Аз Британия то Иёлоти Муттаҳида. Шикасти чанд империя дар Афғонистони саркаш
Сокинони Афғонистон аз қадимулайём бо озодидӯстӣ ва ҳам саркашӣ машҳур будаанд. Танҳо дар дусад соли охир ин сарзаминро Британия дар рафти се ҷанг, Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1979-1989, ИМА ва муттаҳидонаш аз соли 2001 ба ин сӯ кӯшиши забт карда, дар ниҳоят ноком шудаанд.
Қишварҳои абарқудратро ба “Қалби Осиё” чӣ ҷалб мекард ва онҳо чӣ комёбиҳое инҷо доштанд?
Ҷангҳои Англия ва Афғонистон
Афғонистон, ин сарзамини замоне гулгулшукуфон, дар таърихи худ истилогарони зиёдеро дидааст.
Аммо чӣ империяҳои бузургтаринро ба он ҷалб мекард? Онҳо дар диёре, ки насле надошт ҷанг накарда бошад, чӣ мекофтанд?
Муаррихон қайд мекунанд, ки барои истилогарон дар дусад соли охир ягона чизи муҳим мавқеи ҷуғрофии кишвар буд.
Афғонистон на танҳо калиди назорати роҳҳо аз шимол ба ҷануб ва аз ҷануб ба шимоли қитъа буд. Он ҳамзамон дарвозаи Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ, Чин ва Эрон аст.
Ин чорроҳаест, ки дар он тамоми роҳҳои қадимаи савдои Авруосиё ба ҳам мепайвандад. Ва роҳҳои тиҷоратӣ ҳамеша ҳамчун роҳҳои ҳарбӣ низ хизмат мекунанд.
Ҳанӯз дар нимаи аввали асри XVIII экспансияи ҳарбии Русия ба Қафқоз ва Туркистон Британияи Кабирро маҷбур сохт, ки чашм сӯйи Афгонистон гардонад.
Русия метарсид, ки он барои британиягиҳо як дарвозаи Осиёи Марказӣ мешавад. Британияи Кабир низ тарс дошт – метарсид, ки Афғонистон пуле барои артиши Русия ба Ҳиндустон мегардад.
Ин буд, ки соли 1808 Англия барои барпо намудани муносибатҳои дӯстона ҳайати намояндагии дипломатии худро ба Кобул фиристод. Аммо робитаҳоеро, ки он замон бомуваффақият барқарор намуданд, англисҳо дар 30 соли оянда натавонистанд инкишоф диҳанд.
Соли 1834 ҳокими Афғонистон Дӯст Муҳаммад бо хоҳиши ёрӣ ба Россия сафорат фиристод, зеро таҳдиди ҳамсояҳо ба онҳо воқеӣ шуда буд. Натиҷаи ин муомила соли 1837 ба Афгғонистон фиристода шудани намояндагони рус ва дар Кобул гузарондани гуфтушуниди Афғонистону Россия шуд. Ин кор кофӣ буд, ки Англия ба Дӯст Муҳаммад ҷанг эълон кунад.
1 октябри соли 1838 генерал-губернатори Ҳиндустон Ҷорҷ Иден манифестеро эълон кард, ки дар он эъломияи ҷанг ва ангезаи чунин тасмими британиягӣ дарҷ шуда буд.
Нерӯҳое, ки Афғонистон он замон дошт, хеле ночиз буданд. Дӯст Муҳаммад ҳамагй 2,5 ҳазор аскари пиёда, 12—13 ҳазор савора ва наздики 45 тӯп дошт. Британия дар моҳи апрели соли 1839 ба Қандаҳор ва Ғазнӣ ҳаракат оғоз намуданд. Гарнизони Ғазнӣ то имкони охирин ҷангид. Дар задухӯрд қариб 1000 афғон кушта шуд. Нархи ғалаба барои Англия бештар аз 170 куштаю захмӣ шуд, ки аз ин миён зиёда аз 20 нафар афсар буд.
Дӯст Муҳаммад бо як дастаи тахминан 6000-нафара тасмим гирифт, ки аз Кобул ба пешвози англисҳо баромада, вориди ҷанг шаванд. Аммо хиёнати мақомдорони баландпоя имкон надод, ки бо душман биҷанганд. Неруҳои Британия дар ин кишвар маскан гирифтанд. Вале дахолати боисрори хориҷиён ба корҳои дохилии давлат, таҳқири мунтазами эҳсосоти динию оилавии мардум ва дигар сабабҳо сабаби норозигиҳои оммавӣ дар кишвар гардид. Дере нагузашта қисматҳои гуногуни Афгонистонро исёнҳо фаро гирифтанд.
