Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому

Асирони Австро-Венгрия дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил нест, ки зиёд шаҳрвандони хориҷиро қабул мекунад. Қисман сабаб дар он аст, ки кишвар дурдаст, начандон доро, гоҳо ҳатто хатарноку барои ивази ихтиёрии макони зист начандон матлуб маҳсуб меёбад. Дар гузашта низ Тоҷикистон, дар баробари Сибир, Шарқи Дур, дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бештар ҳамчун минтақаи барои бадарғакунӣ муносиб баррасӣ мегардид. Наслҳои пешин метавонанд солҳои 1940-50 – замонеро ба ёд оранд, ки ба ин ҷо олмониҳои соҳилҳои Волга, халқҳои Қафқоз, тоторҳои Қрим, эрониҳо, кореягиҳо ва дигарон истирдод мешуданд. Зимнан, ба Тоҷикистон дар қиёс бо Ўзбекистон шумораи ба маротиб камтари одамон фиристода мешуд. Маҳз аз ин сабаб саҳфаҳои то ҳанўз норўшани таърихи ватан, вақте кишвари мо барои касе паноҳгоҳи бигузор маҷбурӣ, аммо дар ҳар сурат наҷотбахш мешуд, таваҷҷўҳи хосаро ба худ ҷалб мекунанд. Дар матлаби мазкур сухан аз даврони Ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918), аз замоне меравад, ки хоки тоҷикон барои асирон аз империяи дурдасти Австро-Венгрия хона шуд.

Дар замони Ҷанги якуми ҷаҳон тақрибан 8 миллион нафар аз ҳарду тараф ба асирӣ гирифта шуданд. Аз онҳо андак зиёдтар аз 2 миллион шаҳрвандони Австро-Венгрия буданд, ки ба асорати русҳо афтоданд. Азбаски дар он солҳо уезди Хуҷанд, ки қисми Империяи Русия буд, ақибгоҳи дури он маҳсуб меёфт, он низ ба сифати макони ҷойгиркунии асирони ҳарбӣ интихоб гардид. Мутаассифона, мавзўи будубоши хориҷиёне, ки дар замони Ҷанги якуми ҷаҳон дар Тоҷикистон дар асорат буданд, истифода аз меҳнати онҳо дар иқтисоди минтақа, сиёсати ҳукуматдорон нисбати аҳолии маҳаллӣ берун аз таваҷҷўҳи илмии таърихнигорони шўравӣ монд. То охири асри ХХ ба омўзиши масъалаи мазкур дар Тоҷикистон касе ҷиддан машғул набудааст. Дар асри нав ба тадқиқи он таърихнигори олиҷаноб Шарифҷон Ҷалилов тариқи китоби «Пажвоки Ҷанги якуми ҷаҳон дар уезди Хуҷанд» (с. 2006) саҳми назаррас гузошт. Маълумоти муҳимро доир ба мавзўи мазкур аз китоби Ҳасанбой Шарифов «Манзили аҷдоди мо» (с.2007) пайдо кардан мумкин аст. Ҳамчунин соли 2014 матлабе дар нашрияи «Азия Плюс» бо номи «Нишонаҳои Ҷанги якуми ҷаҳон дар Хуҷанд» ба он бахшида шуда буд, ки ба қалами рўзноманигор Б. Абдураҳмонова тааллуқ дошт. http://www.toptj.com/News/2014/05/09/sledy_pervoy_mirovoy_voyny_v_khudzhande. Матлаби мавриди назари шумо кўшише баҳри идомаи таҳқиқи мавзўи мазкур аст.

