Дар миёнаҳои июни соли 2021 дар як қатор расонаҳои кишвар матлабҳое ба табъ расиданд, ки аз азми ҳукуматдорони Тоҷикистон оид ба ҷалбсозии пулҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба иқтисоди кишвар дарак медоданд. Ин мавҷи норозигиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай овард.
Инҷо аз кадом Консепсия гуфта мешавад, чӣ гуна чорабиниҳоро Нақша пешбинӣ мекунад ва сабаби ин гуна ҳангома дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар чист, аз матлаби сомонаи таҳлилии Nuqta.tj дарёбед.
Ба хонандагон хотиррасон мекунем, ки дар матлабҳо сухан аз қарори ҳукумати ҷумҳурӣ «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишварро барои солҳои 2021-2025» мерафт.
Ин чӣ Консепсия аст?
«Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 11 сол пеш – 29 майи соли 2010 таҳти № 227 тасдиқ гардидааст. Ва ҳамон замон ғояи асосӣ, ки асос консепсияро ташкил медод, дар он гуна идоракунии ҳадафноки муҳоҷирони меҳнатӣ буд, ки имкон диҳад на танҳо мушкилоти мавҷудаи марбут ба бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар кардани шохиси рушди инсон, ноилгардӣ ба мақсадҳои рушди ҳазорсола ҳал шаванд, балки ҳамчунин ба рушди устувори ҶТ мусоидат намояд.
Мақсади бошараф. Аммо гоҳо мақсадҳои хуб ба роҳҳои ғалат ҳам мебаранд.
Мувофиқи Консепсия, 4 гурўҳи шарикони рушди Ватан вуҷуд дорад:
- диаспораҳои тоҷикон – ҷамъиятҳои тоҷикистониҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд, аъзои онҳо шаҳрвандии хориҷиро ба даст оварда, аз ҳамаи ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии кишвар бархурдоранд;
- муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҶТ, ки муваққатан дар хориҷи кишвар зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.
- ҳамватанони хориҷӣ – шаҳрвандони ҶТ, ки дар хориҷа кор ва зиндагӣ мекунанд, вале аъзои диаспораҳо нестанд
- тоҷикони хориҷӣ – тоҷиконе, ки таърихан сокини бумии кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Ғояи асосии чунин тақсимот дар чист ва чаро маҳз чунин тақсимот интихоб шудааст, муаммое боқӣ мемонад. Эҳтимол, дар дурнамо навъҳои гуногуни робитаҳо бо гурўҳи шарикони мухталифи рушди Ватан дар назар аст.
Аммо алъон Консепсия танҳо шаклҳо ва сатҳҳои гуногуни ҳамкориро бо ҳар кадом аз 4 гурўҳ пешбинӣ мекунад. Зимнан, номҳои шаклу сатҳҳои ҳамкорӣ дили касро гарм мекунанд: ташкил намудани шароити мусоид, бунёди эътимод, таъмини асосҳои рушд ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ.
Бешак, банди «бунёди эътимод» таваҷҷуҳи бештарро ҷалб мекунад, ки мутаассифона, алангааш ба зудӣ боз хомўш мешавад, зеро, бино ба нақшаи созандагон, ба Консепсия барои бунёди эътимод кофист, ки «Фонди миллии кумак ба диспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ» таъсис ёбад ва мақоми дахлдор (атташе) дар кишварҳое таъин гардад, ки диаспораҳои тоҷикон вуҷуд доранд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва теъдоди калони ҳамватанони ва тоҷикони бурунмарзӣ зиндагӣ мекунанд.
Зимнан, тавре банди «а» гувоҳӣ медиҳад, барои муҳайё намудани шароити эътимод «таҳлили зарурати таъсис додани сохтореро анҷом бояд дод, ки «ҳамкориҳои ҶТ бо диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ»-ро ҳамоҳанг месозад.
Ҳама чӣ барои шарикони рушди Ватан
Аз чорабиниҳои барои ҳамаи гурўҳҳои шарикони рушди Ватан мароқангез метавон як қатор эъломиянамоҳоро ҷудо кард, ки танҳо бо маблағгузориҳои ҷиддӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони татбиқ шудан доранд.
