«Биё равем ба Ваҳдат…» Ба кадом Ваҳдат?

Бо ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон барномаи тағйири номҳои ҷуғрофии даврони Шуравӣ оғоз ёфт ва то алъон идома дорад. Тибқи барномаи мазкур, номҳои бисёр вилояту шаҳрҳо ва ноҳияву деҳоти мамлакат иваз ва ба табиати миллии забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуданд, ки ин хуб аст. Ивазшавии номи вилояти Ленинобод ба Суғд, ноҳияҳои Москва ба Ҳамадонӣ, Совет ба Темурмалик, Ленин ба Рӯдакӣ, Фрунзе ба Сино, Октябр ба Исмоили Сомонӣ, «Центральный» ба Фирдавсӣ, Чкаловск ба Бӯстон, Орҷоникидзеобод ба Кофарниҳон ва сипас ба Ваҳдат, Ленинград ба Муъминобод ва ғайра аз он шаҳодат медиҳанд, ки забон ва таърихи мо имкониятҳои фаровони номсозиро доранд ва аз он мо бояд оқилона истифода барем. Вале чунин ба назар мерасад, ки барномаи мазкур на танҳо ивазнамоии номҳои дар замони Шӯравӣ ба таври нодуруст гузошташуда, балки тағйири номҳои маконҳои қаблан вуҷуддоштаро низ, ки вобаста ба маҳал ва таъриху забони мардуми таҳҷоии он гузошта шуда буданд, фаро гирифтааст. Маҳз ҳамин омил баҳсҳоро ба миён овард.

Қонунҳои танзимкунанда

Мушкилоти номгузориро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» аз 29 апрели соли 2006 таҳти №185 ба танзим медарорад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин муқаррарсозӣ, танзим, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ, ҳифз ва нигоҳдории номҳои объектҳои ҷуғрофиро ҳамчун қисми таркибии мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи Тоҷикистон муқаррар менамояд.Тибқи муқаррарот, дар назди маҷлисҳои маҳаллӣ комиссияҳои махсус амал мекунанд, ки дар мавриди номгузорӣ ва тағйири номҳо қарор қабул мекунанд ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд. Тасмими ниҳоӣ дар мавриди тағйири ном баъд аз баррасӣ дар Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.

Баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таҳти №609 «Оид ба тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ» низ мавҷуданд, ки масъалаи номгузориро ба танзим медароранд.

«Биё равем ба Ваҳдат…» Ба кадом Ваҳдат?
Навобод – Исфара. Акс аз wikimapia.org

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қонуни конститутсионӣ ва муқараророти дигар тартиби дурусти ҳалли масъаларо муайян намуда бошанд ҳам, амалияи татбиқи он ба таври гуногун роҳандозӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи он аз мадди назар дур мондааст. Дар зер баъзе аз онҳоро шарҳ медиҳем.

Такрори номҳо

Масалан, агарчи дар боби 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» муқаррар карда шудааст, ки номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ фақат дар ҳолати «номи якхела доштани ду ва зиёда объекти ҷуғрофии ба ҳам монанд иҷозат дода мешавад», вале чунин ба назар мерасад, ки такрори номҳо дар Тоҷикистон идома дорад. Дар ин бора ҳанӯз моҳи феврали соли 2019 академик Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, аз шеваи номгузориҳои ҷадид интиқод карда, дар як ҷаласаи Маҷлиси миллӣ гуфта буд: «Ҳоло дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳаллаву ноҳия номҳои Ваҳдат дар 31 деҳу шаҳрак, Истиқлол — 25, Баҳористон — 15, Гулистон — 41, Бӯстон — 26, Лолазор — 17, Зарнисор — 15, Меҳробод — 16, Навобод — 38, Тоҷикистон — 4, Файзобод — 17, Чашмасор — 15, Тоҷикобод — 8, Пахтакор — 15, Иттифоқ — 11, Дӯстӣ — 19, Кӯҳдоман дар 10 мавзеъ ва ғайра расман арзи вуҷуд кардаанд». Академик Имомзода дар мавриди номгузориҳое, назири Наврӯз, Меҳргон, Намуна, Орзу, Саховат ва Ҷавонӣ низ ќайд карда буд, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ номи маҳал ё шаҳраку деҳотро ифода карда наметавонанд. Ба қавли академик, ин номгузориҳо мухолифи меъёрҳои номгузории миллӣ ҳастанд, зеро номи афрод, идҳо, мафҳумҳои табиӣ, эҳсосҳои инсонӣ ва ғайра ҳеҷ гоҳ номи ҷуғрофӣ буда наметавонанд.

