А.Захватов: “Ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд”

23 январи соли 1989 сокинони Тоҷикистонро такони сахти замин ҳамзамон бо садое бедор кард, ки хоси таркиши ҳастаии зеризаминӣ аст. Дар натиҷаи заминларзаи шадид бо қувваи 5-6 бал дар 17-километрии ҷанубу ғарби Душанбе ба деҳаи калони Шарора ярч фуромад. Зери қабати 20-метраи замин 274 кас ҳалок гардид, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд ва ҳазорҳо бе сарпаноҳ монданд.

Дар таърихи навини Тоҷикистон фоҷеаи соли 1989 нахустин нест. Дар замони Шўравӣ фалокати ба маротиб мудҳиштарро пинҳон медоштанд: заминларзаи 9-дараҷагӣ 10 июли соли 1949 маркази ноҳия Ҳоит ва деҳаҳои атрофи онро ба хок яксон карда буд. Шумораи дақиқи фавтидагони он офат маълум нест, аммо коршиносон ва таърихнигорон ин ададро наздик ба 40 ҳазор медонанд, ки бо заминларзаи фалокатбори шаҳри Спитаки Арманистон дар таърихи 7 декабри соли 1988 қиёсшаванда аст.

Бо суолҳо дар хусуси тафсилоти начандон маълуми заминларзаи Шарора ва оқибатҳои он Nuqta.tj ба ҳамватани собиқи мо, муҳандис Андрей Захватов муроҷиат намуд, ки солҳои 1980-ум узви комиссияи давлатӣ оид ба муайян кардани сабабҳои фоҷеа буд. А. Захватов итминон дорад, ки «ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд».

Оғози кор

-Андрей Василевич, дар бораи заминларзаи соли 1989 зиёд навиштаанд, аммо рўи ин гуна фалокатҳои калонмиқёс одатан пардаи махфият мекашанд. Оё ҳамаи далелҳои фоҷеаи Шарора имрўз ба ҷомеа маълуманд?

– Бояд бо Шумо розӣ шавам – баъзеи ин далелҳо дар замони Шўравӣ зери муҳри «махфӣ» ва «барои истифодаи хизматӣ» монданд ва имрўз чандон шинохта нестанд ё танҳо мутахассисон аз онҳо огаҳанд. Аммо шахсан ман ақида дорам, ки аз ҷомеа ва сохторҳои ҳукуматӣ пинҳон доштани иттилооте, ки дар оянда метавонад ҳазорҳо ҷонро наҷот диҳад, дуруст нест.

– Медонем, ки дар охири солҳои 80-ум Шумо дар вазифаи сармуҳандиси шуъбаи лоиҳакашии автоматикикунонидашуда дар пажуҳишгоҳи «Тоҷикгипроводхоз» будаед. Шуъбаи Шумо ба кадом мавзўъҳо сарукор дошт?

– Фикр мекунам, барои хонандагони Шумо фаҳмидан ҷолиб мебуд, ки дар солҳои 80-ум дар ИҶШС (СССР) кадрҳои муҳандисӣ чӣ гуна тайёр карда мешуданд. Ихтисоси ман тибқи таҳсилотам муҳандис-гидротехник аст, ба мисли сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода – мову ў як мактаби олиро хатм кардаем. Шуъбаеро, ки таҷҳизоти барои он замон пешқадами ЭВМ ЕС-1020 ва АРМ дар пойгоҳи СМ1420 дошт, ман соли 1982 қабул намудам, пас аз он ки таҷрибаи тарҳрезии даҳҳо иншооти гидротехникӣ ва пойгоҳҳои насосиро дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон паси сар кардам.

