Расо 70 сол пеш дар Тоҷикистон Институти сейсмология таъсис ёфт. Дар бораи фаъолияти зилзилашиносони тоҷик, сабабҳои зиёд ҷунбидани замин дар Тоҷикистон ва дараҷаи тобоварии биноҳои баландошёнаи нав ба ин падидаи табиӣ директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ Пўлод Аминзода нақл мекунад.
– Дар бораи таърих ва фаъолияти Институти сейсмология мухтасар маълумот диҳед.
– Институти сейсмология соли 1951 дар заминаи Сектори геофизикаи Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (СССР- НН) ва се пойгоҳи сейсмикӣ: «Душанбе», «Кўлоб» ва «Обигарм» таъсис ёфтааст. Ифтитоҳи он марҳилаи муҳим дар рушди илми заминларзашиносии тоҷик гардид. Дар робита ба барномаи васеи сохтмони иншоотҳои калони гидротехникӣ ва дигар объектҳои хоҷагии халқи Комплекси ҳудудию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ назди олимон вазифаи аз лиҳози сейсмологӣ минтақабандӣ кардани ҳавзаи дарёи Вахш ва водии Ҳисор гузошта шуд. Бо ин ҳадаф дар миёнаҳои солҳои 50-ум инҷо шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ ташкил гардид, ки барои дар муҳлати кутоҳ ҷамъоварӣ кардани ҳаҷми назарраси мавод баҳри таҳқиқотҳои илмӣ имкон фароҳам овард. Натиҷаҳои муҳими таҳқиқотҳои зилзилашиносон коркарди усули арзёбии миқдории хатари сейсмикӣ ва такмили назарраси усули минтақабандии сейсмологӣ гашт, ки минбаъд дар манотиқи дигарии аз лиҳози сейсмикӣ фаъол низ ба кор бурда шуд.
Соли 1958 Институти сейсмология ба Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ (ИСЗТ ва С) табдил дода шуд. Дар он секторҳои нав оид ба омўзиши тобоварии иншоотҳо ба заминҷунбӣ ташкил гардиданд.

Натиҷаҳои таҳқиқотҳое, ки институт анҷом дод, ҳангоми ҳалли масъалаи таъмин намудани тобоварии сарбанди НБО Норак ба заминҷунбӣ ба кор бурда шуданд. Маҷмуи таҳқиқотҳо дар мавзуи ба заминҷунбӣ тобоварии сарбанди ояндаи НБО Роғун ва дигар иншоотҳои гидротехникӣ, корҳо оид ба минтақабандии сейсмикии шаҳру нуқтаҳои дигари аҳолинишини ҷумҳурӣ комгорона гузаронда мешаванд.
4 феврали соли 2011 бо қарори Ҳукумат дар натиҷаи муттаҳид намудани Институти геология ва Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ниҳоди дигар – Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ташкил гардид. Пас аз муттаҳидкунӣ кор дар як қатор самтҳое, ки табиати муштарак доштанд, боз пурмаҳсултар шуд.
Институти мо имрўз ташкилоти пешбари ҷумҳурӣ доир ба таҳқиқи илмии сохтори геологӣ ва канданиҳои фоиданок, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар буда, барои ҳалли вазифаҳои фундаменталӣ ва ҳам амалӣ сафарбар мешавад. Ҳадафи асосии институт коркарди усулҳо ва тавсияҳои марбут ба азхудкунии сарватҳои минералии Тоҷикистон, коҳиш додани хатари сейсмикӣ ва таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ мебошад.
Айни замон институт аз 10 лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ иборат мебошад. Инҷо ҳамчунин иловатан 4 гурўҳи иловагии ёрирасон амал мекунанд: хадамоти мониторинги сейсмологӣ, наздики 50 пойгоҳи сейсмикӣ, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд; гурўҳи таҳлили усулҳои физикиву химиявӣ; гурўҳи технологияҳои геоиттилоотӣ; осорхонаи геологӣ.
Оид ба сейсмология, ғайр аз иҷрои корҳои доимӣ – мониторинги заминларзаҳо, коркард ва таҳлили ахбори ба қайд гирифташаванда, дар 10 соли охир мо сари арзёбии хатари сейсмикӣ, ба ибораи дигар, пешгўии заминҷунбиҳои имконпазир ҷиддан кор мебарем.
– Кор бо молиягузории Институт ва дар маҷмуъ хадамоти сейсмологӣ дар чӣ ҳолат аст? Музди кори миёна дар Институти сейсмология чанд аст?
