БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГӢ

Ё чӣ тавр роҳбарони Қирғизистон бо фармоиши хадамоти махсуси ғарбӣ дар пушти иттифоқчиёнашон бозиҳои пинҳонӣ мекунанд.

Ба ҷойи пешгуфтор

Рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри бостонии Самарқанд таҳти раёсати Ӯзбекистон Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор шуд. Ба ин ҳамоиш ба ҷуз сарони кишварҳои узви ин созмон раҳбарияти як қатор кишварҳои дигар низ бо мақоми номзад ва нозир даъват шудаанд. Андак пеш гузашта мегӯем, ки чорабиниҳо дар шаҳри бостонии Самарқанд бо комёбии ҳатто бештар аз чашмдориҳо анҷом ёфтанд ва ягонагии назарҳоро дар бисёр масъалаҳо, ба хусус дар масъалаи ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ, тиҷорати озод, ҳамкориҳои иқтисодӣ бидуни фишори баъзе кишварҳо, дар асоси баробарӣ ва адолат нишон дод.

Худи ҳамон рӯзҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки узви СҲШ мебошанд, ҳодисае рух дод, ки ба як низои ҷиддии низомӣ табдил ёфта, метавонист на танҳо руҳияи сарони як қатор давлатҳоро тира гардонад, балки ба андозаи қобили мулоҳиза ба обрӯйи ин ташкилот, ки дар арсаи байналмилалӣ ба як қувваи бонуфузи сиёсӣ табдил ёфта истодааст, латма занад. Муноқишае, ки тибқи нақшаи хадамоти махсуси як кишвари бонуфузи ғарбӣ барангехта шуда буд, бояд чунин як афкори ҷомеаро месохт, ки гӯё СҲШ созмонест бе дурнамои рушд – охир, магар кишварҳое, ки бо ҳам дар ҷанганд, метавонанд “ягонагии афкор” дошта бошанд? Ин бояд зарбаи ҷиддие барои Русия ва Чин мебуд, ки умеди муттаҳид кардани кишварҳои аз диктату таҳримҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ранҷкашида, инчунин кишварҳои дудиларо доранд, ки мехоҳанд муносибатҳояшонро бо давлатҳои дигар дар заминаи баробарӣ ба роҳ монанд.

Дар бораи даргирӣ

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 14 сентябр, замоне рух дод, ки раҳбарони давлатҳо вориди Самарқанд шуданд. Дар яке аз қитъаҳои баҳсии сарҳад, дар хатти байни мавқеъҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷамоати Ворух тирпарронӣ рух дод, ки дар натиҷа як марзбони Тоҷикистон кушта ва ду ҳамкасби ӯ захмӣ шуданд. Яке аз захмиён баъдан дар беморхона вафот кард. Тарафҳо, мисли ҳарвақта, дар руйдодҳо якдигарро айбдор карданд. Аммо тамоми далелҳо гувоҳи он буданд, ки низоъро марзбонони қирғиз барангехтаанд. Вагарна чӣ тавр мешуд, ки ҷониби муттаҳамкунанда ду нафарро кушта, худаш талафот надидааст?

Тоҷикистон, ки бо Ӯзбекистон, созмондиҳандаи нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай равобити ҳасана дорад, зоҳиран аз боло дастур гирифтааст, ки низоъро хобонад ва ба иғвоҳои ҳамсоя вокуниш нишон надиҳад, то ба чорабинӣ дар Самарқанд зарар нарасад. Аммо дар нимаи дуюми рӯз дар як вақт дар чаҳор қитъаи дигари сарҳад задухӯрд ба амал омад. Ду мавзеи аҳолинишини калон — Чоркӯҳ ва Чорқишлоқ аз миномётҳо тирборон шуданд. Ба нерӯҳои иловагӣ, ки ба як қатор қитъаҳои осебпазири сарҳад расида омаданд, дастур дода шуд, ки оромӣ ва худдориро риоя намоянд, то хатар ба ҷонашон таҳдид накунад, оташ накушоянд, агар таҳдиди ҳамла набошад, ба муноқиша ҳамроҳ нашаванд.

Раҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд, фармондеҳии нерӯҳои марзбонии ду кишвар бо ҳам тамос гирифта, дар мавриди оташбас тавофуқ ҳосил карданд. 15 сентябр нисбатан ором  гузашт, аммо шиддат дар сарҳад боқӣ монд. Лек дар поёни вохӯрии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд, субҳи барвақти рӯзи 16 сентябр ҳамзамон дар чанд самт боз задухӯрдҳо оғоз шуданд. Шаҳри Шӯроб, деҳаҳои Чорқишлоқ, Чоркӯҳ, Сомониён, Ворухи ҳудуди ноҳияи Исфара, деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон мавриди оташфишонии шадиди миномётҳо қарор гирифтанд. Муноқишаи сарҳадӣ ба ҷанги ҳақиқии байни ду давлат табдил ёфт. Ҷониби Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии нерӯҳои мусаллаҳи қирғиз ба қаламрави Тоҷикистон ба манотиқи даргириҳо нерӯҳои иловагӣ фиристод, ки онҳо низ дар роҳ тирандозӣ шуданд.

Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ҳамаи қитъаҳои сарҳад ба ҷуз нерӯҳои марзбонӣ нерӯҳои дигар низ ҷамъ шудаанд. Аҳолии ҳамаи деҳаҳои наздисарҳадӣ пешакӣ кӯчонда шуд. Бар асоси бархе гузоришҳо, дар оғози задухӯрдҳои аввал беш аз 86 ҳазор қирғиз аз марз кӯчонида шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто таркиши гулӯлаҳо дар байни маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти тоҷик дар рӯзҳои 14-15 май амалан назми муқаррарии зиндагиро халалдор накард. Ҳатто бозори маҳаллӣ бо тартиби муқаррарии худ кор мекард, ки рӯзи панҷшанбе рӯзи савдо ҳисоб меёбад.

Салом ва хайр, СҲШ!

Чаро ин низоъ маҳз дар вақти нишасти СҲШ рух дод? Кӣ онро барангехт? Он ба кӣ лозим буд?

Биёед таҳлил мекунем. Барои ин баъзе далелҳоро меорем, ки ба мо кумак мекунанд дар посух ба саволи “низоъ ба кӣ фоида овард?” хулосаҳое барорем.

Тайи чанд соли охир раҳбарияти Қирғизистон дар симои президенташ Садир Жапаров ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев борҳо изҳорот паҳн карда буд, ки метавонад масъалаи марзро ҳал кунад. “Агар лозим шавад, бо роҳи низомӣ ҳаллаш мекунем”,-  на як бору ду бор гуфтаанд ҳарду сиёсатмадор дар назди интихобкунандагону низомиёнашон.

Дар маҳалҳои аҳолинишини ба Точикистон ҳамсарҳади ҶҚ тайёрии фаъолона ба ҷанг вусъат гирифт. Иншоотҳои инженерӣ сохта мешуданд, марзбонон ва неруҳои дигар бо навъҳои нави силоҳ мусаллаҳ карда мешуданд, изҳороти ҷангҷӯёна садо медоданд. Раҳбарияти Қирғизистон аз тоҷикон душман сохта, ҳамзамон дар арсаи байналмилалӣ шариконеро фаъолона ҷустуҷӯ мекард, ки метавонистанд ба Қирғизистон дар таҳкими иқтидори ҷангии қувваҳои мусаллаҳаш кумак кунанд.

БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГӢ
Фото https://manas.news

Ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар дастгир ва интиқол кардани Орхон Инанда, яке аз ҳамсафони наздиктарини Фатҳулло Гуллен, ки раҳбари Туркия ӯро ташкилкунандаи табаддулоти давлатӣ медонад, ёрӣ расонда, Жапарову Ташиев тавонистанд бо Туркия ҳамкориҳои низомӣ ба роҳ монанд. Аз Туркия чанд ҳавопаймои бесарнишини зарбазани “Байрақтар” ​​харида шуд. Бо таъсиси каналҳои алоқа аз Амороти Муттаҳидаи Араб милтиқҳои снайперӣ ва дигар таҷҳизоти замонавии ҳарбӣ, ҷипҳо ва мошинҳои ҳарҷогард харидорӣ шуданд.

Садир Жапаров ва Қамчибек Ташиев ошкоро аз харидҳои худ ҳам назди низомиён ва ҳам назди сокинони маҳаллаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон лоф мезаданд. Воситаҳои ахбори оммаи Қирғизистон пайваста дар бораи милитаризатсияи сарҳад хабару матлабҳо паҳн мекарданд, ки ин ҳамлаи равонии ҳадафмандона ба сокинони навоҳии наздимарзии Тоҷикистон буд. Ҳадаф аз намоиши зӯрӣ дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой додани тарс буд.

БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГӢ
Раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Раҳимов ва Қирғизистон Камчибек Ташиев зимни имзои созишномаҳо. Акс arna-news.kz

Баъди ин айнан дар остонаи нишасти сарони СҲШ Садир Жапаров аз пойгоҳи партоби ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақтар” ​​дидан кард. Ба гумон аст, ки ин тасодуф бошад, зеро ҳамзамон Қамчибек Ташиев ҳам бо низомиён дар шароити “қатъан махфӣ”  чанд мулоқот дошт.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон оид ба марз ҳеҷ изҳороте накарда буд. Масъалаи сарҳад танҳо вақте бардошта мешуд, ки низоъҳо рух медоданд. Дар ин хусус дар мавриди зарурат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Раҳимов, ки салоҳияти раисии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории сарҳадро дорад, сухан мекарданд. Аммо агар бигӯем, ки Тоҷикистон барои таҳкими иқтидори низомии худ дар марз бо Қирғизистон талош накардааст, нодуруст мебуд. Изҳоротҳои ҷангҷӯёнаи раҳбарияти кишвари ҳамсоя ва иғвоҳои пайвастаи низомӣ дар марз ҷониби Тоҷикистонро водор кардааст, ки роҳҳои нигоҳ доштани баробарии низомиро ҷустуҷӯ кунад. Артиши Тоҷикистон талош кард, барои дарёфт ва тавлиди навъҳои нави аслиҳа, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазан дар муқобили силоҳҳои Қирғизистон шарик пайдо кунад. Баробарии неруҳо  хамсояи таҷовузкорро аз ҳамла бозмедошт. Айбномаҳо алайҳи Россия, ки ҳоло аз сӯйи сиёсатмадорони қирғиз садо медиҳанд, ки гӯё маҳз ин кишвар Тоҷикистонро барои ҷанг бо Қирғизистон мусаллаҳ кардааст, асос надоранд. Ҳар он чизе, ки Россия додааст, ба хотири таҳкими марзи ҷанубии Тоҷикистон буд, ки рахна шудани он аз ҷониби ҷангиёни ДОИШ метавонад барои Қирғизистон низ хатари бузург эҷод кунад.

Жапаров-Ташиев аз тарси он, ки тавони низомии Тоҷикистон вусъат меёбад, дар пушти шарики стратегии худ, яъне Россия, ба ҷустуҷӯйи пуштибонӣ ғарбӣ шуруъ карданд. Махсусан, вохӯриҳо бо дипломатҳои Америка ва намояндагони мақомоти иктишофии Англия зуд-зуд рух медоданд. Таҳлилгарон мегӯянд: “Он ҷо, ки Британия аст,  иғворо интизор бошед”. Шояд ин суханон то ҷое ҳақиқат дошта бошанд. Фарзияи моро сиёсатшиноси рус, директори Пажуҳишгоҳи байнулмилалии давлатҳои навтарин Алексей Мартинов низ тасдиқ мекунад. Ӯ бар ин назар аст, ки дар паси муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мумкин аст хадамоти махфии иктишофии Британияи Кабир МИ-6 истода бошад, ки ҳоло ба он сафири собиқи Британияи Кабир дар Туркия Ричард Мур роҳбарӣ мекунад.

