Оё гуфтан мумкин аст, ки қазияи марзӣ бо “қавли мардона” роҳи ҳал пайдо мекунад?
Аз ибтидо маълум буд, ки қазияи ахири марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон бархӯрди ҷиддӣ ва он ҳам дар сатҳи баландро тақозо мекунад. Аз ин ҷост, ки вохӯрии шаби 27 ба 28 январи раҳбарони вилояти ду ҷониб, ҳарчанд вазъиятро як қадар ором намуд, аммо натиҷаи ниҳоӣ надошт. Мулоқоту музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 28-уми январ бо иштироки фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев сурат гирифт, чизеро ҳал накард.
Чун дар суҳбати рӯзи баъдии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев вожаи “паритет” (яъне баробарӣ, ҳамвазнӣ) зиёд садо дод, гуфтан мумкин, ки ҷониби Бишкекро ҳайати рӯзи аввали Тоҷикистон қонеъ намекард. Зимнан, мулоқоти рӯзи аввал бидуни ягон мувофиқа ба анҷом расид.
Дуруст аст, ки дар мулоқот бо раиси КДАМ-и Тоҷикистон ҳам санаду ҳуҷҷате ба имзо нарасид. Саймумин Ятимов пас аз мулоқот ишора кард, ки асли ин гуна низоъҳо ба масъалаҳои ҳуқуқӣ рабт мегирад. Яъне: дур рафтан ва сарфи назар шудани созишҳои қаблан ҳосилшуда!
Ин гуна созишномаҳо байни ду ҷониб аз ҳад зиёд баста шудаанд. Пас, маълум мешавад баҳсу низоъ бо созишномаҳо ҳал шуданӣ нест?
Бо ин вуҷуд, роҳбари ҳайати Тоҷикистон дилпурона гуфт, ки баъди 8 рӯз корҳо аз рӯйи протокол оғоз меёбанд ва кори комиссия дубора фаъол мегардад. Гап дар бораи комиссияи байниҳукуматие меравад, ки беш аз 2 моҳ боз аз фаъолият бозмонд. Сабабаш номаълум. Ҳадди ақал, то ҳол касе шарҳ надодааст, ки чаро ин комиссияи феълан барои ду ҷониб хеле муҳим фаъол нест. Саймумин Ятимов ҳам шарҳ надод, чаро маҳз баъд аз 8 рӯз комиссия кори худро эҳё мекунад.
Шояд манзураш оғози Бозиҳои олимпии Хитой аст, ки 3 феврал шурӯъ шуд. Воқеан, дар ин олимпиада ҳам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам президенти қирғиз ширкат доранд. Агар манзури раиси КДАМ ин буд, ки раҳбарони ду кишвар аввал дар Пекин вомехӯранду баъди маълум кардани мушаххасот комиссия ба кори худ шурӯъ мекунад, ҳоло ин иттифоқ пеш наомадааст. Шояд “ҳамсояи бузург” ҳатман ин мавзӯъро ба баҳс мегирад…
Вагарна сӯҳбати телефониву мулоқоти ду президентро то ин замон шоҳид набудем. Бори охир онҳо моҳи апрели соли гузашта сӯҳбати телефонӣ доштанд ва мулоқоти рӯ ба рӯ бошад моҳи июни ҳамон сол дар Душанбе сурат гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ин сӯҳбату дидорҳо низ ба ниҳоӣ шудани масъала мувофиқ наомадаанд. Дар натиҷа комиссияи байниҳукуматӣ аз фаъолият бозмонд.
Чӣ бояд кард?
– Мо даст додем, ки аз рӯйи санадҳо кор мекунем, – гуфт Саймумин Ятимов.
