4. ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я

ОТ А ДО Я 16-ой СЕССИИ О чём говорилось и что происходило с 15 ноября по 2 декабря во дворце Арбоб?

Сӣ сол қабл аз 15 ноябр то 2 декабр дар Қасри Арбоб киҳо чиҳо гуфтанд ва чӣ иттифоқҳое пеш омад?

Шореҳи Nuqta.tj маълумотро ҷамъоварӣ карда, солномаи рӯйдодҳои он рӯзҳоро бо ин санаи таърихӣ тартиб дод. Матлаби мазкур қисми дуюми маҷмӯи мақолаҳо дар ин мавзуъ аст.(Идома. Авалаш дар ин ҷо).

ПАРЧАМИ АВВАЛИНИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР КОМБИНАТИ ХУҶАНД ТАЙЁР КАРДАНД

24 ноябри соли 1992 иҷлосияи 16 идома дошт. Лоиҳаи Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи амалӣ кардани Қонуни ҶТ “Дар бораи тарифи гумрукӣ”, қонун “Дар бораи Парчами давлатии ҶТ”,  қонун “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии ҶТ” баррасӣ ва қабул гардид.

Ба муносибати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйирот ворид гардид. Депутатҳо аз ҷо бархоста, қабули Парчам ва Нишонро бо қарсакҳои бардавом қабул намуданд.

Эмомалӣ Раҳмонов, депутатҳо ва мардуми Тоҷикистонро ба ин муносибат табрик намуд ва ба аъзои ҳакамон ва ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи рамзҳои нави давлатӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

25 ноябр баъди сухани ифтитоҳии Эмомалӣ Раҳмонов барқияи табрикии Президенти Россия Бори Елтсин ба унвони Раиси Шӯрои Олӣ қироат шуд.

Пас аз он қонун “Дар бораи тарифи гумрукӣ” модда ба модда таҳлил ва қабул гардид. Депутатҳо баъдан қарори Шӯрои Олӣ “Дар бораи фармони иҷрокунандаи вазифаи Президент аз 23 октябри соли 1992 “Дар бораи ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда ва қуюди шабгардӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе” –ро қабул намуданд. Ҳамчунин шартномаи амнияти дастҷамъонаи давлатҳои ИДМ, ки моҳи майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расида буд, ба тасвиб расид. Қонун “Дар бораи шартномаҳои коллективона” қабул шуд.

  • Дар ҳамин рӯз як қатор мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон мансабдорон, аз ҷумла прокурорҳоро бо сабаби ё рафтан аз ҳудуди кишвар, ё беэътиноӣ дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз вазифа сабукдӯш намуд.

Сарварони дастаҳои мусаллаҳ бо талаби вакилон, хоса Акбаршо Искандаров, ки чанд рӯз пеш дар иҷлосия изҳор намуд, ниҳоят рӯзи 25 ноябр ба толори ҷаласа ҳозир шуданд. 

ОТ А ДО Я 16-ой СЕССИИ О чём говорилось и что происходило с 15 ноября по 2 декабря во дворце Арбоб?

Абдулмаҷид Достиев бо ёдоварӣ аз он рӯз мегӯяд:

–        Хуб дар хотир дорам, ки он рӯз Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки «имрӯз рӯзи махсус аст. Зеро ки сарварони ҷабҳаи халқии Тоҷикистон ва силоҳбадастони мухолифин бо даъвати шумо дар толор ҳузур доранд». Баъдан, роҳбари ҷабҳаи халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров ва аз ҷониби мухолифин Ҷумъа Буйдоқов бо хоҳиши депутатҳо вазъи ногувори вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва навоҳии тобеи кишварро муфассал шарҳ дода, бо рӯҳияи аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан, таҳкими сулҳу осоиш дар мамлакат ибрози ақида намуданд.

Таҳти чапакзании пурмавҷи аҳли толор намояндагони силоҳбадастон ҳамдигарро ба оғӯш кашида, ба якдигар даст доданд. Дар чашми бисёриҳо ашки шодӣ ҳалқа зад. Он рамзи оғози осоиш, сулҳ, бародарӣ, муҳаббат ва садоқат буд.

