Ба дучархаҳо роҳ диҳед!

Чаро дар Душанбе фарҳанги дучархарониро рушд бояд дод

Дучарха (велосипед) чист? Саломатӣ, бароҳат ва муҳофизат аз ифлосшавии ҳаво. Аммо дар Душанбе ва дигар шаҳру деҳоти Тоҷикистон зарурати муҳайё намудани шароит барои дучархаронӣ танҳо гоҳ-гоҳ ба хотир меояд.

ТҶҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» яке аз ташкилотҳои кишвар аст, ки барои он таблиғи нақлиёти алтернативӣ ва тарғиботи фаъолонаи дучархаронӣ миёни омма мақсади асосии фаъолият мебошад.

Мошинҳо – ифлоскунандаҳои асосии атмосфера

Зиндагӣ ва саломатӣ, тавре маълум аст, аз ҳолати муҳити атроф, солимии табиат вобастаанд. Мо кўшиш мекунем ҳавои тозаро нафас гирем, ғизоҳои муфиди аз лиҳози экологӣ тозаро истеъмол намоем, дар минтақаҳои бехатари экологӣ зиндагӣ кунем. Дар ин миён бисёр вақт фикр намекунем, ки ҳолати экологӣ: тозагии ҳавову обу хок пеш аз ҳама аз рафтори мо дар шаҳр вобаста мебошад.

Барои Душанбе, мисли ҳар шаҳри дигари калон, мушкили ҳимояи муҳити атроф имрўз доғ аст.

Агар мо мехоҳем, ки сайёраи солимро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем, инро аз имрўз бояд оғоз кунем. Пас чӣ кор бояд кард? Якояки мо барои ин чӣ кор карда метавонем?

Экологҳо кайҳо боз мегўянд: агар сабаби асосии тағйири иқлим сўхтани ангишт ва маҳсулоти нафтӣ бошад, ки ба олуда шудани ҳаво бо газҳои гармхонагӣ боис мегардад, партовҳои мазкурро ихтисор бояд кард. Яке аз омилҳои барои муҳити атроф аз ҳама зараровар нақлиёти автомобилӣ аст: газҳои мошинҳо то нисфи саҳми умумии фаъолияти инсонро ба вайроншавии иқлим мегузоранд.

Бо назардошти он ки дар Тоҷикистон махлуткунандаи асосии ҳаво нақлиёти автомобилӣ мебошад, чанде пеш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити атрофи ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода сокинони кишварро ба он даъват намуд, ки аз истифодаи мошин ба дучарха гузаранд.

Ў барои мисол аз муассисаи худ ёд кард, ки истгоҳи дучархаҳоро дар даромадгоҳи бино насб намуда, дучархаро ба ҷойи автомобил интихоб намудааст. Шерализода бар он аст, ки кори пешгирӣ аз тағйири иқлим ва ифлосшавии муҳити атрофро аз худ бояд сар кард.

Мувофиқи суханони ў, Тоҷикистон мисли қабл дар рўйхати кишварҳои осебпазиртарин дар муқобили тағйироти иқлим қарор дорад.

“Ҳар яки мо бояд камтар мошинсаворӣ кунем, зеро мошинҳо яке аз сарчашмаҳои асосии олудашавии хаво ва муҳити атроф мебошанд”,- гуфт сарвари Кумита.

Аз мошин – ба дучарха

Нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт барои муҳити зист осебовартар аст. Ин навъи нақлиёт манбаи тавонои ихроҷоти зиёновари химиявӣ, садоӣ ва механикӣ мебошад.

Бо зиёд шудани мошинҳо сатҳи таъсири зараровари мошинҳо ба муҳити зист бошиддат меафзояд.

Чунончи, агар дар ибтидои солҳои 70-ум олимони эколог ҳиссаи ифлосиҳоеро, ки ба атмосфера дар оқибати фаъолияти автомашинаҳо ворид мешаванд, ба ҳисоби миёна 13% муайян карда бошанд, холо ин нишондиҳанда аллакай ба 50% расидааст ва боз афзуда истодааст. Дар шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ ҳиссаи нақлиёт дар ҳаҷми умумии ифлосшавӣ аз ин ҳам зиёд буда, ба 70% ва бештар аз он мерасад. Ин мушкилии ҷиддии экологиро ба вуҷуд меорад, ки ба  урбанизатсия ҳамроҳ мебошад.

