Ҳукумати Тоҷикистон имкони ду сол боло бурдани синни нафақаро баррасӣ мекунад. Дар шароити вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷории ҷумҳурӣ ин то куҷо зарур ва асоснок аст?
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ азм дорад синни нафақаро дар ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик боло барад.
Роҳбари сохтори мазкур Дилмурод Давлатзода дар нишасти матбуотии охири моҳи гузашта хабар дод, ки Агентӣ ба ҳукумат зиёд кардани ҳадди бознишастагӣ барои мардон аз 63 ба 65, барои занон аз 58 ба 60 сол пешниҳод намуд.
Аммо, бинобар суханони ў, бисёр вазорату муассисаҳо, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зидди чунин тағйирот баромаданд ва замони гузариш ба нафақаи синнусолӣ дар сатҳи пешина боқӣ мемонад.
Дар зимн Давлатзода ишора кард, ки агентӣ ба осонӣ аз тасмими худ гаштанӣ нест. «Ин масъаларо мо ҳоло боз мебардорем», – ваъда кард директори Агентӣ.
Пойфишории сарвари Агентиро ба назар гирифта, тахмин намудан мумкин аст, ки ў ин масъалаи ҳассосро на беасос, балки ҳадафмандона, бо пешниҳоди ҳукумат ба миён гузоштааст, то ки «тасфи норизоияти аҳолӣ» дар сурати чунин тағйирот санҷида шавад.
Низоми ҷории нафақа
Дар замони Иттиҳоди Шўравӣ, ки ба ҳайати он Тоҷикистон низ дохил мешуд, аҳолии солхўрда ҳаққи мувофиқи талаботи ягонаи синнӣ ба истироҳат баромаданро дошт: барои мардон марра 60-солагӣ буд, барои занон – 55-солагӣ.
Пас аз пошхўрии Иттифоқ ҳадди синну сол дар аксарияти ҷумҳуриҳои он сўйи зиёдшавӣ тағйир ёфт. Чунончи, дар Тоҷикистон солҳои 90-ум он се сол боло бурда шуд ва занон акнун аз 58-солагиву мардон аз 63-солагӣ бознишаста мешаванд.
Ҳуқуқ ба нафақаи меҳнатиро дар Тоҷикистон ба ғайр аз син боз собиқаи кории минималӣ муайян мекунад. Барои занон ин нишондод бояд на кам аз 15 сол, барои мардон на кам аз 20 сол бошад. Агар шахси ба нафақа баромада собиқаи аз ҳадди минималӣ камтар дошта бошад, нафақаи меҳнатӣ намегирад. Ба ў нафақаи иҷтимоӣ таъин карда мешавад, ки андозаи он сеяк карат кам аст.
Ҳар корфармо, ки дар муассисаи ў шаҳрванд расман фаъолият мекунад, 25% аз музди меҳнати кормандашро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) равона мекунад, иловатан аз худи корманд боз 1% аз маош ситонда мешавад.
Ҳангоми ҳисоб намудани нафақа формулае ба кор бурда мешавад, ки тавре болотар гуфта шуд, ба шумораи солҳои корӣ ва саҳмҳои суғуртавии пардохтшуда асос меёбад, аз ин сабаб музди нафақа дар ҳар маврид фарқкунанда, яъне инфиродӣ аст.
Дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ се навъи нафақа роиҷ аст: меҳнатӣ, суғуртавӣ ва иҷтимоӣ. Ҳуқуқи гирифтани нафақаи меҳнатӣ, тавре болотар зикр гардид, дар ҳолати расидан ба синни муайян ва доштани собиқаи минималии корӣ ба даст меояд. Андозаи чунин нафақа бо назардошти музди кори расмӣ ва таваррум (инфлятсия) муқаррар мегардад. Нишондоди миёна айни замон 293 сомонӣ ($26)-ро ташкил медиҳад.
Нафақаи суғуртавӣ ба шахсоне, ки аз сабаби беморӣ ё дар оқибати латбардорӣ (аз рўйи маъюбӣ) қобилияти меҳнатиашонро аз даст додаанд, ҳамчунин ба онҳое, ки аз саробон маҳрум гардидаанд: ба шахсони ғайриқобили кор (аз ҷумла ба кўдакони ноболиғ) дар ҳолати марги саробони ягона таъин карда мешавад. Шахсони дигар бояд далел оранд, ки дар таъмини саробони марҳум қарор доштанд. Ҳаҷми миёнаи нафақаи суғуртавӣ 292 сомонӣ ($25) мебошад.
