ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ: ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲО

Бо вуҷуди сиёсати норавшан ва мураккаби давраи гузариш, табадуллоти солҳои 90-ум ва иддаои “падари маънавии демократияи рус” Солженитсин, ки Осиёи Миёнаро як бори зиёдатӣ, “зершиками нарм”-и Россия номида буд, муносибатро бо кишварҳои Осиёи Миёна то андозае дар зеҳни элитаи сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ тағйир дод, ки акси садои он то ҳол ба гӯш мерасад.

Муносибатҳои мазкур таърихи дурудароз дошта, аз садаи 16-ум оғоз мегарданд. Вале пас аз он ки аз ҷониби сегонаи славянӣ – Россия, Украина, Белорусия соли 1991 ИДМ – Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ таъсис дода шуд, Туркманистон сиёсати бетарафиро думбол гирифт ва худдорӣ аз шомилшавӣ ба блокҳоро тавассути СММ расмӣ кард. Новобаста аз он ки Россия бо мутахассисонаш дар кошифӣ, истихроҷ ва тиҷорати газу нафти Туркманистон ширкат мекунанд, вай боигарии худро танҳо дар асоси созишномаи барояш муфид амалӣ мегардонад. Ӯзбекистон низ то имрӯз бештар ба кишварҳои Ғарб моил аст, гоҳ-гоҳ худро ба оғӯши сарди Россия меандозад ва ҳамчун Туркманистон захираҳои табиии худро дар асоси созишномаҳои муфид ба Россия мефурӯшад. Вале раванди сиёсии ҷаҳон ва манофеи геополитикӣ дар як муддати кӯтоҳ нишон дод, ки “зершиками зиёдатӣ” будани Осиёи Миёна барои Россия дар асл афсонае беш набудааст.

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ: ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲО
Президентҳо Леонид Кравчук (Украина), Станислав Шушкевич (Беларус) ва Борис Елтсин (Русия) пас аз имзои Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беловежская Пушча, 1991. Акс: РИА-новости.

Бахши азими мардуми Осиёи Миёна ба иллати вазъи хароби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ то ҳанӯз умед бар он мебанданд, ки ҳамкорӣ ва ҳамгироии давраи Шуравӣ, бигузор дар шаклҳои муосир ҳам бошад, аз нав таҷдид мешавад. Чаро ки ин муносибат дар дарозои даҳсолаҳо қолабрезӣ шуда, бо хуну мафкураи халқҳои минтақа унс гирифтааст ва на қонунҳои сахтгиронаи давлати алъон бегона, на сарсонию саргардонии муҳоҷирони пайваста дар ҷустуҷӯйи кор, на фиребу найранги кордиҳандагон ва на куштор ва ваҳшонияти тоссарҳо (скинҳедҳо) ҳанӯз аз дилҳо эҳсоси “дӯсти дерина ва санҷида” будани халқи русро аз байн набурдааст. Шояд ба истиснои Қазоқистон, ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодаш солҳои охир хеле боло рафтааст ва баробари он даъвои раҳоӣ аз вобастагии Россия ва садои истиқлолхоҳӣ дар байни омма рӯз то рӯз баландтар мешавад.

 Россия, дар навбати худ, ҳанӯз аз асри XVI инҷониб дар Осиёи Миёна натанҳо ҳадафҳои сиёсию марзӣ-геополитикӣ, балки ҳадафҳои сирф иқтисодию амниятӣ низ дошт, ки ба гумон аст аз онҳо даст кашад. Пас дурнамои муносибатҳои Федератсияи Россия бо кишварҳои Осиёи Миёна дар кадом поя сурат хоҳад гирифт? Иттиҳоду созмонҳои зиёде, ки муносибати Россия ва Тоҷикистон дар заминаи онҳо роҳандозӣ мешаванд, то кадом андоза коргаранд? Оё зарурат ҳаст, ки як иттиҳоди сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ таъсис дода шавад, ки ҷойгузини ҳамаи ин паймонаҳои камасаре мисли ИДМ, СААД, СҲШ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бошад?

Дар идомаи матлаб таърихи муносибатҳои Россияро бо кишварҳои Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон, мавриди таҳлил қарор дода, назари хешро доир ба ин масъала манзур менамоем.   

Давраи 1.

