«Андоз аз Гугл» ≠Андози «рақамӣ»?

17 декабри соли 2020 сарвари давлат Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти рақами 1744 ба имзо расонд. Рўзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, ки аз тамоюлҳо ва истилоҳоти марбут дар кишварҳои ҳамсоя хабар доштанд, ба он «лақаб»-и нишонрасро оварда часпонданд: «андоз аз Гугл». Ва «саломи аввалин» барои шаҳрвандони одӣ «номаҳои бахт» шуданд, ки аз бонку ташкилотҳои кредитии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳашон расиданд.

Ин  номаҳо матне доштанд одию муқаррарӣ:

«Аз 16 январ дастрасӣ ба хизматрасониҳое аз қабили пардохт барои шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳова хостингҳои хориҷӣ аз сабаби тағйирот дар қонунгузории андоз қатъ мегардад».

Бархе коршиносу мансабдорон дар мусоҳиба бо рўзноманигорон кўшиш намуданд ҷомеаро ором кунанд: ворид намудани 18% ААИ барои хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ як қадами муқаррарӣ ва мунтазира аст. Бо ин Тоҷикистон танҳо қонунгузории худро ба таҷрибаи умумиҷаҳонӣ мувофиқ намуда, ба «оилаи тифоқи байналмилалӣ» ҳамроҳ мешавад.

Аммо оё ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд? Ё кишвари мо бо роҳи худаш меравад? Ё ба таҷрибаи начандон хуб тақлид мекунад? Ё, шояд, ба таҷрибаи хуб, аммо бе назардошти воқеиятҳову хусусиятҳои ба ҳар кишвар хос?

Nukta.tj кўшиш кард моҳияти масъаларо таҳқиқ кунад.

ААИ-и 18-фоиза аз «андози рақамӣ» чӣ фарқ дорад?

Ширкатҳои калонтарини фаромиллии IT, воқеан, аз корбарони тамоми кишварҳои олам фоида ба даст оварда, танҳо дар кишваре андоз месупоранд, ки сарситод – штаб-квартираашон онҷо ҷойгир аст. Аз ин рў аксарият барои сарситодҳо ё ситодҳои корхонаҳои фаръии худ кишварҳоеро интихоб менамоянд, ки андозбандии камтар дошта бошанд. Масалан, Люксембург (Skype, iTunes) ё Ирландияро. Маҳз дар Ирландия (меъёри андоз аз арзиши иловашуда онҷо ҳамагӣ 12,5% аст) офисҳои аврупоии Google, Facebook, Microsoft, Amazon, Airbnb, Oracle, Playriх ва ғайра ҷойгиранд. Мувофиқи арзёбиҳои гуногун, ба туфайли ин ҳарсола ба буҷаи Ирландия то 120 млрд доллари ИМА ворид мегардад.

Табиист, ки аз ин гуна вазъ бозорҳои калонтарини истеъмоли хизматрасониҳо ва маҳсулоти IT зарар мебинанд. Ғайр аз ин, кишварҳо на танҳо даромадҳоро аз андоз аз даст медиҳанд. Аз сабаби андозбандии нобаробар ширкатҳои ин кишварҳо аз оғоз ба шароити бадтар гузошта шудаанд.

Ба хотири ислоҳи ин аҳвол аз 1 январи соли 2015 Иттиҳоди Аврупо ба меъёре ҳукми қонун бахшид, ки мувофиқи он андоз дар ҷойи зиндагии истеъмолгари хизматрасониҳо ситонда мешавад. Сар аз соли 2015 ба ин масъалаи нозук Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) низ рў оварда, кўшиш мекунад нақшаи ҷамъоварӣ ва тақсимоти барои ҳамаи кишварҳо одилонаро тавлид намояд. Вале алъон ин кўшишҳо натиҷа намедиҳанд.

Аз ин сабаб ҳукуматҳои як қатор кишварҳо андози ба ном «рақамӣ»-ро ҷорӣ намуданд.

«Андоз аз Гугл» ≠Андози «рақамӣ»?