Дар ҳамин ҷо буд, ки як журналисти қирғиз аз раиси КДАМ дар бораи пеш наомадани иғвоҳо аз ҷониби Тоҷикистон суол кард. Ятимов хеле оромона посух дод:
– Масъалаҳои иғвобарангез? Шумо метавонед ҳазорон мисолҳо биёред ва мо ҳам. Бояд масъаларо аз рӯйи ҳолати воқеӣ баҳо дод. Мутмаинам, агар масъалаҳо аз рӯйи қонун ҳал шаванд, ҳеҷ гуна баҳона боқӣ намемонад. Бояд масъалаҳоро ҳал кард, то баҳона барои иғво пеш наояд.
Раиси КДАМ –и қирғиз Тошиев ҳам бо умедворӣ гуфт:
– Хулоса ин шуд, ки комиссияи муштараки аломатгузорӣ корашро эҳё намояд. Ду моҳ боз кори он қатъ шуда буд. Он акнун ба таври доимӣ ва аз рӯйи протоколҳои қабулшуда фаъолият мекунад. Ҳарчанд имрӯз ягон ҳуҷҷат имзо нашуд, бовар дорем, дастдиҳии мо натиҷаи мусбат медиҳад.
Номаълум, ин умедвории раҳбари ҳайати Қирғизистон дар худ чӣ дошт, аммо баҳсҳо пас аз ин мулоқот ҳам дар он кишвар кам намешаванд. Худи ҳамин Тошиев зимни мулоқот бо сокинони Ботканд пас аз дидораш бо Ятимов гуфт, ки дар моҳи пешорӯ ба ин минтақа аслиҳаву техникаи зиёди ҳарбӣ ворид мешавад. Дар парлумони Қирғизистон мавзӯи баҳси сарҳад чанд бор хеле тунд муҳокима шуд. Гӯё паси дарҳои баста. Аммо Қамчибек Тошиев чун ҳамеша “фаъол” буд. Вакилони парлумон ӯро барои муҳокима даъват карданд. Зеро то ин замон чанде аз вакилон аз роҳбарони мақомоти қудратии Қирғизистон талаб намуданд, то санадеро шарҳ диҳанд, ки бар асоси он то Ворухи Тоҷикистон бояд роҳ сохта шавад.
Баъд аз ҷаласаи парлумон Қамчибек Тошиев ба журналистон гуфт, санад аз се банд иборат аст ва “ба манфиати Қирғизистон тартиб дода шудааст”.
– Вакилон пурсиданд, оё рост аст, ки ба Ворух роҳ кушода мешавад. Ман ба онҳо санадро хондам ва муҳтавои онро шарҳ додам. Онҷо мушаххас нишон дода шудааст. Ҳеч долоне намешавад. Роҳи иловагӣ сохта намешавад. Мавқеи роҳи мавҷуд дар шарқи Оқсойро созишномаи байнидавлатӣ муайян мекунад. Ин ҳуқуқи президентҳои ду кишвар аст. Мо пешниҳод мекунем. Ин роҳи кӣ хоҳад буд, дарозиаш чӣ қадар хоҳад шуд, кӣ онро месозад ва кӣ нигаҳдорӣ мекунад, ҳамаи ин дар созишнома шарҳ дода хоҳад шуд – гуфт Тошиев.
Аз ҷониби сиёсатмадорони дигараш ҳам изҳороти ҳархела садо медиҳад ва шояд пас аз ин боз бештар шавад. Як расонаи қирғизиро барои нашри матлаби “Азия плюс”-и мо ба суд кашиданианд…
Оё инро низоъ гуфтан мумкин нест?
Масъала то ҷое расид, ки дар ин кишвар ҳатто бархе аз таҳлилгаронаш изҳори назари Саймумин Ятимов дар бораи такя кардан ба санадҳоро ҳамчун таҳдид арзёбӣ намуданд. Яъне “баҳси гарм” дар Бишкек ҳамоно идома дорад.
Дар Душанбе мисли ҳамеша дар ин бора дар сатҳи расмӣ хомӯширо беҳтар медонанд.
Дар ин гуна бархӯрд кӣ ҳақ аст?
Дуруст аст, ки дар пешорӯ як баҳси ҷиддист, аммо имкон надорад онро бо изҳори назарҳои популистона ҳал кард…
Баҳси марзии байни ду кишвар дар ҳақиқат як “масъалаи яхбаста” аст, ки солҳо боз давом дорад. Бишкек мутмаин аст, ки дар сурати “ҳал нашудани” қазияи Ворух “мавзуи Ҷиргатолу Мурғоб”-ро Бишкек пеш меорад. Он чӣ, ки бо ягон санад исбот карда наметавонанд. Зеро худашон дар он замон як вилоят дар тобеияти Россия буданд.
Пас, гуфтан мумкин, ҷониби қирғиз бо ҳар роҳ қазияро тӯл доданист ва ҳал шудани онро дар шароити феълӣ ба манфиати худ намедонад. Пас чӣ ё киро интизор доранд?
Шояд вобаста бо ҳамин савол таҳлилгарони қирғиз ҳангоми баррасии ин масъала, аз истифода шудани “нерӯи нарм” – и СПАД дар ҳалли ин қазия сӯҳбат мекунанд. Он чи ки дар Душанбе қабул надоранд. Шояд дар Бишкеки расмӣ ҳам.
Ба гумони ғолиб дар Қирғизистон гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки аз чунин тартиби кор манфиатдоранд.
Воқеан ҳам, нерӯҳои манфиатдор дар ин гуна қазияҳо метавонанд зиёд бошанд. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ.
Аммо барои ҳукуматҳо масъалаи муҳимтарин посух ба ин савол аст: чӣ бояд кард, то ҳам манфиатҳои милливу давлатӣ ҳосил шаванд, ҳам баҳсу низоъ аз байн равад?
Зеро, то ҷое гуфтан мумкин, аз ин баҳс ва низоъҳои он ҳаёту мамоти ҳукумату давлатҳо бармеояд. Чун ҳалношуда боқӣ мондани масъала ҳарчи хатарноктар мешавад.
Бубинед, дар низои ахир акнун истифодаи бесарнишинҳо сурат гирифт. Ин маъниеро дорад, ки ҳал нашудани аломатгузории сарҳад метавонад пайомадҳои номаълум, аммо хавфнокро дошта бошад. Аз ин вазъ бозигарони асосии геополитикӣ ба манфиати худ сӯистифода карда метавонанд.
Дуруст, ҳал кардани қазияҳои марзӣ осон нест, метавонад тӯлонӣ бошад. Аммо сӯистифода аз ҳолат ба манфиати “дасти сеюму чорум” масъаларо вахимтар мекунад. Хоса, вақте ба эҳсосоти милливу қавмӣ аз ҷониби сиёсатмадорони популисту фурсатталаб нохун мезананд. Дар асл ин масъалае нест, ки онро романтикиву эҳсосӣ ҳал кардан имкон дошта бошад. Мутаассифона, дар мо аз сӯйи мардуми оддӣ ва аз ҷониби қирғиз дар сатҳи сиёсӣ масъаларо таҳти ангезаҳои миллатгароёнаву шовинистӣ баррасӣ мекунанд. Чунин баррасӣ барои ҳар ду ҷониб, ки мушкилоти анқариб якхелаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ доранд, пайомади хуб надорад. Бояд дуруст фаҳмид, ки аз ин шеваи масъалагузорӣ ва ин гуна қазиясозӣ на Тоҷикистон манфиат мебинад, на Қирғизистон.
Баргардем сари “иғво”-е, ки журналисти қирғиз аз Саймумин Ятимов пурсиданӣ шуд. Асли масъала ба он бармехӯрад, ки ҷонибҳо ҳамеша, вақте низоъ пеш меояд, якдигарро ба “ҳамлаи барқасдонаву тарҳрезишуда” муттаҳам мекунанд. Дар ҳодисаҳои ахир ин гуна баҳогузорӣ як қадар душвор менамуд. Шояд барои ҳамин низоъ зудтар роҳи ҳал ёфт. Аммо апрели соли гузашта чунин ба назар мерасид, ки ҳамла тарҳрезишуда аст. Ба ҳар ҳол, он дафъа қирғизҳо ба минтақа қаблан артиш ворид карда буданд ва инро бо он “асоснок” карданӣ шуданд, ки гӯё “аз чизе” пешакӣ огоҳӣ доштанд.
