Ғалабаи «Толибон» ногузир буд?

Қўшуни Толибон» ҳуҷуми васеи худро дар охири баҳор оғоз намуда, то миёнаҳои август қариб тамоми қаламрави Афғонистонро ишғол кард. Суръати ҳаракати онҳо роҳбарияти Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалиро ба шигифт овард. Чаро артиши афғонӣ, ки амрикоиҳо мусаллаҳ кардаву таълим дода буданд, дар муқобили онҳо ночор монд? Сабаби шикасти сохтмони «ҷомеаи демократӣ» бо дастгирии ИМА дар ин кишвар чӣ буд?

Имрўз, вақте тамоми Афғонистон, ба истиснои Панҷшер, ба дасти толибон афтодааст, бисёр коршиносу сиёсатмадорон сабаб меҷўянд, ки чаро оқибати будубоши 20-солаи неруҳои мусаллаҳи ИМА ва иттифоқчиёни онҳо дар ин кишвар, иштироки фаъолона дар бунёди сохтори давлатии он ба чунин як шикаст дучор шуд.

Фақру бекорӣ

«Бо каломи зебо сер намешавӣ!» Чунин гуфтанд сокинони як деҳаи наздики Қандаҳор дар посух ба суханронии намояндаи Неруҳои муттаҳидаи Ғарб, ки дар бораи тарафҳои мусбати зиндагӣ дар ҷомеаи демократӣ ҳанўз даҳ сол пеш нақл мекард.

Афғонистон, ки даҳсолаҳо боз дар оташи ҷанг месўзад, кишваре боқӣ мемонад, ки аксари аҳолии он аз фақру гуруснагӣ азият мекашад.

Мувофиқи гузориши Идораи Комиссари олии СММ доир ба вазъи ҳуқуқи инсон ва фақр дар Афғонистон, ки ба таҳқиқот дар 14 вилояти кишвар такя мекунад, Афғонистони имрўза яке аз давлатҳои бенавотарини олам мебошад, ки сеяки аҳолияш дар шароити фақри комил зиндагӣ мекунад. Нодорӣ ва камбизоатӣ бештар аз низои мусаллаҳона афғонҳоро мекушад.

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Афғонистон дар ҷаҳон аз лиҳози фавти модарон дар ҷойи дуюм аст.

Танҳо 23% афғонҳо имкони истеъмоли оби тозаи нўшиданиро доранд, фақат 24% афғонҳои аз 15-сола боло навиштану хонданро балад ҳастанд. Сатҳи саводнокӣ миёни занон ва кўчиён аз ин ҳам пасттар аст.

Лозим ба қайд аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар шаҳру деҳот хеле аз ҳам фарқ мекунад: аз ҷумла, аз миёни аҳолии шаҳр танҳо 18,1% аз фақр азият мекашанд, дар ҳоле ки дар навоҳии деҳот ин нишондиҳанда ба 61,1% мерасад. Сабаби ҷонибдории аҳолии деҳот аз толибон ҳам бештар дар ҳамин аст.

Ба ақидаи коршиносон, решаҳои нодории афғонҳо на танҳо дар иқтисоди хароб, балки боз дар фасод, маҳалчигӣ, ҳадаф гирифтани танҳо натиҷаҳои кутоҳмуддату яклаҳзаина аст.

«Фақр яке аз омилҳои асосиест, ки аксари афғонҳоро аз ҳукуматдорон ва сиёсати онҳо дилсард месозад,- гуфт таърихнигор Субҳиддин Мақсудов.- Таърихи Иттиҳоди Шўравӣ, Инқилоби Октябрро ба хотир оред. Кӣ дар навбати аввал аз паси болшевикҳо рафт? Халқи фақир. Чаро дар Қафқоз, Осиёи Миёна ҳукуматдорони маҳаллӣ ҳангоми воридшавии болшевикҳо аз тарафи халқ васеъ дастгирӣ наёфтанд? Сабаб боз ҳамин аст, ки зиёд одамон дар фақр зиста, аз ҳукуматдорон барои шароити вазнини ҳаёт гиламанд буданд. Ва вақте ҳукумати нав омад, онро дастгирӣ карданд, гарчанде шояд чандон ҷонибдори ғояҳои «хоҷагон»-и нав набуданд.