Дар байни ин чорабиниҳо кумак аз ҷониби ҶТ дар ташкили марказҳои фарҳангӣ ва таълимӣ, курсҳо, мактабҳо, китобхонаҳо, маҳфилҳои адабӣ ва эҷодӣ дар кишварҳои хориҷӣ; ташкил ва татбиқи барномаҳои фарҳангӣ ва забонӣ дар кишварҳои зисти асосии ҳамватанони тоҷик, таъмини мактабҳои диаспораҳои тоҷикӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзи аз китобҳо ва маводи дигари таълимӣ ва боз бисёр чизҳои дигарро номбар метавон кард.
Албатта, «дар коғаз» ба ин ҳама ташкили барномаҳои махсуси радио ва телевизион, таъсиси нашрияҳои махсус, маълумотномаҳо, сомонаҳо ва дигар манбаъҳои электронӣ барои диаспораҳои тоҷикӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ҳамроҳӣ мекунад.


Ва ин чорабиниҳоро ташкили саёҳатҳо ба ватани аҷдодӣ ва истироҳати кўдакони аъзои диаспораҳои тоҷикӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар хонаҳои истироҳати кўдаконаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатии ҶТ ҳусни анҷом мебахшад.
Иловатан, барои ҳамаи ин гурўҳҳо, ба истиснои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамчунин боз квотаҳои қабули фарзандон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, аспирантураҳо ва докторантураҳои донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Бар иваз чӣ?
Дар марҳилаи «барпо кардани шароити мусоид» хеле кам – барпо кардани робитаҳо бо диаспораҳои тоҷикӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар назара ст. Табиист, ки барои ин кушодани сомона дар Интернет бо мақсади ба роҳ мондани робитаҳо ва ташкили пойгоҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин миён андак тарзи ҳадафгузории дар мавриди барпо кардани шароити мусоид суолбарангез аст, ки тақрибан чунин садо медиҳад: «муайян кардани ҷойҳои будубош ва шумораи онҳо (диаспораҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ)». Аммо инҷо мушкили тарҷума ҳам метавонист нақш дошта бошад.
Лек эҳтимоле низ вуҷуд дорад, ки маҳз ҳамин ҳадаф қадами муҳим дар роҳи татбиқи сатҳи дигари рушди муносибатҳо ва таъмини асосҳои рушд аст: «ҷалб намудани маблағҳо ва интиқолҳои пулӣ (сармояҳо)-и диаспораҳои тоҷикӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ба соҳаҳои иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг ва маорифи ҶТ». Ё дигар қадами на кам аз он муҳими шарикони рушди Ватан, ки ба дастгирии ташаббусҳои равона ба расондани кумакҳои хайриявӣ ва башардўстонаи диаспораҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ба Тоҷикистон равона аст.
Ба ғайр аз ин, Консепсия ҷалби мутахассисони баландихтисосро бо ҳадафи коркард ва амалисозии лоиҳаҳои мушаххас, кору вазифаҳои ҷудогона, ҷалб намудани технологияҳои нав, кўмак дар таъсиси тиҷорат дар кишварро пешбинӣ менамояд.

Чун ҳисоботҳои мутантан аз комёбиҳо дар роҳи татбиқи Консепсия мушоҳида намешаванд, тахмин метавон кард, ки ҳанўз марҳилаи «бунёди эътимод», ки чорабиниҳои онро тавсеа додан айни муддао мебуд, паси сар нашудааст.
Нақшаи татбиқи Консепсия ба мо чӣ омода мекунад?
Аз навигариҳои гуворотарин инҳоро метавон номбар кард:
- Таъсиси Шўрои ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
- Таъсиси сомонаи интернетӣ бо ҳадафи муоширати доимӣ ва ташкили пойгоҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ доир ба диаспораҳои тоҷикӣ (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанон ва тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд.
- Таъсиси фонди миллии ҷамъиятии рушди диаспораҳои тоҷикӣ (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ.
Хурсандиовар аст, ки 11 сол пас ҳар се ин ибтикор татбиқи амалии худро меёбанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна сюрпризу кашолкориҳо назорат аз болои ин ба зиммаи Раёсати робитаҳои беруна, молия, банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот ва рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ вогузошта шудааст. Ин аз амалӣ шудани бандҳои мазкури Нақша дилпур мекунад.
Шиносоии минбаъда бо ««Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишварро барои солҳои 2021-2025» эътимодро ба он, ки пас аз 11 соли вонамуд кардани кор оид ба иҷрои Консепсия косаи сабри Пешвои Миллат лабрез гардид. Дар оқибат, назорат аз болои иҷрои ҳамаи бандҳои Нақша ба дўши раёсатҳои гуногуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ гузошта шудааст.