2 ноябри соли 1840 дар Парвон ҷанг рӯй дод, ки дар он англисҳо мағлуб шуданд. Аммо се рӯз баъди ҷанги Парвон амири Афғонистон Дӯст Муҳаммад ба Кобул омад ва ба англисҳо таслим шуд. Англисҳо ба мустаҳкам кардани мавқеи худ дар Афғонистон шуруъ карда, нияти тарк кардани кишварро надоштанд. Ин рафтори англисҳо хашму ғазаби аҳолиро оварда, боиси исён ва нооромиҳои густурда гардид. Ба муқобили истилогарон ҳама — ҳарбиёну деҳқонон, муаллимону косибон мубориза мебурданд. Дар чунин шароит англисҳо тасмим гирифтанд, ки Афғонистонро тарк кунанд ва 12 октябри соли 1842 сарбозони ҳиндуву британиягӣ ба Пешовар ақибнишинӣ карданд. Дар рӯзҳои охири моҳи декабр қӯшунҳо ба ҳудуди Ҳиндустон расиданд. Дар ҳамин вақт Дӯст Муҳаммад ба Афғонистон баргашт ва дере нагузашта боз тахти амирро ишғол намуд. Соли 1842 ҷанги якуми Англияю Афгонистон барои англисҳо ҳамин тавр ба охир расид. Он ҳаёти бештар аз 18 ҳазор нафар одамон ва 25 миллион фунт стерлингро талаф дод. Ғайр аз ин, обурӯйи артиши Англияро ба андозаи зиёд паст кард.
Солҳои 1878-1879 қўшунҳои англисиву ҳиндӣ зери фармондеҳии генерал-майор Фредерик Робертс Ҷалолобод ва Қандаҳорро ғасб карданд.
Ёқубхон, амири Афғонистон 26 майи соли 1879 шартномаи Гандамакро имзо кард, ки тибқи он як қисми қаламраваш ба Англия дода мешуд ва ба намояндаи Британияи Кабир Луи Кавагнари иҷозат дод, ки ба Кобул ворид шавад. Пас аз чанд моҳ, 3 сентябри соли 1879, намоянда бо ҳамроҳонаш кушта шуд ва ин сабаби оғози ҷанги дуюм гардид.
Аз охири соли 1879 дар Афғонистон шӯриши мардумӣ авҷ гирифт, ки дар он то 100 ҳазор нафар ширкат доштанд. Ёқубхон аз тахт даст кашид ва ба зери қаноти англисҳо ба Ҳиндустон фирор кард. Кобул ва Қандаҳорро нерӯҳои британиягӣ ишғол карданд ва шӯриши афғонҳое, ки ба гарнизони Британия дар Кобул таҳдид мекард, гардонда шуд.
Дар ин вақт яке аз довталабони тахти Афғонистон Абдураҳмон шумораи зиёди тарафдорони худро гирд оварда, сўйи Кобул ҳаракат кард. Англия мачбур шуд, ки гуфтушунид кунад. Абдураҳмон Британияро водор сохт, ки ўро ҳокими тамоми Афғонистон эътироф намояд. 22 июли соли 1880 ҳокимони хурду миёнаи Афғонистони Шарқӣ ва Миёна Абдураҳмонро амири нав эълон карданд. Ба зудӣ Британия кишварро тарк кард, аммо ҳукуматро таҳти назорати худ нигоҳ дошт.
28 феврали соли 1919 губернатори Кобул шоҳзода Амонуллохон дар Афғонистон ҳокимиятро ба дасти худ гирифт ва мустақилияти комили худро аз Британияи Кабирро эълон кард.
Ҷанги сеюми Англия – Афғонистон 3 майи соли 1920 бо ҳамлаи афғонҳо ба як постгоҳи сарҳадӣ дар ағбаи Хайбар ва ҳамлаи ҳамзамон ба нерӯҳои Британияву Ҳиндустон дар се самт оғоз ёфт. Дар посух Амонулло ҷиҳод эълон кард.
Ва гарчанде, ки ин маърака дар маҷмуъ барои артиши афғонии бад ташкилшуда ва аз нигоҳи муҷаҳҳазии техникӣ нисбати британиягиҳо хеле заифтар нокомона буд, англисҳо, ки аз ҳамлаҳои сокинони маҳаллӣ талафоти зиёд медиданд, натавонистанд дар кишвар мавқеъ устувор кунанд.
Ғурур ва озодихоҳии мардум ва ғолибан кӯҳистонӣ будани кишвар, набудани роҳҳо онро барои фатҳ кардан ва махсусан нигоҳ доштани ҳокимиятро хеле душвор гардонд.