Осиёи Миёна бо Россия: ҷозиба аз ҳарду ҷониб

Таърихи муносибатҳои мутақобилаи Россия ва Осиёи Марказиро маъмулан ба се давра тақсим мекунанд. Аз замонҳои қадим то ҳуҷуми муғул тиҷорат аз Шарқ ба Ғарб – аз Чин то Рум ва аз марказ ба ҷануб – то Синду Ҳинд сурат мегирифт, ки бо номи Шоҳроҳи Абрешим маъруф аст. Пас аз Осиёи Марказиро истило кардани Чингизхон ва ҷангҳои минбаъдаи ӯ бо кишварҳои дигар ин роҳ амалан баста шуд. Танҳо дар оғози асри 16, пас аз қатъ гаштани низоъҳои дохилӣ, барои тиҷорат шароити беҳтар фароҳам омада, Бухоро чун пойтахти давлати Шайбониён маркази тиҷоратии Осиёи Миёна, нуқтаи омадурафти тоҷирони хориҷӣ ва гузаргоҳи муҳим барои интиқоли молҳои хориҷӣ шуд. Вале харитаи Роҳи Абрешим дар шакли аввала барқарор нагашт. Зеро низои пайвастаи аморати Бухоро бо Эрон ва ихтилофи мазҳабии шиа ва суннӣ сарҳади ғарбиро ба рӯйи Бухоро баст. Дар дасти Португалия мондани бандарҳо ва роҳҳои асосии баҳрии Ҳинд интиқоли моли тарафайнро дар самти марказ-ҷануб ғайриимкон гардонд. Ҳоли ногувори Чини зери истилои муғулҳо монда роҳҳои асосии корвонгузарро, ки аз Чин оғоз мегардид, ба муддати тӯлонӣ тағйир дода, пеши ҳама гуна ҳамкориро бо ин кишварҳо баст. Ва маҳз дар ҳамин замина бо Россия муносибатҳои нави дипломатӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монда шуд. Барои Россия, ки мудом аз кишварҳои ғарбии аврупоӣ дар азият буда, мисли имрӯз барои мавҷудияти худ қариб ҳамеша дар ҳолати ҷангӣ қарор дошт, робита бо Осиёи Миёна аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуд. Яъне ки дар амал маҳз манфиатҳои иқтисодӣ ин кишварҳоро ба ҳам наздик намуд.

  • Аз нимаи дуюми асри 16 рафтуомади сафирони ин кишварҳо хусусияти доимӣ гирифта, сафиронро ҳамеша корвонҳои тиҷоратӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Яъне дар як замон ҳам масъалаҳои сиёсӣ ва ҳам тиҷоратӣ баррасӣ мешуданд.

Аз ин корвонҳо, ки ба унвони “шоҳӣ” ва “хонӣ” маъруф буданд, боҷ гирифта намешуд. Бинобар ин, ҳокимон бо камоли майл молу коло мефиристоданд. Аз корвонҳои алоҳида, ки ба Астрахан – шаҳри он замон сарҳадии Россия рафтуомад мекарданд, боҷи андак меситониданд ва ин низ тиҷоратро маҳдуд намекард.

 Молҳои Осиёи Миёна барои Россия чунон зарурат пайдо карда, ба таомул даромада буданд, ки ҳатто ба доираи истилоҳот ва топонимикаи он таъсир гузоштанд. Мисол, яке аз миқёсҳои маъмули вазн дар давлати Москва “истари бухороӣ” (4,5 мисқол, 21,6 г.) номида мешуд. Дар давлати хонии Қазон тоҷирони осиёимиёнагиро “тезикҳо” (тоҷикҳо) меномиданд. Дар маркази шаҳри Қазон маҳалле буд, ки бо номи “мавзеи тезикҳо” шуҳрат дошт. Минбаъд тиҷорат дар самти Сибир ҳам вусъат ёфт. Зеро ки ба молҳои Осиёи Миёна дар ин ҷо зарурати бештар доштанд ва бо ин сабаб ҳукумати Москва аз тоҷирон дар ин самт умуман боҷ намеситонд. Талабот махсусан ба матоъҳои гуногуннавъи пахтагӣ ва абрешимӣ зиёд буд. Аз Москва ба Осиёи Миёна пӯсти хом, зарфҳои чӯбӣ, газворҳои пашмӣ, маснуоти фулузӣ оварда мешуд. Тиҷорати он бо мамолики Аврупо бар асари ҷангҳои доимӣ бо кишварҳои он мушкил буд. Як қисми он маҳсулотро дар аморати Бухоро тоҷирони ҳинду ва эронӣ мехариданд.

