Ҳарфи «Ъ»-ро аз алифбо намебардоранд

Чанде пеш мавҷи овозаҳое хест, ки дар парлумони Тоҷикистон нақш ва ҷойгоҳи аломати сактаЪ” дар калимасозӣ баррасӣ ва масъалаи аз байн бардоштани он ба миён гузошта шудааст. Аммо акнун ҳама метавонад нафаси сабук барорад — маълум шуд, ки ин Семинари машваратӣ ба таҳлилу омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бахшида шуда буд, на ба бардоштани «Ъ» аз алифбо.

Дар семинари мазкур забоншиносони варзидаи кишвар қайд намуданд, ки бо назардошти печидагӣ ва норавшании бисёр нуктаҳои қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ баъзе масъалаҳои баҳсбарангез, номуайянӣ дар номи ҳарфҳо,  таърифи дурусту мавқеъи ҳарфи «ъ» ва нақши онро дар калимасозӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Як ҳарф маъниро ба куллӣ тағйир дода метавонад

Бо вуҷуд, ин хабар дар бахши тоҷикии Facebook интиқодҳои зиёдеро ба бор овард. Бисёриҳо изҳори ҳайрат мекарданд, ки наход вакилон кори дигар надошта бошанд.

Ҳарфи «Ъ»-ро аз алифбо намебардоранд

“Ин шармандагӣ аст. Наход онҳо аз буҳрони шадиди иқтисодӣ нигарон набошанд, ки имрӯз тамоми ҷаҳон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои раҳоӣ аз он аст», – суол кард фаъоли шабака Зикрулло Умаров.

Искандар Раҳмон тааҷҷуб аз он мекард, ки чӣ гуна метавон қоидаҳои имлоро муҳокима ва баррасӣ намуд, дар ҳоле онҳо кайҳо тасдиқ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар қонун аввал баррасӣ ва сипас қабул мешавад. «Дар мавриди қоидаҳои имло ҳама чиз баръакс шуд. Ин тавр бошад, шитобкорӣ чӣ лозим буд?”

Ҷамшед Орифиён, як фаъоли дигар, иброз дошт: “Маҳз қабули ин қоидаҳои нав сабаби  бесарусомонӣ дар имло дар кишвар гаштааст.” Ӯ забони англисиро мисол овард, ки калимаҳои зиёде дорад, ки  баъзе ҳарфҳояшон дар навишт ҳастанд, аммо хонда намешаванд.

«Мо ҳам бояд имлои ӯ-ро дар навишт нигоҳ медоштем, аммо дар нутқ талаффуз намекардем. Бигузор ҳар кас вобаста ба лаҳҷаи минтақаи худ истифода ва талаффуз кунад, набояд ин хато ҳисобида шавад”, – ақида дорад ӯ.

Ҳарфи «Ъ»-ро аз алифбо намебардоранд

Носир Назарзода катъиян зидди ин аст, ки “ъ” аз алифбо берун карда шавад. Ӯ мегӯяд, ки забоншиносон набояд ҳеҷ гоҳ ин корро кунанд, ин ҳарф ва садо аз қадим дар мардуми мо буд, ҳаст ва хоҳад монд. «Илтимос, ба забоне, ки аз Рӯдакиву Айнӣ ва дигар мутафаккирон ба мо мерос мондааст, дигаргуниҳои бемаънӣ ворид накунед. Як ҳарф метавонад маънои калимаро ба куллӣ тағйир диҳад,” – хитоб ба мутахассисон мекунад ӯ.

  • Рӯзноманигорони тоҷик мисолҳои мухталиф оварданд, ки агар “ъ” аз забони тоҷикӣ бардошта шавад, калимаҳо чӣ гуна садо хоҳанд дод. Бархе мисолҳо “аз ҳад гузаронданд”:
  • шӯъла — шула,
  • туъма — тума,
  • саъба — саба,
  • каъба — каба,
  • наъра — нарра.
  • Яъне, ҳама калимаҳо маънияшонро дигар ё гум мекунанд. Масалан, калимаи охир “наъра” (ғуррас, фарёди ҳайвон, масалан, шер ё паланг) – ба нарра (узви таносули мард) табдил меёбад.

 «Ё раисони муҳтарам ва ба ном «хизматгорони халқи тоҷик»! Ба бозор қадам ранҷа фармоед ва ба нархҳо назари мубораки худро андозед, он гоҳ дақиқан дарк мекунед, ки аломати сактаро ба куҷо занеду чӣ тавр истифода баред! Ба мардум нону шакари арзон лозим аст, на аломати сакта», – менависад бо пичинг корбар Фазлиддин Ғиёсов.