– Ҳар чизе, ки аз буҷа пешбинӣ шудааст, ҷудо карда мешавад, дигараш дар дасти мост. Мо имкон дорем дар заминаи грантҳои байналмилалӣ ва шартномаҳои хоҷагидорӣ кор барем. Масалан, чанде пеш мо аз Бонки Ҷаҳонӣ грант барои таъминот бо таҷҳизоти рақамӣ гирифта будем. Сею ним сол Маркази байналмилалии илмии техникӣ барои лоиҳа оид ба омўзиши заминҷунбиҳо дар Осиёи Марказӣ грант ҷудо мекард. Дар масъалаи музди кори кормандон низ пешравиҳо ҳастанд. Чунончӣ, ҳафтаи гузашта зиёдшавии маоши як қатор гурўҳҳо эълон гардид. Масалан, лаборанти калон бо таҳсилоти олӣ на кам аз 2 ҳазор сомонӣ хоҳад гирифт. Дар шароити имрўза, фикр мекунам, ин маоши хуб аст.
– Оё мешавад имрўз пешакӣ ҳисоб кард, ки дар ҷумҳурӣ кай ва бо чӣ шиддат заминҷунбӣ рух медиҳад?
-Бо дақиқии то рўзу соат, мутаассифона, пешгўӣ карда наметавонем. Аммо маълумот дар бораи заминҷунбиҳо дар чанд садсолаи охир, ки сейсмологҳои тоҷик ҷамъ овардаанд, имкон дод қонуниятҳои муайяни рўй додани онҳо ошкор карда шавад. Ба ин тариқ, ҳангоми тартиб додани лоиҳаи харитаҳои сейсмикӣ мо дар асоси назарияи такрорёбии заминҷунбиҳои сахт рўйдодҳои сейсмикиеро ба эътибор мегирем, ки дар минтақа дар 100, 500, 1000 соли пеш рух додаанд. Маълумоти дигар, аз ҷумла, дорои хусусиятҳои геологӣ, ки имкон медиҳад заминҷунбиҳои имконпазир дар ин ё он қисмати ҷумҳурӣ пешгўӣ карда шаванд, низ ҳаст.
– Оё рост аст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро авҷи сахти фаъолии сейсмикӣ мунтазир аст, ки метавонад боис ба осебҳои ҷиддӣ шавад?
– Ин қабил ояндабиниҳо натиҷаи таҳлилҳои сейсмологҳои ИДМ дар миёнаҳои солҳои 90-ум буданд. Аммо алъон ин арзёбиҳо куҳна шудаанд. Илм дар ҷояш намеистад, ахбори нав, натиҷаҳои нави таҳқиқотҳо пайдо мешаванд. Дар баробари ин, ба ҷойи биноҳои нав иморатҳои мустаҳками ба заминҷунбӣ тобовар сохта мешаванд. Ва алҳол далелҳои эътимодбахши он вуҷуд надорад, ки заминҷунбиҳои шадид моро дар пеш бошанд.
– Аз кадом сабаб дар Тоҷикистон заминҷунбиҳои сахт рўй медиҳанд?
– Тавре маълум аст, қаламрави Тоҷикистон ба яке аз минтақаҳои дорои хатари баланди сейсмикии сайёраи мо дохил мешавад. 50 дарсади ҳудуди кишвар минтақаи сейсмикии 9-балла аст, 38% – 8-балла ва 12% – 7-балла.

Дар 100 соли охир заминҷунбиҳои сершумор инҷо рух додаанд, ки сетои онҳо калон буданд ва ба оқибатҳои ҷиддӣ боис гардиданд: заминҷунбиҳои соли 1911 дар Сарез, 1949 дар Ҳоит ва 1989 дар Шарора.
Дар соҳаи сейсмология дар кишвари мо ду сабаби асосии ба амал омадани заминҷунбиҳо вуҷуд дорад. Сабаби якум ба он асос меёбад, ки равандҳои ташкилшавии кўҳҳо дар мо нисбатан фаъоланд. Тамоми қаламрави кишвари мо ба Камари сейсмикии Алпу Ҳимолой дохил мешавад. Дар ҳудуди ин камар метавонанд манбаъҳои заминҷунбиҳо пайдо шаванд.
