Ҷаҳони муосир ин ҷанг аст. «Википедия» ин вожаро чунин таъриф мекунад: «ҷанг зиддияти байни ташкилотҳои сиёсӣ (давлатҳо, қабилаҳо, гурўҳҳои сиёсӣ ва ғайраҳо) аст, ки дар заминаи даъвоҳои гуногун дар шакли муқобалаи мусаллаҳона,амалиётҳои ҳарбӣ байни қувваҳои мусаллаҳи онҳо ба вуҷуд меояд. Одатан ҷанг воситаи бар дўши рақиб бор кардани иродаи худ аст. Як субъекти сиёсӣ мекўшад, ки бо зўрӣ рафтори дигареро тағир диҳад, ўро ба даст кашидан аз озодиаш, идеологияаш, аз ҳуқуқ ба моликияти худ маҷбур кунад, захираҳояшро ба вай диҳад: ҳудудҳои хушкӣ, баҳрӣ ва ғайраҳо».
Вале дар замони муосир барои маҷбур кардани дигаре ба даст кашидан аз «идеология, ҳуқуқ ба моликият» ва ғайраҳо ҳама вақт қувваҳои мусаллаҳ лозиманд? Оё худи таърифи «ҷанг» дар ин ҷаҳони муосири хеле тез тағирёбанда кўҳна нашудааст? Ва мо худамон худамонро фиреб намедедиҳем, вақте мегўем, ки дар ҳолати сулҳ қарор дорем?
Ҳанўз Карл фон Клаузевитс гуфта буд, ки «ҷанг давоми сиёсат бо воситаҳои дигар, зўроварӣ аст». Воситаи асосии ба даст овардани мақсад аз ҷанг муборизаи мусаллаҳонаи муташаккил, муборизаи идеологӣ, иттилоотӣ, ҳамчунин иқтисодӣ ва воситаҳои дигари мубориза мебошад. Дар замони муосир бошад «воситаҳои дигари мубориза» ба ҷойи аввал мебароянд. Ҳамин тавр ҷанги муосир ин мафҳуми васеъ аст, ки ҳамаи намудҳои муқобаларо дарбар мегирад: иқтисодӣ, экологӣ, молиявӣ, сиёсӣ, иттиллотӣ ва он чизеро, ки пештар таҳти вожаӣ «ҷанг» дар назар доштанд, ҳоло «амалиётҳои ҳарбӣ» номидан мумкин аст. Ин ҳамон шакли муқобала аст, ки дар он силоҳ истифода мешавад. Айни замон ин на аз ҳама самараноктар ва на аз ҳама маъруфтар аст.
Ҳамин тавр, акнун бештар маълум мешавад, ки ҷаҳон пайваста дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Мумкин мо ҳанўз инро дуруст дарк накардаем ва ё аз гуфтани он бо овози баланд метарсем. Лекин проблемаро мухтасар ифода накарда, ба ҳалли он умед бастан мумкин нест!
Инак, чӣ хел аст ин ҷангӣ муосир? Ва ё чӣ хел аст ин ҷаҳони муосир?
Ҷанги муосир ин зарба бо мушакҳои ҳастаӣ ва ё худро дар метро таркондани худкуш нест. Ин на муҳорибаи тонкист, балки диндори мутаассиб аст, ки бо мошини боркаш пиёдагардҳоро пахш мекунад. Ҷанги муосир ин тўдаи сарбозони пиёдагард нест, балки муҳоҷирони ғайриқонуниянд, ки мавзеъҳои томро дар шаҳрҳои аврупоӣ азхуд мекунанд. Ҷанги муосир зидди ягон давлат нест, ки бо ишғоли пойтахти он ба охир мерасад, балки зидди иттиҳодияҳои шабакавӣ аст, ки метавонанд ҷонибдорони худро бе ситод дар бункер идора кунанд. Ҷанги муосир ин силсилаи «инқилобҳои ранга» аст, ки дар он нақши «таъиноти махсус»-ро мутаасибони футбол мебозанд ва аз қафои худ тўдаи шаҳрвадони ба ҳиссиёт додашударо мебаранд. Ҷанги муосир – ин куштани кўдакон дар мактабҳо бо дастгоҳҳои таркандаи худсоз ва ҳамчунин куштани рўҳи кўдак бо барномаҳои интихоби мустақили ҷинсият (яъне таблиғи ивазкунии ҷинс) аст. Ҳама гуна БЛМ ва ЛГТБ-ҳо, Моргенштернҳо, ток-шоуҳо дар ТВ ва олотҳои дигари роҳандозии ҷанги муосиранд.