Нафақаи иҷтимоии синнусолӣ барои шахсоне аст, ки собиқаи минималии кор надоранд. Андозаи миёнаи ин навъи нафақа 187 сомонӣ ($17) мебошад.
Тоҷикистон Русия нест
Эҳтимол, ҳукумати Тоҷикистон ба таҷрибаи қарибулвуқуи ҳамкасбони русиягии худ оид ба бардоштани синни нафақа такя мекунад. Солҳои 2019-2023 онҷо марҳила ба марҳила синни бознишастагӣ барои занҳоро аз 55 то 60 сол, барои мардон аз 60 то 65 сол хоҳанд бардошт, ки баробари пешниҳоди Агентии ҶТ аст.
Қарори дар Русия қабулшударо фаҳмидан мумкин аст – онҷо синни ба нафақа баромадан аз солҳои 30-юми асри гузашта бетағйир мемонд, дар ҳоле воқеиятҳои демографӣ хеле тағйир ёфтаанд. Яъне миқдори одамони нафақагир дар кишвар ба маротиб афзуду шумораи шахсони қобили кор кам шуд.
Аммо барои ҳукумати Тоҷикистон бо далелҳои мушаххас асоснок кардани ин гуна иқдом, агар он дар ниҳоят қабул гардад, хеле душвор хоҳад буд.

Ченаки асосӣ барои баланд кардани синни нафақа дар тамоми дунё таносуби шумораи коркунон ва нафақагирон аст. Содатар карда гўем, барои таъмини саривақтӣ ва дар ҳаҷми лозимаи одамони солхўрда бо нафақа, фонди нафақа бояд аз ҳисоби саҳмҳо аз маоши нафарони коркун маблағи зарурӣ дар ихтиёр дошта бошад ва ҳар қадар коркун бисёр бошад, ҳамон қадар беҳтар аст.
Мувофиқи методологияи Созмони ҷаҳонии меҳнат, сари ҳар нафақагир дар ин ё он кишвар бояд на кам аз 3 коркун рост ояд.
Зарурати боло бардоштани синни нафақаро дар Русия ҳукматдорон дар навбати аввал бо он шарҳ медоданд, ки таносуби воқеии коркунон ва нафақагирон онҷо ба ҳадди буҳронӣ расида, қариб 1 ба 1 (1 ба 1,2) аст.
Аммо дар Тоҷикистон ба сари ҳар нафақагир имрўз тақрибан 3,5 коркун рост меояд, ки ин аз зарурат ҳам зиёд аст. Шумораи нафақагирон, мувофиқи омори расмӣ, ба аввали нимсолаи дуюми имсол 734 ҳазор нафарро ташкил дод, теъдоди шуғлмандон расман дар кишвар 2,5 млн нафарро ташкил медиҳад.
Зиёда аз ин, афзоиши табиии аҳолӣ (таносуби таваллуд ва фавт) дар даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон миёни 2% то 2,5% тағйир мехўрд, ки ин ба маротиб бештар аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ (на беш аз 1,5%) аст. Дар як соли охир нуфуси аҳолии ҷумҳурӣ қариб 200 000 (2,1%) афзуда, аз марзи 9,5 млн гузашт. Омори баланди афзоиши аҳолӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даҳсолаҳои наздик мо бо неруи корӣ мушкил нахоҳем дошт.
Дар Русия, масалан, дар давраи байни солҳои 2017-2019, бино ба рақамҳои Росстат, вазъи мураккаби демографӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз сабаби камшавии табиии аҳолӣ ба миён омадааст. Дар ин давра шумораи аҳолӣ 0,04% (55,8 ҳазор нафар) кам шудааст.
Вале таносуби нафақагирон ва ашхоси шуғлманд дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ (маълумоти марбут ба Туркманистонро дар ихтиёр надорем) тақрибан дар як сатҳ мебошад (аз 1 ба 3,5 то 1 ба 4), лекин нияти боло бурдани синни бознишастагӣ танҳо дар Тоҷикистон мушоҳида мегардад. Дар Қирғизистон ва Қазоқистон, мисли Тоҷикистон, занҳо дар 58-солагӣ ва мардон дар 63-солагӣ, дар Ўзбекистон аз замони Иттифоқи Шўравӣ то ҳанўз дар 55-солагӣ занон ва дар 60-солагӣ мардон ба нафақа мебароянд.
Дар омади гап, аз замони Шўравӣ синни бознишастагӣ ғайр аз Ўзбекистон танҳо дар Украина ва Беларус бетағйир мондааст.