А.Захватов: “Ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд”
Андрей Захватов ва оператори МЭҲ дар ҷои кор. Акс аз архиви А.Захватова

Соли 1984 аз курси такмили ихтисос дар Донишкадаи методу усулҳои идоракунии Ленинград (айни замон Академияи ЛИМТУ) гузаштам ва рисолаи дипломиамро оид ба ташкил ва барпокунии Низоми автоматикунонидашудаи лоиҳакашӣ ҳимоя намудам. Як қисми лексия ва машғулиятҳои амалӣ пўшида буданд, дафтарҳоро ба мо бо гирифтани имзо медоданд ва он ҳам танҳо то шоми рўзи дарс.

Дар гурўҳи таълимии мо ман ба син аз ҳама хурд будам, дар паҳлўям сармуҳандисони корхонаҳои азиме мисли «Уралмаш», корхонаҳои комплекси ҳарбӣ-саноатии ИҶШС аз Белоруссия, Қазоқистон, Украина таҳсил менамуданд. Дар байни омўзгорон ду олими забардаст – Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шўравӣ буданд. Хуб дар хотир дорам, ки дар машғулияти якум моро ба утоқи пўшида дароварданд ва мо бо ҳайрати тамом дидем, ки куби тасвиршуда тоб мехўрад.

Моро бо ҷиддияти тамом омода мекарданд, ҳар рўз 8-соатӣ, аз ҷумла рўзҳои шанбе мехондем. Малакаи асосие, ки мо бояд аз худ менамудем, ташкил кардани коллективҳои муҳандисон ва назди онҳо гузоштани вазифаҳо барои ҳалли масъалаҳои мураккабтарини дорои хусусиятҳои техникӣ бо истифода аз мошинҳои электронии ҳисоббарорӣ (ЭВМ) буд. Бинобар ин, аз таҳсил баргашта, мо ба кори системанок оид ба автоматикунонии ҳисоббарориҳои муҳандисӣ шурўъ намудем ва ба азхудкунии роҳҳои пешгўии хеле пурмасъулият дар бобати устувории ёнаҳои аз лиҳози ярчфуроӣ хавфдор ва оқибатҳои шикасташавии садди Усойи кўли Сарез дар Помир шурўъ намудем. Ҳардуи ин корҳо ба тартиби пўшида анҷом дода мешуданд ва соли 1986 мо аллакай технологияи пешгўии устувории доманаҳои хавфпазирро доштем.

-Чаро маҳз ҳамин ду мавзўъ ҳамчун аввалиндараҷа ва мубрамтарин эътироф гардида буданд?

-Малакаи идоракунии оқилонаи хавфҳо, аз ҷумла хавфи фалокатҳо талаботи ҳатмӣ нисбати роҳбарияти ҳар кишвар аст. Малакаи идоракунии хавфҳо пешбинии қаблии хавфҳо, муайян намудани омилҳои таъсиргузор, чораандешиҳо оид ба коҳишдиҳии хавфҳо то ба сатҳи қобили қабулро дар бар мегирад. Тоҷикистон кишвари кўҳист, 93%-и ҳудудашро кўҳҳо ишғол мекунанд, дар минтақаҳои эҳтимолан хавфнок, ки метавонанд ярч, сел, тармаҳо фароянд, НБО-ҳои калонтарин, корхонаҳои саноатӣ ҷойгиранд ва садҳо ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Офатҳои марбут ба ярчу селу тармаҳо дар Тоҷикистон ҳар сол рўй медоданд, бартараф намудани оқибатҳои онҳо харҷи қисми назарраси буҷаи ҷумҳуриро талаб менамуд. Бинобар ин, маҳаллаҳои иқоматӣ ва корхонаҳои навро дар ҷойҳои аз ин нигоҳ бехавф ҷой додан ва дар маконҳои хавфнок воқеъбудаҳоро ба ҷойҳои бехавф мувофиқи нақша гузарондан лозим меомад.

Фоҷеаи Шарора

– Биёед сари мавзўи асосии мусоҳибаамон меоем. Оё то соли 1989 фалокати имконпазирро дар Шарора ояндабинӣ кардан мешуд?