Сабаби дуюм дар он аст, ки инҷо тарқишҳои қишри Замин вуҷуд доранд. Ҳаракати оҳистаи қишри Замин дар шакли деформатсияҳои тадриҷӣ ва ба чашми инсон ноаён ҷараён мегирад ва дар натиҷаи ҷунбишҳои нисбатан тезтари қишри Замин ба ном мавҷҳои сейсмикӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз ҷониби одамон ҳамчун заминҷунбӣ эҳсос мегарданд.
– Дар моҳҳои охир дар минтақаҳои шарқии кишвар як қатор заминҷунбиниҳои кифоятан бошиддат рух дод. Якчанд заминҷунбӣ дар як муддати кутоҳ далели чӣ буда метавонад?
– Расман дар кишвари мо ҳарсола то 25 ҳазор заминҷунбӣ ба қайд гирифта мешавад. Қисми бештари онҳоро танҳо асбобҳо ҳис мекунанд. Асос он аст, ки мо ба шиддати онҳо баҳо медиҳем, тахминан медонем, ки таконҳои навбатӣ дар куҷо рух медиҳанд. Одам бояд дарк намояд, ки заминҷунбиҳо буданд ва боз мешаванд. Аҳолӣ бояд омода бошад, ки ҳар лаҳза дар маҳалли истиқоматаш замин метавонад ҷунбад.
Дар хусуси як қатор заминҷунбиҳо дар мавзеи муайян сейсмологҳо назари некбинона доранд – ҳар қадар таконҳои камшиддат дар як мавзеъ зиёд бошанд, беҳтар аст. Яъне неруе, ки аз қаъри замин мехезад, ба боло қисм-қисм мебарояд.
-Алъон дар ҷумҳурии мо сохтмон авҷ гирифтааст. Бунёди иморатҳои осмонбўс чӣ андоза хатарнок аст? Оё маҳдудиятҳое дар ин самт вуҷуд доранд?
-Аслан, тавре худи мо мебинем, бо назардошти дастовардҳои техникӣ дар соҳаи сохтмон имрўз ҳеҷ маҳдудияте дар баландии иморатҳои бунёдшаванда нест. Мисолҳои ин бинои сохташавандаи 30-қабатаи Хадамоти алоқа дар Душанбе ё маҷмуаи «Истиқлол ва Озодӣ» бо баландии 121 метр буда метавонанд.
– Суръати бунёдшавии иншоотҳои нав аҳолиро нигарон мекунад. Оё дар ин мавридҳо меъёру қоидаҳои сохтмон вайрон намешаванд?
-Меъёрҳо догма нестанд. Бо рушди илму технологияҳо мафҳум ва қоидаву меъёрҳои қаблӣ низ тағйир меёбанд. Масалан, дар бахши сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар 60 соли охир меъёрҳо 10 маротиба тағйир ёфтаанд. Дар хусуси зудии хонасозӣ: рост аст, пеш барои ин вақти бештар сарф мешуд. Имрўз дигар хел месозанд. Ба пур кардани чоҳбунҳо (котлованҳо) бо об, шибба кардани хок зарурат нест. Технологияҳои дигар, техникаи сохтмонии дигар пайдо шудаанд. Дар умум, хонаҳои имрўза хеле бехавфтар аз онҳое мебошанд, ки, гўем, 30 ё 70 сол пеш сохта мешуданд.
-Кадом мақомот бояд аз болои сохтмони иншоотҳо барои тафтиши бехатарии сейсмологӣ назорат барад?
-Ҳеҷ як бино ё иншоот дар ҳудуди ҷумҳурӣ наметавонад бе тасдиқ ва назорати мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти назорати техникӣ дар соҳаи сохтмон бунёд шавад. Кормандони институти мо пайваста ба кори ин мақомот ҳамроҳ шуда, бехатарии сейсмикии биноҳои бунёдшавандаро баҳогузорӣ мекунанд.
Тартиби риояи талаботи бехатарии сейсмологии корҳои сохтмонӣ дар сатҳи қонунгузорӣ низ сабт шудаааст: дар Қонуни ҶТ «Дар бораи Тартиби амалӣ кардани назорати давлатӣ аз болои риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ», Кодекси шаҳрсозии ҶТ ва қонуну қарорҳои дигар.

