Дар Лигаи қаҳрамонҳои футболи Осиё ин рўзҳо номи як тим вирди забонҳост – «Истиқлол»-и Душанбе. Чи хел вирди забонҳо ҳам набошад, ки яке паси дигар дастаҳои номӣ ва ба пул ғарқи Амороти Муттаҳида, Арабистони Саудӣ, инчунин Ўзбекистонро мағлуб сохта, аз ҷойи аввал дар гурўҳ ба 1/8 финал роҳ ёфт ва бо ин сари садҳо ҳазор мухлиси футболи кишварро ба фалак расонд! Ва боз дар ҳоле, ки «Истиқлол»-ро дар гурўҳ аз оғоз аутсайдери бечунучаро медонистанд!
Ҳаводорони футболи тоҷик имрўз метавонанд аз футболбозони худ розӣ бошанд. «Истиқлол»-и пойтахт бори нахуст дар таърихаш дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ширкат варзида, натиҷаи беҳтарин нишон дод – дар марҳилаи гурўҳии ин мусобиқа мавқеи аввалро ишғол намуд ва акнун дар баробари бошгоҳҳои пурзўртарини минтақа муборизаро барои ҷом идома хоҳад дод.
Дарси футбол аз “Истиклол”
Қаҳрамони футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе аз марҳилаи интихобӣ гузашта, дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё нахуст бо «Шабоб ал-Аҳлӣ»-и Дубай вохўрд. Дар бозие, ки дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳди шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, касе ба кушодани ҳисоб ноил нагардид – 0:0.
Мусовиро бо яке аз довталабони Ҷоми КФО он замон бисёриҳо як иттифоқ, тасодуф пиндоштанд. Аммо дар бозии навбатӣ «Истиқлол» ғалабаи нахустини таърихии худро дар марҳилаи гурўҳии Лигаи қаҳрамонҳо ба даст овард: футболбозони тоҷик АГМК-и Ўзбекистонро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд. Дар ҳайати «Истиқлол» худро дар рўйхати муаллифони голҳо Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов номнавис карданд. Як голи дигарро бозигарони АГМК ба дарвозаи худ заданд: бахти легионери сербӣ Йован Ҷокич омад накард.

Дар бозии сеюм дар муқобили душанбегиҳо неруи аз он ҳам пурзўртар – ғолиби секаратаи (!) Лигаи қаҳрамонҳои КФО, бошгоҳи «Ал-Ҳилол» аз Арабистони Саудӣ интизор буд. Бо дарназардошти он, ки «Истиқлол» аслан бо ин тими пурзўр дар меҳмонӣ мебозид, ҳисоби 3:1, ки бо он футболбозони тоҷик вохўриро бохтанд, шикасти чандон ба назар намерасид. Ғайр аз ин, футболбозони тоҷик бозии арзанда нишон дода буданд. Тўби ягонаи моро Ваҳдат Ҳаннонов дар охири нимаи якуми бозӣ, ба таъбири шореҳони тоҷик, «ба самар расонид».
Вале сенсатсияи №1 ҳамаро дар даври навбатии мусобиқаи футболи Осиё мунтазир буд! «Истиқлол» ва «Ал-Ҳилол» боз дар Ар-Риёз вохўрданд ва ин бор ба футболбозони тоҷик баровардани қусури бохт «бо бақияаш» муяссар гардид: «Реал Мадриди Осиё» бо ҳисоби 4:1 торумор, зеру забар, титу пареш карда шуд!
Ҳисобро дар дақиқаи 24-ум ҳамлавари саудиён Бафетимби Гомис кушод. Ҳамон Гомисе, ки собиқаи ширкат дар лигаҳои олии Фаронса, Англия, Туркияро дошта, дар «Ал-Ҳилол» 7 миллион евро (!) маош мегирад.
Пас аз голи задааш Бафетимби чун ҳарвақта ба чор по истод ва ғуррасзанон, юзи сиёҳ – пантераро тасвир мекард. Бо ин ба хотири ҳама меовард, ки ўро «пантера» меноманд. Шояд он лаҳзаҳо ба гўшаи ёдаш ҳам наомада буд, ки бояд эҳтиёт бошад, зеро дар муқобили футболбозоне қарор дорад, ки лақаби шерҳоро доранд. Магар шерҳо мемонанд, ки юз бо туъмааш аз онҳо фирор кунад?!
Дар давоми 13 дақиқа «Ал-Ҳилол» чор зарбаи ҷонкоҳ хўрд. Аввал Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 39 ва 44-ум тўбро ду маротиба ба ҳадаф расонид, сипас навбати Манучеҳри дигар – Сафаров расид: ў ҳам ду бор, дар дақиқаҳои 49 ва 52-юм дарвозаи ҳарифро рахна кард. Ва бояд гуфт, ҳама голҳо дар натиҷаи амалҳои волои техникӣ зада шуданд – бо дигар роҳ ба чунин ҳариф гол задан ҳам намешуд!
Пас аз ин дар даври 5-ум «Истиқлол» бо «Ал-Аҳлӣ» вохўрӣ дошт. Дар сурати пирўзӣ «Истиқлол» дар садри ҷадвали гурўҳ мавқеъ мегирифт, вале коршиносон ҳанўз ҳам ба неруи «Истиқлол» бовар надоштанд. Мепиндоштанд, ғалабаҳояш тасодуфӣ буданд ва дер ё зуд афсонааш ба охир мерасад.
«Ал-Аҳлӣ» ҳам ин бор ба бозӣ бо ҷиддияти тамом омода шуда буд. Ин бор меҳмонон аз диёри кўҳсори бенафту газ бояд шикаст дода мешуданд!

