Биноҳои навбунёд то куҷо бехатаранд?

Сохтмон имрўз дар сар то сари кишвар дар авҷ аст. Биноҳои серошёна торафт зиёд мешаванд ва дар баробари ин шумораи шикоятҳо аз ғалоғула, ифлосӣ, дарахтбуриҳо ва дигар оқибатҳо барои хонаҳои атроф низ афзуда, ба яке аз мавзўъҳои пурбаҳстарини шабакаҳои иҷтимоӣ табдил меёбад. Тилав РАСУЛЗОДА кўшиш кард мавзўъро дар мисоли биноҳои навбунёди Хуҷанд пайгирӣ намуда, аз худи хуҷандиҳо пурсад, ки онҳо то куҷо аз сохтмонҳои нав розӣ ҳастанд.

Сабаби зиёдии сохтмонҳо – афзоиши аҳолӣ

Дар қисми марказии Хуҷанд эҳтимол ба наздикӣ дигар як ваҷаб замини холиро ҳам пайдо кардан душвор мешавад. Аз сабабе ки барои сохтмонҳои нав ҷой намондааст, рў ба қитъаҳое оварда мешавад, ки қаблан гаражҳо, майдончаҳои кўдакон ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ меистоданд, ки ниёз ба иқтидорҳои барқӣ надоштанд, ба низоми обу корезӣ сарборӣ намеоварданд.

Дар давраи шўравӣ инҷо асосан иморатҳои 4-9-қабата мебардоштанд, аммо акнун баландошёнаҳое бунёд мешаванд, ки аз ҳадди меъёрҳои пешина болотаранд. Алъон дар маркази Хуҷанд сохтмони бинои 16-қабата идома дорад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар яке аз қисматҳои аз лиҳози сейсмологӣ осебпазири минтақа воқеъ аст. Бунёди баландошёнаҳоро ҳукуматдорон ба афзоиши аҳолӣ, раванди аз деҳот ба шаҳрҳо кўчидани мардум, нарасидани манзил, инчунин татбиқи Нақшаи генералии шаҳр барои солҳои 2010-2030 рабт медиҳанд.

Биноҳои навбунёд то куҷо бехатаранд?
Акс аз Интернет гирифта шудааст.

Иншоотҳои мазкур то кадом андоза дар муқобили офатҳои табиӣ устувор ва ба меъёрҳои қабулшудаи шаҳрсозӣ ҷавобгў ҳастанд? То куҷо бехатаранд? Агар (Худо накарда) дар оқибати заминҷунбӣ, тундбоди сахт ва ё дигар офатҳои табиӣ ин биноҳо шурўъ ба харобшавӣ кунанд, кӣ барои ин ҷавоб медиҳад? Охир, сухан аз ҳаёту бехатарии даҳҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар меравад. Инҷо ба хотир овардан ҷоиз аст, ки тундбоди шадиди соли 2018 бомҳои биноҳои навбунёдро дар Хуҷанд канда буд.

Сохтмони иморатҳои нав дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромади соҳибкорӣ мебошад. Аз ин рў теъдоди хоҳишмандони кор дар соҳа сол то сол афзоиш меёбад. Феълан як метри мураббаи масоҳати хонаҳои нав, вобаста ба макони ҷойгиршавӣ, қабат ва сифати кор, дар ҳудуди аз 400 то 700 воҳиди шартӣ тағйир мехўрад. Беш аз ин, қабатҳои поёнии биноҳои иқоматӣ ба идораю нуқтаҳои савдои тиҷоратии мухталиф – мағоза, қаҳвахона, ресторанҳо ва ғайра ба иҷора дода шуда, даромади зиёд меоранд.

Кӣ ва чӣ гуна рафти сохтмонҳоро назорат мекунад?