Афганистан: Кабульские кочевники жаждут стабильности | Eurasianet
Акс: Eurasianet.org

Дар 20 соли охир мушкили бекорӣ низ ҳалли худро пайдо накард. Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ, афзоиши солонаи неруи корӣ дар Афғонистон 500-700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо на ҳама метавонанд кор ёбанд, зеро тайи ин солҳо на ҳукумати маҳаллӣ, на амрикоиҳою иттифоқчиёни онҳо натавонистанд дар кишвар иқтисодро рушд диҳанд, шумораи кофии ҷойҳои корӣ таъсис бидиҳанд. Бино ба ҳисобҳои муҳаққиқон, ба охири соли 2019 ҳиссаи бекорон дар Афғонистон аз 25% гузашта, теъдодашон аз 4 млн нафар гузашт. Бекорӣ сабабгори он гардид, ки ҳазорҳо ҷавонон роҳи дигар пайдо накарда, ба гурўҳҳои тундгаро пайвастанд.

Фасод

Яке аз омилҳои муҳимтарини шикасти неруҳои ҳукуматӣ ва дар маҷмуъ тамоми кори идеологии мақомоти афғон ва сарпарастони онҳоро мутахассисон фасодкории роҳбарияти ҳукумат, артиш ва полис медонанд.

Масалан, ҳаҷми ҳарсолаи ёрӣ ба Афғонистон барои таъмини амният то $5 млрд буд, $3,5 млрд ба соҳаи мулкӣ ҷудо мегардид.

Бино ба иттилои нозири кулли ҳукумати ИМА оид ба масоили таҷдид дар Афғонистон (SIGAR), ба январи соли 2021 аз кумакпулиҳои ИМА ва иттифоқчиёни он беш аз 80% буҷаи Афғонистон ташаккул меёфт, ИМА аз соли 2002 барои бозсозии иқтисоди кишвари мазкур $143,27 млрд харҷ намуд.

Аммо қисми бештари маблағҳое, ки кишварҳои дигар барои Афғонистон ҷудо мекарданд, ба ҷайби мансабдорон мерафт – аз ин сабаб дар кишвар ҳатто заминаи иқтисод гузошта нашуд. Мардуми одӣ дар фақр умр ба сар бурда, ҳамаи инро медиданд ва хулосаҳои худро мебароварданд.

Амрикоиҳо ва иттифоқчиёни онҳо таъсири фасод ба қобилияти мудофиавии кишварро низ бо чашми кам диданд, меорад гуфтаҳои адмирали мустаъфии неруҳои баҳрии ҳарбии ИМА  Майк Малленро Хадамоти русии ВВС. Ба андешаи ў, фасод омили ягонаи бохти артиши афғон набошад ҳам, калидӣ буд.

Ба артиш ҳама вақт дезертирҳо, фасод, талафоти зиёд ва руҳияи пасти ҷангӣ таъсири манфӣ мерасонданд. Бархе қумондонҳо ҳатто “баталёнҳои шабаҳӣ”-и том ташкил мекарданд, ки танҳо дар коғаз вуҷуд доранд, то ки аз ИМА пул гирифта, ба ҷайбҳои худ андозанд. Мувофиқи иттилои ў, кормандони одии полис моҳҳо музди кор намегирифтанд, низомиён аз таъхир дар пардохти маош шикоят менамуданд.

Афганистан - новая реальность. О ситуации на 15.08.21 LiveJournal, Colonelcassad, Афганистан, Война в Афганистане, Талибан, США, Длиннопост, Видео, Политика, Негатив

Маҳз аз ҳамин боис аксари кулли низомиён ва сокинони осуда ҳеҷ хоҳиши ҷангидан барои ҳимояи ҳукумати Ғанӣ надоштанд.