Мехоҳам махсусан қайд намоям, ки на танҳо давлат, балки худи шаҳрвандон низ бояд нисбати масъалаи бехатарии манзилҳои худ беаҳамият набошанд. Қоидаи асосӣ барои ҳифзи ҳаёту моликияти инсон сохтмони дурусти хонаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ устувор аст. Афсус, аммо тавре натиҷаҳои омўзишҳо нишон медиҳанд, дар мавзеи деҳот бисёр сокинон фикри ҷони худро намекунанд, таваккал ба он доранд, ки заминҷунбӣ дар ҷойи онҳо намешавад. Ин гуна бепарвоӣ номақбул аст. Мо на як бору ду бор шоҳиди он гардидаем, ки аксари хонаҳои харобшуда ҳатто фундаменти одӣ надоштанд, деворҳояшон мустаҳкам карда нашуда буданд, хонаҳо дар ҷойҳои барои сохтмон номувофиқ сохта шудаанд. Ман наметавонам он баҳонаеро қабул кунам, ки барои сохтмони манзили устувор маблағ намерасид. Мо таҷрибаи бойи гузаштагонамонро дорем, ки биноҳо аз лою санги одии асрҳо пойдорро бунёд кардаанд. Ва баъд: арзиши ҳаёти инсон гаронтар аз ҳар чизи дигар аст.
-Оё шумо бо ҳамкасбонатон аз кишварҳои дигар, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳангоми тартиб додани пешгўиҳо ҳамкорӣ мекунед?
– Албатта, мо бо ҳампешагони худ аз хориҷаи дуру наздик муддати тўлонӣ боз ҳамкорӣ дорем. Алъон сари васеъ кардани шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ ва таҷдиди таҷҳизот кор мебарем. Дар ин самт институти мо иштирокдори лоиҳаи бузурге шуд, ки Осиёи Марказӣ ва Қафқозро фаро мегирад.
Шабакаи рақамии пойгоҳҳои сейсмикии бунёдшаванда асос барои ҳамкориҳои байналмилалӣ аст. Дар вақтҳои наздик мо имкон барои таҳқиқот ва ҳамкориҳо миёни мутахассисони кишварҳои манотиқи аз лиҳози сейсмикӣ фаъол пайдо мекунем.
Натиҷаҳои кори мо дар дастрасии озод қарор доранд, аз онҳо кулли мутахассисон метавонанд истифода кунанд. Натиҷаҳои таҳқиқот оид ба мониторинг дар маҷмуаи ҳарсолаи «Заминҷунбиҳои Авруосиёи Шимолӣ» («Землетрясения Северной Евразии») дар асоси шартномаи байниҳукуматии кишварҳои ИДМ, инчунин дар нашрияҳои АИ Тоҷикистон ба табъ мерасанд. Маълумоти ибтидоии шабака ба ҳамаи шахсони манфиатдор ба шарофати ҳамкорӣ бо лоиҳаи IRIS – институтҳои сейсмологии таҳқиқотии муттаҳид дастрас мебошад.
Вазифаи мо васеъ намудани системаи мушоҳидаҳои сейсмологӣ ва расондани онҳо то сатҳи муосири рушди технологияҳои сейсмометрӣ мебошад.
Олимон маҷбуранд иқрор шаванд, ки масъалаи асосии сейсмология ҳанўз ҳалли худро наёфтааст. Аммо пешгўиҳои камшумори дақиқ умед ба миён меоранд, ки дар ояндаи наздик одамон ба истиқболи шоистаи яке аз падидаҳои хатарноктарини табиат омода мешаванд.
Таҳияи Асад Беҳрўз
Аминзода Пўлод (Ясунов Пулат Аминович)
Номзади илмҳои техникӣ. Директор Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ.
12 январи соли 1960 таваллуд ёфтааст.
Соли 1982 Донишкадаи политехникиро хатм намудааст.
Аз соли 1982 – корманди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ (пеш ИСЗТваС АИ ҶТ) бо танаффус дар солҳои 1984-1987 барои таҳсил дар аспирантураи Пажуҳишгоҳи конструксияҳои сохтмонии ба номи Кучеренкои Москва, шуъбаи иншоотҳои ба заминҷунбӣ тобовар. Дар вазифаҳои мухталиф кор кардааст, аз январи соли 2019 директори Институти мазкур мебошад.
Фаъолияти асосӣ – таҳқиқот дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, коркарди ахбори ҷунбишҳои шадид, кори амалӣ дар соҳаи арзёбии осебпазирии сейсмикӣ ва хавфи сейсмикӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба таҳкиму барқарорсозии бинову иншоотҳо, экспертизаи лоиҳаҳои кории сохтмон ва таҷдид, рушди усулҳои муҳандисии ҳисоббарориҳо.
Коршиноси Экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бо нишони «Хизмати шоиста», дигар мукофотҳои давлатӣ ва байналмлалӣ қадрдонӣ шудааст.