Вуруд ва ҷобаҷошавӣ

Маълум аст, ки дар генерал-губернатории Туркистони Империяи Русия наздики 150 000 асири ҳарбӣ аз Австрия (АҲА) нигоҳ дошта мешуд, аз онҳо 55 000 ба вилояти Самарқанд ва тақрибан 7 000 ба Хуҷанд равона карда шуданд. Гурўҳи якуми асирони австриягӣ иборат аз 180 нафар ба истгоҳи Драгомировои роҳи оҳан (имрўз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст) 28 сентябри соли 2014 расид. Барои то соҳилҳои Сирдарё расидан ба онҳо лозим омад, ки дар вагонҳои пур аз одам даштҳои сўзонро убур кунанд. То макон бо либоси низомии пўсида, пойафзоли фарсуда, беҳолу мадор ва бемор расиданд. Тавре сокинони онзамона мегуфтанд, як қисми асирон дар роҳ, дар вагонҳо фавтиданд. Ҷасадҳои онҳоро каме дуртар аз ҳамон истгоҳ ба хок супориданд. 5 сол пас худи асирон дар ҷои дафн ёдгории 3-метраи сангин гузоштанд, ки то ба имрўз ба шарофати кўшишҳои сокини ноҳияи Ҷабор Расулов ҳифз шудааст. Рўи он ба 3 забон (олмонӣ, русӣ, форсӣ) навишта шудааст: «Аз рафиқон ба асирони низомие, ки с. 1919 фавтидаанд».

Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому
Ёдгорӣ дар Драгомирово (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)

Ҷобаҷокунӣ ва ташвишҳои марбут ба АҲА ба зиммаи ҳукуматдорони маҳаллӣ (подшоҳӣ) вогузошта шуд, ки ба идораи ҳарбии Туркистон тобеъ буда, аз ҷониби афсарони рус идора мешуданд. Дар маҷмўъ, муносибат ба асирон дар заминаи башардўстӣ буд. Сараввал низомиҳои қаторӣ дар ўрдугоҳи наздики қалъаи шаҳр ҷой дода шуданд, афсарон дар гарнизони ҳарбӣ нигоҳ дошта мешуданд. Айни замон дар ин мавзеи соҳили Сир осорхонаи шаҳрӣ ҷойгир аст. Ба хотири пешгирӣ аз низоъҳои эҳтимолӣ, ҳукуматдорон кўшиш доштанд низомиёни аврупоиро аз аҳолии мусулмони маҳаллӣ ҷудо нигоҳ доранд ва умуман онҳоро берун аз ҳудуди шаҳр бароранд.

            Ба зудӣ, дар моҳи сентябри соли 1915, дар соҳили рост бунёди шаҳраки иқоматии казармавӣ барои 6 ҳазор нафар, инчунин сохтмони паром аз соҳили чап, ки дар он маркази шаҳр ва гарнизони рус воқеъ буд, ба соҳили рости нисбатан холӣ анҷом ёфт. Дар муҳлати кўтоҳтарин ғайр аз ўрдугоҳ боз ҳаммомҳо, ошхонаҳо, сартарошхонаҳо, шифохона ва дигар унсурҳои муҳимми зерсохторӣ ба истифода дода шуданд. Хуҷандиҳои корчалон дар атрофи шаҳрак нуқтаҳои савдо кушоданд. Паром бо ҷидду ҷаҳди тамом кор карда, пагоҳӣ АҲА-ро ба кор мебурду бегоҳ пас меовард.

Дар ҷабҳаи меҳнат

Қонун истифода аз меҳнати асиронро дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иҷозат медод. Афсарон аз ўҳдадории меҳнатӣ озод буданд. Ба корҳои маҷбурӣ танҳо сарбозон ҷалб мешуданд. Ҳокимону корхонаҳои махаллӣ ба истифода аз меҳнати асирон ба сифати неруи кории арзон таваҷҷўҳи зиёд доштанд. Мувофиқи қоидаю тартиб, сардорони рус асиронро ба аҳолии маҳаллӣ ба киро месупориданд. Асосан онҳо дар корҳои кишоварзӣ, аммо сирф дар хоҷагиҳои «аслан русӣ» истифода мешуданд. Ба ин тариқ, австриягиҳо саҳми худро ба рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ, махсусан шодоб кардани Мирзочўл саҳми худро гузоштаанд. Моҳи августи соли 2016 онҷо 594 асир кор мекард.

Аз теъдоди умумии асирон тақрибан нисфаш (3000) на дар шаҳр, балки берун аз он – онҷо, ки имрўз ноҳияҳои вилояти Суғд ва навоҳии ҳамсарҳади Ўзбекистон ва Қирғизистон, аз ҷумла конҳои ангишти Сулукта, Чимион, Қизил Кия, корхонаи истихроҷи нафти Ширкати Осиёимиёнагии Нафтӣ ва ғайра ҷойгиранд, кор мекарданд.