Ҳамчунин бисёр коршиносон сабаби пирўзии толибонро дар он мебинанд, ки ҷомеа ҳукумати президентҳоеро, ки пас аз воридшавии амрикоиҳо интихоб гардида буданд, яъне Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғаниро қонунӣ намедонист. Интихобот бо сохтакориҳои зиёд баргузор шуда буд. Дар раъйдиҳӣ камтар аз 7% аҳолии Афғонистн ширкат дошт. Ҳукумати Афғонистон танҳо аз ҳисоби дастгирии неруҳои беруна пойдор буд.

Бохти тактика ва ғоя

Дар рақобати тактикӣ ва ғоявӣ бо толибон ҳукумати Афғонистон ва неруҳои коалитсионӣ аз оғоз маҳкум ба бохт буданд. Афғонҳо аз он мефахранд, ки ҳама вақт бар истилогарони хориҷӣ ғалаба мекарданд ва толибон аз ин дар таблиғоти худ истифода намуданд. Коршиносон бар онанд, ки маҳз вобастагии ҳукуматдорони афғон аз абарқудратҳои хориҷӣ онҳоро аз дастгирии васеи мардум маҳрум сохт.

Толибон замонҳои охир бо аҳолии маҳаллӣ кори фаъолонаи сиёсӣ мебурданд ва аз дастгирии оқсақолҳои қавмҳо бархурдор гаштанд. Ба туфайли ташвиқу таблиғи толибон бисёр аз қудратиён ҳанўз то ҳамлаи онҳо силоҳпартоӣ карданд.

Бо вуҷуди он ки толибон наметавонанд бо сармоягузориҳои бисёрмиллиардии ИМА рақобат кунанд, онҳо манбаъҳои даромади худро доранд. Бино ба маълумоти коршиносони ғарбӣ, дар соли 2020 толибон 464 млн доллар аз истеҳсолоти маъданҳои кўҳӣ, 240 млн аз донорҳои хориҷӣ, боз 240 миллиони дигар аз содироти молҳо даромад доштанд, боз 160 млн аз андозҳо ҷамъ намуданд.

Як хосагии дигари «Толибон»-и имрўз он аст, ки ҷунбиш роҳбари ягона надорад. Онро як гурўҳ пешвоёни сиёсӣ сарварӣ мекунад, ки қисми онҳо дар пойтахти Қатар ҷойгир аст. Роҳбарияти сиёсии ҷунбиш бо Русия ва Қатар гуфтушунид мебарад ва ваъда медиҳад, ки ҷангу зўровариро берун аз қаламрави Афғонистон намебарорад.

«Толибон» 20 сол пас ҳатто бештар аз солҳои 1990-ум пирўз аст. Ҷунбиш тамоми кишварро бо талафоти камтарин ишғол намуда, ба ихтиёри худ миқдори зиёди техникаи ҳарбӣ, силоҳ, лавозимоту таҷҳизотро гирифтааст.

Артиши қариб 200-ҳазораи ҳукумати Афғонистон дар ҳудуди тақрибан як моҳ пароканда шуд. Кобул 7 корпуси низомӣ ва бештарашро бе воридшавӣ ба майдони ҷанг аз даст дод. Сарбозони аз ҷанг хаста таслим ва пароканда шуданд. Онҳо дар андешае буданд, ки муқобилият маънӣ надорад ва умед ба «афви умум» бастанд, ки қаблан толибон эълон карда буданд.

Он, ки толибон нахуст маҳз ба ғасби шаҳру вилоятҳои шимол даст заданд, далели тағйир ёфтани тактикаи онҳо дар 20 соли охир аст. Тарзи корбарии толибон бо аҳолии маҳаллӣ беҳбудӣ ёфт, масъулони гуфтушунид чандиртар, иртиботашон бозтар шуд, дар ҳоле ҳукумати марказӣ чандон аз ин лиҳоз худро нишон надод ва ҳатто дар баъзе минтақаҳо номаш бад шуд, обурўйи «шерони пир»-е монанди Абдулрашид Дустум ва Ато Муҳаммад Нур, ки бо ҷаҳди тамом муқовимат мекунанд, аммо таъсиру шуҳрату иқтидори ҳарбии пешинаро надоранд, низ поин рафтааст.

Системае, ки амрикоиҳо сохтанашро пас аз соли 2001 оғоз карданд, ба ҳадде пўсидааст, ки мардум барои ин давлат ҷангидану ҷон бохтан нахоста, бо «Толибон» забон як мекунанд.

