Бонк ғамхори муштарӣ ё…?!

Ё чӣ гуна бонкҳо дар замони пандемия дар фикри муштариёни худ буданд?

Аз қабули фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар беш аз як сол гузашт. Дар фармони мазкур дар баробари дигар соҳаҳо, аз бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ талаб карда шуда буд, ки барои пардохти маблағи қарзи бонкӣ ба аҳолӣ сабукӣ ва имтиёзҳо диҳанд. Мо аз бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ пурсон шудем, ки ба муштариёни худ дар ин давра чӣ сабукиҳо доданд ва оё он кофӣ буд.

5 июни соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон ба чанд соҳа ва аҳолии мамлакат сабукиҳо дод. Дар баробари дигар сабукиҳо ба қишри гуногуни аҳолӣ, инчунин, ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки дар доираи имкониятҳои ҷойдошта нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1-уми май то 1-уми октябри ҳамон сол аз рӯи қарзҳои мӯҳлатнок анҷом дода наметавонанд, ҷаримҳо татбиқ нагардад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон қарзҳои истеъмолӣ бо таҳияи санадҳои камтар пешкаш мешавад, яъне барои ин аксаран замонате ба мисли хонаву мошин зарур нест. Вале баъзе аз сокинон баҳра ё фоизи қарзҳои бонкиро гарон медонанд. Дар як санаде, ки бонки олмонии “Raiffeisen Вank International” соли 2017 омода карда буд, гуфта мешуд, тақрибан 50 фҷоизи дарсади муштариён қарзи худро сари вақт пардохта натавонистаанд.

БМТ: Муҳлати қарзи муштариён тамдид карда шуд

Назорати рафти таъмини имтиёзот ба аҳолӣ ба души Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шуд ва дар ин замина БМТ ҳам уҳдадор шуда буд, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзиро дар ин самт дастгирӣ намояд.

Ҳамин тариқ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус ба иқтисодиёти миллӣ ва пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия “Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат” таҳия намуд.

Дар доираи он меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд, ки иқдоми мазкур тавонист имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

– Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо дарназардошти таъмин намудани ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро мувақаттан мавқуф гузоранд,- гуфта шудааст дар сомонаи БМТ.

Манбаъ зикр мекунад, ки ҷиҳати дастгирии низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои БМТ, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 1 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия дод, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.

Аз ин ниҳоди танзимкунандаи сиёсати пулӣ бовар доранд, ки ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуданд.

“Амонатбонк”: Додани имтиёзҳо ба аҳолӣ давом дорад

Бо таваҷҷуҳ ба пешниҳоду тавсияҳои БМТ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар мегӯянд, дар ин давра бо мақсади кӯмак ба муштариёни худ як қатор сабукиҳо пешниҳод намуданд. Бархеи онҳо мегӯянд, то ба ҳол имтиёзҳои онҳо давом дорад.

Масъулини “Амонатбонк” ягона бонки давлатии Тоҷикистон мегӯянд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2020 низ ҷорӣ намуда буд, иловатан аз 1 феврал то 30 июни соли 2021 роҳандозӣ намуд.

– Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии кишоварзон аз таъсири лаппишҳои қурбӣ, фоизи қарзҳои мазкур бо асъори хориҷӣ дар соли 2021  ду банди фоизӣ паст карда шуд, – гуфтанд аз маркази матбуотии ин бонк.

Гуфта мешавад, ки онҳо, инчунин, иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Таҳсил – 2020” бо 18 фоизи солона соли 2020 (дар давраи авҷи шиддати бемории сироятии COVID-19) низ ҷорӣ намуда буд.

“Алифбонк” ва “Эсхата“: Қарзи садҳо нафар тамдид гардид

Роҳбари «Алиф Бонк» Абдулло Қурбонов мегӯяд, онҳо дар ин давра сомонаи www.covid.alif.tj ташкил намуданд, то мизоҷон тавонанд, то имтиёзҳои пешбининамудаи бонк истифода кунанд.

