Бархе сокинон аз риоя нашудани қоидаҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе шикоят мекунанд ва нигаронанд, ки ин хонаҳо бидуни зерсохтори маишӣ сохта мешаванд. Мақомот мегӯянд, аз вуҷуди ин мушкил огоҳанд ва барои ҳалли он талабот (норма)–и нав омода кардаанд, то ин мушкилиҳоро бартараф намоянд. Коршиносон насохтани зерсохторро дар назди биноҳои истиқоматӣ аз он манфиат надидани соҳибкорон арзёбӣ мекунанд.
Nuqta.tj тасмим гирифт, ба масъалаи сохтмони биноҳо ва зерсохтори ёрирасони он, мисли майдончаҳои варзишӣ, таваққуфгоҳ ва ғайра дахл кунад.
Аз набудани таваққуфгоҳ то лифт
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе сохтмони биноҳои баландошёна ба суръат идома дорад. Вале сокинон шикоят мекунанд, ки ҳангоми қомат афрохтани биноҳо сохтмони зерсохтори маишии он, аз ҷумла сохтмони майдончаҳои варзишӣ, қитъаҳо барои истироҳат, таваққуфгоҳ, роҳравҳо на ҳамеша ба инобат гирифта мешавад. Онҳо мегӯянд, набудани зерсохтор то ҷое зиндагии худи онҳо ва кӯдаконашонро мушкил мекунад.
Сокини Душанбе Замира Саидалимова, ки дар бинои 11-ошёнае иқомат мекунад, дар суҳбат бо мо нигаронӣ кард, ки дар байни се бинои 11–ошёна танҳо як майдончаи хурди варзишӣ сохта шудааст, ки ба сокинон басанда нест. Ӯ гуфт, барои бошандагон таваққуфгоҳ умуман нест.
– Дар як бинои 11-ошёна ки чор “подъезд” дорад, ҳудуди 100 оила зиндагӣ мекунад. Ҳамаи онҳо аз 2 то 4 -кӯдакӣ доранд. Онҳо бояд дар куҷо бозӣ кунанд? Вақте ҷой барои вақтгузаронӣ нест, ба корҳои бад даст мезананд. Ҳамарӯза доду войи кӯдакон гӯши одамро кар мекунад. Намедонем, чӣ кор кунем. Ба ғайр аз ин, таваққуфгоҳ ҳам нест. Бегоҳ вақте аз кор бармегардем, аз мошини зиёд ҷойи гузаштан нест, – изҳори нигаронӣ намуд Саидалимова.
Ӯ афзуд, дар яке аз биноҳое, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, ҳатто лифт насб нашудааст ва онҳо маҷбуранд, ки ҳар рӯз 11 ошёнаро пиёда баромада фароянд.
Ба таъкиди номбурда, бо ҳамин аҳвол чор сол пеш комиссияи санҷиши давлатӣ биноҳоро қабул намудааст.
Воқеан, масъулини кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар вуҷуди чунин мушкилӣ ва камбудиҳоро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, дар робита ба ин масъала кор бурда истодаанд ва барои оянда нормаи наве таҳия шуда истодааст, ки дар асоси он ҳамаи камбудиҳои ҷойдошта бартараф мешаванд.
Шаҳрдорӣ: Комиссияи давлатӣ биноеро, ки камбудӣ дорад, қабул намекунад

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, биноҳое, ки камбудӣ доранд, аз сӯи комиссияи санҷиши давлатӣ қабул намешаванд.
Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода дар нишасти охири матбуотӣ дар робита ба қабули биноҳо аз ҷониби комиссияи давлатӣ гуфт, бо кадом шарту шароит сохтани биноҳо дар нормаи қабулшуда пурра дарҷ шудааст ва танҳо баъди риоя шудани ҳамаи бахшҳои он комиссияи давлатӣ биноро қабул мекунад.