Достиев мегӯяд, он рӯз иҷлосия то соати 22.20 бе танаффус кор кард. “Вале дар чеҳраи касе хастагӣ эҳсос намешуд” .

  • Ҳамон тавре дар стенограммаи Иҷлосияи 16 омадааст, субҳи 26 ноябр Раиси Шӯрои Олӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, бо хурсандӣ гуфт: «Дӯстони гиромӣ! Ин дақиқаҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ қабул намудем, тамоми Тоҷикистонро муттаҳид месозад».

Сипас ӯ бо муроҷиат ба намояндагони халқ, меҳмонон ва сарварони дастаҳои мухолифин, асар ва оқибатҳои фоҷиабори даргириҳо, аз даст додани хешу табор, фарзандон, падару модарон, ба хун кашидани миллати тоҷик, саҳифаҳои нангини таърихро бори дигар пеши рӯ оварда, ҳамаро ба ҳамдигарфаҳмиву ба рӯйи ҳамдигар боз намудани оғӯши бародарӣ даъват намуд ва аз минбар поён шуда, Парчами давлатиро бӯсиду ба дида молид.

ОТ А ДО Я 16-ой СЕССИИ О чём говорилось и что происходило с 15 ноября по 2 декабря во дворце Арбоб?

Пас аз Эмомалӣ Раҳмонов шахсиятҳои дигари маъруфи кишвар, сарварони дастаҳои ҷангӣ ва мухолифин низ бо ифодаи ризоят ба якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллат ин иқдоми ӯро пайравӣ намуданд.

Воқеан, аввалин Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баъдан тавре навиштанд, дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода гардидааст. Андозаи он 145 ба 85 см  буда, бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни  соли 2007 ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

  • 26 ноябр вакилони Шӯрои Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои даргир ҷиноят содир кардаанд» – ро баррасӣ ва қабул намуданд. Қонун “Дар бораи авфи умумӣ” қабул гардид. Ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ба оилаҳои аз ҷанги бародаркуш зарардида ёрии моддӣ расонанд.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонов парламент қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он “26 ноябри соли 1992 рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон шавад”.

Раиси Шӯрои Олӣ баъди он депутатҳо ва меҳмонони иҷлосияро ба “Оши оштӣ”, ки дар саҳни Қасри Арбоб ташкил карда буданд, даъват намуд.

ҲАЙАТ ВА СОХТОРИ “ҲУКУМАТИ ПОНЗДАҲРӮЗА”

27 ноябр иҷлосияро Раиси Шӯрои Олӣ кушода, суханро ба раиси котиботи ҷаласа Достиев дод, то ҳозиринро бо табрикоти воридгардида ошно намояд, ҳамчунин ба вакилон муҳтавои телеграммаҳои аз ноҳияҳои гуногун воридшударо расонад.

Раиси кумитаи Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Раҷабов суханронӣ намуда, дар бораи зарурати ислоҳоти конститутсионӣ, аз ҷумла гузаштан ба шакли идораи парламентӣ изҳори назар намуд. Баҳси доманадоре пеш омад. Ниҳоят тасмим ин шуд, ки “Президенти Тоҷикистон дар интихоботи умумихалқӣ интихоб мегардад”. Дар натиҷа ваколатҳои президент ба Раёсати Шӯрои Олӣ гузошта шуд. Ҳамон рӯз Девони вазиронро ба Шӯрои Вазирон табдили ном карданд.  

4. ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я
Вакилони мардумӣ ба тарафдорӣ овоз медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи онрӯза пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби вакилон дар ҳайати панҷ нафар комиссия ташкил шуда, барои ҳалли масъалаҳо дар ҷояш ва фаҳмидани вазъи воқеӣ дар сарҳад ба он ҷо фиристода шаванд. Пешниҳод пазируфта шуд. “Аммо бо сабаби дахолати дасисабозони манфиатҷӯ ҳайати комиссия кор карда натавонист ва аз он ҷо ноумед баргаштанд”,- менависад Достиев.