Ҳанӯз дар он замони дар назар тираи асримиёнагӣ ҳукумати Москва ҳамроҳи корвонҳои тиҷоратӣ ба ин минтақаи ба Россия наву то ҳол ношинохта мутахассисони соҳаҳои гуногунро мефиристод. Маълумоти аз ҷониби тоҷирону сайёҳон ба даст омада барои Россия моҳияти дигар пайдо карда, ба ҳудуди Осиёи Миёна чун мавзеи ҳамшафати Ҳинд таваҷҷуҳ пайдо мешуд. Бо фармони Пётри 1 дар даҳаи дуюми асри XVIII мутахассисони рус ба Осиёи Миёна сафари илмӣ анҷом дода, роҳҳои обии минтақаро омӯхтанд. Ба фикри онҳо мебоист маҷрои қадимаи рӯди Ому – Узбой барқарор шуда, рӯд то баҳри Каспий тамдид меёфт ва тавассути он флоти баҳрӣ-дарёии рус то Бадахшон расида, барои ҳуҷум ба Ҳинд истифода мегардид. Вале коршиносон диданд, ки оби Амударё бештар хусусияти мавсимӣ дошта, чандон зиёд нест ва қисмати болооби он, ки дар минтақаи камобу тезҷараён аст, барои киштигардӣ ҳеҷ кор намеояд. Бинобар ин аз ҳадафи ҳарбӣ – ҳуҷум ба самти Ҳиндустон сарфи назар карданд, вале бо назардошти захираҳои бузурги нафту газ, пахта, мева, матои пахтагӣ ва ғайра ба рушди минбаъдаи тиҷорат заминаи боэътимоде гузоштанд ва дар паси дарҳои пӯшидаи дарбори Пётри I барномае тарҳрезӣ шуд, ки мебоист дар давоми 100 сол ин минтақаро куллан барои манфиатҳои Россия истифода менамуд. Маблағи зиёде барои ин мақсад масраф шуда, коршиносон ба ҳар роҳ ба ин минтақаи барои Россия зуд зуд сафар анҷом медоданд.

Давраи 2.

Талоши абарқудратҳо: Россия ва Англия

Дар нимаи аввали асри 18 дар натиҷаи тохтутози бодиянишинҳо ва ислоҳоти зиёди пулӣ, ҳоли шаҳрҳо ва косибону ҳунармандӣ дар Осиёи Миёна хароб гашт ва дар ин шароит тиҷорат бо Россия аҳамияти бештар пайдо кард. Давлати Рус ба инкишофи тиҷорат бо Осиёи Миёна хеле манфиатдор буд ва барои он шароити муфид муҳайё мекард.

  • Баъди ба вуҷуд омадани истеҳкоми Оренбург, соли 1735 бо мақсади ҷалб кардани тоҷирони Осиёи Миёна чанд муддат дар ин ҷо савдои бидуни боҷи гумрукӣ эълон карда шуд. Падидаи нав дар ин самт – ширкати фаъолонаи худи тоҷирони рус буд. Онҳо дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна 2-3 сол истиқомат намуда, молҳои истеҳсоли Россияро оварда, молҳои маҳаллиро ба Россия мебурданд. Ҳарчанд ки дар ин давра тиҷорат бо Эрону Ҳинду Чин низ ба роҳ монда шуд, саҳми Россия ба маротиб бештар боқӣ монд.

Дар хусуси зарурати ривоҷи бештари тиҷорат, Флорио Беневени, ки соли 1722 дар Бухоро зистааст, ишора кардааст, ки дар ҳар ду кишвар молҳои ҳам барои Россия ва ҳам Бухоро зарурӣ хеле фаровонанд. 

Вале муносибатҳои тиҷоратию сиёсии Россия бо Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри XIX ба мушкилот дучор шуд. Империяи Британия пас аз мустаҳкам кардани мавқеи худ дар Ҳиндустон рӯ ба шимол овард. Ҳарчанд ки мулкҳои мустамликавии вай бо аморати Бухоро, Хӯқанд ва Хева ҳамсарҳад набуданд, ҳудуди Афғонистонро барои тавсеа ёфтан дар ин минтақа истифода бурдан хост. Мардуми афғон аз оғози асри XIX то ибтидои асри XX зидди истеъморгарони англис шадидан мубориза мебурд, вале ҳокимони вай амалан мутеи англисҳо буданд. Ҳукумати Англия бо истифода аз ҳудуди ба ӯ тобеъшудаи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ҷосусонро мефиристод. Аз ҷумла, солҳои 1812 – 1813 гурӯҳи ҷосусони мусулмонро бо роҳбарии Мириззатулло фиристод. Вай маълумоти стратегӣ ва тиҷоратӣ ҷамъ кард. Сипас миссияи В.Муркрофт ва Ҷ.Требек, Александр Борис ба омӯхтани масоили ҳарбию тиҷоратӣ машғул шуданд. Онҳо бар он сайъ карданд, ки барои тиҷорат дар ҳудуди аморати Бухоро созишнома ба тасвиб расонанд. 