Тибқи маълумоти тахминӣ, дар Душанбе ҳудуди 40 ҳазор автомашина дар қайд буда, ҳамарӯза садҳо мошини дигар аз минтақаҳо вориди пойтахт мегарданд. Аз ин ҷо танбашавии нақлиёт дар роҳ рӯй медиҳад, ки яке аз мушкилоти умдаи ҳалталаби ҳукумати шаҳр шудааст, ки ҳамасола миллионҳо сомониро барои васеъкунӣ ва бозсозии роҳҳо сарф мекунад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ то 80 фоизи тамоми партовҳо ба атмосфера ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Ҳар сол ба ҳаво тақрибан 344 ҳазор тонна ғубор ва дигар маводи ифлоскунандаи ҳаво партофта мешавад, ки ҳиссаи калони онро нақлиёти автомобилӣ ихроҷ мекунад.

Тибқи маълумоти тахминӣ, дар Душанбе ҳудуди 74 ҳазор автомашина дар қайд буда, ҳамарӯза садҳо мошини дигар аз минтақаҳо вориди пойтахт мегарданд. Аз ин ҷо танбашавии нақлиёт дар роҳ рӯй медиҳад, ки яке аз мушкилоти умдаи ҳалталаби ҳукумати шаҳр шудааст, ки ҳамасола миллионҳо сомониро барои васеъкунӣ ва бозсозии роҳҳо сарф мекунад.

Федератсияи дучархасавории Тоҷикистон бар ин назар аст, ки “агар ҳукумати шаҳр барои бунёди пайроҳаҳои дучархасаворӣ дар пойтахт 1% масраф кунад, на танҳо мушкили роҳбандӣ ҳал мешавад, балки хароҷоти буҷет барои соҳаи тандурустӣ низ коҳиш меёбад. Таҷриба нишон дод. ки дар мамлакатҳое, ки сокинонашон бештар аз велосипед истифода мебаранд, аҳолӣ камтар бемор мешавад.

-Дар даҳсолаҳои охир дар бисёр шаҳрҳои ҷаҳон мардум торафт бештар ба дучархасаворӣ рӯ меоранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пас аз сар задани пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон теъдоди хоҳишмандони дучархасаворӣ низ афзудааст. Афзоиши шумори мошинҳо дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ дер ё зуд моро водор мекунад, ки ба ин ташаббуси байналмилалӣ ҳамроҳ шавем, – мегӯяд Ҷамолиддин Ёқубов, роҳбари Маркази Орхуси Душанбе.

“Насли ҷавони Тоҷикистон“: Ба дучарха савор шавед – ба худ саломатӣ  ва ба замин тозагиро баргардонед!

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» яке аз иттиҳодияҳои камшумор дар ҷумҳурӣ мебошад, ки тарғиби нақлиёти алтернативӣ ва таблиғи фаъолонаи дучархаронӣ ҳадафи асосии фаъолияташ аст.

Намояндаи ин созмон Дилшод Холматов бо лоиҳаҳои бехатарии роҳ барои велосипедронҳо машғул аст.

Ба дучархаҳо роҳ диҳед!
Акс аз ТҶҶ «Насли чавони Точикистон»

Ба фикри ӯ, на танҳо роҳҳоро васеъ карда, ҷодаҳои махсуси велосипедронӣ ташкил кардан, балки ба кӯдакон шуруъ аз синни мактабӣ қоидаҳои ҳаракатро низ омӯзондан лозим аст.

Вай ба мо хотиррасон мекунад, ки велосипед алтернативаи олӣ бар ивази мошинҳо мебошад, ки муҳитро ифлос мекунанд.

– Бешубҳа, ин намуди нақлиёт аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, ҳангоми ҳаракати он ҳеҷ гуна маводи зараровар ба муҳити зист партов намешавад. Илова бар ин, саломатии кас ба туфайли ҳаракати муътадил ва гуворо мустаҳкам мешавад. Ин ҳам муҳим аст, ки дучарха хароҷот барои сӯзишворӣ надорад, хароҷоти истифодабариаш ночиз аст ва худи дучарха нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт хеле арзонтар мебошад. Аз сабаби хурду сода будани сохти он, истеҳсоли велосипед назар ба мошин камтар захираҳои инсонӣ ва табииро талаб мекунад. Ин аст, ки дар кишварҳои мутамаддин мардум бештар аз дучарха истифода мекунанд. Ва дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ аллакай дучарха ба василаи асосии нақлиёт табдил ёфтааст, ки кӯдакону нафақахӯрон ва ҷавонон аз он васеъ истифода мекунанд, – мегӯяд Дилшод Холматов.