28 ноябр Эмомалӣ Раҳмонов аз вазъи нисбатан ороми шаби гузашта дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ҳарф зада, ҷаласаро оғоз намуд.  Пас аз ин Раиси Шӯрои Вазирон, ки Абдумалик Абдуллоҷонов интихоб шуда буд, дар мавриди сохтор ва ҳайати ҳукумати нав маълумот дод. Ӯ пешниҳод кард, ки ба ҳайати Шӯрои Вазирон раиси Шӯро, 8 муовин, 20 вазир ва 7 раиси кумитаи давлатӣ муқаррар карда шавад. Ин масъала мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт:

Дар натиҷа нафарони зерин ба мансабҳои давлатӣ тасдиқ шуданд:

1. Мирзоев Рамазон – мудири корҳои Шӯрои Вазирон

2. Азимов Холмаҳмад – Раиси Кумитаи давлатии омор

3. Аҳмадов Аламхон – Вазири тандурустӣ

4. Давлатов Исмоил – Вазири иқтисод

5. Додхудоева Бозгул – Вазири маориф

6. Дӯстов Нарзулло – Вазири нақлиёт

7. Зуҳуриддинов Баҳоваддин – Раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ

8.  Зуҳуров Саидамир – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

9. Зуҳуров Шукурҷон – Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ

10. Икромов Бобоҷон – Раиси Кумитаи давлатии симо ва садо

11. Каримов Исматулло – Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ

12. Олимов Рашид – Вазири корҳои хориҷӣ

13. Рустамова Зебуннисо – Раиси Кумитаи давлатии корҳои байни ҷавонон, варзиш ва туризм

14. Салимов Ёқубҷон – Вазири корҳои дохилӣ

15. Собиров Маҳмуд – Вазири маҳсулоти ғалла

16. Солиев Ҳаким – Вазири савдои захираҳои моддӣ

17. Табаров Ҳабибулло – Вазири кишоварзӣ ва ислоҳоти замин

18. Хайруллоев Сайдулло – Вазири ҳифзи муҳити зист

19. Хоҷаев Ато – Вазири фарҳанг

20. Ҳамроқулов Худойқул – Раиси Кумитаи давлатии гумрук

21. Ҷабборов Абдусаттор – Вазири таъминоти иҷтимоӣ

22. Шафоев Воҳид – Вазири обу ободонӣ

ЁҚУБ САЛИМОВ ЧӢ ГУНА “ПИНҲОН” ШУД?

Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин нуктаро зикр кардааст, ки он шабу рӯз хелеҳо ба гирифтани мансабу курсӣ дар ҳукумати нав розӣ намешуданд. «Дар ин ҳукумати 15-рӯзаи шумо кӣ кор мекунад? Ба мо вазифа даркор нест!»- гуфта будаанд бархе.  Яъне онҳо аслан ба умри дарози ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бовар надоштанд, ки инак сисолагиашро таҷлил намуд.

Аммо дар ин миён нафароне буданд, ки барои мансаб нагирифтан сабабҳои хос пеш меоварданд. Ёқуб Салимов, ки дар ҳукумати нав курсии вазири корҳои дохилиро соҳиб шуда буд, аз ҳамин қабил аст.

Аз рӯйи  нақли яке аз ҳамсафони Ёқуб, ки ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба курсии Вазири корҳои дохила расиданаш дар иҷлосияи 16 – ум дар Хуҷанд низ қиссаҳои ҷолиб дорад. Дар ибтидо, ба гуфтаи ин шоҳид, Ёқуб Салимов ба гирифтани курсии вазирӣ қатъиян розӣ намешавад:

– Ин, ки мегӯянд, гӯё Ёқуб ба мансаб дилкашол буд, дурӯғи маҳз аст. Чанд рӯзи аввал, ки чунин пешниҳод дар иҷлосияи 16-ум аз ҷониби раҳбарияти навинтихобшуда сурат гирифт, Ёқуб ба онҳо гуфт: “Вазифаи ман ба ҳукумати нав кӯмак расондан аст! Аммо мақому мансаб намехоҳам. