Сӣ сол қабл аз 15 ноябр то 2 декабр дар Қасри Арбоб киҳо чиҳо гуфтанд ва чӣ иттифоқҳое пеш омад?
Шореҳи Nuqta.tj маълумотро ҷамъоварӣ карда, солномаи рӯйдодҳои он рӯзҳоро бо ин санаи таърихӣ тартиб дод. Матлаби мазкур қисми дуюми маҷмӯи мақолаҳо дар ин мавзуъ аст.(Идома. Авалаш дар ин ҷо).
АКБАРШО ИСКАНДАРОВ РАФТ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ ОМАД
Ҳарчи буд ё не, 18 ноябр Ҳабибулло Табаров аз минбар баромад карда гуфт, «бинобар сабабе, ки ҳанӯз ба истеъфо рафтани раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров ва аъзои раёсати Шӯрои Олиро иҷлосия ҳал накардааст, таклиф мекунам, ки раисии иҷлосияро Искандаров идома диҳад”.
Искандаров дубора раисикунандаи иҷлосия шуд ва аввалин пешниҳодаш чунин буд:
- Барои ҷилавгирӣ аз идомаи ҷанг бояд қумандонҳои ҳарду тараф ба иҷлосия даъват шаванд. Зеро вазъият аз оштиву сулҳи онҳо вобаста аст.

Ин пешниҳод аз ҷониби аксарияти вакилон пазируфта шуд. Аммо андактар иддае аз вакилон боз масъалаи аз раисӣ барканор намудани Искандаровро пеш гузоштанд. Вакилони зиёде, аз ҷумла Адолат Раҳмонова ба сухан баромада, гуфтанд, ки иҷлосия бояд дар ҳар ҳолат мувофиқи регламент корашро идома диҳад.
Баҳси дигари он рӯз сари мавзӯи рӯзномаи иҷлосия буд. Раёсати Шӯрои Олӣ рӯзномаи худро пешниҳод кард ва Комиссияи муросо рӯзномаи дигарро. Рӯзномаи Раёсат нагузашт ва рӯзномаи дигар ҷонибдорӣ ёфт, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд:
- Дар бораи муроҷиат ба кишварҳои узви ИДМ;
- Дар бораи аризаи Раиси ҷумҳур Р. Набиев;
- Дар бораи то вақти муайян боздоштани идораи президентӣ;
- Дар бораи раиси Девони вазирон;
- Дар бораи аризаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва аъзои Ҳукумати Тоҷикистон;
- Дар бораи қатъ кардани ваколатҳои депутатҳои ҷумҳурӣ;
- Дар бораи дидани чораҳо оид ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ;
- Дар бораи аз вазифа озод кардани ҷонишини Раиси Шӯрои Олӣ Приписнов В. И;
- Дар бораи дохил кардани тағйирот дар қонун “Дар бораи статуси депутатҳои халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- Дар бораи Прокурори кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дар бораи Байрақ ва Герби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дар бораи авфи умумӣ;
- Дар бораи қабули қонун “Оид ба гурезаҳо”;
- Масъалаҳои ҷорӣ
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 30 солагии иҷлосияи 16 гуфт, ки дар он 23 масъала баррасӣ шудааст. Эҳтимол, масоиле ҳам буданд, ки баъдан пеш омаданд. Масалан, мавзуи таъсиси вазифаи муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ дар рӯзҳои охири иҷлосия баррасӣ шуд ва Абдулмаҷид Достиев ба он интихоб гардид.
Аммо 18 ноябр масъалаи истеъфои Раиси Шӯрои Олӣ баҳси тӯлониро ба миён овард. Баррасиҳои эҳсосӣ ҳам ҷо доштанд, ки пораҳое аз онро тариқи шабакаи ТВ намоиш медоданд.
Ҳамон рӯз бо пешниҳоди сардори қувваҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон генерал Тритсан В. Ф оид ба дар ВМКБ ташкил намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дар роҳҳои наздисарҳадӣ ҷорӣ кардани назорати марзбонӣ барои баррасӣ ба Девони Вазирон вогузор гардид.
Инчунин ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои аз муҳосираи иқтисодӣ озод намудани минтақаҳои алоҳида, оид ба тағйиру иловаҳо ба қонуни андоз, лоиҳаи қонун “Дар бораи гумрук” ва чанд масъалаи дигар ворид гардид. Қонун “Дар бораи статуси депутатҳо” ҳамон рӯз муҳокима ва қабул шуд.
Ҳамон рӯз вакилон лоиҳаи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардондани ваколатҳои депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҷудогонаи интихоботӣ» – ро баррасӣ ва қабул намуданд, ки мувофиқи он ваколатҳои депутатии А. И. Субботин, И. А. Сентов, А. И. Сёмин, Ю. А. Букреев, Ш. Усмонова, В. М. Мазо, А. Н. Мартовитский, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафта буданд, қатъ карда шуд.
