Афғонистон ноором аст

Назари таҳлилӣ ба имрўзу фардои кишвар

Аз ҳодисаҳои Афғонистон айни ҳол пайомади хуберо чашмдор наметавон буд. Сари қудрат дар ин кишвар, мутаассифона, нафароне омаданд, ки дастонашон олудаи хун аст. Манъсозиҳо, фишоровариҳо бар норозиён, лату кўб ва қатли шаҳрвандони одӣ торафт шиддат мегиранд. Фардо чиро метавон интизор буд? Барои хонандагони Nuqta.tj вазъи Афғонистонро шореҳи сиёсӣ Нуралӣ Давлатов таҳлил менамояд.

Инҷо тоҷикон чӣ дахл доранд?

Ба назар мерасад, ки дигар каманд касоне дар олам, ки аз гуфтаҳои президенти 46-уми Амрико Ҷо Байден ҳайрон шаванд. Вақте дар ИМА поси хотири қурбониёни фоҷеаи 11 сентябри соли 2001-ро ба ҷо меоварданд, Байден дар рафти кўшиши навбатии сафедкунии хурўҷи бемулоҳиза ва саросемаи артишаш аз Афғонистон  боз ноҷо, мисли тарошаи аз бом афтода, тоҷиконро зикр кард:

«Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем, ҳавопаймои С-130-ро ба майдон мебаровардем ва мегуфтем, ки ба ҳамаи тарафдоронамон иҷозат медиҳем ба ҳавопаймо бор шаванд, дар натиҷа онҷо ҳам одамони ба чархгоҳи ҳавопаймо овезонро медидем»,- гуфт ў аз ҷумла.

Суоле ба миён меояд, ки тоҷикон инҷо чӣ дахл доранд. Умуман, тибқи мантиқ, президенти ИМА бояд ба як қатор суолҳое ҷавоб медод, ки кайҳо боз нафарони зиёд ва на танҳо дар ИМА шуниданашонро мунтазиранд. Шояд Байден бо ин қиёс мехост гўяд, ки дар ҳар кишвари Осиёи Марказӣ тарафдорони сершумор дорад? Аммо магар ин гувоҳи он аст, ки он тарафдорон орзуи аз ҳавопаймо аз баландии абрҳо афтида нобуд шуданро дар дил мепарваранд?

Бармегардем ба суолҳое, ки посухашонро ҷаҳон интизор аст.

Чаро дар арафаи 20-умин солгарди фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 ҷунбиши террористии «Толибон» дар Афғонистон сари қудрат омад?

Чаро Амрико як кишвари томро ба дасти террористоне супорид, ки 20 сол пеш таслим кардани Усома бини Лодан – ташкилкунандаи ҳамлаҳои террористӣ ба Маркази ҷаҳонии савдо ва Пентагонро рад карда буданд?

Имрўз хандаовар садо медиҳад, ки артиши 300-ҳазора ва 70 ҳазор пулиси миллии Афғонистон тавони тоб овардан ба ҳуҷуми толибони мотосиклсавори калашниковбадастро надоштанд.

Ин як сафсатта аст, ки имрўз Ҷо Байден ва маъмурияти ў мехоҳанд бо он мардуми одии ҷаҳонро фиреб диҳанд.

Артиши Афғонистон дар мактабҳои олии беҳтарини ҳарбии Амрико ва Аврупо таълим гирифта, бо техникаи беҳтарини низомӣ муҷаҳҳаз буд. Он миқдоран ҳам аз толибон чанд карат бартарӣ дошт, аз ин рў то оғози даҳсолаи дуюми асри 21 забти деҳаҳо ва беш аз ин, навоҳиву шаҳрҳо ба сари ҷиҳодиён тамоман намеомад.

Созмони террористии мусаллаҳтарини олам

Таври маълум, амрикоиҳо дар ҷанг бар зидди толибон аз соли 2014, замоне ширкат надошт, ки президент Барак Обама изҳор дошт, артиши ИМА тасмим гирифтааст Афғонистонро тарк намояд. Аз ин рў аз он давра Неруҳои ҳарбии ҳавоии ИМА танҳо гоҳ-гоҳ бо хоҳиши Кобули расмӣ мавқеи силоҳбадастони Ҷунбиши Толибонро бомбаборон мекарданд.