Касе ҳуқуқи ворид намудани тағйиротро ба қоидаҳои нави имло надорад

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода бо радди иттиҳомоти беасос изҳор дошт, ки кумита ба ҳеҷ ваҷҳ аломати сактаро аз алифбо хориҷ карданӣ набуд ва нест. Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумат ҶТ қабул шудаанд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки дар онҳо чизеро тағйир бидиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, чунин семинарҳои омӯзишӣ бахшида ба таҳлил ва омӯзиши қоидаҳои нави имло аз ҷониби Кумитаи забон пайваста баргузор мешаванд. Чанде пеш чунин як чорабинӣ намояндагони ВАО-и ватаниро сари як миз ҷамъ оварда буд, дар ин миён таҳиягарон ба чанд нукта равшанӣ андохтанд.

Вақте ба тоҷикӣ мехонам, дилам хун мегирад

Ҳарфи «Ъ»-ро аз алифбо намебардоранд
Тест из сомона: apk-dl.com

Умуман, аксарият мухолифи ислоҳу иловаҳои зуд-зуд рӯйдиҳанда ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки дар бисёр кишварҳо дар 50 сол ҳам ҳеҷ тағйирот ба қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат ворид намекунанд.

Муҳандиси геодезист Мирзо Раҳматов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳарриру ровиҳои телевизиону радио, бахусус забоншиносон бо хоҳише муроҷиат кард, ки забони пештараи фаҳмо ва зебои тоҷикиро ба мардум баргардонанд! «Вагарна наслҳои оянда моро намебахшанд!» – таъкид кард ӯ.

«Ман қариб 70-солаам! Фахр мекунам, ки аз насли ориёиву Сомониён ҳастам! Аммо ман намефаҳмам, ки шумо бо кадом забон гап мезанед! Мехоҳед ба лаҳҷаи эронӣ гузаред??? … Яъне шумо забони классикони мо Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва ҳамзамононамон Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Бобоҷон Ғафуровро хат мезанед. Охир, онҳо ифтихори мардуми тоҷиканд ва эътирофи ҷаҳонӣ доранд!» – изҳори нороҳатӣ кард Раҳматов ва афзуд, ки дар 30 соли истиқлолият ягон нависанда ва шоири ба онҳо баробар пайдо нашудааст.

«Вақте рӯзномаеро ба забони «тоҷикӣ»-и имрӯза мехонам ё телевизор тамошо мекунам, дилам хун мешавад. Қариб 50% калимаҳоеро, ки мегӯянду менависанд, намефаҳмам! Ман аллакай ба шубҳа омадаам, ки мумкин ман тоҷик набошам ???”, – суол мекунад ӯ.

Генерали артиш ё артишсолор?

Ҳамчунин М. Раҳматов изҳори норозигӣ аз кўшиши тоҷикӣ кардани унвонҳои низомиён намуд. Бо ин ташаббус якчанд сол пеш забоншиносони мо баромад карда буданд. «Ҳақ ба ҷониби Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки гуфт, ҳоло вақти ин нест! Бобову падарони мо, вақте моро аз фашистони гитлерӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳимоя мекарданд, ин унвонҳоро доштанд!!!»- таъкид намуд ў.

Пажуҳишгар Умед Ҷайҳунӣ, баръакс, ин номивазкуниҳоро як зарурат медонад. «Чаро Тоҷикистон наметавонад рутбаҳои низомии худро дошта бошад? Дар артиши миллӣ истилоҳот бояд то ҳадди имкон миллӣ бошад», – қайд мекунад ӯ.

Ҳарфи «Ъ»-ро аз алифбо намебардоранд

Ҷайҳунӣ дар асоси номи қисмҳо ва мартабаҳои низомии замони Аршакиён, Сосониён ва Сомониён номгӯйи хосаи унвонҳои ҳарбиро таҳия кардааст. Ӯ гуфт, баробарҳои тоҷикии унвонҳоро интихобу таҳия ва ба Кумита пешниҳод кардааст. Ин вожаҳо, ба андешаи ӯ, дақиқан мавқеву вазифаҳои хидматии афсару сарбозонро ифода мекунанд. Масалан, “солор” маънои “генерал”-ро дорад. Унвони олии низомӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон “генерали армия” мебошад. “Армия” бо забони тоҷикӣ “артиш” аст, идома дод ӯ ва шарҳ дод, ки “мо ин калимаро 30 сол пеш аз эрониҳо гирифта будем”. Яъне, генерали армия «артишсолор» мешавад. Ӯ илова кард, ки умумияти забон ба мо имкон медиҳад, ҳама чизеро, ки ба мо лозим аст, бигирем ва ба мо ҳама чиз даркор аст. Пажуҳишгар тарафдори муттаҳидшавӣ ва стандартҳои ягонаи истилоҳот миёни кишварҳои форсизабон буданашро иброз дошт. “Ҳама кишварҳое, ки забони муштарак доранд, истилоҳоти якхела ва ягона доранд”, – гуфт ӯ.