Ба Москва ва Санкт – Петербург хабарҳо мерасид, ки соҳибкорони британӣ ба Бухоро молҳои арзон ворид мекунанд. Губернатори ҳарбии Оренбург В. Петровский барои шинос шудан бо вазъият ба ин кишвар шахсони муътамади худро фиристод. Солҳои 1833-1836 П. Демезон, Я. Виткевич дар назди ҳукуматдорони амирӣ ба таври нимрасмӣ хизмат намуданд. В.Дал аз гуфтаҳои онҳо гузориш навишта, ҳукумати худро андак хотирҷамъ кард, ки дар тиҷорат бо Осиёи Миёна имконоти Россия хеле бештар буда, роҳ наздик аст ва моли истеҳсоли Россия дар саросари Осиёи Миёна то Ҳиндустон назар ба моли англисӣ арзиши бештар дорад.  

Вазъият дар давраи ҷанги Англия ва Афғонистон дар солҳои 1838-1842 хеле муташанниҷ гардид. Ҳирот, ки нисбатан ба Бухоро наздик аст, ба маркази ҷосусии англисҳо мубаддал гардид. Онҳо аз ҷанги таблиғотӣ васеъ истифода мекарданд. Аз ҷумла, дар Оренбург овоза паҳн шуд, ки Англия ҳадаф гузоштааст, Бухорову Хеваро ишғол кунад. Ба Бухоро ҷосусони озмудаи англис Стоддарт ва дертар Конноли (пештар ӯ дар Хева ва Хӯқанд буд), Аббот ба Хева, дертар ба ҷойи ӯ Р.Шекспир фиристода шуданд. Онҳо маълумоти зарурӣ гирд оварда, аморатро ба ҷанги якҷоя зидди Россия таҳрик медоданд. Гумоштагони Россия аз ин бохабар шуданд ва ба амири Бухоро Насруллоҳхон ахборот дода шуд. Ва амир ба хотири нишон додани садоқати худ ба русҳо ҷосусони англис Стоддарт ва Коннолиро дошта, чанд муддат ҳабс ва сипас қатл кард. 

Дар навбати худ Россия бо мақсади бесамар гардондани ҳадафи сафирону ҷосусони англис дар қатори дипломатҳои худ олимони намоёнро чун П.Никифоров, Г.Данилевский, К.Бутенев, шарқшинос Н.Хаников ва дигарон ба Осиёи Миёна фиристод. Онҳо бори аввал дар асоси илмӣ омӯхтани кишварро оғоз карданд.  

Дар қисмати ғарбии Осиёи Миёна – хонигарии Хева ҳам вазъият барои Россия мувофиқ буда, хон ваъда дод, ки боҷи гумрукии молҳои Россияро аз 5 дарсади арзиши воқеии онҳо болотар нахоҳад бурд. Корвонҳои транзитӣ аз боҷ озод буданд. Ҳукумати подшоҳӣ низ ба тоҷирони Хева имтиёзи барои дигар тоҷирон роиҷро дод.

Вале бо вуҷуди ин, вазъият ором набуд. П.И.Неболсин навишта буд: “Англисҳо бо қасди тамоман касод кардани моли русҳо солҳои 1841-42 ба Бухоро ба миқдори зиёд маснуоти худро оварда, онҳоро бо чунон нархи арзон (ҳатто бар зиёни худ) ба фурӯш гузоштанд, ки тамоми мардум ба ин молҳои нав дарафтода, дигар ба читу чалвору моҳути мо эътиборе надоданд. Англисҳо ба ин васила тоҷирони моро дур карда, пас аз як-ду сол нархи молҳои худро якбора ду баробар баланд бардоштанд”. Капиталистони Лондон, Ливерпул, Манчестер ва дигар шаҳрҳои Англия пештар низ борҳо ин усулро барои азхуд кардани бозори Синду Панҷоб истифода бурда, маҳз бо ин усулҳо ба ҳудуди Ҳинд сар дароварда буданд.

  • Ин ҳуҷуми равонӣ ва экспансияи тиҷоратии Англия дақиқан бар зидди Россия буд. Департаменти тиҷорати хориҷии Россия дар соли 1845 сабаби кам шудани содиротро ба Осиёи Марказӣ дар он дид, ки “молҳои нисбатан арзони Ост-Индия ва Англия ба бозори Бухоро кашонда мешавад”. Тоҷири рус Ф.Пичугин соли 1848 шикоят кардааст, ки “англисҳо сармояи худро дареғ надошта… ба Осиёи Миёна наздик мешавад ва дар ин бозорҳо молҳои англисӣ бисёр ба назар мерасанд”.