Фарзияе низ вуҷуд дорад, ки хадамоти махсуси Қирғизистон аз хориҷа маблағгузорӣ шуда, дар ташкили кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон фаъолона иштирок кардааст. Баъзе ҷузъиёти кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи январи соли 2021 ба даст доштани онҳо дар ин кор ишора мекунад. Агар он замонро ба хотир орем, Қирғизистон дар фиристодани контингенти СПАД таъхир намуда, ба набудани ризоияти парлумон ишора мекард. Ва чун ошӯб саркӯб шуд, вакилон зуд ҷамъ омаданд ва ҳукумат барои фиристодани низомиён ризоият гирифт. Гап сари он буд, ки зарурати пинҳон кардани ниятҳо ба миён омад. Ва вақте дар бораи ширкати шаҳрвандони Қирғизистон дар гирдиҳамоиҳо, аз ҷумла овозхони ҷаз Викрам Рузухонов гап баромад (ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон боздошт шуд), ҳукуматдорон зуд ба ҳимояти ӯ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Баъдан худи Ташиев дар гирдиҳамоӣ бо ишора ба он, ки будубоши шаҳрвандони Қирғизистон дар Алмато метавонад як тасодуф бошад, суханронӣ кард. Барои Рузухонов сенарияи сафари ҳунариро бофтанд, оиди эътирофи ӯ дар бораи гирифтани 90 000 сом гуфтанд, ӯро ба ин бо зӯроварӣ маҷбур кардаанд. Аммо суоле, ки ҷангҷӯён чӣ гуна ба Алмато роҳ ёфтанд, то ҳол норавшан боқӣ мемонад. Ҳарчанд гуфта мешуд, онҳо  дар қаламрави худи Қазоқистон тамрин кардаанд, эҳтимоле ҳам ҳаст, ки онҷо шаҳрвандони Қирғизистони ҳамсоя низ буданд, ки бо ширкати бевоситаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Ташиев барои тайёрӣ фиристода шуда буданд. Зоҳиран, атрофиёни Токаев ба хотири вайрон нашудани муносибатҳои байни ду давлат ва зуд барқарор кардани ҳокимияти қонунӣ масъалаи ширкати беш аз 200 шаҳрванди Қирғизистонро дар дуздиву ғоратҳои Алмато “хомӯш карданд”.

Агар ин тавр бошад, шакке нест, ки дар таҳияи нақшаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври мустақим хадамоти махфии Ғарб ширкат кардан метавонистанд, ки умед доштанд, нишасти сарони СҲШ-ро вайрон карда натавонанд ҳам, лоақал обрӯйи созмонро паст зада, набудани ягонагиро миёни аъзои он нишон медиҳанд.

Илова бар ин, нақшаи хадамоти иктишофии Ғарб оид ба ташкили ҳамзамони як силсила низоъҳо дар чанд ҷой, барои Қирғизистон, ки раҳбарияти он кайҳо нияти ҳалли баҳсҳои марзиро бо роҳи зӯрӣ эълон карда буд, мусоид буд. Ва вақте чунин қувваҳои бонуфуз дар паси шумо меистанд, шумо метавонед ғалабаи зудро дар ҳалли баҳси ҳудудӣ орзу кунед.

Хиёнати иттифоқчиён

Вале чӣ тавр Қирғизистон, ки узви СҲШ аст, метавонист ба ин розӣ шавад? Онон, ки чӣ андоза ошиқи пул будани дуэти Жапаров-Ташиевро медонанд, шубҳае надоранд, ки бар ивази пули калон онҳо ба фурӯхтану хиёнат кардан қодиранд. Аз он ҷумла, хиёнат ба дӯстону шариконашон. Боз дар ҳоле, ки раиси КДАМ то ҳол пешвои ғайрирасмии олами ҷиноӣ дар кишвараш ба шумор меравад.