– Дар назария, аз мавқеи муҳандисӣ – бале, мешуд. Барои ин пешакӣ аксгирии топогеодезиро анҷом дода, лоақал дар ҳаҷми камтарин ковишҳои муҳандисӣ иҷро кардан лозим буд – кўҳдоманро дар чанд ҷой сўрох намуда, муайян кардан мебоист, ки он аз чӣ гуна хокҳо иборат аст. Ин корҳо арзон набуданд.

А.Захватов: “Ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд”
Оқибатҳои заминларза дар қишлоқи Шарора. Акс аз бойгонии Ғафур Шерматов

Аммо ин навъ ҷойҳое, ки фаъолии сейсмикӣ дар онҳо ба 7-9 бал мерасад, дар Тоҷикистон садҳо ададанд. Зери ёнаҳои эҳтимолан хавфнок на танҳо деҳаҳо, балки зиёд марказҳои ноҳияҳо ҳам ҷойгиранд. Деҳаи Шарора, ки ярч ба рўяш фурў рехт, танҳо яке аз ин гуна қитъаҳо мебошад. Пешбинӣ кардани офат маҳз дар ҳамин маҳал ғайриимкон буд, зеро дар он давра барои таҳқиқи хатар дар ин мавзеъ фурсат набуд.

Аммо ба нақл дар бораи технологияи пешгўии офатҳо бармегардам. Соли 1987 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон харобшавии сарбанди муваққатии обанбори начандон калони Саргазон рўй дод. Сарбанд бо баландии 23 метр ва обанбор бо ҳаҷми 2,7 миллион метри мукааб бояд дар давоми якчанд сол тўли сохтмони системаи обёрии Данғара хизмат мекарданд.

Объекти мазкур мувофиқи меъёр ва қоидаҳои сохтмон ҳамчун иншооти синфи поёнтарин – IV-ум тарҳрезӣ шуда буд. Сарбандҳои муваққатии ин синф барои гузарондани масрафоти боронии об як бор дар 100 сол пешбинӣ шудаанд ва сарбанди мазкур аллакай якчанд сол кор карда буд. Аммо ҳодисаи ғайричашмдошт рух дод – дар шаби нохушӣ борони сахт борид ва ба обанбор тариқи сой маҷрои сел ворид шуд.

Эҳтимоли боридани селро обуҳавошиносон дар 100 сол 1 бор тахмин мекарданд. Дарғот, ки барои гузарондани ҳаҷми камтари оби борон пешбинӣ шуда буд, ба сарбории фавқулода тоб наовард, вайроншавии нишеби поёни дарғот рух дод, мавҷи об бо баландии то 15 метр хонаҳои иқоматиро пахш кард, ки сабаби фавти 32 нафар шуд. Дар оғилҳои зериобмонда даҳҳо сар мол ҳалок гардид.

Ин садама дар иншооти воқеӣ ба мо имкон дод, ки модели вайроншавии нишеби дарғотро созем, дар натиҷа мутмаин шудем – нармафзорҳои компютерие, ки мо дар ихтиёр дорем, барои пешгўии офатҳо дар бисёр иншоотҳои дорои андозаҳои монанд коршояманд. Пешниҳод намудани истифода аз ин технология дар дигар объектҳо ба роҳбарияти ҷумҳурӣ имконпазир шуд.

– …ва Шумо ин технологияро ҳангоми тафтиши сабабҳои ярчфуроӣ дар Шарора ба кор бурдед?

– Бале. Иттило дар бораи фалокат дар Шарора хабари рақами 1 дар тамоми ҷаҳон гашт ва рўзноманигорон ба мо, гуфтан метавон, ҳамла карданд. Ҳисобҳоро мо шабона, дар ЭВМ-и калони Маркази ҳисоббарории (МҲ) Вазорати хоҷагии оби Тоҷикистон анҷом медодем. Тақрибан нисфишабӣ посбонон ба мо расонданд, ки ба МҲ рўзноманигори шинохтаи тоҷик Акмал Олимов, мухбири «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон Алексей Ганелин ва боз чанд корманди дигари матбуот омадаанд. Маҷбур шудем дар нишасти матбуотии худҷўш ба онҳо дар бораи натиҷаҳои кори худ нақл кунем. Дар ЭВМ маълумоти ибтидоӣ коркард шуд ва вақте мо натиҷаҳои ҳисобҳоямонро рўи нақшаи буриш ба дарозӣ зам кардем, ҳамон хатте ҳосил шуд, ки тариқи он домани кўҳ ба қишлоқ фуромад. Мо ба посух оид ба он, ки дар Шарора чӣ ҳодиса рўй дод, наздик шудем.