Тими Аморот рафти бозиро воқеан зери назорат гирифта, бештар ҳуҷум мекард, вале тактикаи интихобнамудаи мураббии «Истиқлол» Виталий Левченко дар ниҳоят натиҷа дод. Душанбегиҳо дар хатти дифоъ камин гирифта, мунтазири фурсат барои ҳамлаи тақдирсоз буданд. Ва замоне, ки ҳама гумон доштанд, ин бозӣ бо мусовӣ меанҷомад – дар дақиқаи 95-уми бозӣ (!) ба муроди хеш расиданд. Ҳимоягари «Ал-Аҳлӣ» Ҳамдан Ал-Камолӣ дар наздикии ҷаримагоҳи худ ҳаял кард ва ин лаҳза кофӣ буд, ки Муҳаммадҷон Раҳимов тўбро аз ў гирифта, ба Алишер Ҷалилов барои зарбаи ҳалкунанда равон кунад.
«Истиқлол» бо 10 имтиёз ба тахти ҷойи аввал нишаст!
Дар бозии ниҳоӣ, ки 30 апрел баргузор гардид, «Истиқлол» боз бо ҳамсояҳои ўзбекистонӣ вохўрӣ дошт. Ростӣ, оқибате ҳам ҳанўз эҳтимол дошт, ки дар сурати бохт «Истиқлол» аз роҳхат барои идомаи мусобиқа маҳрум мешавад. Ва футболбозон аз кишвари ҳамсоя тавонистанд душанбегиҳоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб созанд. Лекин дар бозии дигар «Ал-Ҳилол» ҳам ба шикаст мувоҷеҳ гашт ва ҷойи аввалро ба «Истиқлол» монд.
Ҳамин тавр, аз нахустин иштирокаш дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё «Истиқлол» ба зинаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт!
“Офарин, Виталий Левченко, зиҳӣ, «Истиқлол»”
Пирўзиҳои «Истиқлол» дўстдорони футболи ҷумҳуриро, ки дер боз дар ғанаб буданд, такон доданд. Тамоми сомонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар рўзҳои бозии футболбозони мо моломол аз иттилоот ва шарҳҳои пурваҷди бахшида ба комёбиҳои қаҳрамони Тоҷикистон буданд. Аҷиб он аст, ки пас аз пирўзии ҳалкунандаи «Истиқлол» дар даври панҷум зери навори бозӣ шарҳҳои бештаринро бо табрикоти худ мухлисони ўзбеки футбол гузоштанд, ки тимҳояшон ин вақт аллакай аз ҳуқуқи идома дар мусобиқа маҳрум гашта буданд.
Васфи «Истиқлол»-ро дўстдорони футбол аз кишвари мо ҳам идома медоданд. «Дастаи Виталий Левченко дар майдонҳои Арабистон чӣ корҳое мекунад, боварнокарданист!- бо ваҷд хитоб мекард дар «Фейсбук» маъмури гурўҳи TajFootball. – Баъзеҳо аз баландӣ кардани бахту аз омади кор мегўянд, вале магар мешавад танҳо бо ёрии «омади кор» ба дарвозаи дорандаи ҷоми ЛҚО-2019 «Ал-Ҳилол», ки 72 миллион буҷаи солона дорад, 4 гол зад ё «Шабоб ал-Аҳлӣ»-и 65-миллионаро шикаст дод? Пирўзӣ дар ҳоле имкон дорад, ки сукони тим дар дасти мураббие монанди Виталий Левченко бошад ва тим комилан тифоқ бошаду барои номи кишвар ва футболи тоҷик мубориза барад.