Як чизи дигар ҳаст, ки метавонад Жапаров-Ташиевро маҷбур созад, ки ба нақшаи хадамоти иктишофии кишварҳои ғарбӣ розӣ шаванд: поин рафтани обрӯйи онҳо дар дохили кишвар ва эҳтимоли оғози ҷунбиш барои истеъфои президент ва сарвари Кумитаи амнияти миллӣ. Ва роҳи садфоиза барои ин иғвогарӣ дар марз, задухӯрди низомӣ, доштани душман аст. Азбаски дуэти мазкур аз ин нақша муддати тӯлонӣ истифода мекард ва он барои дур кардани ҳуши мардум аз мушкилоти дохилӣ ва муттаҳид намудани ҷомеа ҳамеша кумак мекард, чаро вариантҳои дигарро кобанд? Дар мавриди ҷанбаи маънавии масъала, уҳдадориҳо назди иттифоқчиён, пеш аз ҳама Россия, зоҳиран, шарикон Жапаров ва Ташиевро мутмаин сохтаанд, ки иттифоқ, дӯстӣ, шарикӣ як тарафу манфиатҳои миллӣ – тарафи дигар. Агар  бар зидди касе, дӯст ё ҳамсоя ҳам бошад, иғво ташкил кардан зарур шавад, ба пеш!

Барои давлате, ки ин амалиётро маблағгузорӣ кардааст, муҳим ба кори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд рост омадани амалиёт буд. Ҳадаф-  паст задани обрӯйи ин созмон. Аз ин ҷост, ки бар хилофи созиши 15 сентябр дар бораи оташбас амалиёти ҷангӣ дар сарҳад бо қувваи нав аз cap гирифта шуд. Ин дар ҳолест, ки то чанде пеш тоҷикону қирғизҳо ба нишони оштӣ ба ҳам даст дода, палав мехӯрданд ва мусобиқоти муштараки варзишӣ ташкил мекарданд. Ва вазъ дар минтақаи марзӣ ба эътидол меомад. Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ аллакай наздик ба бовар кардан буданд, ки дӯстии қирғизҳову тоҷикон барқарор шуда, ба зудӣ робитаҳои нақлиётӣ миёни ду кишвар аз сар гирифта мешаванд, мисли пештара мардум ба ҳаракати озод ва тиҷорат шуруъ мекунанд. Ҳамаи инро қурбони мақсадҳои дигар карданд. Ба хотири дар сари қудрат мондан Жапаров ва Ташиев ҷони даҳҳо сарбозони худ, шаҳрвандони Қирғизистонро ҳам қурбон карданд.

Жапаров – Ташиев – саратон дар бадани Қирғизистон

Имрӯз ҷониби қирғиз бо шеваи писандидаи хеш, бар хилофи он ки таҷовуз маҳз аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифтааст, Тоҷикистонро ба ҳамла айбдор намуда, «таҷовузкор» меномад. Ин ҳамон технологияи баргирифта аз Украина аст. Ин ҳарфҳо пас аз 29-30 апрели соли 2021, замоне ки низомиёни қирғиз ҳарбиёни тоҷикро ба вокуниш водор намуда, сипас ҷангро бохтанд, низ садо медоданд. Барои радди ин гуфтаҳо танҳо фаҳмидан кофист, ки агар Тоҷикистон таҷовузгар мебуд, соли 2021 ба қаламрави Қирғизистон ворид шуда, дигар аз он берун намеомад. Аммо ҳамин ки доир ба оташбас тавофуқ ҳосил шуд, неруҳо он замон деҳаҳои Арқа, Борбурдуқ, Жаштик, Жанижерро тарк намуданд. Ин бор низ, ҳамин ки рисолат анҷом ёфт, қарор шуд қаламрави бегона тарк карда шавад. Ва ин рисолат маҳв намудани рақиб буд, ки маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон тирборон мекард ё барои ҳаёти одамон дар ҳудуди кишвар хатар ба миён меовард.