Солҳои 50-ум ин “ҳуҷум” бештар гашт. Дар ин ҷода Британия аз имконияти шарики стратегии худ – Туркияи Усмонӣ ҳам истифода мебурд. Англия бо дасти Туркия ба ҳайси як давлати исломӣ борҳо саъю кӯшиш карданд, ки шиори “ғазавоти” иттиҳоди се давлат – аморати Бухоро хонигариҳои Хева ва Хӯқандро ба муқобили Россия таҳрик диҳанд. Хавфи ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани Англия низ мавҷуд буд. Ҳатто дар парлумони Англия соли 1858 ҳангоми муҳокимаи масъалаи вусъат додани экспансияи тиҷоратӣ ба Осиёи Миёна яке аз вакилон таъкид намуд, ки ҳамин омил “имкони ба ин мамлакат фиристодани қувваҳои мусаллаҳро зиёд мекунад”. Вале ин кӯшиш ҷомаи амал напӯшид. Англияи дар сиёсат пухта ва ботадбир дар зоҳир бо амалдорони осиёимиёнагӣ аҳди дӯстӣ баст. Вале дар амал Туркияро барои шикасти Осиёи Миёна истифода мебурд, амири Афғонистонро ба ҷанг таҳрик дода, барои ишғол кардани мулкҳои тоҷикону ӯзбекони аморати Бухоро дар соҳили чапи рӯди Омӯ кӯмак мекард. Дар натиҷа, бисёр шаҳрҳои бостонии тоҷикону ӯзбекон, ки аз қадим дар соҳили чапи дарёи Омӯ зиндагӣ мекарданд, ба таври сунъӣ аз бародарони ҳамхуни дар он тарафи дарё будаи худ ҷудо шуданд.

Талоши асосӣ барои пахта

Дар асри XIX пас аз ҷангҳои паёпай вазъи сиёсии ҷаҳон муташанниҷ гардид ва ин боис шуд, ки Россия сиёсати хориҷиашро тағйир дода, таваҷҷӯҳи худро бештар ба Осиёи Миёна равона кунад. Якчанд омили таърихӣ ба ин ҳолат мусоидат намуд.

  • Нахуст, ҳукуматдорони маҳаллии Осиёи Миёна ҷонибдори ҳамкорӣ бо Россия буданд. Бинобар ин, тиҷорат натиҷаҳои назаррас дод. Агар дар оғози асри XIX ба Россия соле ҳазор пуд пахта интиқол ёбад, ин рақам соли 1818 ба 10 ҳазор пуд ва соли 1858 ба 180 ҳазор пуд расид (П.И. Неболсин, 1865). Дуюм, дар Америка ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, дар натиҷа содироти пахтаи он ба Россия кам шуд. Бинобар ин, соли 1862 содироти пахта аз Осиёи Миёна ба Россия се баробар зиёд гашт. То соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 4-5 сӯм арзиш дошта бошад, соли 1862 ба 7,5 сӯм ва соли 1864 ба 23-24 сӯм расид.  Дар даҳсолаи 1840-1850 танҳо бо роҳи Оренбург аз Россия ба давлатҳои Осиёи Миёна 40 ҳазор пуд мис, беш аз 400 ҳазор пуд оҳан, 75 ҳазор пуд чӯян, 25 ҳазор пуд пӯлод ва ғайра ирсол гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҳатто дар давраи авҷи тиҷорат низ ҳиссаи содироти маводи Осиёи Миёна ба Россия ҳамагӣ 2-3 дарсадро ташкил менамуд ва қисми зиёди молҳои содиротӣ аз Россия меомад. Яъне, ҳанӯз 10-15 сол пеш аз истилои Россия давлатҳои Осиёи Миёна таҳти нуфузи иқтисодии давлати Рус қарор доштанд.  

Россия-Таджикистан. Закупка хлопка.
На хлопкоочистительном заводе. РИА Новости.

Дар асри XIX пажӯишҳои илмии манотиқи Осиёи Миёна ба таври хеле густурда оғоз ёфт. Муҳақиқони варзидаи ҷуғрофия, заминшиносӣ (геология), геодезия, нуҷум, тиб, табиатшиносӣ, шарқшиносӣ ва забоншиносӣ ба ин минтақа сафарҳои илмӣ – тадқиқотӣ анҷом дода, дар зарфи 50 сол барои ҷаҳон дар бораи Осиёи Миёна маълумоти дақиқи илмӣ манзур намуданд. Шарқшиноси намоёни рус В.В.Григорев ба тадқиқи илмии забони тоҷикӣ шуруъ кард. Саҳми олимони рус Н.В.Хаников, Н.П.Игнатев, П.И.Лерх, Х.Д.Френ, И.Н.Березин, Н.И.Илминский ва дигарон дар омӯзиши таъриху тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна бузург аст. Ин ҳама алоқамандиҳо аз ҳамон давра ба муносибатҳои судманди халқҳои Осиёи Миёна ва рус заминаҳои устувор гузоштанд.

Давраи 3.