“Насли ҷавони Тоҷикистон” дар доираи Лоиҳаи “Таблиғи нақлиёти алтернативӣ (дучарха, пиёдагардӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ) тавассути таблиғ ва намоиши таҷрибаҳои беҳтарин дар шаҳри Душанбе” бо дастгирии БГХ ХҶЭ-и Барномаи рушди СММ як пурсиши афкори умумро оид ба истифодаи дучарха дар Душанбе анҷом дод.

Дар натиҷа маълум шуд, ки аз дучарха бештар аз 18 то 40-солаҳо истифода мебаранд. Муаллифони тадқиқот посухдиҳандагонро ба гурӯҳҳои синнусолии зерин тақсим карданд:

Ба дучархаҳо роҳ диҳед!
Ҷадвали №1: Синну соли соҳибони велосипед. (Натичаи пурсиш, ки ТҶҶ «Насли чавони Точикистон» гузаронидааст).

Дар Душанбе хоҳишмандони дучархасаворӣ зиёданд. Бархе дучархаро интихоб мекунанд, то саломатии худро беҳтар кунанд, дигарон танҳо ба он хотир, ки ин машғулиятро дӯст медоранд. Аммо дучархасаворонро инҷо монеаҳо интизоранд – дар кӯчаҳо пайраҳаҳои велосипедронӣ каманд ва ҳам ронандагони мошинҳо нисбати дучархасаворон тамоман беэътино мебошанд.

Ба дучархаҳо роҳ диҳед!
Ҷадвали 2: Мақсади истифодаи велосипед. (Натичаи пурсиш, ки ТҶҶ «Насли чавони Точикистон» гузаронидааст).

70 фоизи велосипедронон аз ин воситаи ҳаракат ҳар ҳафта истифода мебаранд, боқимонда камтар.

Дар деҳотҷойҳо аҳолӣ аз дучарха барои корҳои хоҷагӣ истифода мебарад. Онҳо мушкилоти дигар доранд – роҳҳо вайрон ва хокиянд, бинобар ин дучархаҳо зуд-зуд вайрон мешаванд.

– Мутаассифона, дар Душанбе чун дар дигар шаҳрҳои кишвар зерсохтор барои велосипедронҳо вуҷуд надорад, — мегӯяд мудири ташкилот Ҳабибулло Мунавваров. – Барои дучархаронҳо хатҳои махсуси ҳаракат ҷудо карда нашудаанд, таваққуфгоҳҳои махсус, ба истиснои 2-3 нуқтаи назди марказҳои савдо, вуҷуд надоранд. Душанбе барои дучархасаворон шаҳри хатарнок мебошад, ки фалокатҳои доимӣ бо иштироки онҳо гувоҳи ин аст. Зиёд худи дучархаронҳо низ қоидаҳои ҳаракатро намедонанд ва риоя намекунанд.

«Насли ҷавони Тоҷикистон» дар доираи Лоиҳаи болозикр як қатор чорабиниҳоро бо ҳадафи ҳалли мушкилоти ин самт доир намуд.

– Созмони мо дар давоми фаъолияти худ дар ин самт як қатор корҳоро анҷом дод. Масалан, оид ба бунёди зерсохтори дучархаронӣ бо ҷалби мутахассиси пешбари соҳаи нақлиёт Гела Квашилава дар бинои факултаи нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 50 нафар омӯзгорону донишҷӯён тренинг баргузор гардид. Коршинос ҳамчунин дар бораи бунёди пайроҳаҳои дучархаронӣ ва консепсияи Complete Street Design (тарҳи комили кӯчаҳо), Global Street Design (тарҳи ҷаҳонии кӯчаҳо) ва коркардҳои нав дар соҳаи нақлиёт маълумоти иловагӣ пешкаш намуд. Мо ҳамчунин миёни ҷавонон оид ба омӯзиши муносибат ба дучархасаворӣ, монеаҳои асосӣ, ҷойҳои эҳтимолӣ барои бунёди пайроҳаҳои велосипедронӣ, инчунин бехатарии роҳ, имконоти бо дучарха ба кор рафтан, шароит ва ғайраҳо як силсила машваратҳо доир намудем,- гуфт сардори созмон.

Тавре намояндагони ТҶҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» қайд карданд, дар баробари чорабиниҳои зикршуда, як қатор чорабиниҳои дигар низ доир гардиданд.

Дар робита ба ин, дар якҷоягӣ бо Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе майдончаи велосипедронӣ – маҳфили ҳунари дучархаронӣ таъсис ёфта, бо дучархаҳо таъмин ва иншооти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ба зиёда аз 80 нафар хонандагон аз ҳамаи мактабҳои шаҳр дучархаронӣ омӯзонда шуд. Дар ҷамъбасти чорабиниҳои 3-моҳаи дучархаронӣ дар Рӯзи дучархаронӣ мусобиқаи «Чархи бехатар» барпо гардид.

