Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?  

Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?

Муноқишаҳои сарҳадӣ на танҳо хушиҳои сокинони маҳаллаҳои наздимарзиро барҳам зада, онҳоро бимзада мекунанд, балки  тиҷорати устувору рушдкарда миёни кишварҳоро мешикананд.

Рухдоди низоъҳои мусаллаҳона дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон боиси паст шудани сатҳи тиҷорат миёни ин ду кишвари ҳамсоя гардидааст.

Дар Раёсати омори вилояти Суғд иброз доштанд, ки бар асари даргириҳои ду соли охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон  гардиши мол миёни ин кишварҳо даҳҳо баробар коҳиш ёфта,  бинобар ин буҷаи кишварҳои ҳамсоя миллионҳо доллар зарар дидааст.

Аз воридот то содирот: камшавии рақамҳои тиҷорат миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон

Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омор дар вилояти Суғд, дар такя ба маълумоти идораи гумрук гуфт, ки савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар се соли охир батадриҷ поён шудааст.

Ӯ зикр кард, ки агар соли 2019, замони қабл аз даргириҳои сарҳадӣ, гардиши савдо миёни ин ду кишвар, ки умдатан интиқоли мол тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоятҳои Суғд ва Ботканд сурат мегирад, ба  60  миллион доллари амрикоӣ расида буд, ин рақам давоми се соли охир беш аз 16 баробар кам шудааст. Таври мисол, ҳаҷми гардиши савдо дар ин масир аз 46 миллион доллари соли 2020 дар соли 2021 то ба 38 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

  • “Ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғд ва кишвари Қирғизистон дар соли 2019 ба 59,6 миллион доллар баробар буд. Аз ин ҳиссаи содирот 9 миллион доллар ва саҳми воридот 50,7 миллион доллар буд.
  • Ҳаҷми гардиши савдо дар соли 2021 ҳамагӣ 25,1 миллион доллар ҳисоб шудааст. Ин нишондиҳанда дар шакли воридоти мол 56,8% ва аз ҳисоби содирот ҳамагӣ 43%-и гардиши мол дар соли 2020-ро ташкил медиҳад“, – шарҳ дод, масъули идораи омор.

Муноқишае, ки боиси марзбандиҳо гардид

Солҳои 2021 ва 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чандин муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.  Аз ҷумла,  бар асари муноқишаи мусаллаҳонае, ки рӯзҳои 28 ба 29 апрели соли 2021 дар маҳаллаи маъруф ба Обтақсим (Головной)-и ҷамоати Чоркӯҳ миёни сарҳадбонони ду кишвар сар зад, ба ҳисоби сарбозону афсарон аз ҳарду ҷониб даҳҳо сокини маҳаллаҳои наздимарзӣ захмиву кушта шуд ва иморату иншооти онҳо харобу валангор гардиданд.

Хисороти расида аз ин ҳодисаҳоро мақомоти ду кишвар ба миллионҳо сомонии тоҷикӣ ва соми қирғизӣ баробар донистанд. 

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон он замон ҳамдигарро ба тиркушоӣ ва сар кардани даргирӣ муттаҳам карданд.

Як рӯз пас аз хатми ин ҳодисаи фоҷеабор ҷониби Қирғизистон марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст ва аз шаҳрвандонаш хост, то аз убури марз ба кишвари ҳамсоя худдорӣ кунанд. Айни ин қарорро ҷониби Тоҷикистон ҳам содир кард ва роҳҳои вурудро бо кишвари ҳамсоя баст.

Соли 2022 гардиши мол буд, аммо хеле кам

Масъулони идораи омор дар вилояти Суғд, сатҳи тиҷорати хориҷӣ миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистонро  дар як соли охир шарҳ доданд.

  • “Ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2022 ба 3,6 миллион доллар рақамбандӣ шудааст. Ин нишондиҳанда аз рӯйи маҳсулотҳои воридотӣ 2,4 миллион доллар ва аз рӯйи содирот 1,2 миллион долларро ташкил медиҳад”, – иброз намуд, Накҳатзода.

Вуқуи муноқишаҳои сарҳадӣ на танҳо ба коҳишёбии ҳаҷм ва намуди молҳои гумрукӣ боис шуда, ба рушди устувори тиҷорати хориҷӣ миёни ин кишварҳо зарба задааст, балки ба фаъолияти бозорҳои наздимарзии шаҳру навоҳии Суғду Ботканд низ асароти ҷиддие дар пай гузоштааст. Дар ин бозорҳо садҳо сокинони деҳоти  наздисарҳадӣ ба тиҷорат машғул буданд ва ба ин васила рӯзии худро дарёфт мекарданд.

