Соли 2021 бинобар сабаби фурӯравӣ зиёда аз 132 гектар замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз гардиши кишоварзӣ берун карда шуд. Аммо фурӯравии заминҳо дар ин ноҳия идома дошта, боз садҳо гектар замини дигар зери хавфи он қарор доранд.
Масъулини ниҳодҳои дахлдори ин ноҳия сабаби фурӯравии заминҳоро ба таври лозима тоза набудани заҳбуру заҳкашҳо, маҳкам шудани обгузарҳо, баланд будани оби зеризаминӣ ва риоя нашудани фарҳанги обмонӣ арзёбӣ мекунанд.
“Тадбирҳо таъсирбахш нестанд.”
Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Турахон Иброҳимзода зимни суҳбат иброз дошт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, таҳти №571 зиёда аз 132 гектар заминҳое, ки фурӯ рафта буданд, аз гардиши кишоварзӣ берун бароварда шуданд. Аз ин ҳисоб 83 гектар замини корами обӣ, яъне заминҳои таъиноти кишоварзӣ, 14 гектар чарогоҳ, 14 гектар заминҳои ёрирасони шаҳрвандон ва 6 гектар заминҳои маҳалҳои аҳолинишин мебошанд.

-Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз сатҳи дарёи Вахш 15 метр паст ҷойгир шудааст. Сатҳи обҳои зеризаминӣ дар ноҳия баланд буда, ҳолати мелиоративии заминҳо паст мебошад. Бо боридани борони сахт оби канали Ёвонсу зиёд шуда, сел ба амал меояд, ки ин ҳам сабаби фурӯравии замин мегардад. Аксари лӯлаҳои обпарто корношоям шудаанду пеши роҳи онҳо маҳкам аст. Дар вақти обмонӣ аз сабаби маҳкам будани обгузарҳо об худҷорӣ ба канали Ёвонсу меравад. Яъне ба ҷойи оне, ки аз обпарто гузарад, аз ҷойи дигар мегузарад ва дар натиҷа фурӯравии замин ба амал меояд, – шарҳ дод Т. Иброҳимзода.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ҳамасола ҷиҳати пешгирии фурӯравии заминҳо аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аммо ин тадбир чандон таъсирбахш нест. Чунки маблағҳое, ки барои пешгирии ин масъала аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд, ночизанд.
-Барои пешгирии фурӯравии заминҳо маблағи калон лозим аст. Албатта, бо як экскаватор намешавад ин корро анҷом дод. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кам не – 704 километр заҳбуру заҳкашҳо мавҷуд аст, ки ҳамасола 30 километри он тоза карда мешаваду халос. 20 сол мунтазир шудан лозим, ки ҳамаи заҳбуру заҳкашҳо тоза шаванд, – гуфт Т. Иброҳимзода.
Нақшаҳо иҷро мешаванд, аммо…
Ба иттилои сармуҳандиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи болозикр Намоз Элмуродов, соли ҷорӣ зиёда аз 22 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд, ки аз ин ҳисоб ҳолати мелиоративии 316 гектар замин беҳтар гардид.
-Мо ҳар сол аз нақша зиёд заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди ноҳияро тоза мекунем. Идораи мо ба якборагӣ имкони тоза кардани ҳамаи заҳбуру заҳкашҳоро надорад. Чунки он маблағҳое, ки ҳамасола аз ҳисоби пардохти хизматрасонии об ҷамъоварӣ мешаванд, нокифоя мебошанд, – гуфт Н. Элмуродов.
“Бояд корҳо оғоз гарданд”
Муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон Олим Отабеков иддао кард, ки сабаби асосии фурӯравии заминҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ заҳбуру заҳкашҳо набуда, сафедхок будани замини ин мавзеъ аст. Дар он минтақаи ноҳия, ки асосан заминҳо фурӯ рафтаанд, заҳбуру заҳкашҳо мавҷуд нестанд. Ҳамон мавзее, ки соҳили Ёвонсу аз он мегузарад, сафедхок мебошад. Аз ин ҳисоб дар натиҷаи боришоти зиёд заминҳо фурӯ мераванд.

Ба иттилои Олим Отабеков, шуруъ аз соли 2023, бояд тибқи як лоиҳа корҳои бартарафкунӣ дар ин мавзеъҳо оғоз гарданд. Аммо ин шахси масъул дақиқ нагуфт, ки ин кадом лоиҳа аст ва аз ҷониби кӣ амалӣ хоҳад шуд.
Вазоратҳо бояд чораҷӯӣ намоянд
-Агар ягон лоиҳаи инвеститсионии калон набошад, пеши роҳи фурӯравӣ гирифта намешавад, – гуфт раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Турахон Иброҳимзода ва афзуд, ки бояд Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакат сари ин масъала чораҷӯӣ намоянд.
-Агар дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала баррасӣ нашавад, бо маблағгузории мақомоти вилояту ноҳия мо ба мақсади ниҳоии хеш намерасем. Ҳамон қадар заминҳое, ки мо аз гардиши кишоварзӣ берун баровардем, боз аз ин зиёд зери хавфи фурӯравӣ қарор доранд. Бояд фавран дар ноҳия ҳамаи заҳбуру заҳкашҳо тоза ва лӯлаҳои обпарто иваз карда шаванд. Вагарна боз садҳо гектар замин фурӯ хоҳад рафт, – бо таассуф иброз кард Турахон Иброҳимзода.
Хостем перомуни ин масъала назари масъулини Кумитаи идораи замини вилояти Хатлонро бигирем. Аммо баъди зангҳои пай дар пайи мо сардори ин ниҳод Диловар Пирзода аз додани маълумот худдорӣ кард.
Ба гуфтаи масъулини ниҳодҳои дахлдори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, танҳо салоҳи кор ин аст, ки бояд дар сатҳи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. Танҳо мақомоти маҳаллии ноҳияву вилоят ин мушкилотро ҳал карда наметавонанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