– Мо омӯзиши фосилавӣ ташкил кардем, ки дар он ҷавонон бо иштироки профессори Донишгоҳи Арканзас Карл Смит дар бораи бехатарии роҳ, нақлиёти устувор, муҳити зист, нақшарезии шаҳр (урбанизатсия) суҳбат карданд ва аз таҷрибаи худ нақл намуданд. Дар қисми дуюми тренинг иштирокчиён бо кашидани расм ва ба дӯстони худ тақдим кардани он дар бораи бехатарии пиёдагардон ва дучархасаворон дар шаҳри Душанбе андешаҳои худро баён намуданд. Ин расмҳоро дар оянда ҳамчун воситаи иловагии пешбурди нақлиёти алтернативӣ истифода бурдан мумкин аст. Аз тарафи дигар, ин расмҳо ҳамчун василаи таблиғотӣ истифода мешаванд, то маълум кардан даст диҳад, ки сокинони як маҳалла нисбати кӯчаи худ дар робита ба бехатарии ҳаракат  чӣ андеша доранд, – нақл кард Дилшод Холматов.

Ба дучархаҳо роҳ диҳед!
Акс аз ТҶҶ «Насли чавони Точикистон»

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, ин созмон Дастури “Ёддошт барои дучархасавор”-ро таҳия кардааст, ки дар бораи тарзи дуруст ҳаракат кардан бо дучарха дар роҳҳои Тоҷикистон нақл мекунад. Дастури иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани дарки қоидаҳои ҳаракат дар байни велосипедронҳо ва кам кардани садамаҳои нақлиётӣ дар кишвари мо омода карда шудааст. Илова бар ин, дар мавриди омӯзиши танзими давлатии бозори дучархаҳои воридотӣ ва сарпӯшҳои дучархасаворӣ дар Тоҷикистон, чаро дучархасаворон дар кишвар сарпӯш намепӯшанд (оё ин ба нархи гарони ин навъ маҳсулот, менталитет ё чизи дигар вобастагӣ дорад) таҳқиқот гузаронида шудааст.

-Мо инчунин дастури таълимии «Чархи бехатар»-ро барои дучархаронии моҳирона (фигуравӣ) омода кардем, – мегӯяд Холматов. – Бо гурӯҳи дӯстдорони дучархаронии «Критическая масса», ки бо дучарха берун аз шаҳр саёҳат мекунанд, иқдомҳои муштарак ташкил шуданд. Инчунин дар аввали моҳи сентябр мо маъракаи «Ба кор – савори дучарха»-ро баргузор кардем – бо ин роҳ мо мехостем касонеро, ки дучархасавор ба кор,  аз паси масъалаҳои шахсӣ ва ғайра мераванд, ҳавасманд созем. Ҳамаи ин чорабиниҳо, фикр мекунам, ба оммавӣ шудани дучархаронӣ мусоидат намуда, бори дигар ба ҷомеа ва мақомот зарурат ва аҳамияти гузариши мардум ба нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки ба беҳбудии миллат мусоидат мекунад, хотиррасон карданд.

Мо аз ҳама даъват мекунем: ба дучархаҳо савор шавед – ба худ саломатиро баргардонеду ба замин тозагиро!

Кишварҳои “дучархасавор”

Солҳои охир истеҳсоли дучарха дар ҷаҳон ба зиёда аз 100 миллион адад (автомашинаҳо – 50 миллион) расид. Дучархаҳо шуруъ аз асри 19 дар истифодаи фаъолонаанд ва аз он вақт инҷониб бо мақсадҳои зиёд корбурд доранд: истироҳат, кор, дар байни низомиён, дар намоишҳо ва, албатта, барои варзиш.

Масалан, дар ИМА одамон барои раҳоӣ аз вазни барзиёд ва рафъи стресс аз дучарха истифода мебаранд, зеро дучархарон дар як соат тақрибан 600 калорияро месӯзонад. Дар Чин сари тақрибан 1,4 миллиард нафар беш аз 500 миллион дучарха рост меояд, ки мардум аз онҳо асосан барои ниёзҳои нақлиётӣ истифода мебаранд. Ҳамин манфиатҳои дучархаронӣ воситаи ҳаракати мазкурро дар баъзе мамлакатҳои дигар низ маъруф кардааст.