Ба гунаи мисол, чунин бозорҳои наздимарзӣ дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазии Исфара, бозори яклухтфурӯшии  молҳои кишоварзӣ дар деҳаҳаои Қаробоғ, Самарқандак ва Равоти ноҳияи Ботканд  фаъолият мекарданд.  Ҳамчунин тоҷирон дар бозорҳои Арқаи ноҳияи Лайлак ва Хистеварзу Овчи–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамарӯза ба харидорони тоҷику қирғиз хидмат мерасониданд.

Бозорҳои наздимарзӣ камодам шудаанд

Мухторҷон Ҳамдамов, ҷонишини раиси бозори Сурхи шаҳри Исфара, мегӯяд, то замони марзбандиҳо дар ин бозор, ба ҳисоби сокинони кишвар, сокинон аз деҳоти Қирғизистон низ барои харидуфурӯши мол меомаданд ва суръати савдо ҳам назаррас буд.  

  • “Бист фоизи фурӯшандагони бозор то замони муноқишаи марзӣ қирғизҳо буданд. Онҳо асосан меваи хушкро барои фурӯш меоварданд ва аз ин ҷо молҳои ниёзи рӯзғор, аз ҷумла сабзавот мебурданд”, – таъкид намуд раиси бозор.
Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?
Мухторҷон Ҳамдамов, ҷонишини раиси бозори Сурх дар шаҳри Исфара. Акс: Қамари Аҳрор.

Ин масъули бозори Сурх мегӯяд, муносибати мардумони наздисарҳадӣ нек буд ва аз ин ҳисоб тиҷорат ҳам хуб гардиш мекард.

Ҳамдамов изҳори умедворӣ кард, ки рӯзе марзҳо аз нав боз мешаванд ва аҳолии наздисарҳадӣ дубора робитаҳои тиҷоратии худро барқарор мекунанд.

Абдурафӣ Каримов яке аз тоҷирони бозори Сурх аст, ки ба харидуфурӯши меваи хушк машғул аст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд,  боре, ки аз ин бозор мехарад, то ба фурӯшгоҳҳои кишварҳои Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳад ва аз ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекунад. Ин тоҷир изҳор намуд, ки марзбандиҳо ду сол ба ин тараф ба савдои онҳо таъсири ҷиддии манфӣ расонидаанд.

  • “Қариб 30%-и бори мардумро қирғизҳо гирифта, то Ошу  Бишкек ва Қазоқистон мебурданд. Шахсан худам ҳам то Ошу Ботканд бор бурда мефурӯхтам. Хонаи маро аз хонаи қирғизҳо танҳо як девор  ҷудо мекунад. То ҳамин ҷанги сарҳадӣ муносибати мо хеле хуб буд”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Фозилов: коршарикони қирғизиям он тарафи марз монданд

Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?
Илҳомҷон Фозилов, тоҷири бозор. Акс: Қамари Ахрор.

Дар ҳамин ҳол Илҳомҷон Фозилов, яке дигар аз тоҷирони ин бозори  Исфара мегӯяд, солҳо ба ин тараф якҷо бо қирғизҳо мол харидуфурӯш мекард ва бо ин роҳ риштаи хуби тиҷоратӣ ва дӯстӣ барқарор карда буданд. Ӯ дар суҳбат ба мо аз коршарикони қирғизияш дар он тарафи марз ном бурду онҳоро ба некӣ ёд кард.

“Онҳо меомаданд, хуб буд. Онҳо ҳам ризқашонро дарёфт мекарданд, мо ҳам. Ман ба Ботканд бисёр сафар мекардам, қариб ҳар ҳафта. Аз он ҷо меваи хушк оварда, дар ин ҷо мефурӯхтам. Онҳо меомаданду аз ин ҷо аз мо бор мегирифтанд.

Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?
Бозори наздимарзии яклухтфурӯшии зардолуи хушк. Акс: Қамари Ахрор.

Рафиқони қирғизиям бисёранд. Масалан Сайфиддин ё Машрафбой аз деҳаи Самарқандак, Азизбой ва Нурмуҳаммад ҳастанд аз Мингурук. Борҳо ба хонаҳояшон меҳмон шудаам. Ба тӯяшон даъват мекарданд, мерафтем. Мутаасифона, муноқиша рух дод ва ин ҳама робитаҳои хуби моро барҳам зад”, – изҳор намуд Фозилов.