А.Захватов: “Ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд”
Оқибатҳои заминларза дар қишлоқи Шарора. Акс аз бойгонии Ғафур Шерматов

Ин рўйдоди дуввуми воқеӣ буд, ки қобили истифода будани нармафзорҳои компютерии моро барои ҳисобҳои оянда тасдиқ мекард. Он замон мо аллакай ба баҳодиҳӣ ба устувории нишеби поёни сарбанди табиии Усойи кўли Сарез низ машғул будем, ки паси он 17 километри мукааб об ҷамъ омада, чуқурии об ба 500 метр мерасид.

– Кўли Сарез дар Помир кайҳо боз мутахассисонро нигарон месозад, зеро кандашавии ин миқдор об фалокати сатҳи ҷаҳониро ба миён меорад…

– Комилан ҳаққед. Дар ЭВМ ҳисобҳои заруриро анҷом дода, мо муқаррар намудем, ки дар сурати канда шудани садди Усой дар Тоҷикистон, Афғонистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон то 6 миллион сокини ин кишварҳо зери хатар мемонанд. Дар хусуси эҳтимолияти офат ақидаҳои мутахассисон мухолифанд. Як қисм бар онанд, ки садди Усой ба ҳар навъ заминҷунбӣ тобовар аст. Аммо ман бо ҳамкасбонам, мутахассисони сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ Юрий Севенард, Александр Рябикин ва собиқ роҳбари ҳукумати Кўҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов ақида дорем, ки дар объекти мазкур корҳоро оид ба паст кардани хатти об то сатҳи бехатар иҷро кардан лозим аст.

Имрўз КҲФ ва ҳукумати Тоҷикистон дуруст амал мекунанд – мониторинги таровиши об аз садди табиӣ анҷом дода мешавад, ҳолати кўл зери мушоҳида қарор дорад. Вале ҳамин ки сухан аз поин бурдани сатҳи об меравад, масъала ба набудани маблағ бармехўрад. Сарез объекте нест, ки аз ҳисоби он сарфа кардан мумкин бошад. Ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон бояд дарк намоянд, ки фалокати эҳтимолӣ мушкили як худи Тоҷикистон нест. Бинобар ин, ҳар қадаре ки зудтар захираҳои молиявӣ ёфт шаванд, ҳамон қадар беҳтар хоҳад буд.

– Ба мавзўи Шарора бармегардем. Пас сабаби ярче, ки деҳаро фурў бурд, чӣ шуд?

– Сабаби бевосита таконхўрии замин бо қувваи 5-6 бал гардид. Аммо болотар аз деҳа канали обёрии бетонпўш мегузашт, ки дар як қатор ҷойҳояш аз кор монда, кайҳо боз таъмирталаб шуда буд. Таровиши хавфзои обро аз он ҳамчун хунукназарии ҷинояткорона арзёбӣ кардан мумкин буд. Лекин парвандаи ҷиноӣ боз карда нашуд, зеро сабабҳои таровиши ғайримақбул ба ҳама маълум буд – камбуди доимии пул барои таъмир.

А.Захватов: “Ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд”
Лавҳи ёдгорӣ дар ҷои фоҷиа. Акс аз Азия-Плюс

Ба ин тариқ, дар солҳои истифодабарӣ об ба умқи ҷар, ки то 20-40 метр аз гилхоки зард иборат буд, заҳида, хосиятҳои физикии қабатҳои поёнии онро тағйир дод. Ин қабатҳо аз об сер ва тару лағжонак шуданд ва тариқи онҳо аз таъсири ларзиши замин қабати болоии хушки хок сўи деҳаи Шарора лағжид.

– Дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Вокруг света» дар соли 1990 геолог Н.Новгородсев фарзияеро арз намуда буд, ки дар баробари ярч дар нишебии ҷанубии теппаҳо, эҳтимол дорад, вулқони лойоб ҷўш зада, лойро ба самти деҳаҳои Оқули Боло ва Оқули Поён партофта бошад. Шумо ба ин розиед?

– Матлаби геолог Н.Новгородсевро мутолиа кардаам, ба таҳқиқоти ў ва талошҳояш барои дарки ҳодиса арҷ мегузорам. Аммо маълум аст, ки вай дар деҳаҳо танҳо якчанд моҳ пас аз рўй додани ҳодисаҳо будааст. Вале ман дар рўзи якум онҷо будам.

– Дар ин бора муфассалтар нақл мекардед.

– Он субҳи 23 феврал, соати 9 аллакай дар ҷои кор дар “Тоҷикгипроводхоз” будам. Мудири пажуҳишгоҳ Рабим Баҳромович Маъруфов маро ба ҳайати комиссияи давлатӣ дохил кард ва мо ба ҷои фоҷеа рафтем. Дар яке аз мошинҳои мо 2 ҷои холӣ буд ва ман хоҳиш кардам, ки ду зан аз миёни кормандони мо, ки бо технологияи пешгўии чунин фоҷеаҳо хуб ошно буданд, ҳамроҳамон раванд. Ба Шарора расидем. Шумораи зиёди мардум хонаҳоро аз хоку лой тоза карда, кўшиш менамуд зиндаҳоро ёфта наҷот диҳанд. Дар фазо садои беисти гиря буд. Аҳволи яке аз кормандони ман бад шуд ва ман аз ў хоҳиш кардам, ки аз мошин набарояд.

А.Захватов: “Ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд”
Ин духтарак ягон кӯдаке буд, ки пас аз фоҷиаи соли 1989 зинда мондааст. Он вақт ӯ ҳамагӣ шашрӯза буд. Ба хотири он деҳа ӯро Шарора номиданд.

Тариқи нишеб тақрибан 200 метр боло баромадам. Аз тарафи дигар, аз ҷануб ҳам ярчҳо фуромада буданд, ки баландии беш аз 150-метра доштанд. Ман аз деҳаи Оқули Боло гузаштам. Мардум бехона монданд, маҷрўҳонро аллакай бурда буданд. Дар якчанд хона сўхтор хомўш мекарданд. То Оқули Поён нарасидам, осоре аз вулқони лойоб ҳам надидам ва ба деҳаи Шарора баргаштам.

Ба тахмини ман, фарзияи хурўҷи чунин вулқон ҳаққи вуҷуд доштан дорад. Инҷо боз як фарзияи фантастикии дигарро низ зикр кардан мумкин аст, ки низ вирди забонҳо буд – гўё аз қаъри замин тариқи тарқишҳо ба боло ҳамроҳи лойобаи гарм нафт берун баромадааст. Вале агар ҳатто ин як хурўҷи вулқони лойобу нафтӣ мебуд, он бояд аз худ ягон пай мемонд, дар ин маҳал ҷустуҷўҳои иловагии геологӣ доир кардан ҳам хуб мебуд. Воқеан, дар хотимаи он матлаб геолог Новгородсев худаш аз фарзияи пешовардааш изҳори шубҳа карда буд.

Дар оянда чиро чашмдор метавон буд

– Дере нагузашта аз ҳисобот дар бораи тафтиши сабабҳои фалокат, ки таҳти роҳбарии сардори  вақти Раёсати геология Георгий Вадимович Кошлаков мегузашт, мо ба роҳбарияти Тоҷикистон пешниҳод намудем, ки дар давоми 8-10 сол омўзиши ҳолат ва пешгўии устувории нишебҳои кўҳӣ дар 550 қитъаи осебпазир, ки онҷо корхонаҳои саноатӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин воқеъ буданд, анҷом дода шавад.