№№Номи нуқтаи аҳолинишинШумораи номҳои такроршаванда
 1Гулистон41
 2Навобод38
 3Ваҳдат31
 4Бӯстон  26
 5Истиқлол25
 6Дӯстӣ19
 7Лолазор  17
 8Файзобод17
 9Меҳробод16
 10Баҳористон15
 11Зарнисор  15
 12Пахтакор15
 13Чашмасор15
 14Иттифоқ11
 15Кӯҳдоман10
 16Тоҷикобод8
 17Тоҷикистон4
Номҳои такроршудаи нуқтаҳои аҳолинишин

Чунин иштибоҳҳо имрӯз низ идома доранд, аммо бояд ба ин хотима дода шавад.

«Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ» ба љои Пётри Кабир

 Чанде пеш Шӯрои намояндагони ноҳияи Тоҷикобод бо ирсоли дархосте ба Ҳукумати кишвар, зарурати тағйири номи қаторкўҳи Пётри Кабир ба Абуабдуллоҳ Рӯдакиро матраҳ кардааст. Теғаи мазкур дар миёнаи ду рӯдхонаи Сурхоб ва Хингоб, дар байни ноҳияи Тоҷикобод ва вилояти кӯҳистони Бадахшон воқеъ шуда, 143 сол қабл кӯҳнавардони рус онро фатҳ ва Пётри Кабир номгузорӣ карданд. Пешниҳоди мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. “Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори шеъри форсӣ-тоҷикӣ буда, номи ӯ аллакай ба даҳҳо маҳаллу объектҳо гузошта шудааст”,- мегуфт як қисм ва пешниҳод менамуд, ки ба ин қулла вобаста ба таърих ва мавқеи ҷуғрофияш ном гузошта шавад. Бархе бар он назар буданд, ки чун ин қулла нахустин маротиба аз тарафи русҳо фатҳ шудааст, нигоҳ доштани номи Пётри Кабир низ худ ифодакунандаи таърихи фатҳи нахустини он аст.

Албатта, тибқи моддаи 18-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», номгузорӣ кардани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин  ба номи ашхос иҷозат аст, вале ҷое ишора нашудааст, ки дар кадом қолаб. Вобаста ба ин масъала корбар Оламафрӯз Абдуллоев дар саҳифаи Фейсбук навиштааст, ки «Иваз кардани номҳои бегона ба тоҷикӣ заруру ҳатмист. Ҳоҷати баҳс нест. Аммо номи шахсони бузургу оламшумули моро ба қуллае гузоштан дуруст нест, чун ин одат дар гузаштагони мо дида намешавад. Беҳтараш номи қадимае, ки мардуми таҳҷоии он атроф мегӯянд ва номи торихии қулла ва ё кӯҳро, ки гузаштагони мо дар абёташон зикр кардаанд, бояд гузошт».

«Биё равем ба Ваҳдат…» Ба кадом Ваҳдат?
Гулистон. Акс аз Facebook

М. Рустамзода низ иброз медорад, ки анъанаи халқи мо, умуман, мардуми Шарқ он нест, ки исмҳои ҷуғрофӣ, маконро ба номи касе гузоранд, ба истиснои ашхосе, ки он ҷойро обод карда бошанд. Он ҳам бо риояи коидаҳои номгузорӣ, масалан, Аҳмадобод ва ғайра. Бо вуҷуди ин, агар ночор бошем, ки ба номи касе гузорем, бояд ҳақиқат ва мантиқ риоя шавад ва агар ном аз намояндаи миллати дигар бошад, ў бояд бо мо алоқамандие дошта бошад.