19 ноябр Акбаршо Искандаров якбора масъалаи бозхонди раиси Шурои Олӣ, яъне худашро пешниҳод намуда, таклиф кард, ки кори ҷаласаро Ҳабибулло Табаров ҳамчун депутати кӯҳансолтарин пеш барад.
Баъд Искандаров аз кори думоҳаи хеш ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ҳисобот дод. Муҳкоимаи тезутунде пеш омад. Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров аз вазифа бозхонда шуд.
- Пас аз ин бо таклифи раисикунанда масъалаи интихоби Раиси нави Шӯрои Олӣ мавриди баррасӣ қаpop гирифт. Депутат Мирзоев аз ноҳияи Ҳисор, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ба сухан баромада, номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро пешниҳод намуд.
Депутат X. Ғафуров номзадии Иззатулло Ҳаёевро пешниҳод намуд. Вале Ҳаёев таклифро як навъ бозии сиёсӣ номида, аҳволи бади саломатияшро сабаб нишон дода, номзадиашро бозхонд.
Ҳамин тавр, комиссияи баҳисобгирии овозҳо номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намуд. Дар натиҷа аз 197 депутат 186 нафар ба ҷонибдории ӯ овоз доданд.
Дар охири рӯз матни Муроҷиматнома унвонии раҳбарони Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон дар хусуси вазъияти ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон қабул гардид. Дар он масъалаи дар ин вазъияти душвор дар Тоҷикистон мондани дивизияи 201 – уми Россияро ҳамчун қувваи сулҳхоҳ ва ба қатори он шомил намудани нерӯҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба миён гузошта мешуд.
Шаби 19 ба 20 ноябр бо супориши роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ се нафар- А. Достиев, М. Орифов ва Ҳ. Табаров ба хонаи президент Набиев рафтанд, то ӯро барои истеъфо розӣ кунонанд. Ӯ ба ин пешниҳод розӣ намешуд. Баъди суҳбати тӯлонӣ хоҳиш кард, ки дар иҷлосия ба ӯ имкони иштирок ва суханронӣ диҳанд.
Солеҳҷон Ҷӯраев, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон баъдан дар сӯҳбатҳояш зикр намуд, ки Набиев аслан намехост ба истеъфо равад. Ӯ ин ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад:

– Ҳанӯз пеш аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раиси Шӯрои олӣ назди ман и.в сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов, раиси вилояти Суғди ҳозира Абдуҷалил Ҳомидов ва як нафар прокурори ноҳияи Расулов, ки депутат низ буд, омаданд. Онҳо аз ман хостанд, ки бо Раҳмон Набиев, ки ба гуфтаи онҳо, намехостааст аризаи истеъфояшро тасдиқ намояд ва хоҳиши дар кори сессия ширкат кардан надоштааст, суҳбат намоям. Ман розӣ шудам. Гуфтам, суҳбат мешавад, аммо дар идораи давлат. Бо Раҳмон Набиев дар яке аз танаффусҳои иҷлосия сӯҳбат кардам. Абдуллоҷонов медонист, ки агар Набиев дар вазифа монад, ӯ сарвазир намешавад. Хуб, инро мо медонистем, як қонуни нонавишта дар мо амал мекунад, ки раис аз шимол бошад, сарвазир аз тарафи ҷануб бояд шавад. Дар ин миён худи депутатҳо ҳам чанд бор назди Набиев рафтаанд, аммо ӯ розӣ нашуда гуфтааст, ки янгаатон (оилаашон) маро таҳти фишор қарор додааст, ман ҳоло президент. Хуллас, ман бо Набиев вохӯрдам. Аслан ў нияти аз вазифа рафтан надошт. Набиев пештар ҳам маро мешинохт. Гуфт, ки Солеҳҷон, ту ҳамчун прокурори генералӣ ба ман гӯй, ки ман ҳозир Президент ҳастам ё нестам? Ман гуфтам, ки “Раҳмон Набиев, Шумо президент будед, лекин ҳозир нестед”. Он кас розӣ нашуда гуфтанд, ки “он кор дар зери фишор буд-ку?”. Ман гуфтам, он чї, ки Шумо аризаи истеъфо додед, қувваи қонунӣ надорад, вале шумо аз чор силоҳбадаст тарсида, ватанро, Тоҷикистонро, президентиро партофта омада, дар Хуҷанд руст шудед. Он кас гуфтанд, ки маро халқ интихоб кардааст, на ин боевикҳо ва тақдири маро бояд халқе, ки маро интихоб кардааст, ҳал кунад. Ман гуфтам, ки не, муҳтарам Раҳмон Набиев, халқ дар чунин вазъияту Шумо гурехта инҷо омада паноҳ бурдаед, ҳоло халқ ба ёдатон мерасад? То ин вақт дар куҷо будед? Гуфтам, ки акнун монед. Нагуфтам, ки шуморо ба ҷавобгарӣ мекашам, вале шумо савгандро шикастед гуфтам. Гуфтам, бигузоред, ки тақдири Тоҷикистонро дигар депутатҳо ҳал кунанд. Ба фикрам, ҳамон бегоҳӣ буд, ки омаданду истеъфои худро эълон карданд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ – РАИСИ ПАРЛАМЕНТ. АБДУЛЛОҶОНОВ – САРВАЗИР.
