17 декабр яке аз аркони назми муосири тоҷик Гулрухсор Сафиева солгарди умри худро таҷлил мекунад. Дар табрикномаи худ муаллифи доимии бахши «Фарҳанг»-и мо Амалхонум Ҳоҷиева (Гаҷиева) бобати роҳи эҷодии шоираи номдор ва дӯстии чандинсолааш бо ин инсони одию самимӣ қисса мекунад.
Ман дар бораи ӯ, ҳуснаш, кокули дарози овозадораш бисёр шунида будам. Дар бораи он ки вай шоираи олие аст, низ. Оё ман, як рӯзноманигори навкор аз миллати ғайримаҳаллӣ, ки муҳаррирон бештар аз ӯ рӯ метофтанд, метавонистам дар гӯшаи фикрам ҳам дошта бошам, ки рӯзе бо ин Шахс дӯст мешавам?!
Он замон вай ба назари ман мутакаббир ва дастнорас менамуд, магар метавонист ба сатҳи як нафаре мисли ман фуруд ояд? Танҳо акнун, пас аз дӯстии чандинсола бо Гулрухсор, дарк кардаам, ки ӯ чӣ гуна як шахси ҳассос асту дили мисли тамоми аҳли эҷод урёну нозук дорад.
Чӣ андоза ӯ метавонад ба ғаму дарди дигарон шарик бошад, ман дар мисоли худ, пас аз фоҷиаи даҳшатнокам дидам. Он рӯзҳо чӣ гуна маро дастгирӣ мекард! Занг мезад, бо ман доир ба шеър суҳбатҳо меорост – ҳар коре мекард, ки танҳо ҳушамро аз ғамам дур созад! Ва дар яке аз солгардҳои фоҷиаам, вақте дар сарам кулоҳи хокистарии лапаркалонеро дид, ки фикр мекунам, имрӯзҳо ба зиёд касон ошно аст, ба бозори “Корвон” рафта, даҳ метр матои ҳамранги кулоҳамро ёфта харид ва ба дӯзанда фармуд, ки барои ман шарфи дароз дӯзад! Шояд ин ба назари дигарон як кори ночиз намояд, аммо барои ман арзиши зиёд дорад! Ӯ вақти арзишманди худро дареғ надошта, дар бозор барои ман матоъ ҷустуҷӯ кард. Дар бозоре, ки худи ман танҳо ду бор будам ва дигар натавонистам ба онҷо баргардам, чун дар давуғеҷ сарам чарх мезад, издиҳоми мардум, ки одамро аз по мезанад, асабониам месохт.
Баъдан ӯ ба ман шеъри «Зани танҳо»-ро бахшид, ки ба он Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мастона Эргашева оҳанг баст ва худаш сароида, чашмони тамошобинонро ғарқи ашк кард…
17 декабр зодрӯзи Гулрухсор аст ва дар ин рӯз мехостам бори дигар дар бораи ин нобиғаи шеър ба хонандагони худ қисса кунам, ҳарчанд мутмаинам, ки ӯро ҳама медонанду аз зиндагиаш бохабаранд.
***
Гулрухсор Сафиева соли 1947 дар як деҳаи хурд бо номи Яхч, ки ба ноҳияи Комсомолободи Тоҷикистони Шӯравӣ тааллуқ дошт, чашм ба дунё кушодааст. Падараш агроном буд. Модарашро барвақт аз даст дода, ӯ дар интернат таҳсил мекард. Аз синни 12-солагӣ дар китобхонаи мактабаш ба кор шуруъ намуд, зеро китобхониро хеле дӯст медошт. Ҳамаи мураббиёнаш русҳо буданд, ки ба шогирдони худ интернатсионализмро меомӯзонданд.
Гулрухсор соли 1968 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро хатм намуда, фаъолияти кориашро ҳамчун рӯзноманигор оғоз кардааст. Сараввал ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» дар зодгоҳи худ кор карда, бо гузашти вақт ба зинаи мудирии сектори матбуоти КМ комсомоли Точикистон расид. Дар синни 22-солагӣ якбора сармуҳаррири ду нашрия: рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» таъин гардид. Бояд гуфт, аввалин тарҷумаҳои ман аз забони тоҷикӣ маҳз дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» чоп шудаанд!
Соли 1971 Гулрухсор Сафиева ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС шуд. Солҳои 80-ум тайи панҷ сол дар раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати муовини раис кор кардааст. Ҳамчунин Бунёди фарҳанги маъруфи Тоҷикистонро таъсис ва роҳбарӣ мекард. Як масъулияти дигари вай узвият дар кумитаи шӯравии алоқа бо нависандагони кишварҳои Африка ва Осиё буд. Соли 1976 барандаи Мукофоти комсомоли Тоҷикистон ва соли 1978 соҳиби Мукофоти комсомоли ленинии ИҶШС гардид — эҷодиёти ӯ, пеш аз ҳама шеърҳояш, ҳамин гуна баҳои баланд гирифтанд. Дертар, дар Тоҷикистони мустақил, бо Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.