Дар ҳамаи он ҳодисаҳое, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 14-16 сентябр рӯй дод, танҳо Жапаров ва Ташиев гунаҳгоранд, ки ба сари қудрат дар Қирғизистон бо ёрии олами ҷиноӣ омадаанд.

Пас аз гузаронидани тафтишоти мустақил ва холисона, тамоми далелҳо, аз ҷумла далелҳои зикркардаи моро бо ҳам қиёс карда, метавон ба осонӣ бовар ҳосил намуд, ки задухӯрдҳо дар чанд қитъаи сарҳад бахше аз нақшаи хадамоти махсуси Қирғизистон будаанд. Агар таҳлилгарони қирғиз муддате муҳаббат ба Ватан, ҳисси ватанпарварӣ, манфиатҳои кишварашонро як сӯ гузошта, воқеъбинона таҳлил кунанд, ки чӣ ҳодиса рух додааст, зуд мутмаин хоҳанд шуд, ки ҷангро роҳбарияти онҳо оғоз кардааст. Худи он, ки ҳанӯз пеш аз сар задани низоъ сокинони деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон аз минтақаи амалиёти эҳтимолии ҳарбӣ эвакуатсия карда шуда, дар сарҳад қувваҳои бузурги низомӣ тамаркуз шудаанд, шаҳодат медиҳад, ки иғво ва низоъро маҳз низомиёни қирғиз омода кардаанд. Ва ин корро бо куштани марзбонони тоҷик дар марз анҷом доданд. Маҳз Қирғизистон таҷовузкор аст, ки барои амалӣ намудани вазифаҳои стратегии худ, яъне забт кардани манбаъҳои об ва роҳҳо, як қатор қитъаҳо аз қаламрави Тоҷикистонро муддати тӯлонӣ боз ишғол кардааст. Барои ин шумо бояд холисона ба харита назар андозед ва бубинед, ки ҳоло марзбонони Қирғизистон дар баъзе қитъаҳои марзӣ дар куҷо қарор доранд.

Жапаров ва Ташиев гунаҳкорони аслии ҷанги моҳи апрели соли 2021 низ буданд, ки даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захмиро дар пай овард. Барои сар кардани ҷанги нав ва оқибатҳои вазнини он – ҳам барои қирғизҳо ва ҳам барои тоҷикон – боз ҳам ин ду нафар гунаҳгоранд. Шаҳрвандони Қирғизистон ба ҷойи муттаҳам кардани Тоҷикистону кӯр-кӯронаю якравона аз режими кунунӣ пуштибонӣ карда, дар кишвари ҳамсоя қотил ҷустан бояд дарк намоянд, ки раҳбарони феълии онҳо – президенти Қирғизистон Садир Жапаров ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев ҳимоятгари манфиатҳои халқи қирғиз нестанд. Якеи онҳо аз олами ҷиноӣ ва дигаре тобеъ ва мутеи якумӣ мебошад, ки ба нақораи дӯсти тавонотараш мерақсад. Ба хотири беҳбудии худ ва дароз кардани муддати сари қудрат қарор доштанашон онҳо на танҳо шаҳрвандони кишвари ҳамсоя, балки аҳолии худро низ қурбон ва аз ҳисси ватандӯстии онҳо сӯиистифода мекунанд. Маҳз ҳамин ду нафар бояд барои аъмоли ҷиноии худ, аз ҷумла фармони ҳамлаи барқасдона ба мардуми осоиштаи деҳаи Овчӣ Қалъачаи Тоҷикистон, ки дар натиҷа 12 сокини осоишта кушта ва беш аз бист нафар маҷруҳ карда шуданд, ба Додгоҳи байналмилалӣ кашида шаванд. Ҳамаи инро исбот кардан душвор нест.

Неъматулло Мирсаидов, шореҳи сиёсӣ.

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.