Пас аз бесуботиҳое, ки кишварро фаро гирифтанд, Қазоқистон тадриҷан ба зиндагии осуда бармегардад. Ин буҳрон чӣ заминаҳо дошт ва барои ҷумҳурӣ ва минтақа чӣ оқибатҳоро дар пай оварда метавонад?
Субҳи 10 январ ҳукуматдорони Қазоқистон эълом доштанд, ки вазъи кишварро комилан зери назорат гирифтанд.
Тибқи хабарҳои ВАО-и давлатии маҳаллӣ, пас аз он ки нахустин ҷузъу томҳои СПАД вориди ҷумҳурӣ шуданд, вазъ тадриҷан рў ба субот ниҳод. Дар кишвар як ҳафта пас аз оғози гирдиҳамоӣ, бетартибӣ ва тирпарониҳо оромии нисбӣ фаро расид.
Дар як катор минтақаҳо сокинон бо нерӯи худ роҳҳоеро, ки эътирозгарон баста буданд, тоза мекунанд.
Ҳаракат тариқи роҳи оҳан барқарор шуд. Аз фурудгоҳҳо парвозҳо ба кишварҳои дигар аз нав оғоз ёфтанд.
Ба гуфтаи сокинон, дар баъзе шаҳрҳо тирпарониҳои алоҳидаи нерӯҳои амниятӣ садо медиҳанд, ки амалиёти махсус анҷом медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон беш аз 1000 нафар маҷруҳ шудаанд. Ба иттилои вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 17 корманди мақомоти қудратии Қазоқистон ҳалок гардид. Шумораи кушташудагони ғайринизомӣ маълум нест. Наздики се ҳазор кас боздошт шуд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, хисорот аз ошӯб ҳудуди 400 миллион долларро ташкил додааст. Аммо, ба эҳтимоли зиёд, рақамҳои ниҳоӣ баландтар хоҳанд буд. Рӯзҳои наздик ҳукуматдорон нақша доранд, ки кори бонкҳоро пурра барқарор кунанд ва реҷаи вазъи фавқулодаро дар минтақаҳое, ки вазъи муътадил доранд, бекор намоянд. Ҳафтаи оянда президенти Қазоқистон бастаи ислоҳоти иқтисодиро муаррифӣ мекунад, ки бояд барои беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар ҷумҳурӣ замина созанд.
Дар кишвар ба хотири кушташудагон дар ошӯб мотам эълон кардаанд.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 ба далели боло рафтани қимати гази моеъ оғоз шуданд. Баъдан дар манотиқи дигари кишвар низ эътирозҳо баргузор шуданд, ки маркази онҳо шаҳри Алмаато буд. Дар ин шаҳр рӯзҳои 4 ва 5 январ бо нерӯҳои амниятӣ задухӯрд ба амал омад, пулис аз газ ва норинҷакҳои нурусадодор истифода кард.
Баъдан дар задухӯрдҳо аз силоҳи оташфишон истифода шуд. Шумораи кушташудагон ва ярадоршудагон якбора афзуд.

Рӯзи 5 январ раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар қаламрави Қазоқистон ҳолати фавқулода эълон кард.
Ҳамзамон бо супориши сарвари давлат ҳукумат ба болоравии нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ мораторий ҷорӣ кард.
Тоқаев шаби 6 январ ҷаласаи нахустини Шӯрои Амниятро таҳти раҳбарии худ баргузор кард, ки дар он вазъ дар Қазоқистонро “хатар барои якпорчагии давлат” номид ва гуфт, ки аз СПАД дар “рафъи таҳдиди террористӣ” кумак хостааст.
СПАД ДАР ҚАЗОҚИСТОН: тарафҳои манфӣ ва мусбат
Худи ҳамон шаб Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар робита ба муроҷиати Тоқаев тасмим гирифт, ки нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ ба Қазоқистон фиристода шаванд. Русия ва Беларус аввалин шуда тасмими фиристодани нерӯҳои худро ба Ҷумҳурии Қазоқистон эълон карданд. Сипас Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ҳамин гуна иқдомотро пеш гирифтанд.