– Комиссия чизеро қабул намекунад. Дар назди шаҳрдорӣ аз ҳамаи сохторҳои назди мақомоти шаҳр ва кумитаи меъморӣ ва сохтмон гурӯҳи корӣ ташкил шудааст, онҳо рафта ҳамаро мебинанд, шинос мешаванд, баъд пешниҳод мекунад, қабул мешавад. Мо кори ношударо ҳеҷ вақт қабул намекунем, – гуфт Табарзода.
Номбурда афзуд, барои рафъи мушкилоти мазкур чанде аз ширкатҳои сохтмониро, ки биноҳояшон баҳсӣ ва нотамоманд, шахсан худдаш қабул кард ва аз онҳо талаб намуд, ки камбудиҳояшонро бартараф кунанд.
“Дар болоямон кранҳо чарх мезананд”. Зиндагӣ дар хонаҳои нотамом
Талаби рафъи камбудии ширкатҳои сохтмонӣ аз ҷониби муовини шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки чанде пеш, сокинони як бинои 11-ошёнаи нотамом дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе нигаронӣ мекарданд, ки бо вуҷуди ба итмом расидани муҳлати шартномаашон бинои онҳо омода нашудааст ва онҳо акнун маҷбуранд дар бинои нотамом зиндагӣ намоянд.
Гуфта мешавад, ки биноҳои нотамом аз ширкати “Комил-2010” аст, ки бино бар санадҳо, ба Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа тааллуқ дорад.

Ба таъкиди сокинон, сохтмони бино соли 2016 оғоз шуда, мебоист соли 2020 ба охир расад, вале имрӯз онҳо маҷбуранд дар хонаҳои нотамомашон зиндагӣ кунанд. Дар ҳоле, ки кранҳои борбардор дар болояшон чарх мезананд, дару тирезаҳоро то ҳол начаспондаанд ва дар даромадгоҳҳо торикӣ ҳукмфармост.
“Моҳи августи соли 2021 ин ҷо омадем”,- нақл кардааст Мавҷуда Раҳимова, як сокини ин бино, ба хабарнигорони Радиои “Озодӣ”. Вай гуфтааст, танҳо нест. Ба нақли ӯ ва ҳамроҳонаш, беш аз сад нафар дар биноҳои сохтмонаш нотамоми ширкати “Комил-2010” ҷойгир шудаанд.
Яке аз намояндагони ширкат бо шарти зикр нашудани номаш гуфтааст, ки “муштариён худсарона ба бино даромадаанд ва то замоне, ки бино аз сӯйи комиссияи давлатӣ қабул карда нашавад, сокинон ҳаққи зиндагӣ дар онро надоранд”.
Ҷамшед Табарзода мегӯяд, дар масъалаи биноҳои нотамом ва баҳсӣ худи соҳибмулкони манзил низ бояд ҳуқуқҳои худро донанд ва шартномаҳои худро бо ширкатҳои хонасоз дуруст ба тартиб дароварда, назорат кунанд.
Кумитаи меъморӣ: Аз камбудиҳо огоҳем, нормаҳои нав ислоҳ мекунанд
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода ҳам дар нишасти охири матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш вуҷуди ин камбудиҳоро эътироф кард ва гуфт, воқеан, бархе соҳибмулкон ва пудратчиён нисбати сохтмони зерсохторҳои маишӣ дар назди биноҳо хунукназарӣ мекунанд.

Ӯ афзуд, тибқи “генплан”- и Душанбе, аз ҷумла, сохтмони роҳрав барои мошинҳо дар гирду атрофи биноҳо ба назар гирифта шудааст.
– Мо бо Институти лоиҳакашии Россия барои бозбинӣ ва ислоҳи баъзе камбудиҳои “генплан”-и Душанбе муроҷиат кардем ва кор идома дорад. Воқеан, чунин мушкилӣ ва камубдӣ дар сохтмони баъзе биноҳо ҳаст ва мо барои бартараф кардани он кор карда истодаем, – гуфт раиси Кумитаи меъморӣ.
Номбурда ба таври мисол гуфт, ки барои як бинои 20-ошёна ду қабат таваққуфгоҳе, ки дар поёни он месозанд, кам аст. Чунки онҳое, ки дар ин хонаҳо, махсусан дар марказ зиндагӣ мекунанд, камаш ду мошини сабукрав доранд.
– Мо барои рафъи таваққуфи мошинҳо дар назди биноҳо, ба соҳибкорон пешниҳод кардем, барои зиёда аз 200 мошин таваққуфгоҳи зеризаминии хусусӣ созанд ва онҳо барои сохтмони он розӣ шуданд. Ин таваққуфгоҳҳо дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр сохта мешаванд ва ин, масалан, яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи норасоии тавақуфгоҳҳо аст, – гуфт Зувайдзода.