Коршинос ва пажӯҳишгари тоҷик Умед Ҷайҳонӣ роҷеъ ба пурсиши мо дар бораи пепшниҳоди мазкур қайд намуд, ки «Моддаи 7-и ин Қонун, «Тартиби номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ», муқаррар кардааст: «Номе, ки ба объекти ҷуғрофӣ дода мешавад, бояд аломатҳои хоси объекти ҷуғрофӣ, маҳалли воқеи он, хусусиятҳои этнографию миллӣ ва фаъолияти аҳолии минтақаи дахлдорро инъикос кунад. Номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом аломати хосу маҳалли воқеи он қаторкӯҳро бозтоб медиҳад? Ҳеч кадомеро. Ҳамчунин қонун муқаррар карда, ки «Ба объектҳои ҷуғрофӣ номи шахсоне дода мешавад, ки бевосита дар кашф, омўзиш, азхудкунӣ ё бунёди объектҳои ҷуғрофӣ иштирок намудаанд». Оё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кашф, омӯзиш, азхудкунӣ ё бунёди ин объекти ҷуғрофӣ ширкат кардааст?! На, накардааст».

Ҳамчунин қонун таъкид мекунад, ки «Номи ходимони барҷастаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва давлатӣ, арбобони илму фарҳанг, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ба объектҳои ҷуғрофие, ки ном надоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад». Магар ин қаторкӯҳ ном надорад? Дорад ва он ҳамон “қаторкӯҳи Пётри Якум” аст.

Умед Ҷайҳонӣ инчунин иброз дошт, ки «Дар канори қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Вахш, Дарвоз, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шуғнон, Шохдара, Ишкошим ва Вахон омадани қаторкӯҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мантиқӣ нест.

Қаторкӯҳи Пётри Якум агар дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод ҷой дорад, мантиқитарин ном барояш ҳамин қаторкӯҳи Тоҷикобод мешавад. Ҳарчанд Вахиё ҷойноме бисёр куҳантар аст. Номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ номзада шудааст. Ин номгузориҳои бемантиқ обрӯву эътибори бузургонро мерезонад. Ҳамон қаторкӯҳи Тоҷикобод ё қаторкӯҳи Вахиё мантиқӣ аст».

Табошар-Истиқлол

Ба назари банда, ҳангоми тағйири номи Табошар ба Истиқлол, ки дар наздикии яке аз бойтарин захираҳои кони полиметалӣ ҷойгир шудааст, низ Моддаи 7-и Қонун, яъне риояи аломатҳои хоси объекти ҷуғрофӣ, маҳалли воқеи он, хусусиятҳои этнографию миллӣ ва фаъолияти аҳолии минтақаи дахлдор сарфи назар шудааст.

Номи Табошар аз калимаи Товошар аст ва аз таркибҳои туркӣ-ӯзбекии «Тов» (вайроншудаи «тоғ») – кӯҳ ва «-ошар» — гузаштан иборат буда, маънои «гузаргоҳи кӯҳӣ»-ро дорад. Байни мардум оиди топонимии Табошар ривояти дигаре низ ҳаст. Аз сабаби он ки шаҳр дар баландии 1100 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ҳангоми ба шаҳр омадан фишори хуни кас баланд мегардад. Ва шарҳ медиҳанд, ки гӯё “Табошар” аз таркибҳои «Тов» (лаҳҷа — Таб) ва «ошар» (баланд шудан) сохта шуда, маънои баланд гардидани таб – фишори хунро дорад. Табошар соли 1935 нахустин маротиба ҳамчун шаҳрак (посёлка) арзи ҳастӣ намуда, соли 1938 дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Чкалов ташкил ёфт, моҳи октябри соли 1968 мақоми шаҳраки типи шаҳрӣ ва соли 1993 мақоми шаҳри тобеи вилоятиро гирифта, 29 марти соли 2012 дар асоси Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр номи Истиқлол дода шуд.