Истилои Осиёи Миёна

аз ҷониби Россия

Чунин ба назар мерасад, ки талошҳои Британия дар солҳои 40-50-ум барои вусъат додани тиҷорат ва дасисаҳои сиёсии он боиси зудтар сурат гирифтани ҷанги истилокоронаи Россия ба Осиёи Миёна гардид. Соли 1853 Россия қалъаи Оқмачити Хӯқанд (Қизил Ӯрдаи ҳозира)-ро ишғол кард. Ҳамон сол аввалин роҳи обии Россия ба Осиёи Миёна кушода шуда, киштиҳои рус аз баҳри Арал ба саргаҳи дарёҳои Сир ва Ому ҳаракат карданд ва имкон фароҳам омад, ки истеҳкоми Сирдарё бунёд гардад.

Ҳуҷум ба Осиёи Миёна аз ду самт – Оренбург ва Ҳафтрӯд сурат гирифта, қӯшуни подшоҳӣ соли 1864 Чимкент, соли 1865 Тошканд, с.1866 Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззахро тасарруф карда, 2 майи соли 1868 ба Самарқанд ворид шуд. Дар байни ин ду сол аморати Бухоро ва хонигарии Хӯқанд ба мағлубият дучор шуданд. Нахуст соли 1868 хони Хӯқанд Худоёрхон бо ҳукумати подшоҳӣ муоҳида баста, ба империяи Россия тобеъ шудани худро эътироф кард.  23 июни соли 1868 генерал-губернатор Кауфман бо амири Бухоро Музаффар шартнома имзо кард, ки зимни он як қисми заминҳои Бухоро ба тобеияти Россия гузашт. Инчунин дар асоси ин қарордод Бухоро барои хароҷоти ҳарбии Россия ҳамасола 500 ҳазор сӯм контрибутсия дода, расман вассали Россия шуд.

Россия-Таджикистан. Покорение Средней Азии
Забти Тошкент. Художник: Карзин Н.Н.
  • Ба савдогарони рус барои дар ҳудуди ин кишварҳо озодона тиҷорат кардан рухсат дода шуд ва боҷ на бештар аз 2,5%-ро ташкил мекард. Соли 1870 “Экспедитсияи Искандаркӯл” сурат гирифта, генерал Абрамов ба мулкҳои ниммустақили кӯҳистони Моғиён, Фон, Киштуд, Фалғар, Мастчоҳ, Яғноб ва ғайра юриш намуд. Ба ҳайат олимон А.Ф.Федченко, геолог Д.К. Меншиков, нақшабардор Л.Н.Соболев ва донишмандони дигар дохил шуданд. Дар натиҷа, ин минтақаи Тоҷикистони ҳозира низ ба музофоти Зарафшони Россия ҳамроҳ шуд. 

Соли 1873 абарқудратҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар Хева протекторати Россия ва дар Афғонистон протекторати Англия таъсис дода мешавад. Пас аз ин ҳуҷум ба Хева оғоз шуд. Баҳонаи ҷанг – ҷазо додан ба куштори фиристодаи Россия Александр Бекович-Черкасский (аз оли Бекмирзо Ҷонбулатовҳо, ки баъдтар дар Россия ба унвони Бековичҳо маъруф шуданд) дар соли 1717 ва “муносибати беэҳтиромона” ба намояндагони генерал-губернатори Туркистон, вале ҳадафи аслӣ ба даст овардани манбаҳои нави ашёи хом буд.

14 феврали соли 1716 Пётри 1 ба Бекович дастури зерро шахсан ирсол намуд:

  1. Маҷрои пешини Амударё таҳқиқ ва агар имкон бошад ба ҳамон равиш баргардонида шавад;
  2. Хони Хева ба байъат бо Россия моил карда шавад;
  3. Дар роҳ ба самти Хева, бахусус дар соҳили Амударё, дар ҳоли зарурат истеҳкомҳо бунёд карда шаванд;
  4. Баъд аз истиқрор дар он ҷо бо хони Бухоро (манзур амири Бухорост, вале дар дастур “хон” сабт шудааст) робита барқарор ва раияти ӯ низ ба тобеияти Россия моил карда шавад;
  5. Барои боз кардани роҳи тиҷоратӣ аз Хева ба Ҳиндустон ба унвони як тоҷир поручик Кожин ва инчунин ба Эркет ( шояд манзури Пётри 1 Эркенти Туркия буд) як афсари дигари кордон ба хотири пайдо намудани конҳои тилло фиристода шаванд.

Ба урдуи Бекович 4000 сарбози оддӣ, 2000 казаки Яикӣ (шаҳраке дар соҳили дарёи Яик) ва гребенӣ (казакҳои Қафқози шимолу шарқӣ) ва 100 нафар драгунҳо (низомиёни савораи баъзе аз артиши кишварҳои Аврупо, ки дар Россия низ маъмул буд; драгунҳоро ҳам барои амалиётҳои савора ва ҳам пиёда омӯзиш медоданд), ду муҳандис ва ду тоҷир шомил буданд.