Ба гуфтаи Шӯро, аз вазифаҳои аслии нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ ва низомӣ, мусоидат ба нерӯҳои интизомии Ҷумҳурии Қазоқистон дар ба эътидол овардани вазъ ва баргардонидани он ба майдони ҳуқуқӣ хоҳад буд.
Ин кувваҳо, хабар дода мешавад, ба як муддати махдуд бо мақсади муътадил гардондани вазъият дар ин мамлакат фиристода мешавад.
Аммо дар бисёре аз кишварҳои Ғарб, дар Амрико ва ҳатто дар Қирғизистони ҳамсоя афроде низ пайдо шуданд, ки мухолифи вуруди нерӯҳои СПАД ба қаламрави Қазоқистон буданд.
Масалан, рӯзи 6 январ як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омада, талаб карданд, ки вуруди нерӯҳо ба Ҷумҳурии Қазоқистон манъ карда шавад. Девони вазирони Қирғизистон аз мардум даъват кард, ки дар бораи ворид кардани нерӯҳо ба Қазоқистон “дуруст ва бомасъулият” тасмим бигиранд.
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар телевизиони CNN гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад аз Қазоқистон шарҳи онро бишнавад, ки чаро мақомоти ин кишвар тасмим гирифтаанд, ки барои ба эътидол овардани вазъ аз СПАД кумак дархост кунанд.
«Мо саволҳои воқеӣ дорем, ки чаро онҳо маҷбур шуданд ба ин созмоне, ки Русия бартарӣ дорад, муроҷиат кунанд. Мо хоҳиш мекунем, ки дар ин бора тавзеҳот дода шавад. Аммо муҳимтар аз ҳама ҳоло он аст, ки ҳама чиз ба таври осоишта ва бо эҳтироми ҳуқуқи онҳое, ки мехоҳанд овози онҳо шунида шавад, ҳал шавад”, иқтибос меорад РИА “Новости” аз суханони Блинкен.
Котиби давлатӣ ҳамчунин фармони Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистонро дар бораи тирпаронӣ тарафи он иштирокчиёни ошӯб, ки силоҳ ба замин нагузоштаанд, маҳкум кард.
Қаблан Блинкен дар шарҳи вуруди нерӯҳои посдори сулҳи Русия ба Қазоқистон дар чаҳорчӯби талошҳои дастаҷамъии СПАД гуфта буд: “Як сабақ аз таърихи гузашта: вақте русҳо ба хонаи шумо медароянд, ба баромадан маҷбур кардани онҳо мушкил мешавад”.

Рӯзи 7 январ президенти Қазоқистон бори дигар ба мардум муроҷиат кард: “Аз хориҷи кишвар даъватҳо барои ҳалли мусолиматомези мушкилот тариқи гуфтушунид садо медиҳанд. Чӣ аблаҳие! Бо ҷинояткорон, бо қотилон чӣ гуна гуфтушунид метавон кард? Мо бо роҳзанони мусаллаҳ ва таълимдидаи дохилӣ ва хориҷӣ дучор будем. Онҳо маҳз роҳзану террористанд, бинобар ин онҳоро нест кардан лозим аст ва ин дар ояндаи наздик анҷом дода мешавад”.
Собиқ мушовири президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Ермуҳаммад Ертисбоев гуфт, ворид шудани нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба ин ҷумҳурӣ ба хотири ба эътидол овардани вазъ кишварҳои ғарбиро ба хашм овардааст.
“Вуруди нерӯҳои СПАД ҳоло тамоми Ғарбро ба хашм овардааст”,- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.
Ертисбоев изҳори итминон кард, ки ошӯбҳои гузаштаро дар Қазоқистон нерӯҳои хориҷӣ ташкил кардаанд ва ё дар онҳо даст доранд.
«Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон таваҷҷӯҳи бузурги қудратҳои ғарбӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дорад. Онҳо инҷо тақрибан 376 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд”,- гуфт ӯ.
Ба эътиқоди Е. Ертисбоев, Қазоқистон ҳоло дар вазъияти хеле хатарнок қарор дорад, аз ин рӯ, тасмими Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар мавриди ҷалби кумак аз нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дуруст буд.