«Биё равем ба Ваҳдат…» Ба кадом Ваҳдат?
Дар интернет гурӯҳҳо. аксу видеонаворҳои зиёде ҳастанд. ки шаҳри Истиқлолро чун пешина Табошар меноманд. Акс аз YouTube

Коршиносон бар он андешаанд, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва таърихи пайдоиши Табошар имрӯз номи ин шаҳр бояд нигоҳ дошта мешуд. Зеро Табошар дар замони шуравӣ бунёд шуда, ифодакунандаи торихи як аср пеши мост ва Истиқлол бояд ба шаҳре гузошта мешуд, ки маҳз дар замони истиқлол пайдо шудааст. Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» муқаррар наудааст, ки «Номҳои мавҷудаи объектҳои ҷуғрофӣ мувофиқи маълумоти нашрияҳои расмии харитасозӣ ва иттилоотӣ, дигар сарчашмаҳо, инчунин тавассути пурсиши олимон, мутахассисон, кишваршиносон ва аҳолии минтақаҳои дахлдор муқаррар карда мешаванд». Оё дар мавриди Табошар муқарарароти мазкур татбиқ шуд? Ба назари банда, на. Шаҳре, ки то замони истиқлол аллакай 56-сола буд, ба назари мо, наметавонад номи Истиқлолро дошта бошад. Барои он ки мавқеи ҷуғрофӣ ва таърихи пайдоиши ин шаҳр инъикос ёбад, бояд номи Табошар нигоҳ дошта мешуд.

Чӣ бояд кард?

Дар матлаби мазкур танҳо як қисмати хурди камбудиҳои роҳдодашуда дар номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ ба тариқи намуна оварда шудаанд. Барои дарёфти роҳи дурусти номгузориву номгардониҳо чӣ чораҳо бояд дида шаванд? Бо ин савол мо ба коршинос Умед Ҷайҳонӣ муроҷиат намуда, чунин посух гирифтем:

1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шаванд;

2. Барои тоҷикӣ гардондани ҷойномҳои бегона аз шумори кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад;

3. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.

4. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофӣ дар назар гирифта шавад.

5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар шаҳру рустову деҳу дигар воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ.

6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

Ба назари банда, пешниҳодҳои Умед Ҷайҳонӣ қобили дастгирӣ аст ва бояд аз тарафи комиссияҳои маҳаллӣ, шаҳрӣ ва гурўҳи кории назди Кумитаи забон ва истилоҳот ба таври ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. Зеро маҳз омӯзиши дақиқи комиссияҳои мазкур метавонад ба такрори номҳо хотима гузошта, номҳоеро пешниҳод кунад, ки ба номи таърихи маҳал наздик бошад, омилҳои муаррификунандаи маҳал ва мавқеи ҷуғрофии онро ҳифз кунад, номҳои таърихиро барқарор намояд.

Дар яке аз баромадҳои худ дар нишасти матбуотие Нуриддин Саид, вазири пешини маориф ва илми Тоҷикистон низ аз шеваи номгузорӣ ва номивазкуниҳо танқид карда гуфта буд, «номҳои ҷуғрофие, ки вожаи «ғар» доранд, набояд аз байн бурда шаванд». Зеро «ғар» калимаи суғдӣ буда, маънояш «кӯҳ» аст, аз ин хотир, набояд номҳои ҷуғрофии ҳомили ин вожа ҳангоми маъракаи иваз кардани номҳо дар Тоҷикистон аз байн бурда шаванд.

Хулоса, моро зарур аст, ки ба масъалаи номгузорӣ боэҳтиёт муносибат кунем, зеро воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин ба забон ва ҳаёти халқ робитаи зич доранд ва ин робитаҳо бояд ҳифз карда шаванд. Номҳои ҷуғрофӣ баёнгари ҳодисаҳои бузурги таърихиянд, тоҷиконро чун миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёд ба ояндагон муаррифӣ мекунад.

Холиқи Муҳаммадназар

Оцените статью

«Биё равем ба Ваҳдат…» Ба кадом Ваҳдат? Бо ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон барномаи тағйири номҳои ҷуғрофии даврони Шуравӣ оғоз ёфт ва то алъон идома дорад. Тибқи барномаи мазкур, номҳои бисёр вилояту шаҳрҳо ва ноҳияву деҳоти мамлакат иваз ва ба табиати миллии забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуданд, ки ин хуб аст. Ивазшавии номи вилояти Ленинобод ба Суғд, ноҳияҳои Москва ба Ҳамадонӣ, […]
3.33 1 5 3
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.