20 ноябр кори иҷлосияро раиси навинтихоб Эмомалӣ Раҳмонов пеш мебурд.

Дар ибтидо ӯ масъалаи қонунӣ будан ё набудани аризаи истеъфои президент Раҳмон Набиевро ба баррасӣ гузошт. Депутатҳо Валентина Абдусамадова ва Адолат Раҳмонова пешниҳод карданд, ки худи Набиев бигзор ба толор омада, дар ин маврид суҳбат намояд. Як пешниҳод ин буд, ки аризаи ӯ ва то куҷо қонунӣ будани он ба овоз монда шавад. Масъалаи дигар барҳам задани шакли идораи президентӣ ва гузаштан ба шакли идораи парламентӣ буд.
Дар ниҳоят, вобаста ба он ки шаби пеш гурӯҳи корӣ ба хонаи Набиев рафта буданд ва масъалаҳое ҳал шуда буд, ӯро ба иҷлосия оварданд. Суҳбат кард. Ҳолати мамлакат ва худро муфассал гуфт. Баъд аз муҳокимаҳои тӯлонӣ ва таъкиду хоҳиши чандинбораи вакилон ниҳоят розӣ шуд ба истеъфо равад. Иҷлосия дар ин бора қарор қабул намуд ва ба президенти собиқ имтиёзҳое муқаррар кард.
Бегоҳи ҳамон рӯз “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” Акбар Мирзоевро аз Сарвазирии Тоҷикистон озод намуданд. Ҳамчунин истеъфои аъзои Девони Вазиронро қабул карда, ба онҳо супориш дода шуд, ки то таъсиси ҳукумати нав вазифаҳои худро давом диҳанд.
- Масъалаи пурбаҳстарин – шакли идораи президентӣ ё парламентӣ буд. Қарор қабул шуд, ки аз ин пас муваққатан шакли идораи парламентӣ роҳандозӣ мешавад ва Девони Вазирон ба Шӯрои Вазирон табдил мегардад. Дар охири рӯз Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазир интихоб гашта, барояш супориш шуд, ки сохтору ҳайати нави ҳукуматро таҳия намояд.
Дар ҳамин рӯз ду санади муҳим:- «Муроҷиатнома ба ҳамаи азҳоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Шӯрои Олӣ»-ро, ки хислати сиёсӣ доштанд, қабул гардид.
21 ноябр Эмомалӣ Раҳмонов ҷаласаро бо хондани паёмҳои табрикӣ аз ҷониби Нурсултон Назарбоев ва Аскар Акаев, ки ӯро ба интихоб шуданаш ба роҳбарии давлат табрик мекарданд, оғоз намуд.
Ҳамин рӯз Абдулмаҷид Достиев пешниҳод намуд, ки вилоятҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб барҳам дода шавад ва ба ҷои онҳо як вилоят – Хатлон таъсис ёбад.
Лоиҳаи қонун “Дар бораи гурезаҳо” баррасӣ шуда, барои такмили он комиссияи депутатӣ таъсис ёфт.
Рӯзи дигар иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералӣ Солеҳҷон Ҷӯраев дар бораи роҳҳои халъи силоҳ ва авфи умумӣ гузориш дод. Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Раисони кумитаву комиссияҳои Шӯрои Олӣ аз ҷумлаи вакилони зерин интихоб гардиданд: Сафаралӣ Раҷабов, Рафиқа Мӯсоева, Сафар Сафаров, Раҳмонқул Атоев, Моёншо Назаршоев, Саидмурод Тағоев, Раҷаб Қодиров, Владимир Шичкин, Бобораҷаб Бобоев.
АБДУҶАЛИЛ ҲОМИДОВ ЧӢ МЕХОСТ?