Ман мутмаинам, ки артиш ва пулис на ин тобистон, балки якуним сол пеш бохтро пазируфтанд, замоне ки ИМА ва толибон созишномаеро имзо карданд, ки мувофиқи он Кохи Сафед уҳдадор мешуд неруҳои низомии худро дар давоми 14 моҳ аз кишвар хориҷ кунад ва толибон, дар навбати худ, ваъда мекарданд, ки аз ҳамлаҳо ба амрикоиҳо худдорӣ хоҳанд намуд.

Ин корде ба пушти артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон буд. Бо вуҷуд, Кохи Сафед бо ин қаноат накард ва ҳукумати Афғонистонро ба озод кардани беш аз 5 ҳазор толиби махсусан хатарнок маҷбур сохт.

Хеле сода бошӣ, ки нафаҳмӣ, толибон, ки миёни онҳо ҷангиёни ботаҷриба ва ҳатто маргталабони эҳтимолӣ зиёданд, ба озодӣ баромада, ба сафи гурўҳҳои террористӣ ҳамроҳ мешаванду бо ҷидду талоши тамом зидди нерўҳои ҳукуматӣ меҷанганд.

Маҳз дар оқибати имзо шудани созишнома миёни ИМА ва Ҷунбиши Толибон руҳу тавони ҷангии неруҳои ҳукуматӣ заиф гашт, аммо, бо вуҷуд, ҳайати шахсии артиш ва пулис ҳанўз қобилияти ҷангидан дошт.

Пас сабабҳои шикасти ҳукумати Ғанӣ дар чунин як давраи кўтоҳ чӣ гунаанд?

1. Пас аз интихоб шудани Ашраф Ғанӣ ба муҳлати дуюми президентӣ ў даҳҳо генералу садҳо афсари низомиро ба истеъфо фиристод, ба роҳбарии Вазорати мудофиа, ВКД ва Хадамоти амният нафарони ғайриҳирфаӣ таъин гардиданд.

2. Пас аз имзо шудани созишнома миёни Кохи Сафед ва Ҷунбиши Толибон як қатор афсарони баландпоя вориди робитаҳои пинҳонӣ бо толибон шуданд, ки сипас, бо оғози ҳуҷуми баҳории сартосарии толибон, ҳамин хоинон ҳайати шахсиро ба таслимшавӣ бидуни муқобилият моил мекарданд.

3. Бо лавозимоту тир таъмин намудани қисмҳои ҳарбиеро, ки муқобили толибон шадидан меҷангиданд, қатъ намуданд, аз ин сабаб як қисм ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуд, дигарон таслим шуданд.

Теъдоди зиёди ҳавопаймоҳо бе бомбу мушак монданд ва ҳатто агар ба ҳаво мехестанд, имкони ҳамла кардан ба мавқеи толибонро надоштанд. Шоҳидон мегўянд, ки бисёр ҳавопаймоҳо бе сўзишворӣ монданд.

Ба ин тариқ, пас аз сарнагун кардани ҳукумати Ғанӣ, толибон аз лиҳози муҷаҳҳазӣ ба бистгонаи артишҳои пешсафи дунё ворид гаштанд. Дар ҳоле ки танҳо як созмони террористӣ мебошанд. Ҳеҷ як ташкилоти террористӣ дар таърихи олам дар ихтиёри худ ин қадар силоҳ надоштааст.

Толибон дигар нашудаанд

Ин аслиҳа барои даҳсолаҳои ҷанг кофист. Аммо толибон, ки лофи торумор кардани ИМА ва НАТО-ро мезананд, айни замон бо як қатор сабабҳо, ки дар зер меорем, дар ҳолати душвор қарор доранд:

 – Омадани роҳбари Раёсати байниидоравии иктишофӣ Файз Ҳомид ба Кобул ва ҳуҷуми толибон ба дараи Панҷшер, бомбборон шудани минтақаи мазкур аз сўйи бесарнишинҳои покистонӣ ва ҳавопаймоҳои ҳамлавар ҷиддан ба обурўйи Ҷунбиши Толибон латма зад.

– Толибон, бар хилофи ваъдаҳои хеш ҳокимиятро бо роҳи зўрӣ ғасб намуда, даст ба поккориҳои этникӣ заданд, хоса дар вилояти Панҷшер, ки онҷо неруи барқ ва интернет хомўш карда шуд.