Нахустин шуда ба ин иқдом дар соли 2019 Фаронса даст зада, андози 3-фоизаро ҷорӣ намуд, ки ба кишвар дар соли 2019 тақрибан 25 миллион евро овард. Аммо соли дигар Париж маҷбур шуд ин амрро муваққатан боздорад. Сабаби асосиро коршиносон дар фишори ИМА мебинанд, ки андози «рақамӣ»-и вориднамудаи Фаронсаро табъизӣ шумурда, ваъда дод, ки дар ҷавоб нисбати молҳои фаронсавӣ боҷҳои воридотии 100-дарсадаро ҷорӣ мекунад. Бино ба ҳисобҳои тахминӣ, аз ин амал Фаронса метавонист 2-2,4 млрд доллари ИМА зарар бинад.

Лозим ба қайд аст, ки меъёрҳои андози «рақамӣ» гуногунанд: дар Ҳиндустон даромадҳои ширкатҳои хориҷӣ аз харидуфурўши b2b дар соҳаи рекламаи рақамӣ бо меъёри 6% андозбандӣ мешаванд, дар Туркия – 7,5%, дар Британияи Кабир- 2%, Италия нақша дошт сар аз январи соли 2021 андози 3-фоизаро ворид намояд. Россия масъалаи ворид намудани андози «рақамӣ»-ро бо дарназардошти хавфу хароҷоти имконпазир, ки ба идоракунии андози «рақамӣ» вобастаанд, бо шиддат баррасӣ мекунад.

Аз ин мавқеъ мисоли Венгрия хеле ибратомўз аст. Дар ин кишвар аз рекламаи онлайн ба забони маҷорӣ тибқи меъёри прогрессивии андозбандӣ аз 5,3 то 7,5% андоз меситонданд. Аммо шурўъ аз соли 2018 мақомоти андози Венгрия аз сатҳи пасти андозҳои ҷамъоваришаванда аз ширкатҳои хориҷӣ ҳисобот дода, аз он даст кашид.

Боз як нозукии хурдакак, аммо муҳими дигар: аксарияти кишварҳо андози «рақамӣ»-ро ворид карда бошанд ҳам, аввалан, бо меъёри ками фоизӣ, баъдан, маҳз аз даромадҳои ширкатҳои хориҷӣ онро таъин намудаанд, ки одилона аст. На 18% ААИ аз хизматрасониҳои электронӣ.

Мушкили асосӣ аз ҷорӣ намудани «андози рақамӣ» дар чист?

Мушкили асосӣ (ба ғайр аз он, ки корпоратсияҳои калон қисми даромадҳояшонро ба кишварҳои дорои меъёри баланди андоз додан намехоҳанд) дар муайян намудани андозаи даромади ширкати IT-и фаромиллӣ аст, ки ба кишвари мушаххас рост меояд. Аввалан, ҷойи корбаронро муайян кардан лозим меояд. Барои ин IP-суроғаҳои корбаронро бояд ҳам «ширкатҳои рақамӣ» ва ҳам мақомоти дахлдори назоратбарандаи кишварҳои мушаххас пайгирӣ намоянд. Ғайр аз ин, мақомоти андози ин ё он кишвар бояд аз даромадҳои ҳар ширкати «рақамӣ» дар ҳар кишвари мушаххас иттило дошта бошад. Воқеият чунин аст, ки ин гуна маълумотро танҳо худи «ширкатҳои рақамӣ» дар ихтиёр доранд.

«Андоз аз Гугл» ≠Андози «рақамӣ»?

Албатта, як қатор механизмҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки ҳадафашон ба андозаи муайян таъмин намудани шаффофият аст. Яке аз ин навъ василаҳо ҳисоботҳо оид ба мубодилаи байналмилалии додаҳо доир ба амалиётҳои ширкатҳои фаромилии CbCR (Сountry-by-Country reporting) мебошад. Аммо ин қабил ҳисоботҳо иттилоотро дар бораи фаъолияти ширкатҳо бо гардиши солонаи умумии на беш аз €750 млн фаро мегиранд, яъне, мутаносибан, ахбори молиявии шумораи азими ширкатҳои «рақамӣ» берун аз ин гуна ҳисобот мемонад.