Истилои фарҳангӣ аз истилои ҳарбӣ арзонтар ва самараноктар аст. Чӣ лозим бо Русия ҷангидан, агар онро тавассути фарҳанг, васоити ахбори омма ва маориф аз нав тарбия кардан мумкин бошад? Агар давлат ба тарзи кўҳна сохта шуда бошад, вай осебпазир аст. Аз сабаби набудани кори самарабахши ниҳодҳои ҳокимият дар бахши амалисозии чораҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, ки бояд муҳити мусоидро барои тарбия ва ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандони масъулиятшиноси Русия фароҳаим оранд, аҳолии кишвар зери таъсири «нерўи нарм» (ВАО, киноиндустрия, шабакаҳоии иҷтимоии ғарбӣ) мемонад ва арзишҳое ташаккул меёбанд, ки мақсадашон манипулятсияи шуури шаҳрвандон аст. Проблеммаи набудни мавқеи рўшану фаҳмои давлат дар муайян намудани дурнамои кишвар дар оянда, ҳамчунин қафомонӣ дар роҳандозии «ҷанги иттилоотӣ» ва набудани стратегияи рушди ҷомеаи одилона аст. Бояд дар назар дошт, ки ҷомеаи муосир дар муқоиса бо якчанд сол дорои имкониятҳои зиёд барои фикркунии танқидӣ мебошад ва воситаҳои кўҳнаи идоракунӣ ва шаклҳои муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо шаҳрвандон, олотҳои кўҳнашудаи хабаррасонӣ ба одамон нобоварии аҳолиро ба вуҷуд меоранд.
Барои мавҷудияти бомуваффақият дар шароити муосир (сулҳ ё ҷанг) давлат бояд намуди нави дастгоҳи идоракунӣ дошта бошад. Давлате, ки тавонистааст то имрўз истиқлолияташро ҳифз кунад, на дар иқтидори артиш, балки дар амиқии таҳлили вазъият, суръат ва самарабахшии қабули қарорҳо дар ҳама сатҳҳо рақобат мекунад – аз стратегӣ то тактикӣ. Барои ҳифзи субъективияти давлат дар шароити муқобалаи геосиёсӣ истифодаи ҳамаи унсурҳои рақобати мураттаб лозим аст: нерўи ҳарбӣ, «нерўи нарм», чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар доираи мақсади ягона амалӣ карда мешаванд. Самаранокии фаъолиятро аз ҳисоби сохторҳои таҳлилии байниидоравӣ ва ғайридавлатӣ зиёд бояд кард.
Одамони тавоно замони хубро меофаранд, замони хуб одамони бадро месозад ва замони бад одамони тавоноро меофарад. Мо кием ва насли мо офаридаи кадом замон аст? Сарбозони таъиноти махсуси оянда – на онҳое мебошанд, ки хуб тир паррода метавонанд, дар «спартакиадаи Марказ» ғолиб меоянд, бо ҳамкасбони худ дар мусобиқаҳои варзиши муваффақанд ва генералҳояшонро хурсанд мекунанд ва умуман рўҳан пурқувватанд, балки онҳое, ки баробари замон қадам мезананд, вазъияти ҷаҳонро дар имаҷмўъ дида метавонанд, системаи ташаккулёфтаи арзишҳо ва ҳадафҳо доранд, идеология доранд, ҳам парронда метавонанд ва ҳам ба ҳадаф расонда, дар ҳар гуна муҳит буда метавонанд, одамонро ба тарафи худ ҷалб карда метавонанд, аз ҳар як маълумот метавонанд истифода баранд, таҳлил карда метавонанд, бо технологояҳои муосир кор карда метавонанд, бо кўмаки шабакаҳои ҷамъиятӣ метавонанд тўдаи одамонро ба самти зарурӣ равон кунанд, агар ин лозим бошад.
Имрўз барои муқобилият кардан ба хатарҳои муосир ҷузъу томҳои нави ҳарбӣ лозиманд, ки метавонанд хатарҳои имрўзаро бинанд ва фаҳманд, на 20-сола пешро ва зидди он ҷанги муосири ҳақиқӣ ва комилро роҳандозӣ кунанд, на танҳо амалиётҳои ҳарбиро.
Nuqta.Tj