Ба иттилои ӯ, тавассути сомона ва аризаҳои хаттӣ ба 2095 адад дархост ба маблағи 12,1 млн. сомонӣ имтиёзҳо дода шуданд.

– Барои дароз кардани мӯҳлати пардохт аз мизоҷон иловапулӣ гирифта нашуд, фоизҳо тағйир наёфтанд ва комиссияи иловагӣ низ гирифта нашуданд. Xавфи зиёд шудани шумораи қарзҳои беэътимод низ баланд буд, – гуфт Қурбонов.

Мавсуф илова намуд, ки паст кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ барои амонатҳо аз ҷониби БМТ дар давраи пандемияи коронавирус боиси зиёд шудани миқдори маблағҳои озоди ташкилоти қарзӣ барои пардохти ӯҳдадориашон дар назди аҳолӣ гардид.

Бонки “Эсхата” ҳам дар ин давра ба мушктариёни худ як қатор сабукӣ ва имтиёзҳо пешниҳод намудааст. Онҳо аз ҷумла,қарзи 11285 мизоҷро ба маблағи 362 188 666 сомонӣ тамдид намуданд.

Ҳамчунин, бонк ба мизоҷоне, ки бо коҳиши муваққатии даромад дучор шуданд ва дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, реструктуризатсия ва пардохтҳои батаъхиргузориро пешниҳод намудааст.

Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳолати 1 сентябри соли 2021 аҳолии Тоҷикистон беш аз 11,5 сомонӣ аз бонкҳо қарз гирифтаанд. Ин рақам ба ҳамин давраи соли 2020-ум ҳудуди 1 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Иқтисодшинос: Сабукиҳо кам буд…

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди хуб шудани вазъияти панмедмия ва кушода шудани сарҳади баъзе кишварҳо дар Тоҷикистон талабот ба қарзгирӣ афзудааст.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар як соли охир пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ аз сӯи муассисаҳои молии кишвар 80 дарсад бештар шудааст.

Вале дар ҳамин ҳол, иқтисодшиносон бар ин назаранд, ки бо хуб шудани вазъият талабот аслан бояд ба қарзгирӣ камтар мешуд, на зиёдтар.

Номзади илмҳои иқтисод Каримҷон Ҳакимов мегӯяд, воқеан бо таъсири пандемия мардум ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шуд ва имтизҳои додашуда кофӣ набуданд.

Ба гуфтаи ӯ, блоки иқтисодии кишварро мебоист,  ки ҳаддиақал то ба эътидол омадани вазъ шаш моҳ аҳолиеро, ки аз бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ қарздоранд, озод мекард.

– Беш аз 22 фоизи даромади аҳолии мо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Аз сабаби он ки роҳҳо баста шуду аҳолӣ натавонистанд ба муҳоҷират раванд, маблағҳои қарзгирифтаи худро баргардонида натаовнистанд. Ба ҳама маълум аст, ки бештар  аҳолии деҳот қарзи истеъмолӣ мегиранд. Онҳо барои гузаронидани тӯю маъракаҳо, мотам, сохтмон, таъмири хонаҳои истиқоматӣ, хариди техникаи маишӣ ва ҳатто барои сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба  Россия аз бонкҳо қарз мегиранд.  Ба ин қишр бештар сабукӣ додан лозим буд, гуфт ин иқтисоддони тоҷик.

Сатҳи некӯаҳволии ҳар чаҳорумин оила дар Тоҷикистон ба пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия вобаста аст. Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки соли гузашта муҳоҷирон 6,3 дарсад камтар пул фиристодаанд.

Бонки Марказии Русия мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол зодагони Тоҷикистон аз Русия ба ватан беш аз 752 миллион доллар фиристодаанд.

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии  Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.

Оцените статью

Бонк ғамхори муштарӣ ё…?! Ё чӣ гуна бонкҳо дар замони пандемия дар фикри муштариёни худ буданд? Аз қабули фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар беш аз як сол гузашт. Дар фармони мазкур дар баробари дигар соҳаҳо, аз бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ талаб карда шуда буд, ки барои пардохти […]
5 1 5 3
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.