Хонаи хасини гароннархи азим – мероси ИМА

Сабаби калидии бохти босуръати қўшунҳои Афғонистон пеш аз ҳама дар руҳи ҷангӣ аст, мегўяд Илия Кўса, коршиноси масоили сиёсати байналмилалӣ ва Шарқи Наздики Пажуҳишгоҳи ояндаи Украина.

«Он чӣ, ки дар он «Толибон» бар ИМА ва ҳукумати Афғонистон дар Кобул бечунучаро ғалаба кард, ҷанги маънӣ, фарҳанг ва ғоя буд. Онҳо тавонистанд таблиғоти худро дар асоси ғояҳое ба роҳ монанд, ки барои афғонҳо фаҳмотару ҷаззобтар буданд. Дар муқобил, ҳукумати фасодзадаи заиф 20 сол дар бораи пирўзиҳо ва ҷосусони покистонӣ мегуфт, аммо дар ҳаёти мардум, хоса дар вилоятҳо, дигаргунии казоӣ дида намешуд. Дар шароити воқеии як кишвар амрикоиҳо бо барномаҳои сершумори маблағгузории лоиҳаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи баробарии гендерӣ, пешбурди арзишҳои либералӣ-демократӣ на танҳо дар канор монданд, балки умуман корашон самаровар не, ки зиёновар буд», – ақида дорад коршинос.

Очередная ротация друзей и врагов? Взгляд эксперта на сегодняшние события в  Афганистане | Новости Таджикистана ASIA-Plus
Акс аз Интернет

Толибон ин вақт ба сиёсати воқеӣ машғул буданд: робитаҳои сатҳи поёнии иҷтимоиро ривоҷ медоданд, гурўҳҳои норозиёнро пайдо мекарданд, шабакаи алоқаҳоро дар сатҳи маҳаллӣ бунёд менамуданд, ҷосусони «хоб»-и худро ба шаҳру деҳаҳо ворид менамуданд, бо калону пешвоёни қабилаҳо гуфтушунид ба роҳ мемонданд.

Аз ин сабаб ба толибон ваъдаи даҳонакии таъқиб накардани мансабдорон ва эълони афв ба ҳарбиёни Афғонистон басӣ кард, ки шаҳрҳои том бе ҷанг ба онҳо таслим шаванд.

“Алъон бо боварӣ гуфтан мумкин аст: ҳама он чӣ, ки ИМА ва итифоқчиёни ў дар Афғонистон давоми 20 сол сохтанд, як хонаи хасини гароннархи азим буд, – мегўяфд Илия Кўса.- Ва ҳамин ки онҳо рафтанд, хонаро бод бурд. На ваъдаҳои иттифоқчиён, на таҷҳизоти ҳарбии ИМА, на курсҳои таълимии дастурдиҳандагони хориҷӣ, на техникаи гаронарзиши амрикоӣ ва на ҳатто даҳҳо миллиард доллари андозсупорандагон, ки ба барномаҳо оид ба ҷорӣ намудани кодҳои фарҳангӣ ва арзишҳои ҳаёти ғарбӣ ба рўзгори афғонҳо равона мегардиданд, ёрӣ расонданд».

Ин лаҳзаро таҳлилгар, низомии собиқ Картер Малкасян дар матлаби худ «Чиро Амрико дар ҷанги тўлонитарин дарк накард» дар маҷаллаи «Politico» хеле хуб тасвир намудааст:

“Азбаски Иёлоти Муттаҳида пас аз 20 соли ҷанг Афғонистонро тарк мекунад, ҳеҷ шубҳае намемонад, ки мо дар ҷанг шикаст хўрдем, нарм карда гўем, ба ҳадафҳои худ ноил нашудем,- менависад коршинос.- Сабаби бохти мо дар чӣ буд? Ман 12 сол, сар аз соли 2009 кўшиш кардам ба ин суол посух ёбам: ҳам замоне, ки афсари мулкие дар вилояти дурдасти Ҳилманд будам ва ҳам замоне, ки ба ҳайси мушовири сиёсии генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи кулли неруҳои ИМА дар Афғонистон, хизмат мекардам.