Офарин, Виталий Левченко, офарин, «Истиқлол». Ин гуна ғалабаҳо моро ба ҳам муттаҳид месозанд ва умед ба пирўзиҳои минбаъдаи бузурги футболи ватанӣ ато мекунанд!»
Украиние аз соҳили Сирдарё Виталий Левченко
Ба бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо дастаро мутахассиси шинохтаи украинӣ Виталий Левченко омода кард. Ба маснади сармураббии тими пойтахт ў моҳи феврали соли 2020 таъин гардид. Аслан, ў номзади тасодуфӣ набуд.
Левченко зодаи Тоҷикистон, бозигари собиқи мунтахаби кишвар аст. Дар дастаҳои «Хуҷанд»-и Тоҷикистон, «Динамо» ва ССКА (Киев), «Таврия»-и Симферополи Украина, “Волгар” (Астрахан), «Спартак» (Кострома), «Динамо» (Ставропол), «Урал» (Екатеринбург)-и Русия ва ҳам “Чанчун Ятай“-и Чин бозӣ кардааст.
Мураббии тимҳои украинии «Княжа» (Бориспол), «Еднист» (вил. Чернигов), «Десна» (Чернигов) будааст.
Ёвари сармураббӣ дар тими ҷавонони Украина, ёвари сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), сармураббии «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Хуҷанд», инчунин мураббии бахши омодагии ҷисмонӣ дар «Криля Советов»-и Русия будааст.
Саҳми Виталий Левченко дар дастовардҳои «Истиқлол» калон аст. Дар замони ў шеваи бозии «Истиқлол» ба тариқи назаррас тағйир хўрда, гуногунӣ касб кардааст. Дар бозӣ бо ҳарифони пурзўр, масалан, даста қасдан ташаббусро дода, нақши «рақами ду»-ро мебозад, аммо дар зимн аз прессинг хуб истифода мекунад ва дар ҳар лаҳзаи мусоид ба ҳамла мегузарад.
“Голро Рустами Эмомалӣ зад!”
«Истиқлол» тими ҷавон аст, асосгузори он писари Президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ (имрўз Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамроҳи дўстонаш мебошад. Яке аз онҳо – Шоҳрух Саидов то ҳанўз дар вазифаи президенти бошгоҳ қарор дорад. Воқеан, Рустами Эмомалӣ як замон дар ҳайати «Истиқлол» дар мавқеи ҳамлагар бозӣ ҳам мекард ва зиёд тўбҳоро ба дарвозаи ҳарифон ворид кардааст.
«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар анҷоми соли 2007 таъсис ёфта буд, аллакай соли 2010 ҳарсе ҷоизаи футболи ҷумҳуриро ба даст овард – соҳиби ҳам нишонҳои тиллои чемпионат, ҳам ҷом ва ҳам абарҷом гашт. «Истиқлол», ки имрўз ҳам чемпиони ҷумҳурӣ ва дорандаи абарҷом аст, ҳамагӣ тўли таърихи кўтоҳи худ 9 маротиба чемпиони Тоҷикистон, 8 карат соҳиби ҷом шудааст ва 10 карат абарҷомро болои сар бардоштааст.

«Истиқлол»-и имрўза аз оне, ки 13 сол қабл буд, ҷиддан фарқ мекунад. Даста хеле ҷавонтар шудааст ва ин ба шогирдони Виталий Левченко имкон медиҳад бозиро бошиддат, бо суръати баланд дар давоми тамоми бозӣ пеш баранд.
Дарвозабон Рустам Ятимов, ки дар мусобиқаи КФО нақши муҳим дошт, хотири ҷамъи дигарон аст. Дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо чанд бор легионерҳои украинӣ Алексей Ларин ва Андрей Мишенко, инчунин Зоир Ҷўрабоев ва Аҳтам Назаров бозигари беҳтарин дониста шуданд. Ҳаҷми зиёди корҳоро Ваҳдат Ҳанонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нуриддин Давронов, Хуршед Ҷўраев, Шаҳром Сулаймонов ва Рёма Нома иҷро мекунанд. Ва чун ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ ва натиҷаоварии аълоро футболбозони хатти пеш Манучеҳр Сафаров, Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров ва Манучеҳр Ҷалилов нишон доданд.
«Дербии тоҷикӣ»
Рақиби асосии «Истиқлол» дар майдони дохилӣ сар аз соли 2009 то 2015 дастаҳои «Регар-ТадАЗ» аз шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и Кўлоб буданд.
Ҳар бозӣ байни ин бошгоҳҳо таваҷҷуҳи зиёди дўстдорони футболи кулли кишварро меангезад. Шореҳону расонаҳо ба ин вохўриҳо унвони «дербии тоҷикӣ»-ро додаанд. Тайи 5 соли охир аксаран ҳамин дастаҳо барои пирўзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷумҳурӣ рақобат кардаанд. Шурўъ аз соли 2015, пас аз поин рафтани натиҷаҳои металлургҳо ва кўлобиҳо, ҷойи онҳоро тим аз вилояти Суғд – «Хуҷанд» гирифт.

Дар арсаи байналмилалӣ рақибони асосии «Истиқлол»-и Душанбе асосан аз Осиёи Миёна, хоса «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон мебошанд. Баъди тағйир ёфтани реҷаи бозиҳои гурўҳии Ҷоми КФО, рақобат бо бошгоҳҳои ин кишварҳо бо шиддати зиёд мегузарад, ки барои диданашон мухлисон варзишгоҳҳоро пур мекунанд.
Фаррух Бозоров