Нафақаи тўлкашидаи муҳоҷирон
Ҳангоми ҳисоббарории таносуби нафақахўрон ва ашхоси ба кор машғул дар Тоҷикистон омори муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта нашудааст, ки берун аз кишвар фаъолият мекунанд. Ва бисёр муҳоҷирон, тавре маълум аст, пайваста ба наздикони худ пул равон мекунанду ин пулҳо минбаъд аз тариқи бозори истеъмолӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ роҳ меёбанд.
Тибқи иттилои идораи муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунад.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия шартан ба ду гурўҳ тақсим метавон кард: онҳое, ки онҷо ҳамроҳи хонаводаҳояшон зиндагӣ мекунанд ва онҳое, ки хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон мемонанд.
Бисёр муҳоҷирони гурўҳи аввал аллакай шаҳрвандии Русияро доранд ва мутаносибан масъалаи таъмини онҳо бо нафақа ба таври автоматикӣ ҳал аст. Ин гурўҳ одатан ба ватан мунтазам пул равон намекунад, зеро ба онҳо дар навбати аввал оилаҳои худро таъмин кардан лозим аст.
Гурўҳи дуюми муҳоҷирон пайваста пас аз гирифтани маош маблағи муайянро ба оилаҳои худ дар Тоҷикистон равона мекунад.
Андозаи миёнаи интиқолҳои пулии муҳоҷирони тоҷик ба ватан, тибқи иттилои Бонки марказии Русия, тақрибан $150-ро ташкил медиҳад. Ин адад андак зиёдтар аз ҳаҷми маоши якмоҳа дар Тоҷикистон аст, ки $134 (1522 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Дар ин миён масъалаи бо нафақа таъмин кардани шаҳрвандони тоҷик, ки ба меҳнат дар қаламрави Русия машғуланд, то ҳанўз ҳалношуда боқӣ мемонад. Ҳарчанд ҷонибҳо дарк мекунанд: шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, пардохтҳои зарурии андозро ба Фонди нафақаи Русия анҷом медиҳанд.
Дар охири июли соли ҷорӣ сардори ҳукумати Русия Михаил Мишустин қарореро имзо кард, ки мувофиқи он ба Вазорати меҳнат ва ВКХ ФР музокира бо вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон ва имзо намудани шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа супориш дода мешуд.
Коркарди лоиҳаи мазкур аз соли 2016 дар ҷараён буд, аммо ҷониби Русия якчанд маротиба онро барои иловаву ислоҳ пас гардонд. Дар нусхаи охирини лоиҳаи шартнома оварда шудааст, ки ҳар ҷониб дар асоси собиқаи суғуртавӣ, ки дар замони кор дар ҳудуди кишвар андўхта шудааст, пардохтҳои нафақавиро таъин хоҳад намуд.
Интизор меравад, ки нафақаро ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҳисоби он саҳмҳое пардохт мекунанд, ки барои онҳо корфармо супоридааст. Лозим ба зикр аст, ки корфармоёни русиягӣ вазифадоранд барои ҳар хориҷии дар корхонаи онҳо расман ба қайд гирифташуда ба Фонди нафақа дар ҳаҷми 22% саҳм супоранд (барои шаҳрвандони Русия низ ҳамчунин).

Дилмурод Давлатзода дар рафти нишасти матбуотӣ моҳи июли соли ҷорӣ хабар дод, ки лоиҳаи шартномаи нафақа алъон дар марҳилаи мувофиқакунӣ дар ҳукумати ҷумҳурӣ аст.
Аммо зиёд аз муҳоҷирони меҳнатии мо, аксаран муҳоҷирони ба ном мавсимӣ, дар Русия бе бақайдгирӣ аз ҷониби корфармо заҳмат мекашанд ва мутаносибан, дар пиронсолӣ аз сабаби камбуди собиқаи лозимаи корӣ танҳо ба нафақаи иҷтимоӣ метавонанд умед банданд.
Синни нафақа не, андозаи нафақаро зиёд кардан лозим аст
Таҳлилгарон ҳеҷ асосро барои болобарии синни нафақа намебинанд ва ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки сари афзоиши андозаи нафақа андеша кунад ва мардуми одӣ кўшиши зиёд кардани синни нафақабароиро «дуздии ду соли ҳаёт»-и одамони солхўрда меноманд.