Аз болои коргарон назорат ба роҳ монда мешуд. Ба сокинони шаҳр қабул кардани хориҷиён дар хонаҳои худ манъ буд. То ки дар заминаи миллӣ ё мазҳабӣ ихтилофе ба миён наояд, ба австриягиҳо ба шаҳрҳои кўҳна даромадан ва ғизои «беҳтар аз коргарони рус» истеъмол намудан манъ мешуд.

Бисёр асирон дар корхонаҳои саноатиии Хуҷанд, хоса дар корхонаи истеҳсоли шиша (Деҳмой) заҳмат мекашиданд. Афсару сарбозон инчунин барои адои хидмати посбонӣ ҷалб мешуданд. Дар худи шаҳр асирон ба корҳои гуногун тақсим шуда буданд. Дар байни онҳо мутахассисони тиб, мўзадўзон, бинокорон, сартарошон ва ғайра буданд. Масалан, лейтенант Кобер нахустин харитаи релйефии Хуҷанд ва атрофи онро тартиб дод. Дар соҳаи тандурустӣ доктор Теодор Лани фан Маглот, Алдо Смареля, поручик Рудолф Вентруба ва бисёр касони дигар фаъолият доштанд. Барои меҳнати хуб ба бисёр асирон ҳуқуқи гаштугузори озод на танҳо дар қисмати русии шаҳр, балки дар қисми мусулмонии он низ дода мешуд. Мутахассисони баландихтисос нуфузу эътибори хоса доштанд ва ба ҳаёти иқтисодию фарҳангии уезди Хуҷанд саҳми назаррас мегузоштанд.

Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому
Хуҷанд дар оғози асри ХХ

Дар бораи ҳайати миллии асирон маълумот кам аст, аммо метавон гуфт, ки аз миёни онҳо ба славяниҳо муносибат хоса буд. Онҳо имтиёзҳо, махсусан дар мавриди адои расму русуми мазҳабӣ доштанд. Ба онҳо ҳамчунин аз ҷониби созмонҳои мухталифи хайрия ва ашхоси алоҳида кўмаки моддӣ мерасид. Масалан, граф Э. Митселский-Троянский моҳи феврали с. 1915 бо 146 славянии асир вохўрӣ барпо карда буд. Ба олмониҳо муносибат бадтар буд. Санадҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки ўрдугоҳи солҳили Сирдарё сирф славянӣ ё венгерӣ-олмонӣ набуд. Он ҳайати омехта дошт.

Оромгоҳ

Расму оини дафни асирони фавтида зиёд баҳсҳоро ба миён меовард. Лютеранҳоро аввал дар қабристони православии маҳаллӣ гўр мекарданд, баъдан инро манъ карданд, зеро қабристон хурд буд. Моҳи майи соли 1915 қарор шуд онҳо бевосита дар паси биноҳои шаҳрак дар соҳили рост, дар домани кўҳи Мевагул ба хок супорида шаванд. Имрўз дар наздикии маскани охирини асирон Ҷумъабозор – яке аз маконҳои пурҷўши шаҳр воқеъ аст. Оромгоҳ «Гўри авестӣ» ном гирифт (гоҳо «авестир», ки ҳарду талаффузи тоҷикии «австриягӣ» астанд). Соли 1940 дар наздикии он маҳбас воқеъ буд. Пас аз Ҷанги бузурги ватанӣ давраи гуруснагӣ фаро расид ва роҳбарияти маҳбас қарор дод оромгоҳи фаромўшшударо шудгор ва кишт кунад. Соли 1949 худи маҳбусон трактор ҷамъ карда сохтанд ва устухонҳоро кофта гирифтанд. Замин барои зироаткорӣ истифода мешуд. Соли 1960 дар ҷои қабристон комиссариати ҳарбӣ бунёд гардид. Пеш аз оғози сохтмон устухонҳои боқимондаи АҲА-ро дар наздикӣ, дар он ҷое, ки имрўз маҳаллаи 18-уми шаҳр ҷойгир аст, ба қабри умумӣ гузоштанд. Макони дақиқи он маълум нест.