Талибы 20 лет спустя: боевики подошли к границе с Таджикистаном | Статьи |  Известия
Акс: Global Look Press

– Аз ташкил намудани ҳукумати фарогир рўй гардондани толибон боис ба худро аз онҳо дур гирифтани ҳатто кишварҳое гардид, ки дар замони вуруди Амрико бо толибон робитаҳои зич доштанд.

– Пахшу маҳви эътирозҳо ва раҳпаймоиҳои осуда, латукўби журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пеши назари ҷаҳониён бисёр касонро муътақид сохт, ки толибон тамоман тағйир наёфтаанд, баръакс, золимтар аз 20-25 соли қабл, замони ҳокимияти аввалини худ шудаанд.

– Рўз то рўз гирдиҳамоиҳои зиддитолибӣ, раҳпаймоиҳо ва пикетҳои эътирозӣ дар Амрико ва Аврупо бештар мешаванд. Рўзҳои шанбе ва якшанбе чунин амалҳо дар як қатор кишварҳои Аврупо мушоҳида шуданд.

Мувофиқи маълумоте, ки аз Кобул мерасад, толибон бегоҳҳо ба манзилҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид шуда, хотима гузоштан ба гирдиҳамоӣ ва раҳпаймоиҳоро талаб мекунанд. Хабарҳое ҳастанд, ки баъзе фаъолон беному нишон гаштаанд, дигарон пинҳон шудаанд. Онҳо намедонанд, ки аз Афғонистон чӣ хел бароянд.

Толибон боз метавонанд «радди маърака» шаванд?

Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ба зудӣ толибон боз дар арсаи байналмилалӣ муртад мешаванд. Алъон пешгўӣ кардан душвор аст, ки онҳо дар ояндаи наздик чӣ гуна рафтор хоҳанд кард, зеро то як моҳ пеш маротибаи дуюм сари қудрат омаданашон шуғли асосиашон ҷанги чирикӣ (партизанӣ) бе ҳеҷ қоида, аз ҷумла бо истифода аз террористони маргталаб буд.

Дар робита ба ин суоле ба миён меояд: чӣ тавр ва бар зидди кӣ толибон аслиҳаеро ба кор мебаранд, ки ба дасташон афтодааст? Истисно намекунам, ки як қисми онро онҳо ба хориҷа мефурўшанд, қисми дигарро ба созмонҳои террористии дигар медиҳанд.

Агар ба наворҳое бовар кунем, ки дар шабакаҳои иҷтимоии афғонӣ пайдо шудаанд, техникаи вазнини ҷангиро ба Эрону Покистон бароварда истодаанд. Силоҳи сабуки тирандоз аллакай дар минтақаи зисти қабилаҳо дар фурўши озод аст.

Аз ин рў, ҳоло ки дер нашудааст, президент Ҷо Байден бояд фикррониҳои файласуфонаашро дар бораи тоҷикон, ки гўиё дар орзуи доштани чархҳои ҳавопаймоҳои амрикоиянд, як сў гузошта, андеша кунад, ки чӣ тавр аслиҳаи ба толибон мондаашро пас гирад ва ё бо зарбаҳои нишонрас аз ҳаво нобуд созад.

Ба ҷони афғонҳое, ки ба ҳавопаймо часпиданд, хатари воқеӣ таҳдид мекард. Ва гуноҳи марги онҳо дар навбати аввал ба дўши президенти 46-уми Амрико Ҷо Байден аст.

Нуралӣ Давлатов

Оцените статью

Афғонистон ноором аст Назари таҳлилӣ ба имрўзу фардои кишвар Аз ҳодисаҳои Афғонистон айни ҳол пайомади хуберо чашмдор наметавон буд. Сари қудрат дар ин кишвар, мутаассифона, нафароне омаданд, ки дастонашон олудаи хун аст. Манъсозиҳо, фишоровариҳо бар норозиён, лату кўб ва қатли шаҳрвандони одӣ торафт шиддат мегиранд. Фардо чиро метавон интизор буд? Барои хонандагони Nuqta.tj вазъи Афғонистонро шореҳи сиёсӣ Нуралӣ Давлатов […]
5 1 5 4
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.