«Мо набояд бо ҳаҷми саҳмгузориҳо ба фонди нафақа мушкил дошта бошем: аҳолии мо ҷавон, шояд яке аз ҷавонтаринҳо дар дунё бо синни миёнаи 25-сола аст. Беш аз 60% аҳолии кишвар аз мардуми қобили кор иборат аст, теъдоди нафақагирон бошад аз сабаби сатҳи пасти дарозии умр ҳатто ба 5% намерасад. Агар ҳатто ба ҳисоб гирем, ки як қисми шаҳрвандони мо дар хориҷа кор мекунад, сармояи фонди нафақа бояд аз ҳисоби онҳое, ки дар дохили ҷумҳурӣ заҳмат мекашанд, барои пўшондани кулли хароҷоти нафақа кофӣ бошад. Мо бояд сари боло бурдани андозаи нафақа, на синни нафақа фикр кунем»,- гуфт ба Nuqta.tj иқтисоддон Акбар Саидов.
Андозаи нафақа дар Тоҷикистон ба маротиб аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва, беш аз он, аз кишварҳои аврупоӣ ва қафқозии пасошўравӣ кам аст. Чунончи, нафақаи миёна дар Тоҷикистон $28 (320 сомонӣ), Ўзбекистон $70, Қирғизистон $72, Туркманистон $120 ва дар Қазоқистон $222-ро ташкил медиҳад.
Мутахассиси яке аз идораҳои молиявии ҷумҳурӣ, ки аз ифшои исмаш худдорӣ намуд, розист, ки маблағҳое, ки Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъ меорад, барои пўшондани тамоми хароҷоти нафақавӣ ва кумакпулиҳо бояд басанда бошад.
«Ин ҳолатест, ки ҳама чи пеши назар аст: як гуруҳ мустақиман гуруҳи дигарро маблағгузорӣ мекунад, яъне пул аз манбаи мушаххас (андози иҷтимоӣ – эзоҳи муаллиф) барои дастгирии одамони мушаххас (нафақагирон – эзоҳи муаллиф) равона мешавад. Ҳатто таҳлили сарсарӣ ҳам нишон хоҳад дод, ки Фонд бояд ҳеҷ камбуди молиявӣ надошта бошад. Масалан, нафақаи миёна дар мо 5 карат камтар аз музди миёнаи меҳнат аст ва Фонд аз ҳар маош 26% мегирад. Ба ҳар нафақагир 4 одами коркун рост меояд. Дар пардохти музди меҳнат дар мо ҳеҷ таъхири назаррас дида намешавад, агар ҷо-ҷо қарзҳои камшумор ва дар ҳаҷми камро ба назар нагирем»,- қайд намуд мутахассис.
«Ба назар мерасад, роҳбарияти Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа андак саросема шудааст. Умед дорем, ки дар оянда ин гуна изҳорот садо намедиҳад, зеро барои ин ҳоло ҳеҷ асос мушоҳида намешавад»,- илова намуд ў.
Сокини Душанбе Маҳмадалӣ Наимов, ки синнаш аз 60 гузаштааст, дар ҷойҳои гуноган ба ҳайси коргари ҳаркора беш аз 40 сол заҳмат кашидааст. Хабари болобарии имконпазири синни нафақаро ў хеле манфӣ қабул намуд.
«Ман аз охири солҳои 70-ум дар корхонаҳои гуногун кор мекунам, умед доштам, ки пас аз як-ду сол ба нафақа мебароям ва аз рўйи имкон боз дар ягон ҷо посбонӣ ё ягон кори дигар мекунам»,- гуфт Наимов.
Бо нафақаҳои ками мо ў ба худ иҷозаи истироҳат карданро дода наметавонад, вале даромадҳои иловагӣ кумакаш мекарданд, ки як навъ ризқи худро таъмин намояд. Ҳамсуҳбати мо умед ба он мебандад, ки синни нафақа боло бурда намешавад.
«Дар акси ҳол, – гуфт ў дар хотима,- ин дуздии ду соли ҳаёти ман, дуздии нафақаи ман мешавад».
Дилшод Шараф
One Response
Бисёр хам тахлили хуб! Факат мехостам ба масъалаи тартиби таъиноти нафакаи сугуртавии мехнати равшани андозам. Таъиноти нафакаи сугуртави бо рохи таксим намудани сахми сугуртави (сармояи андухти) ба собикаи кори не, балки ба давомнокии эхтимолии умри шахрванд муайян карда мешавад. Айни хол андухти нафакавиро ба15 соли умри эхтимолии шаховандон барои зану мард якхела таксим менамоянд. Холо он, ки мувофики пешгуихои омори демографи дар соли 2030 давомнокии умри мардон 73,2 ( соли 2019 – 73,5) ва занхо 77,8 (соли 2019 – 76,8) сол муайян шудааст. Яъне, имруз ва то соли 2030 давомнокии умри мардон баъд аз баромадан ба нафака (мардхо аз синни 63 ва занхо 58) мутаносибан 10,3-10,5 ва занхо 18,8-19,8 солро ташкил медихад.