Владимир Путин, президенти Русия, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки рӯзи 10 январ дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, гуфт, таҳдид ба давлатдории кишвари ҳамсоя на аз эътирозҳои худҷӯш ба сабаби болоравии арзиши сӯзишворӣ, балки бар асари он ба вуҷуд омад, ки қувваҳои тахрибкори дохиливу хориҷӣ аз вазъият истифода бурданӣ шуданд. Ворид кардани нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба ҷумҳурӣ нишон дод, ки ин созмон имкон намедиҳад, “вазъияти даруни хонаашро ларзонанд ва сенарияҳои инқилобҳои рангаро амалӣ кунанд”, таъкид кард раҳбари Русия.
Коршинос: одамон ҳеҷ гоҳ бесабаб ба кӯча намебароянд
Сиёсатшиноси қазоқ Димаш Алжанов дар мусоҳиба бо “Настоящее время” таъкид кард, ки эътирозҳои феълӣ дар Қазоқистон худҷӯш мебошанд, на тарҳрезишуда. Сабаби асосии онҳо, гуфт ӯ, тақсими ноодилонаи захираҳо ва сарват дар Қазоқистон аст.
-Табдил додани тазоҳуроти осоишта ба бетартибиҳои оммавӣ аз ихтилофи амиқ миёни ҷомеа ва ҳукумат, ки натавонист муколама роҳандозӣ кунад, шаҳодат медиҳад, – гуфт Юрий Саруханян, коршиноси бахши равобити байналмилалӣ ба Gazeta.uz.
“2022 барои Осиёи Марказӣ бо буҳрони ҷиддии сиёсӣ дар Қазоқистон оғоз мешавад. Доир ба сабабҳои ҳар гуна нооромиҳои мардумӣ сухан ронда, дар назар доштан лозим аст, ки одамон ҳеч гоҳ бесабаб ва барои ҳалли як масъалаи ҷудогона ба кӯчаҳо намебароянд. Болоравии нархи газ, тақаллуб дар интихобот, бедодгариҳои полис ҳама омилҳое мебошанд, ки тазоҳуротро барангехтаанд. Ба ошӯб табдил ёфтани тазоҳуроти осоишта, ки дар ҷараёни он биноҳои маъмурӣ оташ зада ва бонкҳою марказҳои савдо ғорат шуданд, аз ихтилофи амиқи ҷомеа ва ҳукумат, ки натавонист муколама ба роҳ монад, гувоҳӣ медиҳанд. Вазъиятро набудани оппозитсияи муташаккилона, ки метавонист эътирозҳоро дар атрофи худ муттаҳид созад ва аз бетартибиҳо пешгирӣ кунад, тезутунд кард. Ва осонии тарки объектҳои стратегӣ ва ақибнишинии сохторҳои қудратӣ ва амниятӣ ё аз хоҳиш надоштани онҳо ба дифоъ аз ҳукумат ва ё аз ихтилофи ҷиддие дар ҳукумат шаҳодат медиҳад. Дар натиҷа элитаи сиёсӣ ба бӯҳрон як ба яка монд».
Коршинос ёдовар мешавад, ки ҷалби нерӯҳои СПАД дар Қазоқистон барои ҳалли бӯҳрони дохилии сиёсӣ воқеан аввалин амалиёти комил дар тамоми таърихи ин созмон ва эҳтимолан як нуқтаи гардиш барои Осиёи Марказӣ ва тамоми фазои пасошӯравӣ дар давраи миёнамуддат аст.
«Тоқаев пайи ҳам таслим шудани иншооти маъмурӣ ва стратегиро дида, қарор дод рӯ ба чораҳои шадид орад ва аз СПАД кумак хост. Ва барои қонунӣ кардани ин дархост ӯ баҳонаи анъанавиро дар бораи таҷовуз аз берун истифода бурд. Дахолати қувваҳои беруна ба ихтилофҳои дохилии сиёсӣ як таҷрибаи нави хеле манфӣ мебошад. Ва вақте ки худи мақомот бозигарони беруниро ба замини худ меоранд, ин боз ҳам бадтар аст. Дар кишварҳои пасошӯравӣ чунин ҳодисаҳо бештар шудааст. Озарбойҷон, ки бо ҳимояти Анқара ба ҳалли низомии муноқишаи Қарабоғ шуруъ кард, вақте то ғалабаи пурра як қадам монда буд, маҷбур шуд артиши Русияро ба замине, ки қонунан аз худаш буд, роҳ бидиҳад. Арманистон пас аз шикаст дар ҷанги болозикр аслан нотавон будани худро дар таъмини амнияти марзҳои давлатӣ эътироф кард ва ин масъулиятро ба дӯши Москва гузошт. Украина, ки буҳрони сиёсиро аз сар мегузаронад, барои барқарор кардани тамомияти арзии худ аз Ғарб кумак мехоҳад. Лукашенко ба хотири нигоҳ доштани қудрат дар дасти худ тасмим гирифт, ки ҳама “харитаҳои роҳи” ҳамгироӣ бо Русияро имзо кунад. Ва ҳоло Қазоқистон нерӯҳои берунаро ба қаламрави худ даъват мекунад.