Аз ҷониби дигар, пешопеши қазияи соли гузашта мавзуи пойгоҳи низомии ИМА дар минтақа аз ҳад “пуф” шуда буд. Мегуфтанд, ки ин пойгоҳ ё дар Тоҷикистону Қирғизистон, ё дар Ӯзбекистон ҷо карда мешавад. Таваҷҷуҳ кунед, ки ин мавзуъ дигар мавриди баррасӣ қарор намегирад. Аммо “ба ҳукумат омадани” “Толибон” ва ҳодисаҳои Қазоқистонро дар пушт дорему “амалӣ шудани” нерӯҳои СПАД-ро. Имрӯз бошад аз кушта шудани раҳбари “Давлати исломӣ” дар Вашингтон хабар пахш карданд. Ин гуна паёмҳо ҳамеша гардишҳои навро дар сиёсатҳои ҷаҳон пеш меоранд…
Ана дар ҳамин ҳолат, Бишкек “ҳашамати” худро нишон доданист. Истифодаи ҳавопаймои бесарнишинро дар низои ахир дигар хел фаҳмидан мумкин нест. Ҳоло аз шеваи суҳбатҳои мақомоти расмиаш ҳам як навъ дағдағаву ғурур эҳсос мешавад. Аммо онҳо дар бораи имконоту зарфиятҳои Тоҷикистон огоҳии комил доранд? Фикр накунам…
Оянда чӣ иттифоқе пеш омада метавонад?
Мушаххасан чизе гуфтан душвор аст. Шояд миёнаравҳое пайдо шаванд. Ҳарчанд гумон аст, ки онҳо кӯмак карда тавонанд. Ҳар ду ҷониб мавзуро эҳсосӣ қабул мекунанд. Баҳори гузашта изҳороте аз ҷониби Кремл садо дод, аммо посух шунид: “Ин қазияи миёни мост ва худамон онро ҳал мекунем”.
Дар ин сурат беҳтар аст кишварҳои минтақа пешкор бошанд. Дар мисоли Тошканд, ки қазияи марзии худро бо Душанбеву Бишкек ҳамвор кард.
Аз ҷониби дигар дар замони шӯравӣ асноди марзии минтақа дар Тошканд ҳифз мешуд. Яъне мантиқан ҳам пешкории Ӯзбекистон шояд ба нафъи кор бошад. Ҳамчунин обрӯйи феълии Мирзиеёв барои ин шояд мусоид ояд. Муносибати хубаш бо раҳбарони кишварҳо низ…
Маълум аст, ки чунин масъалаҳо ҳамеша баҳси тӯлонӣ мехоҳанд. Яъне зуду осон тасаввур кардани ҳалли қазия номумкин аст. Аммо бояд ҷонибҳо то ҳал шудани асли масъала иқдомоти имконпазирро барои мардуми маҳаллии маскуни минтақаҳои марзӣ анҷом диҳанд. Дипломатияи мардумиро ҳам васеътар истифода кардан мумкин. Ҳамчунин имкон дорад ба созмонҳои ҷаҳонӣ лоиҳаҳое пешниҳод кард, ки тарҳҳои тиҷоратӣ барои сокинони ин минтақа таҳия намоянд, то мардум тиҷорати муштарак роҳандозӣ кунанд. Манфиатҳои молӣ одамонро наздиктар карда метавонанд.
Ё бояд то ҳалли масоили аломатгузорӣ дар сатҳи ҳукуматҳо ба мардумони маскуни минтақаи наздимарзӣ имтиёзҳои вижаи муваққат дод. Роҳҳои дигарро низ пайдо кардан мумкин. Албатта хоҳиши сахти ҳалли масъала дар ҷонибҳо агар бошад ва онҳо самимона кор кунанд, на ба нафъи бозигарони беруна.
Раҷаб Мирзо