Бо вуҷуд, як қатор муқаррароти Нақша водор ба сархорӣ мекунанд. Масалан, Нақша даъват намудаи намояндагони диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ҷашнҳои расмии миллӣ дар чорчўби маблағҳои аз буҷаи давлатӣ ҷудошуда ва аз ҳисоби созмонҳои хориҷӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ мекунад.
Суоли мантиқие ба миён меояд: чаро иштироки шарикони рушди Ватанро бояд ташкилотҳои хориҷӣ ва ғайридавлатӣ маблағгузорӣ кунанд? Охир, иштироки шарикони рушди Ватан дар ҷашнҳои расмии миллӣ масъалаи обурў ва имиҷи Тоҷикистон аст. Ва маблағгузорӣ дар чунин ҳолатҳо аз ҳисоби созмонҳои хориҷӣ ғайри қобили қабул аст. Ин ба обурўю эътибори кишвар латма мезанад.
Маблағгузории як қатор «чорабиниҳои иттилоотӣ-фарҳангӣ барои дастгирии арзишҳо, фарҳанг, таърих ва забони тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар», ки Нақша пешбинӣ кардааст, низ андак шигифтовар аст. Аз чӣ бошад, боз ҳам таҳиягарони Нақша пешниҳод мекунанд, ки ин корҳо на сирф аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлат, балки аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ ва диаспораҳо анҷом ёбанд.
Ҳини ошношавӣ бо Нақша як қатор суолҳои мантиқии дигар низ ба вуҷуд меоянд. Масалан, нақша ташкил намудани «курсҳои омўзиши забони тоҷикӣ ва таърих барои кўдакони диаспораҳои тоҷикӣ (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанони бурунмарзӣ дар назди идораи диаспорахо ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар хориҷа»-ро дар назар дорад. Аммо аз ҳисоби маблағҳои диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ.
Худ аз худ суоле ба миён меояд: ба диаспораҳои мо ин банди Нақша чӣ лозим аст, агар татбиқи он аз ҳисоби худи онҳо маблағгузорӣ шавад? Он ҷамъиятҳое, ки дар ихтиёрашон маблағу идораҳо доранд, бе ҳар гуна Нақша ва супоришҳо аз боло курсҳо ташкил намудаанд, онҳое, ки чунин имкониятҳоро надоранд, бо Нақша ҳам, агар аз ҷониби Тоҷикистон дастгирии молиявӣ пешниҳод нашавад, ин корҳоро иҷро карда наметавонанд.
«We wanted the best, you know the rest»?!
Шиносоии минбаъда бо Нақша фикри ғамангезеро талқин мекунад, ки Виктор Степанович Черномирдин дар нишасти матбуотии бахшида ба омодакунӣ ва гузарондани ислоҳоти пулии Русия соли 1993 изҳор карда буд.
Ба назар мерасад, ташаббуси Пешвои Миллат, ки ба таҳкими мавқеи диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳо), ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубош ва истифодаи ин сармояи гаронарзиши инсонӣ барои рушди Ватан равона аст, барабас меравад. Ва аз ғояи созандаи равона ба муттаҳиднамоии Миллат, он метавонад ба як санади навбатии эъломиявӣ табдил дода шавад, ончунон ки бо Консепсия тайи ин 11 сол буд. Ё ба механизми кўшишҳои беҳосил оиди ба ҳар роҳ ҷалб намудани маблағҳо ба иқтисоди Тоҷикистон.
Охир, барои татбиқи ҳам Консепсия ва ҳам Нақша дар навбати аввал банди асосӣ – «бунёди эътимод»-ро амалӣ кардан лозим аст. Ва агар ин дар ҳақиқат даст диҳад, дигар ба гумон аст, ки чораҳои дастгирии ибтикорҳои диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба расондани кумаки хайриявӣ ва башардўстона ба ҶТ лозим шаванд.
Коркарди лоиҳаҳои ҷолиби инвеститсионӣ ва бунёди муҳити мусоид барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бошад хубтар аз ҳар гуна Нақшаву Консепсия сармояҳои тоҷикони ҷаҳонро ҷалб, инчунин ба таъсиси тиҷоратҳои хурду миёна аз ҷониби муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо дар кишвари мо мусоидат хоҳанд кард.
Бо амру фармондиҳӣ, бо зарби калтак ҳамватанони бурунмарзиро ба сифати шарикони рушди Ватан ҷалб кардан намешавад. Тавре дар Шарқ мегўянд: «Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад».
Михаил Петрушков