Ба гуфтаи Саруханян, ҳеҷ як ҷомеа дахолати хориҷиро мусбат қабул намекунад. Хусусан, вақте ки он бо дархости элитаи сиёсии худаш сурат мегирад. Ва агар амалиёти зидди ошӯб боз барои саркӯб кардани дигарандешии сиёсӣ ва фаъолии шаҳрвандӣ истифода шавад, хеле душвор хоҳад буд.

“Маълум аст, ки кумаки СПАД (дар асл, Русия) “муфт” нахоҳад буд. Москва то ҳол ягон талаби мушаххасе пеш наовардааст, аммо баъзе сиёсатмадорони рус аллакай як бастаи стандартии талаботи эҳтимолиро пешниҳод мекунанд: дастгирии фаъолона ва ошкори мавқеи Кремл, аз ҷумла эътирофи Қрим ҳамчун ҷузъе аз қаламрави Русия, қатъи сиёсати хориҷии миллии бисёрсамта, қабул намудани мақоми “минтақаи таъсири Русия” ва ҳамгироии сиёсӣ (то ба имкони татбиқи сенарияи белорусӣ). Тоқаев, ки дер боз мехост ва зоҳиран, ниҳоят аз сояи Назарбоев берун хоҳад омад, метавонад дарҳол ба сояи авруосиёӣ афтад”,- мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи коршинос, чӣ гуна аз буҳрони сиёсии кунунӣ берун шудани Қазоқистон на танҳо барои худи он, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим аст. Ҷалби СПАД ба ҳалли буҳрони дохилии сиёсӣ фишорро болои онҳое, ки ҳанӯз ба Иттиҳодияи Аврупо ва СПАД напайвастаанд, афзоиш дода, фазоро барои манёврҳо дар сиёсати хориҷӣ боз ҳам тангтар мекунад.
«Илова бар ин, маҳрумияти эҳтимолии Қазоқистон аз бисёрвекторӣ ба раванди барқарорсозии ҳамкориҳои минтақавӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳад дошт.
Ба эътиқоди Юрий Саруханян, рӯзномаи Осиёи Марказӣ хатари дубора ба мавқеи дуюмдараҷа ё ҳатто тамоман аз байн рафтанро дорад, тавре аллакай дар миёнаҳои солҳои 2000-ум буд.
-Ниҳоят, ҳодисаи Қазоқистон ба ҳаёти сиёсии боқимондаи минтақа низ таъсир хоҳад расонд. Дар ҷамъиятҳои Осиёи Марказӣ даъвоҳо ҷамъ шудаанд ва таърих мисолҳои зиёдеро медонад, ки зуҳурот аз як ҷомеаи норозӣ ба ҷомеаи дигар мегузарад. Аз ин лиҳоз, кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон бояд дар қабули қарорҳои дохилии сиёсӣ боэҳтиёт бошанд, ба хотири пешгирӣ аз авҷ гирифтани ваоъ бо эҳсосоти эътирозӣ кор баранд, инчунин иртиботи муассир ва салоҳиятдор бо мардумро таъмин кунанд. Муҳим он аст, ки фаромӯш накунем, ки ҳама мушкилот сарчашмаҳои дохилӣ доранд ва омили беруна вақте дахолат мекунад, ки элитаи сиёсӣ бо ҷомеа муколама роҳандозӣ карда наметавонад, тасмимҳои бемулоҳиза қабул мекунад ва дар кӯшишҳои мустақилона аз вазъият баромадан ноком мешавад,- мегӯяд Саруханян.
Nuqta.tj