураббаъ замини Бохтарро кон меномад, дар ҳоле дар табиат ин гуна конҳои азим вуҷуд надоранд.
Дар ҳамин ҳол, дар орзуи дарёфти фаввораҳои нафту газ ширкати маъруфи Gazprom International вориди Тоҷикистон гашта, соли 2010 ба пармакунии амиқтарин чоҳ дар Осиёи Марказӣ дар минтақаи Шаҳринави ҷумҳурӣ шуруъ кард. Онҳо чуқур ва солҳои зиёд заминро сӯрох карданд, ки дар натиҷа чоҳи иктишофӣ бо чуқурии 6450 метр ҳосил шуд. Аммо соли 2018 эълом гашт, ки қабатҳои эҳтимолии нафту газдор пайдо карда шуда бошанд ҳам, онҷо захираҳои саноатии ашё дарёфт нашуданд.
Ба бахти Тоҷикистон, ҳарду ширкат аз ҳисоби худ ин корҳоро анҷом дода, даҳҳо миллион долларашонро сарф кард. Дар ниҳоят, кор дар ҳолати пешина боқӣ монд – қатораҳои сӯзишворӣ ҳаракаташонро ба Тоҷикистон мисли қабл идома дода, ба содиркунандагону воридкунандагон даҳҳо миллион доллар фоида меоранд. Ва Тоҷикистон то ҳол наметавонад мустақилона ҷустуҷӯ ва иктишофро идома диҳад.
Боз як кўшиши дарёфти нафту газ?
Агар дақиқ гўем, кўшиши якуми ҷустуҷў ва иктишофро геологҳои шўравӣ дар Тоҷикистон пеш гирифта буданд, дуюм талошҳои Tethys ва Gazprom Internatiоnal буданд. Инак, кўшиши сеюмро интизор бошем? Бо вуҷуди бохти пул ва пайдо накардани ҳаҷми барои коркарди саноатӣ кофии газ ва нафт, Россия аз идомаи ҷустуҷў даст накашидааст.
Ба назар мерасад, маҳз поин рафтани фурўши нафту газ буд, ки имкониятҳои ҷустуҷў ва иктишофи ашёи хом аз ҷониби Россия ба пуррагӣ истифода нашуданд. Аз ин рў, бо эҳтимоли зиёд, ба Тоҷикистон давраи нави ҷустуҷўйҳои ашё барои якчанд соли оянда пешниҳод мешавад. Gazprom доир ба бозгашт ба Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дод, ки дар ин хусус раиси комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок Раҳмонбек Бахтдавлатов хабар дод.
Ба хотири риояи адолат, ў гуфт, ки на як, балки ду-се чоҳ парма бояд кард. Агар ба изҳороти мазкур такя кунем, бо эҳтимоли зиёд, тавре расонаҳо хабар медиҳанд, ба Тоҷикистон боз як кўшиши иктишофи ашё ба муҳлати якчанд соли оянда пешниҳод мешавад.
Чӣ сабаб гашт, ки пас аз хулосаи ҷиддӣ оид ба набудани ашёи нафту газдор Gazprom сари фикри бозгашт омадааст – ин масъала ҳанўз муаммо боқӣ мемонад. Ба мо танҳо мунтазир шудан мемонад, ки маъракаи сеюми нафтугазкобӣ дар Тоҷикистон, ки натиҷаҳои онро мо танҳо якчанд сол пас дида метавонем, бо чӣ меанҷомад.
Андрей Захватов