Бино ба қавли коршиноси соҳаи меъморӣ ва сохтмон Шарифа Раҳматова, қабл аз оғози корҳои сохтмон барои иншооти оянда миқдори зиёди ҳуҷҷатҳоро гирифтан мебояд, ки дар ниҳоят имкони ба даст овардани иҷозати сохтмонро аз ҳукуматдорон медиҳад. Барои ин аз якчанд марҳилаю экспертиза, хоса аз экспертизаи экологӣ гузаштан лозим меояд, ки хусусиятҳои замин, хок, релйеф ва хосагиҳои дигари маҳалли ҷойгиршавиро ба назар мегиранд. Тариқи ин ва дигар омилҳо сатҳи устувории иншоотҳо дар муқобили заминларза муайян карда мешавад. Тибқи меъёрҳои қабулшуда, иншоотҳое, ки дар соҳили чапи Хуҷанд воқеанд, ба 9 балл тобоваранд, дар соҳили рост – ба 7 балл. Рафти иҷрои корҳои сохтмониро Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Баъди анҷоми сохтмон иншоотҳои омодашударо комиссияи давлатӣ, ки дар назди мақомоти маҳаллии ҳукумати давлатии шаҳр амал мекунад, қабул менамояд.

Биноҳои навбунёд то куҷо бехатаранд?
Акси Тилав Расул-зада

Бино ба суханони сармутахассиси Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ дар вилояти Суғд Алӣ Маҳмадҷонов, айни замон таваҷҷўҳи зиёд ба сифати корҳои сохтмон, устувории зербиноҳо, сохтори объектҳо ва мустаҳкамии маводи сохтмонӣ равона мешавад. Фармоишгар ва паймонкор хеле хуб огоҳанд, ки дар сурати ошкор шудани бесифатии маводҳои сохтмонӣ ё иҷрои номуносиби корҳо, ҳатто агар нарх паст бошад ҳам, мардум ин хел хонаҳоро намехаранд.

Ғайр аз ин, ба фарқ аз замони шўравӣ, вақте дар сохтмони иншоотҳо асосан бетони тамғаи 200 истифода мешуд, имрўз бештар бетони тамғаи 300 корбурд дорад, арматураи истифодашаванда бошад аксаран истеҳсоли Россия ва Қазоқистон аст.

– Ба хотири баланд бардоштани кафолати тобоварии иншоотҳо ба заминларза, ба истифодаи бештари тарзи монолитии биносозӣ рў оварда шуд, – мегўяд Алӣ Маҳмадҷонов.- Барои пешгирӣ аз эҳтимоли валангор ё чаппа шудани иншоотҳои сохтмонӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт нақшаҳои чорабиниҳои иловагӣ тартиб дода мешаванд. Зиёда аз ин, айни замон барои сифати маводҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, сементи истифодашаванда озмоишгоҳҳое масъуланд, ки дар ин хусус ҳалнома додаанд. Барои сифати корҳо дар баробари онҳо паймонкор низ ҷавобгар аст.

 «Ҳангоми сохтмон тамоми зерсохторро ба назар бояд гирифт…»

А.Маҳмадҷонов қайд мекунад, ки вақте ин навъ назорати чандсатҳаи сифат вуҷуд дорад, ба ҳукумати шаҳр як дархост боқӣ мемонад: «то ки дар оянда қарори сохтмон танҳо бо дарназардошти нақшаи муфассали як маҳаллаи том дода шавад, зимнан, илова ба ҷанбаҳои дигар, зерсохтори зарурӣ ба эътибор гирифта шавад». Имрўз ин кор бо дарназардошти танҳо объектҳои алоҳида анҷом меёбад.

Лозим ба тазаккур аст, ки мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, ки аз манбаъҳои муътамад дастрасамон гашт, бо амри иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр сохтмони аксари иморатҳое, ки дар байни биноҳои дохили маҳаллаҳои иқоматӣ бунёд мешуданд, муваққатан қатъ карда шудааст. Ин бештар ба хонаҳои нав дар маҳаллаҳои 18 ва 19 дахл дорад.

Биноҳои навбунёд то куҷо бехатаранд?
Акс аз Интернет гирифта шудааст.