Дар натиҷа, британиягиҳо 8 августи соли 1919 дар Равалпинди бо созишномаи сулҳ ба ҷанг хотима доданд. Британияи Кабир аскарони худро аз Афғонистон бароварда, аз истиқлолияти ин кишвар розӣ шуд. Ҳамин тавр таърихи муосири ин кишвари воқеъ дар марзи Ғарбу Шарқ, ки дар он беш аз 20 халқияти 5 гурўҳи этникӣ ба сар мебаранд, шуруъ шуд.

Шикасти афғон барои Шўравӣ
Осудаҳолии халқи Афгонистон баъди ба даст овардани истиқлолият зиёд давом накард. Ҳокимон яке дигареро иваз мекарданд, аммо сиёсати онҳо на ба ҳама писанд буд. Мардум яроқ дар даст аз ҳуқуқи худ ҳимоя мекарданд. Вале дар ин ҷо ҳам кор бе дахолати хориҷиён анҷом намеёфт.
Соли 1978 дар Афғонистон бо як табаддулот коммунистон қудратро ба даст гирифта, раисиҷумҳури ин кишвар Нурмуҳаммад Таракиро зиндонӣ карданд. Вай як қатор ислоҳоти куллӣ ба амал овард, ки махсусан ба аҳолии деҳот, ки ба анъанаҳои миллӣ содиқанд, хуш наомаданд. Режими Таракӣ ҳар гуна оппозитсияро бераҳмона пахш карда, ҳазорҳо касро ба хабс гирифт ва 27 ҳазор нафар маҳбусони сиёсй ва арбобони диниро ба қатл расонид.
Дар тамоми мамлакат бо мақсади муқовимат дастаҳои мусаллаҳ ташкил ёфтан гирифтанд. То апрели соли 1979 бисёр минтақаҳои мамлакат исён бардоштанд, дар моҳи декабр танҳо шаҳрҳо зери ҳукмронии ҳукумат монданд. Худи онро аз дарун низоъҳо пора мекарданд. Дере нагузашта Таракиро як раҳбари дигари наздик ба Кремл – Ҳафизуллоҳ Амин кушт.
Аммо идораи разведкаи шӯравӣ дере нагузашта маълумот гирифт, ки Амин барои наздик шудан бо Иёлоти Муттаҳида ва Покистон кӯшиш пеш мегирад. 25 декабри соли 1979 ИҶШС аз хавфи аз даст додани нуфузаш дар ин кишвар, инчунин эҳтимоли ба Афғонистон ворид шудани ИМА гурӯҳи низомии худро ба Афғонистон ворид кард.
Москва ин амали худро бо он асоснок кард, ки гурӯҳи низомии шӯравӣ бо хоҳиши ҳукумати Афғонистон ва мувофиқи шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии ҳасана ва ҳамкорӣ аз 5 декабри соли 1978 ворид карда шудааст. Лекин асли қазия дигар буд. 27 декабри соли 1979 ҳудуди 700 низомии отрядҳрои махсуси шӯравӣ биноҳои асосии Кобулро тасарруф карда, ба қасри раисиҷумҳур Тоҷбек ҳамла карданд, ки дар ҷараёни он Амин ва ду писараш кушта шуданд. Ҷойи Аминро рақибаш аз ҷиноҳи дигари коммунистии Афғонистон Бабрак Кармал гирифт. Вай сардори «Шӯрои инқилоби Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» шуда, аз Шӯравӣ ёрии иловагӣ талаб кард.
Нерӯҳои шӯравӣ ҳамроҳи иттифоқчиёнашон аз нерӯҳои ҳукуматии афғон шаҳрҳо ва хатҳои асосии иртиботиро ишғол карданд, муҷоҳидон бошанд дар ҳайати гурӯҳҳои хурд ҷанги партизаниро шурӯъ намуданд. Онҳо қариб дар 80 фоизи қаламрави мамлакат, ки берун аз назорати ҳокимони Кобул ва Шӯравӣ буданд, амал менамуданд. Қӯшунҳои шӯравӣ, ки аз бомбаҳои авиатсионӣ, тӯпҳо васеъ истифода мебурданд, нисбат ба муҷоҳидон бартарии назарраси техникӣ доштанд. Аммо қариб ҳамаи низомиёни ба Афғонистон овардашуда аз даъватшавандагон иборат буд, ки тактикаи мураккаби ҷанги зидди партизанҳо дар кӯҳистонро наомӯхта буданд. Бинобар ин ҷанг аз аввал барои ИҶШС вазнин буд.
То миёнаҳои солҳои 80-ум шумораи сарбозони шӯравӣ дар Афғонистон ба 108 ҳазору 800 нафар расид. Ҷанг дар тамоми мамлакат бо қувваи бештар давом мекард, вале хароҷоти моддӣ ва дипломатии ҷанг барои СССР хеле зиёд буд. Исёнгарон ёрии мусаллаҳона гирифта, ба қӯшунҳои советӣ зарари калон мерасонданд. Роҳбарияти СССР фаҳмид, ки онҳо дар ҷанги Афгонистон ғолиб омадан наметавонанд.