Дар Белгия 8 фоизи тамоми сафарҳо бо дучарха анҷом дода мешавад. Масофаи миёнаи дучархаронӣ сари ҳар нафар дар як рӯз 0,9 километрро ташкил медиҳад. Дучархаронӣ варзиши миллии Белгия мебошад. Белгиягиҳо ба дучархаи худ ва қоидаҳои дучархасаворӣ хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд, дучархасаворон ба сар кулоҳ ва ба тан камзӯли зарди тобнок мепӯшанд, то барои ронандагони мошинҳо намоён бошанд.

Дар Швейтсария (шумораи аҳолӣ: 7,8 миллион, шумораи дучархаҳо: 3,8 миллион) 5% тамоми сафарҳо ва 10% рафтуомад ба кор бо дучарха иҷро мешавад. Швейтсария барои сайёҳӣ бо дучарха мувофиқ аст. Ин беҳтарин роҳи лаззат бурдан аз табиат ва меҳмоннавозии мардуми маҳаллӣ мебошад.

Дар Ҷопон (аҳолӣ: 127 миллион, дучархаҳо: 72,5 миллион) 15 фоизи аҳолӣ ба кор савори дучарха мераванд. Дар солҳои охир омори фурӯши он солона аз 10 миллион гузаштааст. Дар Ҷопон дучархаро ҳамчун алтернатива ба мошинҳо васеъ истифода мебаранд. Имрӯзҳо шумораи торафт бештари ҷопониҳо ба далели саломатӣ ва пешгирӣ аз роҳбандӣ, ворид нашудан ба вагонҳои серодами метро ба дучархаронӣ мегузаранд.

Дар Финляндия (аҳолӣ: 5,4 миллион, дучархаҳо: 3,2 миллион) 9% саёҳатҳо бо велосипед анҷом дода мешаванд. Масофаи миёнаи велосипедронӣ сари ҳар нафар дар як рӯз 0,7 километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз нисфи аҳолии мамлакат, сарфи назар аз синну сол ва вазъи иҷтимоӣ, чи кӯдакон ва чи калонсолон: сайёҳон ва соҳибхоназанон, нафақахӯрон ва донишҷӯён дучарха меронанд. Ҳарчанд мавсими дучархасаворӣ дар ин кишвар маъмулан дар фасли баҳор ё тобистон оғоз меёбад, аммо бархе аз борон ва барф дар зимистонҳои қаҳратун ҳам наметарсанд. Муҳаббати финҳо ба велосипедро метавон бо муҳаббати онҳо ба сагҳо ё моҳидорӣ ҳамқиёс донист.

Дар Олмон (аҳолӣ: 81 миллион, дучархаҳо: 62 миллион) 9% сафарҳо бо дучарха сурат мегиранд. Дучархаронӣ анъанаест, ки дар фарҳанги Олмон реша давондааст. Олмониеро, ки бе дучарха калон шуда бошад ва ё кӯдакеро ки дучарха надошта бошад, инҷо ёфтан душвор аст.

Нидерланд ё Голландияро “кишвари дучархаронҳо” меноманд (аҳолӣ: 16,6 миллион, дучархаҳо: 16,5 миллион).

Инҷо дучархаронҳо 99,1 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. 27% кулли сафарҳо ва 25% сафарҳо ба кор бо велосипед анҷом меёбанд. Масофаи миёнаи дучархаронӣ сари ҳар нафар дар як рӯз 2,5 километрро ташкил медиҳад. Голландия ва дучарха мисли нону равған тавъаманд. Сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонӣ, ҳолландиҳо барои дучархаҳои худ пули зиёд – тақрибан 1 миллиард евро дар як сол сарф мекунанд. Амстердам – ​​пойтахт ва бузургтарин шаҳри кишвар, яке аз шаҳрҳои аз ҷиҳати экологӣ тозатарин дар ҷаҳон аст. Он дорои 400 км роҳҳои дучархаронӣ мебошад, тақрибан 40% сафарҳо дар Амстердам бо дучарха сурат мегиранд.

Фаррух Бозоров

Оцените статью

Ба дучархаҳо роҳ диҳед! Чаро дар Душанбе фарҳанги дучархарониро рушд бояд дод Дучарха (велосипед) чист? Саломатӣ, бароҳат ва муҳофизат аз ифлосшавии ҳаво. Аммо дар Душанбе ва дигар шаҳру деҳоти Тоҷикистон зарурати муҳайё намудани шароит барои дучархаронӣ танҳо гоҳ-гоҳ ба хотир меояд. ТҶҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» яке аз ташкилотҳои кишвар аст, ки барои он таблиғи нақлиёти алтернативӣ ва тарғиботи фаъолонаи […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.