Ширкатҳои сохтмонӣ таҷрибаи кишварҳои дигарро меомўзанд

Бозёфту нақшаҳои нави илмӣ имкон медиҳанд, ки дар сохтмонҳо усулҳои нави ҳимояи иншоотҳо аз ҳар гуна хатарҳои табиӣ ба кор бурда шаванд. Меъёрҳои соҳаи сохтмон дар ҷаҳон зуд тағйир меёбанд. Барои мисол, дар Ҷопон, ки минтақаи аз лиҳози сейсмологӣ хавфнок аст, аллакай биноҳои 100-қабата ва баландтар аз он бунёд мешаванд.

Ба гуфти Шариф Раҳматов, замони охир ширкатҳои бинокории Тоҷикистон фаъолона таҷрибаи кори кишварҳои мутараққии ҷаҳонро дар соҳаи сохтмон меомўзанд. Аз ҷумла, бо ин мақсад ба Кореяи Ҷанубӣ мутахассисони касбҳои гуногун равон карда шуданд. Дар байни онҳо на танҳо муҳандисон, балки бинокорони одӣ низ буданд. Акнун таҷрибаи онҳо васеъ дар соҳаи сохтмони Тоҷикистон татбиқ мегардад.

-Аммо наметавон далелеро инкор кард, ки ба ҷуз ширкатҳову ташкилотҳои бинокорие, ки ному шарафашон барояшон муҳим аст, боз дигар муассисаҳо низ вуҷуд доранд, ки бо ҳадафи зудтар ба даст овардани даромад ба хатоҳои ҷиддӣ ҳангоми сохтмон роҳ медиҳанд. Гоҳо мешавад, ки як чиз ваъда ва дар асл чизи дигар пешниҳод мешавад. Ин ба ном «омили инсонӣ»-ст. Аммо мардум низ бояд ҳангоми интихоби манзил эҳтиёт бошанд, ба сифати иморат ҳанўз дар марҳилаи сохтмон таваҷҷўҳ кунанд. Агар хона тайёр бошаду касе майл ба хариданаш накунад, ба хулосае метавон омад, ки сифати он шубҳаовар аст,- мегўяд Шариф Раҳматов.

Мушкили шабакаҳои барқ…

Бисёр сокинонро масъалае нигарон мекунад, ки оё зерсохтори кўҳна ба сарбории иловагӣ аз бунёди биноҳои нав тоб меоварда бошад. То кадом андоза иншоотҳои барқтаъминкунӣ ва обу корезӣ дар Хуҷанд ба ин омодаанд?

Мутахассисони соҳаи энергетика қайд мекунанд, ки раванди пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии минбаъда ба биноҳо дар асоси директиваҳои ҳукуматии «Қоидаҳои истифодабарӣ аз неруи барқ ва гармӣ» ва «Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ» сурат мегирад. Онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан аз 06.03.1998 таҳти № 84 ва аз 03.06.2014 тасдиқ шудаанд. Мувофиқи талаботи санадҳои мазкур, аризадиҳанда дар марҳилаи аввали омодасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии сохтмон аз ташкилоти барқтаъминкунӣ «шартҳои техники пайвасткунии таҷҳизоти барқӣ»-ро мегирад. Тибқи муқаррароти идора, шартҳои техникӣ барои таҷҳизоти барқӣ бо иқтидори то 5 кВт-ро шуъбаҳои маҳаллии шабакаҳои барқӣ ва беш аз 5 кВт-ро «Барқи Тоҷик» медиҳад.

Бино ба суханони сармуҳандиси Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Комилҷон Очилов, барои пайваст кардани бино ё иншоотҳо ба объектҳои мавҷудаи барқӣ лозим меояд нақшаҳои васлкунӣ тағйир дода ё таҷҳизоти иқтидории шабакаҳои барқтақсимкунӣ иваз карда шаванд. Мувофиқи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ, ҳамаи ин хароҷотро бояд паймонкор ё фармоишгари ў ба назари эътибор гиранд ва риоя намоянд. Васл кардани таҷҳизоти барқии нави истеъмолгар ба шабакаҳои амалкунанда танҳо пас аз гирифтани иҷозати нозири Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