Саҳм ба фарҳанг

Асирони ҳарбии Австро-Венгрия ба Тоҷикистон фарҳанги то ҳанўз инҷо нодидаи аврупоиро оварданд, ки ба фарҳанги русӣ монанд набуд. Ҷузъиёти меъморӣ (ороиши дару тирезаҳо), мебел (мизу курсиҳо)-и сохти аврупоӣ манзилҳои тоҷиконро зиннат мебахшиданд.

Асирони дўстдори чойхонанишинӣ, ки барояшон шояд ёде аз қаҳвахонаю тарабхонаҳои Аврупо буд, онҷо нишаста ҳам байни худ ва ҳам бо мусулмонон суҳбат мекарданд. Маблағҳои аз кор ба даст овардаашонро онҳо дар бозори Чоршанбе харҷ мекарданд, ки онҷо ҳам бо аҳолии маҳаллӣ ҳамсуҳбат мешуданд. Бисёриҳо бо шаст дар лаби Сири пуроб, ки дарёи Дунайро ба хотирашон меовард, ба моҳидорӣ машғул шуданро дўст медоштанд. Ҷавонони тоҷик одатҳои маишӣ, либоспўшӣ, ороиши мўйи хориҷиёнро аз худ мекарданд. Аз он замон ба ҷавоне, ки мувофиқи мўд либос ва мўйсари кўтоҳ дошт, шаҳрвандон мегуфтанд: «Афтат ба авестӣ монанд».

Рўйдоди бузурге дар ҳаёти фарҳангии Хуҷанд созмон додани оркестри иборат аз 95 мутриб дар моҳи марти соли 1915 буд. Асари мусиқавии писандидаи оркестр рақси маҷории «чардаш», ҳамчунин «полка», валсҳои Штраус, маршҳо, оҳангҳои русӣ ва украинӣ буданд. Дирижёри оркестр прапоршик Дизе Анд буд. Гурўҳи санъаткорон консертҳои хайриявӣ медод, дар боғҳо, кинотеатрҳо пеш аз намоиши филмҳо баромад мекард. Ҳаққи меҳнати мутрибон саховатмандона пардохт мешуд, онҳо аз ўрдугоҳ ба қалъа гузаронда шуда, онҷо паҳлў ба паҳлў бо афсарони рус иқомат мекарданд. Озодона дар қисми мусулмонии шаҳр гаштугузор мекарданд.

Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому
Генерал-губернатори Туркистон А.Куропаткин

Овозаи оркестр берун аз уезд паҳн шуд.  Таҳти навоҳои он шаҳрвандони сарватманд дар масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷанд барои займҳои ҳарбӣ худро номнавис мекарданд ва ба нафъи сарбозони маҷрўҳи рус пул месупориданд. Як қатор чорабиниҳои хайриявӣ барои кўмак ба ҷабҳа замони ҷашнгирӣ аз 50-солагии фатҳи Туркистон дар моҳи майи соли 2015 гузаронда шуданд. Оҳанги бузургдошти пирўзии ҳукумати шоҳиро асирон менавохтанд. Оркестр моҳи сентябри соли 1916 дар рафти ташрифаш ба Хуҷанд А. Куропаткинро истиқбол гиррифт. Бо пайдо шудани австриягиҳо ҳаёти фарҳангии шаҳр руҳи тоза гирифт ва хусусиятҳои то ин замон инҷо нодидаи аврупоӣ пайдо кард

Мушкилию уқубатҳо

Ҷанги бераҳмонае, ки ба касе лозим набуд, боис ба қурбониҳои нав ба нав ва интиқол ёфтани гурўҳҳои нави асирон мегашт. Ба корҳои ақибгоҳӣ ҷалб кардани мусулмонон сабаби исёни моҳи июли соли 1916 гашта, муносибати байни русҳо ва аҳолии маҳаллиро тезутунд сохт. Захираҳо ба худи шаҳрвандон – русу тоҷикҳо камӣ мекарданд, чӣ ҷои гуфтан аз асирон. Онҳое, ки соли 1916 оварда мешуданд, нисбати гурўҳҳои дар солҳои 1914-1915 интиқолёфта аҳволи хеле бадтар доштанд.

Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому
Аввалин гузаргоҳи киштии гузора тавассути Сирдарё дар Хуҷанд аз тарафи асирони ҳарбии австриягӣ дар Хуҷанд сохта шудааст. (Акс аз интернет, соли 1941 санагузорӣ шудааст)

Офати азиме барои аврупоиён бемории сироятии пеш аз инқилоб дар Осиёи Миёна паҳншуда – нағзак буд. Ғизои бад, сардиҳои зимистон, гармои тобистон, бемориҳо илова ба вазъи ҳарбӣ, ки дар вақти исён ворид карда шуд, ҳаёти асиронро тоқатфарсо мекарданд. Онҳо дигар наметавонистанд ба шаҳр рафта харид кунанд.

Интизом торафт заиф мешуд, майнўшию ҷанҷолҳо қатъ намегаштанд. Соли 1916 ҳодисаҳои фирори асирон афзуданд. Онҳо ба Русия, ба Қафқоз, сўи сарҳадҳои Чину Афғонистон мегурехтанд. Гунаҳгоронро ба ўрдугоҳи Гулча (Қирғизистон), дар наздикии марзи Чин равона мекарданд, ки низоми махсусан қатъӣ дошт.

Ҳукумати шоҳӣ дар дами шикаст буд.

Асирон ва инқилоб

Ҳокимияти шўравӣ дар Хуҷанд моҳи ноябри соли 1917 барқарор шуд. Пас аз имзои шартномаи сулҳи Брест санаи 3 марти соли 1918, Ҳукумати шўроҳо асиронро озод эълон намуда, ўрдугоҳҳои асиронро бекор намуд. Ин ҳамчунин маънои қатъи таъминоти АҲА-ро дошт. Аммо кор оид ба бозгардондани асирони ҳарбӣ, ки дар моҳи апрели соли 1918 сар шуда буд, аз сабаби ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтани кишвар қатъ гардид.

Ҳодисаҳои инқилобӣ дар тафаккури асирони ҳарбӣ тағйирот ба вуҷуд овард. Бисёр касон ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва мубориза бар зидди неруҳои муқобили иҷтимоӣ-синфӣ ва сиёсӣ кашида шуданд. Болшевикон дар симои онҳо иттифоқчии эҳтимолиро дар кори барқарор намудани ҳукумати шўравӣ ва ғалабаи инқилоби ҷаҳонӣ медиданд.

Бисёр бандиён ширкатро дар ҳаёти шаҳр дар солҳои аввали ҳокимияти шўроҳо идома медоданд. Онҳо забонҳоро таълим медоданд (олмонӣ ва англисӣ), дар бораи вазъи байналмилалӣ ва ҷунбиши коргарӣ дар муассисаҳои маориф лексияҳо мехонданд. Асирон ба отрядҳои байналмилалӣ, ки дар амалиёти ҷангӣ дар ҷабҳаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иштирок мекарданд, ҳам аз тарафи Артиши Сурху ҳам аз тарафи рақибони он дохил шуда меҷангиданд.

АҲА, ки бе кўмаку назорати давлат монда буданд, маҷбур шуданд мустақилона роҳи бозгашт ба Аврупоро ҷўянд. Азбаски роҳ сўи Русия то соли 1920 баста буд, ҷодаи пур аз хавфи дигар боқӣ мемонд – тариқи Бухоро ва Афғонистони ҳамсоя, аз он ҷо ба Ҳиндустони Бритонӣ ва сипас бо роҳи баҳрӣ ба Аврупо.