Аз ин рў ба ҳоли имрўз нисбати аксари кулли ширкатҳои «рақамӣ» танҳо як «чора» вуҷуд дорад, ки хаёлпарастона ба назар мерасад: ширкатҳои IT-и байналмилалӣ ихтиёран, аз рўйи «ту дониву Худо» фоидаҳояшонро мувофиқи ҳар кишвари олам ифшо мекунанд.

Аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя

Кишварҳои шўравии собиқ бо роҳи худ мераванд. Ҳоло ки коршиносони СҲИР болои «коркарди нақшаи ҷамъоварӣ ва тақсими одилонаи андозҳо» майна об мекунанд, кишварҳои мо ААИ ворид менамоянд. Фарқ танҳо дар сатҳи меъёрҳои фоизӣ… хайр, боз дар сатҳи таҳлили масъала аст.

Ҳама аз мисоли Россия руҳ гирифтанд. Пардохтҳои андозии ширкатҳои хориҷӣ, ки ба харидорон дар Россия хизматҳои электронӣ мерасонанд, бино ба ахбор, танҳо дар давоми семоҳаи якуми соли 2019 ба буҷети давлатӣ 12 млрд рубл оварданд (барои муқоиса, соли 2017 – 9,4 млрд рубл, 2018 – 12, 2 млрд рубл).

«Андоз аз Гугл» ≠Андози «рақамӣ»?
Руслан Қазоқбоев

Аз ин хабар сари депутату мансабдору коршиносон дар кишварҳои мухталифи шўравии собиқ наметавонист ба чархзанӣ надарояд. Масалан, дар мусоҳиба бо «Спутник-Қирғизистон» депутати парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев гуфт: «Коршиносон мегўянд, аз сабабе ки манбаъҳои интернетӣ андоз намесупоранд, мо аз 500 млн то 1 млрд долларро аз даст медиҳем. Қариб ҳамаи ширкатҳои тиҷоратӣ ба онҳо барои реклама пул медиҳанд, онҳо бошанд фақат дар кишварҳои худашон андоз месупоранд».

Чашми сиёсатмадор напарид, ки дар Россия (ки бозори хизматрасониҳои IT-и он чандин маротиба аз Қирғизистон калонтар аст) дар як семоҳа, тавре худи депутат қайд кард, аз ин андоз 2 миллиард рубл ҷамъ овардаанд. 2 карат 4 – дар як сол 8 миллиард рубл, ки муодили 130-150 миллион доллари ИМА аст. 500 миллион – 1 миллиард доллар зарари Қирғизистонро депутат аз куҷо гирифтааст, номаълум мемонад.

Иттилоот аз кишварҳои дигари пасошўравӣ низ хеле зидду нақиз аст, дар ҳоле ҳаҷми аслӣ ва зарфиятҳои бозори IT-и онҳо бо Тоҷикистон ҳамқиёс ё хеле зиёдтар аз онанд.

Таҳлилгарони ширкати консалтингии Kesarev вазъи атрофи «андоз аз Гугл»-ро (андоз аз кишварҳои рақамии хориҷӣ – эзоҳи муҳаррир) дар кишварҳои ИДМ таҳқиқ намуданд. Дар натиҷа як манзараи комиле пеши назар кушода мешавад, ки раванди гузариши кишварҳои пасошўравиро ба модели комилан нави андозбандии хизматрасониҳои рақамии фаромарзӣ тасвир мекунад.

Як тафсилоти ҷолиб: дар аксари кишварҳои пасошўравӣ ифодаву ибораҳои қонунгузориҳои танзимкунандаи андози мавриди назарамон айнан, калима ба калима якдигарро такрор мекунанд. Вале посухҳои мақомоти андоз ба суол дар хусуси он ки «андоз аз Гугл ба дўши кӣ бор мешавад?» аз ҳам қатъиян фарқ мекунанд. Ба назар менамояд, аз ҳама ошкоргўйтар андозчинони Ўзбекистон мебошанд, ки посухи равшану пурра доданд:

«Андоз аз Гугл» ≠Андози «рақамӣ»?