Ба корҳо бояд яке аз муҳандисони варзидаи пажуҳишгоҳ Геннадий Александрович Колтсов роҳбарӣ мекард, ки ба наздикӣ корро дар Куба анҷом дода баргашта буд. Аммо бесуботиҳои сиёсӣ, ки соли 1990 оғоз ёфтанд, пошхўрии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 ба кор монеъ шуданд. Ва ба ман дақиқан маълум аст, ки дар миёнаҳои солҳои 90-ум қисми назарраси бойгонии пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» аз даст рафт – дар сармои зимистон лоиҳаҳоро дар сандалиҳо оташ заданд. Ва имрўз ҳамаи инро ба хотир оварда ман бо боварии том гуфта метавонам, ки мутаассифона, ярчҳо ҳоло дар Тоҷикистон боз аз худ дарак медиҳанд.

– Метавонед ин бовари худро бо ягон далел асоснок намоед?

– Беҳтар аз ман ақидаи маро мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ метавонанд асоснок кунанд. Бино ба баҳогузории онҳо, дар натиҷаи офатҳои табиӣ Тоҷикистон ҳамасола 400 миллион долларро аз даст медиҳад, теъдоди ҷабрдидагон ба 500 ҳазор нафар мерасад. Магар ҳар рўз беш аз 1 миллион долларро аз даст додан барои ҷумҳурии начандон сарватманд исрофи ҷиддӣ нест?

– Шумо дар ин ҳолат чӣ пешниҳод мекардед?

– Маълум аст, ки ба Тоҷикистон зиёд Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Ҷаҳонӣ кўмак мерасонанд. Барои ман ҳамчун як муҳандиси бо вазъ аз наздик, тавре мегўянд, аз дохил ошно бештар оромиовар мебуд, агар ин ду сохтори азими молиявӣ ба Тоҷикистон барои гузарондани маҷмўи корҳо оид ба таҳқиқи ҳолати қитъаҳои кўҳдомании аз нигоҳи ярч осебпазир ва кўчондани сокинони деҳоти дар минтақаи хавфнок воқеъгардида кўмаки молиявӣ мерасонданд. Ба ғайр аз ин, корҳоро оид ба пешгўии ярчҳо дубора оғоз кардан лозим аст.

Барои суҳбат  миннатдорем.

А.Захватов: “Ярчҳо дар Тоҷикистон ҳоло аз худ дарак медиҳанд”
Нақшаи фаромадани ярчҳо. Акс аз http://tojkiston.ucoz.ru

Маълумотномаи Nuqta.tj:

Моҳи январи соли 1989 дар ноҳияи Ҳисори ҶШС Тоҷикистон офати табиӣ рух дод, ки ҷони садҳо нафарро рабуд. Мувофиқи ахбори рўзномаҳо, заминларза бо қувваи 5-6 бал масоҳати беш аз 2100 километри мураббаъро фаро гирифт. Дар марказ қувваи такон ба 7 бал мерасид, аммо мудҳиштар аз ҳама он буд, ки таконҳо ярчро ба миён оварданд. Яке аз қабатҳои он бо вусъати қариб 2-километра аз теппа канда шуда, ба қисмати ҷанубии деҳаи Шарора фурў рехт. Дигар, ки намуди сели лойобаро дошт, аз нишеби муқобил поён омада, ба деҳаҳои Оқули Боло ва Оқули Поён расид. Ҳаҷми ярчҳои фаромада, бино ба арзёбиҳои мутахассисон, наздик ба миллиард метри мукааб буд. Ихроҷи фаровони обҳои зеризаминӣ ба сатҳи замин  мушоҳида мегардид, ки корҳои наҷотдиҳиро мушкил мекард.

Муфассалтар инҷо бихонед.

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.