Дар наздикии шаҳри Хева хон бо артиши 24000-нафараи худ ба Бекович ҳуҷум кард, вале шикаст хӯрд. Хони Хева маҷбур шуд Александр Бековичро барои бастани шартномаи сулҳ ба Хева даъват кард ва ба муҳофизони панҷсаднафараи ӯ шабехун зада, сари аз тан ҷудошудаи Бековичро ба унвони ҳадя ба амири Бухоро фиристод.

Моҳи майи 1873 қалъаи шаҳри асосии Хева ишғол шуд, 2 июни ҳамон сол муоҳидаи байни Россия ва Хева ба имзо расид. 

Россия-Таджикистан. Покорение Средней Азии
Парламентёры. Художник: Василий Верещагин

Соли 1891 дастаи на он қадар бузурги полковник М.Ионов ба сафари иктишофии Помир фиристода шуд. Шартномаи байни Россия ва Англия соли 1894 ба расмият даромада, баҳори соли 1895 комиссияи англисию русӣ марзи Осиёи Миёнаро муайян намуд. Январи соли 1896 Николайи II сарҳади империяи Россияро тасдиқ кард ва Осиёи Миёна ба истиснои қаламрави Аморати Бухоро, пурра ба ҳайати Россия даромад.

Пас аз истилои Осиёи Миёна саноатдорони Россия дар ин кишвар ба рушди пахтакорӣ бештар аҳамият дода, солҳои 70-80-ум барои кишти пахтаи серҳосили амрикоӣ замина гузоштанд. Осиёи Миёна ба манбаи ашёи хом барои саноати Россия табдил ёфт. Косибон ва ҳунармандони майдаи маҳаллӣ ба молҳои саноатии Россия рақобат карда натавониста, шикаст мехӯрданд.  Иттиҳоди соҳибкорони саноати бофандагӣ кӯшиш намуд, ки дар маҳалҳои пахтакор фабрикаҳои бофандагӣ бунёд кунад, вале ин тасмим аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳрҳои марказии Россия дучори муқовимати шадид шуд.

Аз солҳои 70-ум сохтмони роҳи оҳан шуруъ гардида, хати он дар муддати 15 сол аз соҳили Каспий то Ашқобод, соли 1888 то Самарқанд ва соли 1898 то Тошканд кашида шуд. Вале ин роҳ то маркази Россия намебурд ва лозим меомад, ки борро ба киштиҳо фароварда, тавассути онҳо ба Россия интиқол диҳанд. Бинобар ин, аз оғози асри ХХ сохтмони хати нави роҳи оҳан шуруъ шуд, ки вай Тошкандро ба Оренбург пайваста, минбаъд то Хӯқанд ва тавассути он ба шимоли Тоҷикистони имрӯза кашида шуд. Ин имкон дод, ки мубодилаи мол беш аз 10 маротиба зиёд шавад. Тоҷирон моли русиро бо нархи бениҳоят баланд савдо мекарданд.

Пас аз анҷом ёфтани роҳи оҳан тиҷорат равнақ ёфт. Агар соли 1865 содироти Бухоро 3306 ҳазор сӯми тилло ва воридоташ 1 913 сӯми тилло бошад, пас солҳои 1900-1904 ба ҳисоби миёна содирот ба 23 700 ҳазор ва воридот ба 23 200 ҳазор сӯми тилло расид.  Аз ҷумла, агр пеш барои содирот ба Империяи Россия тақрибан 50 ҳазор пуд пахта ҷамоварӣ мешуд, дар оғози асри ХХ ба 1млн. 200 ҳазор пуд, содироти пӯсти қарокӯлӣ аз соле 30-40 ҳазор дона ба 1 млн дона расид.  

Аз солҳои 70-уми асри 19 ҳукумати подшоҳии Россия бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи миллӣ ба миқёси васеъ дар Осиёи Миёна муҳоҷирони русро ҷойгир намуд. Бори аввал беш аз 125 ҳазор нафар мардуми рус ба Осиёи Миёна муҳоҷир шуданд. Аҳволи иҷтимоии онҳо чандон хуб набуд. Муҳоҷирони рус гурӯҳ-гурӯҳ ба сафи бекорон дохил шуда, дар ҷустуҷӯйи қути лоямут ба сарватмандони маҳаллӣ ва рус мардикорӣ мекарданд. Ин нахустин интиқоли мардикорони бурунмарзӣ дар байни ин кишварҳо буда, аз ҷониби ҳукуматдорони Россия сурат гирифтааст.