Авестӣ дар Помир

Он замон қисми шарқии Помир (Мурғоб) дар ҳайати Русия буд. Қисмате аз Помири Ғарбӣ ва тамоми Помири Ҷанубӣ (Шуғнон, Рўшон, Вахон) расман ба амири Бухоро тобеъ буд, вале то анҷоми соли 1918 дар асл таҳти идораи русҳо қарор дошт. Торҳои ҳокимияти ҳарбӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ, судӣ, инчунин марзбонӣ комилан дар дасти сардори отряди Помир буданд. Пас аз инқилоби феврали соли 1917 ба отряди Помир теъдоди муайяни тоҷикони маҳаллӣ ва асирони низомӣ ба ҳайси милитсионерҳои ихтиёрӣ қабул шуд. Мақомоти таъсисдодаи Ҳукумати Муваққатии Русия дар Помир танҳо моҳи ноябри соли 1918 пош хўрд. Намояндаи онҳо, сардори отряд полковник В. В. Фенин аз иҷрои фармони болшевикҳои Тошканд сар кашид ва ҳамроҳ бо 32 афсару сарбоз тариқи Ишкошим ба Ҳиндустон фирор намуд. Дар постҳо танҳо милитсионерҳои тоҷик, АҲА ва кормандони тиббии рус монданд. Аз ноябри соли 1918 то марти 1919, вақте ба Помир болшевикон А.А. Холмаков ва П. Воловик ҳозир шуданд, сардори аслии отряд ва бинобар ин роҳбари ҳукумати мулкии Помир табибе аз ҷумлаи асирони австро-венгерӣ, хорват (мувофиқи сарчашмаҳои дигар, чех) Вичич буд.

АҲА дар сафи «сафедҳо» ҳам буданд. Моҳи июли соли 1919 дар яке аз дидбонгоҳҳои Помири Ғарбӣ гурўҳи афсарони сафед ва австро-венгериҳо дастгир шуд, ки як миқдор милтиқҳоро интиқол медоданд. Ба афсарони дастгиршуда бесилоҳ намудани посбонҳо ва паррондани Холмаков, сардори дидбонгоҳи Помир (дар Мурғоб) Гудинович ва фелдшери отряд муяссар гардид. Пас аз ин рўйдод, ба вазифаи роҳбари Кумитаи ҳарбӣ-сиёсӣ П.Воловик таъин шуд, ки дар навбати худ ба мансаби сардори отряди Помир Вичичро ва як моҳ пас асири дигар – П.Патснери маҷориро пешбарӣ кард. Дар моҳи сентябри соли 1919 ҳокимият боз тағйир ёфт: ҳайати фармондеҳӣ пурра ба тарафи сафедон гузашт. Моҳи декабри соли 1919 ба Хоруғ отряди полковник Ф. Тимофеев иборат аз 100 нафар ворид шуд, ки дар ҳайати он чехҳо, туркҳо, олмониҳо, австриягиҳо, русҳои сафед ва дигарон буданд. Аз ҳама бисёр дар отряд чехҳою словакҳо буданд. Болшевиконе, ки дар Хоруғ қарор доштанд, аз дидбонгоҳ фирор карданд ва дар деҳаҳои атроф, аз ҷумла дар тарафи дигари дарё, дар Афғонистон паноҳ ёфтанд. Тимофеев роҳбарии отряди марзбонии Помирро ба дўши худ гирифт.

Азизбек Наврузбеков
Азизбек Наврўзбеков

            Андак дертар, моҳи апрели соли 1920, отрядҳои қирғизҳо дидбонгоҳи Помирро дар Мурғоб забт намуда, ҳамаи афсару сарбозони русро парронданд. Аз бадшавии вазъ хабар ёфта, Тимофеев роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт. Қабл аз тарк кардани Помир ў нисбати тарафдорони болшевикон ҳукми қатл содир намуд, аз ҷумла нисбати яке аз болшевикони нахустини Помир Азизбек Наврўзбеков. А.Наврўзбеков ба хотир меовард, ки маҳз Вичич ўро аз қатл наҷот дод. Вай ба сафедҳо фаҳмонд, ки фаъолонро қатл карда, онҳо аҳолии маҳаллиро ба худ зид мекунанд. Дертар Тимофеев гумон пайдо кард, ки Вичич ба болшевикон майл дорад ва амр дод, ки ўро ба ҳабс гиранд. Аммо ба туфайли дастгирии аҳолӣ Вичич ва Воловик дар Афғонистон пинҳон шуданд.