Дар миёнаҳои соли 1987 Маскав, ки онҷо акнун Михаил Горбачёви ислоҳотгаро ба қудрат расида буд, аз нияти оғози хуруҷи неруҳои худ хабар дод. Горбачёв Афғонистонро ошкоро «захми хуншор» номид.
Ҷанги Шӯравӣ ва Афғонистон беш аз нӯҳ сол аз декабри 1979 то феврали 1989 давом кард. Дар расонаҳои ғарбӣ онро баъзан “Доми хирс” меноманд, зеро ин ҷанг яке аз муҳимтарин сабабҳои суқути ИҶШС буд. Гумон меравад, ки дар он беш аз 15 ҳазор сарбози шӯравӣ кушта, 35 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд. Дар ҷараёни ҷангҳо то 1,5 миллион сокини осоишта кушта шуданд, миллионҳо афғонҳо аз кишвар, асосан ба Покистон ва Эрон, фирор карданд.
14 апрели соли 1988 дар Женева ҳукуматҳои Покистон ва Афғонистон бо иштироки ИМА ва СССР ҳамчун кафил “Созишнома оид ба ҳалли вазъ дар Ҷумҳурии Афғонистон” -ро имзо карданд. Онҳо графики баровардани контингенти шӯравиро муқаррар карданд, ки он аз 15 майи соли 1988 то 15 феврали соли 1989 сурат гирифт.
Пас аз ҷанг Афғонистон ба харобазор табдил ёфт, аммо забт нашуд …

“Ветнами дуюм”-и ИМА
Баъди хуруҷи неруҳои Шӯравӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон идома кард. Роҳбари нави тарафдори шӯравӣ Наҷибулло ба ҳуҷуми муҷоҳидин базӯр тоб меовард. Ҳукуматаш пароканда шуд, бисёре аз аъзои он ба тарафи мухолифин гузаштанд. Соли 1996 Кобул ва аксари қаламравҳои Афғонистон таҳти назорати “Толибон” гузаштанд. Наҷибулло дар бинои намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахт пинҳон шуд, вале аз ҷониби “Толибон” асир гирифта ва ба дор овехта шуд.
Пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, президенти ИМА Ҷорҷ Буш “Толибон”-ро муттаҳам кард, ки гӯё созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ Усома ибни Лоданро дар Афғонистон пинҳон кардаанд. Иёлоти Муттаҳида ба “Толибон” ултиматум гузошт: ӯро ҳарчи зудтар ба ихтиёри адлияи амрикоӣ супоранд. Рӯзи 21 сентябр “Толибон”инро рад карданд ва гуфтанд, ки Иёлоти Муттаҳида далели кофии қавии даст доштани ин созмон дар ҳамлаҳо дар Ню-Йорк ва Вашингтонро пешниҳод накардааст.
Амалиёти низомӣ алайҳи толибон шоми 7 октябри соли 2001 оғоз шуд. Дар зарбаи аввал 40 ҳавопаймои ҷангӣ иштирок дошт; аз киштиҳои Америка ва Англия қариб 50 мушаки болдор cap дода шуд.
Дар давоми як моҳи аввал амалиёти ҷангӣ танҳо бо зарбаҳои ҳавоии ИМА ба ҳадафҳои низомии ҳаракати толибон маҳдуд шуд. Сипас амалиёти заминӣ оғоз ёфт, ки дар он амрикоиҳо сарнавишти артиши шӯравиро такрор карданд …
29 феврали соли 2020 дар Доҳа, пойтахти Қатар, Иёлоти Муттаҳида ва “Толибон” созишномаи сулҳро имзо карданд. Дар он пешбинӣ шуда буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар давоми 14 моҳ аз рӯзи имзои созишнома нерӯҳои худро аз Афғонистон комилан берун хоҳанд кард.
15 август толибон Кобулро ишғол карданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва фирор кард.
Шаби 30 ба 31 август охирин низомии амрикоӣ (фармондеҳи дивизияи 82-юми ҳавоӣ генерал-майор Кристофер Донахю) қаламрави Афғонистонро тарк кард. Толибон ба ин муносибат дар осмони Кобул як оташбозии бошукӯҳе ташкил карданд. Рӯзи 31 август анҷоми расмии тамоми маъракаи низомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гардид.
Дар тӯли тақрибан 20 соли ҳузураш дар Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида 2461 низомӣ ва ғайринизомиёнро талаф додааст. Зиёда аз 20 ҳазор шаҳрванди ИМА захмӣ шуданд. Талафоти ғайринизомиён, тибқи баъзе маъхазҳо, беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Афғонистон боз мутеъ нашуд…
Асад Беҳрӯз