«Қайд бояд намуд, ки дар ин марҳила истеъмолгар меъёри сарфи неруи барқро ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда ба қайд медарорад. Ин санад барои истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерўи барқ баҳри эҳтиёҷоти истеҳсолӣ муҳим аст». Дар идома Очилов таъкид намуд, ки аз сабаби сарбории барзиёд ба шабакаҳои тақсими барқ, дар давраи тирамоҳу зимистон додани шартҳои техникӣ ба аризадиҳандагон маҳдуд карда мешавад. «Бо ҳадафи коҳиш додани қатъкуниҳои технологии хатти интиқоли барқ ва ҳифзи таҷҳизоти гаронарзиши таъмини барқ тавсия дода мешавад, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд марказҳои гармидиҳӣ бо мақсади ба роҳ мондани таъминоти марказонидашудаи шабакаҳои гармидиҳӣ ва оби гарм дар маҳаллаҳои серошёна, инчунин таъминот бо гази табиӣ дар хонаҳои ҳавлидори хусусӣ барқарор карда шавад»,- афзуд ў.

…ва об

Дар суҳбат бо Nuqta.tj мутахассисони КВД «Обу корези Хуҷанд» қайд намуданд, ки айни замон партовҳои корезии объектҳои навбунёд ба низоми марказии канализатсионии шаҳри Хуҷанд пайваст карда мешаванд, ки солҳои 60-70-уми асри гузашта сохта шудаанд. Бо мурури замон як қисми онҳо фарсуда шудааст. Дар оқибат, зарурати ивази тадриҷии лўлаҳои кўҳна ба нав ба миён меояд. Аз ҷумла, дар соли 2019 дар асоси «Барномаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Хуҷанд. Марҳилаи 3», лўлаҳои кўҳнаи фарсуда дар тўли 7 км иваз карда шуданд. Иншоотҳои тозакунии обҳои партовӣ айни замон иқтидори қабул намудани 20-25 000 метри мукааб гандаобҳоро доро аст. Аммо, бо такя ба иқтидорҳои лоиҳавӣ, онҳо метавонанд боз ҳамин миқдор обро қабул намоянд. Ҳамчунин дар соли 2019, тибқи Барномаи мазкур, таҷдиди пурраи иншоотҳои обтозакунӣ гузаронида шудааст.

-Дар соҳаи обу корезии шаҳри Хуҷанд, албатта, мушкилу камбудиҳои муайян ҷой доранд. Бо ҳадафи ҳаллу фасли онҳо мақсад гузошта шудааст, ки беш аз 100 км лўлаҳои фарсудаи канализатсионии Д-2000 мм ва лўлаҳои коллектории Д-1200 мм дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила иваз карда шаванд,- мегўяд яке аз роҳбарони КВД «Обу корез», ки хоҳиш намуд, номаш зикр нашавад.

Биноҳои навбунёд то куҷо бехатаранд?
Акс аз Интернет гирифта шудааст.

Хуҷандиҳо дар бораи биноҳои нав

Дар хотима қарор додем аз худи хуҷандиҳо пурсем, ки оид ба хонаҳои  навбунёд чӣ андеша доранд.

Сокини Хуҷанд, ки худро Дилбар номид, гуфт, муддати тўлонӣ боз манзили ба талаботаш ҷавобгўро меҷўяд.

– Соҳили рости шаҳрро, ки онҷо иморатҳои баландошёна сохта мешаванд, гаштам. Маълум аст, ки ба баъзе хонаҳо ҳоло соҳибони навашон кўчида наомадаанд, лекин аллакай ҷо-ҷо аз биноҳо гаҷ канда шуда афтидааст. Зиёда аз ин, биноҳо дар доманаи кўҳи Муғултоғ ва поёнтар аз сатҳи роҳи мошингарди шафаташон сохта шудаанд. Саволе ба миён меояд: онҳо то кадом андоза дар сурати фуромадани сел бехатар буда метавонанд? Тобоварӣ ба заминҷунбӣ то куҷо ба эътибор гирифта шудааст?

Бо маслиҳати шиносҳо Дилбар қарор дод аз бинои навбунёде, ки дар муқобили бинои «Кохи матбуот» воқеъ аст, манзил харад. Он пеши назари мардум қад афрохт, ҳамагон медиданд, ки бинокорон аз рўйи виҷдон кор мекунанд. Вале моликони бино гуфтанд, ки ҳамаи манзилҳо аллакай фурўхта шудаанд. Акнун Дилбар тасмим гирифтааст дар харид саросема нашавад. Боз аз мутахассисон оид ба устувории ин ё он бинои нав, сифати сохтмон, эътимодбахшии низоми обу корез, барқ ва ғайра машаваратҳо мегирад.