Инак, Тимофеев фирор мекунад. Як қисми сарбозу афсарон бо ў рафтанд, қисми дигари «авестиҳо» дар хизмати ҳукумати нави Помир – мансабдорони амири Бухоро (беки Дарвоз) монд. Ёдрас мекунем, ки аз замони сарнагун шудани ҳукумати шоҳӣ дар соли 1917 то сентябри соли 2020 ҳукумати Бухоро қонунӣ маҳсуб меёфт.

Моҳи июли соли 1920 помириҳо бо ёрии болшевикон зидди бухориҳо шўриш бардоштанд. Аз Афғонистон Вичич ва Воловик баргаштанд, ки онҳоро афғонҳо мехостанд ба Кобул фиристанд. Онҳо ҳукуматро ба дасти худ гирифтанд. Вичич боз сардори отряди Помир интихоб шуд. Як моҳ пас бо фармони фармондеҳи фронти Туркистон ў ба яке аз дивизияҳои тирандозӣ сафарбар карда шуд ва дар моҳи августи соли 1920 ба вазифаи ў асири дигари ҳарбӣ П. Патснери маҷорӣ (венгерӣ) таъин гардид.

Ба ин тариқ, дар солҳои 1918-1920 АҲА платформаи ягонаи сиёсӣ надошта, ҳам ба ҳукумати шоҳӣ, ҳам ба Ҳукумати Муваққатӣ, ҳам ба сафедон, ҳам ба Шўроҳо ва ҳатто ба амири Бухоро хизмат мекарданд.

Хотима

Тадриҷан, ба ҳолати соли 1921, бо роҳҳои гуногун АҲА Тоҷикистонро тарк намуданд. Тавре муҳаққиқони олмонӣ Рейнхард Нахтигал ва Лена Радауэр менависанд, соли 1920 тақрибан 30 000 олмонӣ ва 118 000 австро-венгерӣ аз Сибир ва Осиёи Марказӣ ба зодгоҳҳои худ баргаштанд. Ин раванд бо интиқоли гурўҳи охирини асирони ҳарбӣ иборат аз 6 850 нафар аз Владивостон дар соли 1922 ба охир расид. Як қисми АҲА зиндагӣ дар диёри мусофиратро ба худ ихтиёр кард, ки барояшон ватани нав шуд.

Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому
Майдони бозор (Хуҷанд, оғози асри ХХ)

            Бо ҳама зулму бераҳамиҳояш Ҷанги якуми ҷаҳон дар муқоиса бо Ҷанги дуюм бо лагерҳои консентратсионӣ ва камераҳои газияш хеле бештар башарпарастона буд. Ин, аз ҷумла, бо кўшишҳои созмони Салиби Сурх ва назорат аз ҷониби кишварҳои бетараф даст дод, ки аз ўрдугоҳҳои асирони ҳарбӣ, аз ҷумла дар уезди Хуҷанд низ, боздидҳо анҷом медоданд. Бо вуҷуд, асирони низомӣ азобу уқубатҳои вазнинро паси сар мекарданд. Замоне ки онҳо дар асорат азият мекашиданд, ватани онҳо Австро-Венгрия аз давраи гуруснагӣ, бўҳрони иқтисодӣ ва инқилоб гузашта, пош мехўрд. Бино ба ҳисобҳои олимон, омори фавти асирон дар маҷмўъ дар Русия тақрибан 8%-ро ташкил медод. Яъне дар соҳилҳои Сирдарё ва кўҳсори Помиру Олой аз 500 то 1000 «авестӣ» макони охират ёфтаанд.  

            Бандиён нерўи муҳимми корӣ ҳам дар худи ўрдугоҳҳо ва ҳам берун аз онҳо буданд. Сарфи назар аз низоми ҷиддӣ, онҳо аз русҳо, тоҷикону ўзбекҳову қирғизҳои маҳаллӣ бо девори баланд ҷудо набуданд. Азбаски АҲА аксаран ҷавонони 18-35-сола буданд, онҳо ба зудӣ сиёсӣ шуданд ва ба ҳаводисе, ки дар атрофи онҳо ҷараён мегирифт, ҷалб мегардиданд. Дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1921 танҳо қисмати ками АҲА ба ташкилаҳои ихтиёрии ҷангӣ ҳамроҳ шуд. Дар Помир онҳо, мисли тоҷикони маҳалливу русҳо, мавқеъҳои мухталифро ишғол мекарданд – ҳам миёни ҷонибдорони ҳукумати Шўравӣ буданду ҳам дар байни рақибонашон. Дар зимн ҳеҷ далели зўроварӣ аз тарафи асирони ҳарбии аврупоӣ нисбати тоҷикон қайд нашудааст. Аксари асирон дар ҳолати зертобеӣ ё нимозодӣ боқӣ мемонданд. Онҳо бештар дар фикри зиндамонӣ ва бозгашти ҳарчӣ зудтар ба ватанашон буданд, на ширкат дар низоъҳои маҳаллӣ.

Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому
Хавз дар назди масҷид (Хуҷанд, оғози асри ХХ)

Муносибати аҳолии маҳаллӣ ба австро-венгериҳо ба камӣ бетарафона буд. Тоҷикон ба АҲА чун ба душманон наменигаристанд, зеро худро ба пуррагӣ шаҳрванди Русия эҳсос намекарданд. Хуҷандиҳо, ҳамчун одамони бегонаасли аз лиҳози мардумшиносӣ ва мазҳабӣ мутафовит, дар шаҳри кўҳна, ҷудо аз русҳо зиндагӣ мекарданд. Гўши онҳо нисбати таблиғоти милитаристӣ ва панславии шоҳӣ кар буд ва чашмашон фарқеро миёни маҷорӣ, олмонӣ, чех ё славянии Балкан намедид. Барои тоҷикон ҳамаи онҳо «авестӣ» буданд. Бо фарҳангу менталитети хуҷандию помириҳо ошно буда, ҷуръат ба қазовате мекунам, ки онҳо ба асирон аз Аврупо бо мароқмандию ҳамдардӣ муносибат мекарданд. Тақрибан ҳамон гунае, ки ба АҲА дар сар то сари Русия муносибат доштанд.

Сад сол пеш (воқеан, имрўз ҳам) ба шаҳрҳои Тоҷикистон таваҷҷўҳу таъсири Аврупо зиёд набуд. Аммо бо вуҷуд, он буд. Хоса, дар уезди Хуҷанд, минтақаи аз ҳама рушдкардаи Тоҷикистон, ки дар соҳили шоҳраги обии минтақа ва дар чорраҳаи хатҳои муҳимтарини нақлиётӣ воқеъ аст. Қисми бештарини шаҳрвандони хориҷиро, ки дар Тоҷикистон дар давраи байни ду ҷанги ҷаҳонӣ ва ҳатто пас аз он ҳам қарор доштанд, асирони Ҷанги якум ташкил медоданд. Агар юриши Искандари Мақдуниро сарфи назар кунем, ҳеҷ гоҳ дар таърихи хеш Хуҷанд ин шумора сокинони бумии Аврупои Ғарбӣ ва Шарқиро надида буд.

Дар нимаи дуюми даҳаи дуюми асри 20 ҳар сокини чоруми ин шаҳри қадима чех, словак, маҷорӣ, олмонӣ, лаҳистонӣ, серб, украинии ғарбӣ буд. Эҳтимол, аз ҳамин сабаб Хуҷанд имрўз яке аз шаҳрҳои космополитӣ, кушода ва либералии Тоҷикистон мебошад, ки урбанизм ва дастовардҳои фарҳанги Аврупоро қадр мекунад. Беҳуда нест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 уезди Хуҷанд (вилояти Суғди имрўза) сарпанаҳе буд, ки дар он тоҷикон аз даҳшатҳои ҷанги ҷануб пинҳон мешуданд.

Камолудин Абдуллоев, таърихнигор

Оцените статью

Авестӣ дар соҳилҳои Сиру Ому Асирони Австро-Венгрия дар Тоҷикистон Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил нест, ки зиёд шаҳрвандони хориҷиро қабул мекунад. Қисман сабаб дар он аст, ки кишвар дурдаст, начандон доро, гоҳо ҳатто хатарноку барои ивази ихтиёрии макони зист начандон матлуб маҳсуб меёбад. Дар гузашта низ Тоҷикистон, дар баробари Сибир, Шарқи Дур, дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бештар ҳамчун минтақаи барои […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.