Толибон дар он бартарӣ доштанд, ки ба афғонҳо руҳи ҷангӣ мебахшиданд. Даъвати онҳо ба мубориза алайҳи ғосибони хориҷӣ, ки саршор аз истинодҳо ба таълимоти исломӣ буд, торҳои худшиносии афғонҳоро нохун мезад. Қобилияти ба худи маънии ҳастии афғонҳо рабт додани кори худ дар бохти Амрико нақши ҳалкунанда дошт. Пурсише, ки соли 2019 доир гардид, нишон дод, ки бисёр толибон тасмими ба ҷунбиш пайвастани худро «аз назари садоқати мазҳабӣ ва ҷиҳод – ҳисси қарзи шахсӣ ва ҷамъиятӣ шарҳ медоданд. Ба ақидаи онҳо, ҷиҳод зидди истилои хориҷӣ қарзи динӣ буд, ки барои ҳимоя аз арзишҳои худ ба дўш гирифта мешавад».

Ин тафаккур ба афғонҳои одӣ низ паҳн мешавад, ки бисёр аз онҳо ба назари тундгарои сиёсии «Толибон» шарик нестанд, аммо ҳамсадо бо даъвати онҳо ба ҳимоя аз арзишҳои исломӣ бар зидди истилогарони хориҷӣ мебошанд. Тадқиқи Фонди осиёӣ ошкор кард, ки аз миёни афғонҳое, ки ҷонибдори сахти толибон буданд, 77% гуфт, ки инро ба хотири афғон, мусулмон будани толибон ва ҷиҳод бурдани онҳо карданд.

Ба ин омил коршиносону роҳбарони амрикоӣ таваҷҷуҳи лозима надоданд, аз ҷумла ман ҳам. Мо бар он будем, ки дар Афғонистон имкони торумор кардани «Толибон» ё ба ҳукумати афғон додани имкони кори мустақилона вуҷуд дорад. Аммо, ба назар мерасад, ин тавр нест. Он, ки Амрико чизе зиёдтар аз солҳо гаштугузор намудан пеши назари душмани бераҳм кардан натавонист, натиҷаи ғайриқаноатбахш ва гоҳо дилсардкунандаи ҷанги аз ҳама тўлонии мо шуд».

Ба ҷойи охирсухан

Дахолати ҳарбии хориҷӣ ба Афғонистон сулҳ намеорад, гуфт дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ сиёсатшиноси бахши Шарқ Аркадий Дубнов.

«Ин ҳама дар маҷмуъ 20 сол давом дошт ва зарбаҳои ҳавоӣ вазъро танҳо бадтар карданд,- гуфт коршинос.- Нафрат нисбати амрикоиҳо ва умуман хориҷиҳо, нисбати дахолати онҳо дар оқибат боз бештар шуд. Ҷаҳон маҷбур мешавад бо назардошти ҳам таҷрибаи талхи мудохилаи ҳарбии Шўравӣ ва ҳам ҷанги 20-солаи Амрико эътироф намояд, ки содироти субот аз рўйи қолаби амрикоӣ, демократӣ, ғарбӣ ба ин гуна кишвар ғайриимкон аст. Алъон эътироф кардан мебояд, ки «Толибон» ҳукумати воқеӣ ва, мутааассифона, барои аксари афғонҳо хеле фаҳмотар аз ҳукумати фасодзада ва корношоями шикастхўрдаи Кобул аст».

Асад Беҳрўз

Оцените статью

Ғалабаи «Толибон» ногузир буд? Қўшуни Толибон» ҳуҷуми васеи худро дар охири баҳор оғоз намуда, то миёнаҳои август қариб тамоми қаламрави Афғонистонро ишғол кард. Суръати ҳаракати онҳо роҳбарияти Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалиро ба шигифт овард. Чаро артиши афғонӣ, ки амрикоиҳо мусаллаҳ кардаву таълим дода буданд, дар муқобили онҳо ночор монд? Сабаби шикасти сохтмони «ҷомеаи демократӣ» бо дастгирии ИМА дар […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.