Бахтиёр, сокини шаҳри Панҷакент, ба хабарнигори Nuqta.tj гуфт, ки тобистон бо зарурати хидматӣ лозимаш омад дар яке аз биноҳои нави соҳили рост барои як ҳафта манзилеро иҷора гирад.

– Ба ман саҳни бино писанд омад. Дар байни хонаҳо таваққуфгоҳи азим барои мошинҳо ҷойгир буд, ки ман метавонистам беташвиш мошинамро монда, дар ғами бехатарии он набошам. Худи манзил ҳам калон, тоза, бароҳат, бо таъмири нав буд. Танҳо чизе, ки писандам наомад, ин буд, ки обро соатакӣ медоданд ва дар ваннае, ки бо ҳоҷатхона якҷо буд, ҳама садоҳо аз хонаи боло баръало шунида мешуданд. Сад дарсад онҷо болопўшҳо дуруст хобонда нашудаанд. Ҳамроҳ бо аҳли оила дар ин хел хона зиндагӣ кардан намехостам. Ё лоақал бо ҳамсоя маслиҳат карда, пул партофта, ягон хел ин камбудиро ислоҳ мекардам. Болопўшро бо назардошти бехатарӣ ва садоногузарӣ мустаҳкам ё ғафстар кардан лозим мешавад. Аммо ин хароҷоти иловагии ғайричашмдошт барои манзил мешавад.

Зане, ки худро Гавҳар муаррифӣ намуд, саргузашти худашро дар бораи кўчиданаш ба манзиле дар бинои навбунёд қисса кард. Замоне ки таъмир мерафт ва баъдан, дар моҳҳои аввал, шароити зист дар хонаи нав хеле хуб, идеалӣ ба назар мерасид. Ҳамааш вақте тағйир ёфт, ки ба хонаи ҳамсоя ҳам соҳибонаш омаданд. Девор ба ҳадде борик будааст, ки тамоми суҳбату ҷанҷолҳои ҳамсояҳоро шунидан мумкин буд. Гавҳар бе сару садои зиёдатӣ хонаро фурўхта, аз биноҳои кўҳна манзил харид.

Ғайр аз ин, Гавҳар нақл намуд, ки дугонааш дар қабати 8-уми иморати навбунёд зиндагӣ мекунад. «Тобистон ў бисёр вақт мушкили об дорад. Аз сабаби фишори паст гоҳо об ба қабати онҳо намебарояд»,- шикоятҳои дугонаашро арз кард Гавҳар.

Биноҳои навбунёд то куҷо бехатаранд?
Фото взято из интернета и непосредственного отношения к материалу не имеет.

Мушкилот ҳаст

Хулоса, вазъ дар биноҳои нави иқоматӣ орӣ аз камбудиҳо, тавре мутахассисони соҳаи бинокорӣ ҷилва доданӣ мешаванд, нест.

Ҷиҳати мусбати муҳимми биноҳои навбунёд дар он аст, ки манзилҳояш масоҳати калон доранд. Имкони мувофиқи завқи худ ҷиҳозонидану оростани онҳо вуҷуд дорад.

Ҷанбаи манфӣ бисёр вақт набудани лифт ва новачаҳои обрез дар биноҳо мебошад. Об бевосита ба ҳавлӣ рехта, асфалтро ба зудӣ хароб мекунад.

Бинобар ин, коршиносон ҳанўз аз баҳогузории муътамадона ба иморатҳои навбунёд худдорӣ мекунанд. Ба мо танҳо бо суханони якеи онҳо розӣ шудан мемонад, ки гуфт, «биноҳои нав то куҷо устувор ва дар муқобили офатҳои табиию сарбориҳои иловагии зерсохторӣ тобоваранд, танҳо вақт нишон медиҳад».

Тилав РАСУЛЗОДА

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.