23 ноябр кори иҷлосия бо ахбори Раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар бораи вазъияти ноҳияҳои Шаҳритус, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва шаҳри Душанбе оғоз шуд. Бояд гуфт, ки он шабу рӯзҳо аллакай теъдоди зиёди гурезаҳо дар сарҳад ҷамъ шуда, қисме ба Афғонистон рафта буданд. Баъдан Эмомалӣ Раҳмонов аз натиҷаҳои мулоқот бо қумондонҳои силоҳбадасти ноҳияҳои Шаҳритус, Қумсангир ва Панҷ, ки якшанбеи 22 ноябр дар Шаҳритус баргузор шуда буд, гузориш дод. Ҳамон рӯз комисияи депутатӣ лоиҳаи қонунро “Дар бораи тартиби ба ҷойҳои истиқоматии доимиашон бозгаштани гурезаҳо” таҳия карда, ба баррасии иҷлосия пешниҳод намуд.

Лоиҳаи қонун “Дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни ҶТ оид ба андози шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа” аз 16 январи соли 1992 ҳамон рӯз баррасӣ шуд. Ҳамчунин қонун “Дар бораи бекор кардани андози арзиши иловагӣ”, масъалаҳо “Оид ба роҳхатҳо, барои табобату истироҳат дар осоишгоҳҳои тобистона, дар бораи узвияти Бунёди байналмилалии асъор, Бонки байналмилалии тармиму тараққиёт, Ассотсиатсияи байналмилалии тараққиёт, Корпоратсияи байналмилалии молия ва Агентии сетарафаи кафолати амонатгузорӣ дохил шудани Тоҷикистон, дар бораи ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи авиатсияи байналмилалии гражданӣ, муҳокима ва қабул гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмонов таъкид намуд, ки мавзуи асосии рӯз масъалаи «Тадбирҳои муътадил намудани вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст ва он ба рӯзномаи иҷлосия дохил шуд.
- Бо пешниҳоди Раиси Шӯрои Олӣ пас аз мулоқот бо сардорони дастаҳои мусаллаҳ изҳороти парламент вобаста ба мӯътадил гардонидани вазъи кишвар қабул гардад. Он пазируфта шуд.
24 ноябр Эмомалӣ Раҳмонов иҷлосияро боз ҳам аз мавзуи вазъият дар кишвар оғоз намуда, аз депутатҳо хост, ки худро аз эҳсосот канор гирифта, ба вазъият баҳои воқеӣ диҳанд. Баъдан, вазири корҳои дохилӣ Имроншоев дар бораи вазъият дар кишвар суханронӣ намуд. Муҳокимаи ҷиддие пеш омад. Аз қонуншиканиву ҷиноятҳои зиёде вакилон мисол оварда, фаъолмандии кормандони мақомотро мехостанд.
Достиев дар китоби худ менависад, ки дар ҳамин рӯз раиси вилояти Суғди ҳозира, вакили Шӯрои Олӣ А. Ҳомидов аз номи вакилони вилоят баромад намуда, боисрор таклиф кард, ки кори иҷлосия қатъ шавад ва депутатҳо ба зодгоҳи худ баргашта, масъалаҳои худро ҳал карда, баъд ба Хуҷанд баргарданд. Аммо аз тафсилоти ин ҳолат, ки раиси собиқи вилоят бо чӣ сабаб чунин изҳор намуд, худдорӣ мекунад.
Чанд соле қабл нашрияи “СССР” дар ин маврид тафсилоти андаке дод. Бинобар навиштаи онҳо, “Абдуҷалил Ҳомидов баҳона пеш овард, ки «ҳанӯз ҳамаи вакилон омода нестанд, биноан пешниҳод менамоям, ки кори сессияро мавқуф гузорем, ба моҳҳои оянда…». Адолат (Раҳмонова) аз чунин муносибат ва беэътиноӣ барошуфта, ба минбар баромаду гуфт: «Биёед, манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиро 1 сӯ гузорем. Лаҳзае фаро расидааст, ки кумитаву вазоратҳоро таъсис диҳем».
Воқеан, Ҳомидов баъдан, дар охири соли 1993 аз мақом барканор гардид. Вале пешопеши интихоботи президентии соли 1994 бори дигар дар ин мақом таъин карданд. Гуфта мешавад Ҳомидов бо Абдумалик Абдуллоҷонов хешовандӣ дошт ва “одами Ӯзбекистон” буд. Соли 1996 ӯ аз мақомаш барканор шуд ва ин бор барои зиндагӣ ба Тошканд рафт. Мақомоти Тоҷикистон ӯро барои ҳимоят аз Маҳмуд Худойбердиев ва барои ташкили сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон муттаҳам медонанд. Ӯ соли 2001 дар Хуҷанд ҳангоми ширкат дар ҷанозаи хоҳараш боздошт ва зиндонӣ шуд. 25 майи соли 2010 дар яке аз зиндонҳои Душанбе вафот кард.
(Идома дорад)
Раҷаби МИРЗО