Соли 1995 бо Ҷоизаи амрикоӣ ба номи Ҳелмут Ҳамит сарфароз гардид.
Солҳои 1989—91 депутати халқи ИҶШС аз ҷониби Фонди фарҳанги шӯравӣ буд.
Вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, шоира Гулрухсор маҷбур шуд, ки ба Русия биравад. Он солҳо маҷрои гурезаҳо аз ин ҷумҳурии шӯравии собиқ хеле васеъ буд. Аз Тоҷикистон бо кӯмаки низомиёни рус берун шуд. Вақте вазъият ба эътидол омад, Гулрухсор боз ба Ватан баргашт. Ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳама вақт ба зану мардони солхӯрдаи рус, ки дар солҳои ҷанг фарзандонашон таркашон карда буданд, ба ҳар роҳе ёрӣ мерасонд. Ба яке дар барқарор кардани ҳуҷҷатҳо, ба дигаре дар масъалаи нафақа, ба сеюмӣ дар баргардонидани манзили бо зӯр гирифташуда, ба чорумию панҷумӣ бо хӯроку либос… Бо итминон метавонам бигӯям, ки бисёр аз ин пиронсолон ба шарофати кумаку дастгириҳои Гулрухсор зинда мондаанд! Ин ҳам дар ҳолест, ки вай солҳои зиёд маоши расмии устувор надорад! Аммо дар ин бора гап заданро дӯст намедорад.
Гулрухсор бо созмонҳои адабии русӣ фаъолона хамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, узви Маркази ПЕН-и Русия мебошад.
Иштирокдори Маҷлиси машваратии умумииттифоқии адибони ҷавон, барандаи Мукофоти комсомоли ленинӣ, раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, вакили Анҷумани овозадори якуми депутатҳои халқи ИҶШС бо иштироки Сахаров, Собчак, Раймонд Паулс, Руслан Аушев, Васил Быков…
Дар сафоратхонаи Шӯравӣ дар Швейтсария ӯ дар назди Зоя Новожилова, ки он замон ягона сафири зан буд, коромӯзӣ кардааст. Вазорати қорҳои хориҷии ИҶШС вобаста ба шоираи мо нақшаҳои худро дошт …
Гулрухсор Сафиева муҳаққиқ, файласуф, тарҷумон низ ҳаст. Ӯ имсол ба рутбаи академики Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ (Эрон) бардошта шуд. Барои хидматҳои махсус дар омӯзиши Хайём. Дар ин кишвар таваҷҷуҳи ӯро ба ҳаёту эҷодиёти шоиру мутафаккири бузург чунин қадр карданд.


Тамоми шеъру романҳои Гулрухсор фалсафаи амиқ доранд.
Г. Сафиева бисьёр асарҳои машҳури шоирони русро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Маъруфтарини онҳо тарҷумаҳои шеърҳои Михаил Лермонтов ва Олга Бергголтс мебошанд. Инчунин антологияи назми занонаи шӯравиро тартиб дода, ба забони тоҷикӣ тарҷума кард, ки дар ҷумҳурӣ хеле мухлисони зиёд дошт.
Сафиева хонандагони тоҷикро бо эҷодиёти шоирони хориҷӣ фаъолона шинос мекунад. Масалан, ӯ асарҳои шоири испанӣ Федерико Гарсиа Лоркаро тарҷума кардааст. Зиёдтар аз ҳама «Йерма» ва «Арӯсии хунин» маъруфанд.
Шеърҳои худи Сафиева дар замони шӯравӣ тақрибан ба ҳамаи забонҳои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума шудаанд. Онҳо инчунин бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испонӣ ва ғайра ба табъ расидаанд. Шеърҳои ӯро дар муассисаҳои таҳсилотии Аврупо таълим медоданд. Онҳоро тарҷумонҳои беҳтарин, аз қабили Татьяна Кузовлева, Римма Казакова, Татяна Бек, Владимир Соколов, Станислав Куняев, Гаролд Регистан, Олег Дмитриев ва дигарон ба забони русӣ тарҷума кардаанд.
Баъди эҷоди романи «Занони Сабзбаҳор» ӯ нахустин зани романнавис дар тамоми таърихи адабиёти тоҷик гашт.
Ҷашнат муборак бод, Гулрухсори азиз!
Зиёд бизӣ ва шоҳкорҳои худро барои фараҳи хонандагонат эҷод намо!
Кишвару халқ бояд аз чунин Инсон ифтихор дошта бошанд!
Амалхонум ГАҶИЕВА