«Воситаҳои ахбор ААИ-ро «андоз аз Гугл» меноманд – ин танҳо як номи ғайрирасмӣ аст, ки дар забони мардум шиштааст. Он андози нав не, балки васеъшавии майдони амали ААИ-и ба ҳама ошно аст. Андоз аз арзиши иловашуда, ҳамчун андози ғайримустақим, аслан аз ҷониби истеъмолгар пардохт мешавад, ширкатҳои хориҷӣ бошанд ба нархи хизматрасониҳо ААИ-ро дар ҳаҷми 15% зам карда, маблағи андозро аз истеъмолгарон гирифта онро ба буҷаи Ўзбекистон равона мекунанд».

Барои маълумот: ба ҳоли имрўз дар Ўзбекистон 20 ширкат ба ҳайси таъмингари хизматрасониҳои электронӣ сабтином шудааст (Google, Yandex, Facebook, Netflix, Samsung, Huawei, Apple – https://tax.uz/ru/site/companys). Маблағи «андоз аз Гугл»-и дар Ўзбекистон соли 2020 ҷамъоваришуда чанд аст ва умедҳои мақомотҳои андози кишвар то куҷо ҷомаи амал пўшидаанд, алъон номаълум мемонад.

Воқеияти нав: «андоз аз Гугл» дар Тоҷикистон

Аз ҷоришавии «андоз аз Гугл» дар Тоҷикистон қариб ҳамаи ВАО-и кишвар хабар доданд. Иқтибосҳо аз қонуни қабулшуда нашр шуданду ҳоло ҳам нашр мешаванд. Аммо чизе, ки қисми зиёди тоҷикистониёнро ба ташвиш меорад, дар навбати аввал, номуайянист.

Чӣ ва чӣ тавр дар робита ба ислоҳу иловаҳо ба Кодекси андози амалкунанда тағйир ёфт? Кадом «сангҳои зериобӣ» ва гардишҳои ногаҳонӣ дар роҳ пайдо шуданд?

Эътироф бояд кард, ки бо баррасии амиқтар суолҳо зиёду ҷавобҳо камтар мешаванд.

Пас, аз ҷоришавии «андоз аз Гугл» дар Тоҷикистон чиро чашмдор бояд буд? Бояд қоил шуд, то охир посухи ин суолро ҳатто ташаббускорони ҷорикунии ин андоз намедонанд. Сабаб возеҳу равшан аст – дар кишвар то ҳанўз АВР (таҳлили таъсир аз танзимкунӣ)-и санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷорӣ нагардидааст. Дар ҳоле ки ба шарофати ибтикори Президенти Тоҷикистон маҳз кишвари мо дар баробари кишварҳои дигари камшумори олам якчанд сол пеш аз татбиқи пилотии АВР ба таҷрибаи қонунгузории ҷумҳурӣ хабар дод. Ва зиёда аз ин, аз 1 январи соли 2017 мувофиқи қарори сарвари давлат бояд АВР ба амалияи қонунгузорӣ ворид карда мешуд.

Аммо дараке аз он нест.

Михаил Петрушков,  

Раиси анҷумани миллии муҳаққиқони сиёсат ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

P.S. Муфассалтар дар хусуси он ки ҳангоми омўзиши ислоҳу иловаҳои қабулшуда ба Кодекси андози ҶТ дар зеҳни шаҳрвандони одӣ чӣ суолҳо пайдо мешаванд, дар мақолаҳои минбаъда дар Nukta.tj бихонед.

Оцените статью

«Андоз аз Гугл» ≠Андози «рақамӣ»? 17 декабри соли 2020 сарвари давлат Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти рақами 1744 ба имзо расонд. Рўзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, ки аз тамоюлҳо ва истилоҳоти марбут дар кишварҳои ҳамсоя хабар доштанд, ба он «лақаб»-и нишонрасро оварда часпонданд: «андоз аз Гугл». Ва «саломи аввалин» барои […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.