Ӯ ҳамчунин, гуфт, барои рафъи мушкилиҳои ҷойдошта гурӯҳи корӣ таъсис шудааст ва ба наздикӣ дар робита ба сохтмони биноҳо нормаҳои нав қабул мешаванд ва дар онҳо роҳҳои бартараф намудани ин мушкилиҳоро пешниҳод мекунанд.
– Дар асоси нормаҳои нав мушкилии асосӣ, ки бояд ҳалли худро ёбад, сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои бисёрошёна аст. Муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ин самт ба мо ва ҳам ба ҳукумати шаҳри Душанбеву дигар ниҳодҳо ворид шудааст. Ҳоло масъалаи канализатсия ҳал шуд ва ивазкунии хатҳои обу корез сар шудааст. Масъалаи бозсозии хатҳои обӣ низ дар ҳоли баррасӣ аст ва ин масъала ҳам ҳалли худро меёбад. Дар навбати худ масъалаи таваққуфгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ ҳам ҳал мешавад. Ин проблемаҳо дар ҳамаи шаҳрҳои калон ҳастанд,- хулоса кард Муҳаммадсаид Зувайдзода.
“Камбудӣ дар худи фармоишгарон аст”
Бино ба иттилои кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бар асоси талабот масофа байни биноҳо 20 метр пешбинӣ шудааст. Сокинон мегӯянд, ин талабот на ҳамеша риоя мешавад ва наздик будани масофа байни биноҳои навсохту роҳи пиёдарав боиси нигаронии онҳо шудааст. Коршиносон сабаби инро дунболи фоида рафтани соҳибкорон маънидод мекунанд.

Усмон Раҷабов, номзади илмҳои техникӣ, мегӯяд, асосан биноҳои баландошёнаро барои самаранок истифода бурдани замин месозанд, вале имрӯз, бо вуҷуди ин, зерсохтори он: таваққуфгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, минтақа барои истироҳати калонсолон, қитъаҳои коммуналии биноҳо фаромӯш мешаванд.
Зеро, ба таъкиди ӯ, аз ин масоҳатҳо сармоягузор маблағ ситонида наметавонад.
– Барои ҳамин имрӯзҳо дар аксари ҳолатҳо “биноро ба минтақаҳои хизматрасонӣ наздик мекунем” гуфта, дар биноҳои 1 то 3-ошёна муассисаҳои ҷамъиятиро ҷой мекунанд. Вале ин ҳама зерсохторҳо он қадар зарур нестанд, вай талаботи худро дорад. Бояд ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ дар минтақаҳои алоҳида сохта шаванд, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ӯ мегӯяд, дар шароити имрӯза меъморӣ моле шудааст, ки фақат фоида биёрад, ҳарчанд набояд чунин бошад.
– Сармоягузороне, ки бо сохтмони биноҳои баландошёна машғуланд, ҳаракат мекунанд, ки симои меъмориву шаҳрсозиро сарфи назар карда, ба манфиати худ бештар кор кунанд. Инҷо камбудӣ дар худи фармоишгарон аст. Мутаассифона, дар мо меъёрҳо, сифат ва қоидаҳои сохтмонӣ сахт назорат намешаванд, – гуфт Раҷабов.

Роҳи рафъи ин мушкилиҳо, мувофиқи пешниҳоди ӯ, ба таври комплексӣ ҳал кардани масъалаҳои шаҳрсозӣ мебошад. Яъне дар минтақаҳои калон ба таври комплексӣ сохтани биноҳои истиқоматӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои хизматрасонӣ ва зерсохтори нақлиёт, яъне фосилаи байни роҳҳо, шоҳроҳҳо, кӯчаҳо, роҳравҳо, минтақаҳои сайругашти истиқоматкунандагон, майдончаҳои варзишиву тавақуфгоҳҳо аст.
Соли 2021 Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон талабот ба иҷозатномаи сохтмонро шадидтар карда буд. Вале тавре мебинем, ин тасмим пеши роҳи сохтмони биноҳоеро, ки ба талаботи шаҳрсозӣ ҷавобгӯй нестанд, нагирифт ва биносозиро кам ҳам накард. Баръакс, солҳои охир сохтмони манзил дар Тоҷикистон зиёд шуда, дар минтақаҳои марказӣ ва канораҳои пойтахт баландошёнаҳо қомат афрохтаанд. Аммо на ҳама қоидаҳои шаҳрсозӣ дар онҳо риоя мешаванд ва зоҳиран, на ҳама сокинон аз сохтмонҳои нав розӣ ҳастанд. Ба вижа, аз сифати сохтмони манзилҳо ва ҳам маконҳое, ки барои сохтмони баландошёнаҳои нав интихоб мешаванд.
Мазҳаб Ҷумъа