Дар баробари муҳоҷирати русҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна мактабҳои ибтидоии русӣ ва гимназияҳо ташкил карда шуданд. Соли 1870 губернатор Абрамов дар Самарқанд нахустин мактаби русию маҳаллиро (русско-туземная школа) кушод, ки дар он ба аҳолии маҳаллӣ забони русӣ ва дигар фанҳоро муаллими рус сабақ медод. Чунин мактабҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Ӯротеппа низ таъсис ёфтанд. Инчунин, курсҳои шабона ташкил шуданд, ки ба калонсолон забони русиро меомӯзонд.

Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза беш аз сад намуди ҳунармандию косибӣ мавҷуд буд, вале бо овардани молҳо аз Россия ҳоли онҳо табоҳ шуд. Аввали соли 1910 молҳои русӣ тамоми бозорҳои Осиёи Миёнаро пахш кард ва бахши азими косибони маҳаллӣ маҷбур шуданд аз касби худ даст кашанд. Дар кишварҳои Осиёи Миёна бекорию бенавоӣ зиёд шуд.

Баробари сохтмони роҳи оҳан, кашфи конҳои зеризаминии минтақа авҷи тоза ёфт. Нисбат ба солҳои пеш хеле бештар ангишт, нафт, металҳои ранга, муми табиӣ – озекерит истеҳсол мешуд.  Истеҳсоли ангишт соли 1907 ба 1 млн 220 пуд расид. Бойтарин конҳои нафти САНТО ва Чимиёни водии Фарғона ва кони Чалакони баҳри Каспий мавриди истифода қарор гирифта, соли 1901 тақрибан 600 ҳазор пуд ва пас аз даҳ сол 15 млн. пуд нафт истихроҷ шуд.

Вале асоси иқтисоди кишвар ҳамоно зироатпарварӣ ва пахтакорӣ боқӣ монд. Дар ҳудуди генерал-губернаторӣ 230 корхонаи пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ кор мекард, 34 заводи шаробсозӣ сохта шуд. Бонкҳои зиёд фаъолият карда, натиҷаи заҳматҳои мардумро фурӯ мебурданд. Дар Бухорои Шарқӣ- ҳудуди марказ, ҷануб ва шарқи Тоҷикистони имрӯза танҳо ба шарофати душворгузар будани роҳ моли Россия камтар дохил мегашт ва дар ин маҳалҳо саноати маҳаллӣ боқӣ монд. Вале дар кишоварзӣ ривоҷ ёфтани муносибатҳои пулию молӣ таҷзияи деҳқононро тезонда, теъдоди камбизоатҳо ва деҳқонони безамин афзун гашта, онҳо ба мардикорӣ ва хизматгорӣ машғул мешуданд. 

Мавҷи дуюми сукунати русҳо ба Осиёи Миёна солҳои 1905-1907 сурат гирифт. Ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади бартараф кардани буҳрони кишоварзӣ ва бунёди такягоҳи худ деҳқононро аз марказ ба канораҳои империя, аз ҷумла, ба Туркистон муҳоҷир намуд. Ба онҳо одатан замин ҷудо мекарданд, ки аз аҳолии маҳаллӣ гирифта мешуд. Вале аксари русҳо дар ҷойи нав ба ҳолати душвор гирифтор гашта, маҷбур буданд, ки он заминро фурӯхта ба мардикорӣ ва хизматгорӣ ба бойҳо машғул шаванд. Бинобар ин, мақсади ҳокимон ҷомаи амал напӯшид ва ба ҷойи такягоҳи мутлақият гаштан деқонони рус бо аҳолии маҳаллӣ омехта, бар зидди истибдоди ҳукумати шоҳӣ ва амирони маҳаллӣ бархостанд. Бинобар ин, ҳукумати подшоҳӣ барои худ чораи дигар ҷуста, тибқи нақшаи К.К.Пален аз Россия минбаъд на деҳқонони бенаво, балки русҳои сарватмандро мефиристод. Думаи давлатӣ моҳи декабри соли 1910 қонунеро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он заминҳои ҳосилхезро аз сокинони Туркистон ба таври иҷборӣ гирифта, ба ихтиёри сарватмандони навомадаи рус медоданд.

Давом дорад…

Бахтиер Хамдамов

Ҷумъа Қуддус

Оцените статью

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ: ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲО Бо вуҷуди сиёсати норавшан ва мураккаби давраи гузариш, табадуллоти солҳои 90-ум ва иддаои “падари маънавии демократияи рус” Солженитсин, ки Осиёи Миёнаро як бори зиёдатӣ, “зершиками нарм”-и Россия номида буд, муносибатро бо кишварҳои Осиёи Миёна то андозае дар зеҳни элитаи сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ тағйир дод, ки акси садои он то ҳол ба гӯш мерасад. Муносибатҳои мазкур […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.