Танҳо тоҷирони бозорҳо нестанд, ки аз ҷабри иқтисодшикани  танишҳои марзӣ ба кору рӯзгорашон таъкид меварзанд, балки онҳое, ки дар қад-қади шоҳроҳҳо ба савдо машғул буданд аз мушкилиҳои фаровони ба сарашон омада арз мекунанд.

Шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Конибодоми вилояти Суғд аз ҳудуди чанд деҳаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд мегузарад. Дар канори рости ин шоҳроҳ сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон ба фурӯши маводи сӯхт ва дар канори чапи он сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ба фурӯши меваю сабзавот машғул буда, аз ин роҳ зиндагии худро пеш мебурданд.

Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?
Меваи хушк аз ин бозори наздимарзии Исфара то ба Русия интиқол меёбад. Акс: Қамари Ахрор.

Шабачаев: “Тоҷикон бензин мегирифтанд, мо – хӯрокворӣ”

Тӯрабек Шабачаев сокини деҳаи Арқаи Қирғизистон аст. Ӯ мегӯяд, дар пайи басташавии роҳу гузаргоҳҳо ду сол аст, ки ин нуқтаҳои савдо баста шуда ва додугирифт байни ҳамсояҳо ба тамом сурат намегирад ва чунин вазъ зиндагии ӯ барин сокинони наздимарзиро ба мушкил дучор намудааст.

  • “Тоҷикони ҳамсоя бензинро бо нархи арзон аз мо мегирифтанд. Аксаран, аз ноҳияи Лайлак. Мо аз онҳо хӯрокворӣ мегирифтем,  чизе, ки ба хариди он бо нархи арзон ниёз доштем. Ҳаштод дарсади аҳолӣ камбағаланд ва аз нархи гарони хӯрокворӣ азият мекашанд”, – зикр кард, Шабачаев.

Коршиносони умури марзӣ таъкид меварзанд, ки вақте сухан дар бораи муноқишаи марзӣ равад, қабл аз ҳама манзараи талафоти ҷонӣ ва асароти иқтисодии расида ба рӯзгори сокинони наздисарҳадӣ пеши назар меояд.

Даъвати коршинос барои барқарории сулҳу рушди тиҷорат

Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?
Неъматулло Мирсаидов. Акс аз интернет.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили марзӣ, мегӯяд, воқеаҳое, ки ду сол қабл дар сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рух доданд, боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардида, тиҷорати шаклгирифта миёни ин кишварҳоро ба шикаст дучор намудааст.

“Байни Тоҷикистону Қирғизистон зуҳуроти хубе буд, ки чунин падидаи нек қариб, ки байни дигар кишварҳо эҳсос намешуд. Ин савдои байнимарзӣ буд. Дар қад-қади марзи Тоҷикистону Қирғизистон бозорҳои марзӣ вуҷуд доштанд. Мардум дар канори роҳҳо озодона савдо мекарданд. Ва ҳамаи ин даромад на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҳарду кишвар буд, балки ин як василаи  ғанӣ кардани  буҷаи ҳарду давлат ба ҳисоб мерафт”, – таъкид намуд Мирсаидов.  

Қамари Аҳрор

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи DW Akademie, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии федеролии Олмон (Auswärtiges Amt) маблағгузорӣ мешавад, омода гардидааст. Андешаҳои дар ин мақола баёншуда маводи муаллифӣ буда, нуқтаи назари Deutsche Welle/DW Akademie-ро инъикос намекунанд.

Оцените статью

Аҷали тиҷорат: муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сари тоҷирон чӣ оварданд?   Муноқишаҳои сарҳадӣ на танҳо хушиҳои сокинони маҳаллаҳои наздимарзиро барҳам зада, онҳоро бимзада мекунанд, балки  тиҷорати устувору рушдкарда миёни кишварҳоро мешикананд. Рухдоди низоъҳои мусаллаҳона дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон боиси паст шудани сатҳи тиҷорат миёни ин ду кишвари ҳамсоя гардидааст. Дар Раёсати омори вилояти Суғд иброз доштанд, ки бар асари даргириҳои ду соли охир дар сарҳади Тоҷикистон […]
5 1 5 6
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.