Масъалаи ба забони давлатӣ тарҷума кардани номи унвонҳои ҳарбии афсарону сержантҳои артиши миллӣ ҳанӯз соли 2018 матраҳ шуда буд. Баъдан Вазорати дифои Тоҷикистон инро зарур надонист.

“Дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон чунин унвонҳои низомӣ вуҷуд доранд ва ниёз ба тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ нест”, – омадааст дар посухи расмии вазорати дифоъ.

«Мо ба асли тоҷикии хеш баргаштем…»

Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ тобистони соли гузашта ба тасвиб расида буданд.

Он замон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ин рӯйдодро чунин шарҳ дода буд, ки мо ба асолати тоҷикии худ баргаштем ва талаффузи садоноку ҳамсадоҳо – ба асли худ.

Қобили зикр аст, ки ҳарфҳои «ы», «ц», «ь», «щ» қаблан дар алифбои тоҷикӣ мавҷуд буданд, вале соли 1998 аз алифбо ҳазф шуданд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот тавзеҳ дод, ки ислоҳот имлои нави ин ҳарфҳоро собит намуд, аммо таъкид кард, ки худи ҳарфҳо ба забон барнамегарданд.

Вай шарҳ дод, ки тибқи қоидаҳои нави имло баъзе ҳарфҳо дигар хел садо хоҳанд дод. «Масалан, тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (2011) номи ҳарфи М ҳамчун «эм», Л — ҳамчун «эл», Н — ҳамчун «эн», Р — ҳамчун «эр», С — ҳамчун «эс», Ф – “эф” талаффуз мешуд. Акнун, тибқи қоидаҳои нави забони тоҷикӣ ин ҳарфҳо минбаъд  “ме”, “ле”, “не”, “ре”, “се” ва “фе” номида хоҳанд шуд, – гуфт мусоҳиби мо.

Ҳарфи «Ъ»-ро аз алифбо намебардоранд

Ҳамчунин, дар қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ гуфта мешавад, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ номи касбу мансаб, унвонҳо ва мансабҳои расмӣ танҳо бо ҷинси мардона истифода шавад. Масалан, вожаҳое, аз қабили «раис», «котиб», «шоир», «адиб» ва ғайра дар мавридҳои мазкур бояд танҳо дар ин шакл истифода шаванд.

Илова бар ин, қоидаҳои имло навишти ҳарфи «й»-ро калимаҳое монанди «по», «чой», агар пас аз онҳо садонок ояд, (пойи чап, чойи сабз) нигоҳ доштанд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бар асоси Қоидаҳои нави имлои тоҷикӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ворид кардани тағйирот ба китобҳои дарсӣ, ҳамчунин ба Иттиҳодияи нависандагон, идораҳои расонаҳои маҳаллӣ ва нашриётҳо тавсияҳо омода кардааст, то ки онҳо қоидаҳои имлоро дуруст истифода баранд, зеро дар қоидаҳо дар банди алоҳида ба дуруст навиштани ному насаб дар журналҳои синфии макотиби миёна, олӣ, дафтару рӯйхатҳои ташкилотҳо ва ҳатто дар мактубу дархостҳои расмӣ таъкид карда мешавад.

Дар маҷмуъ, ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот ворид карда шудааст. То ин бори охир соли 2011 ислоҳу иловаҳо ворид карда шуданд, аммо акнун, бо ҷорӣ шудани қоидаҳои нави имло, имлои қаблӣ эътибори худро аз даст дод.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода бар ин назар аст, ки ҳар гуна тағйирот дар имло фавран аз худ карда намешавад. Барои мутобиқ шудан ба онҳо вақти муайян лозим аст.

Истифодаи вожаҳои мазкур бо пасванди «а» танҳо ба гуфтори гуфтугӯӣ хос аст, аммо дар гуфтори адабии хаттӣ ин комилан қобили қабул нест, мегӯяд ӯ ва илова кард, ки бисёр исмҳои мардона, ки шахсро аз рӯйи касб, вазифа, шуғл, унвони илмӣ ё фахрӣ номбар мекунанд (аз ҷумла «муаллим», «шоир», «нависанда») дар ҳама санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, услуби расмии корӣ шакли худро нигоҳ медоранд, вале айни замон онҳо метавонанд занонро ифода кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни тоҷик дастур дод, ки бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”-ро омода ва ба ҳукумат пешниҳод кунад.

Марям Темурзода

Оцените статью

Ҳарфи «Ъ»-ро аз алифбо намебардоранд Чанде пеш мавҷи овозаҳое хест, ки дар парлумони Тоҷикистон нақш ва ҷойгоҳи аломати сакта “Ъ” дар калимасозӣ баррасӣ ва масъалаи аз байн бардоштани он ба миён гузошта шудааст. Аммо акнун ҳама метавонад нафаси сабук барорад — маълум шуд, ки ин Семинари машваратӣ ба таҳлилу омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бахшида шуда буд, на ба бардоштани […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.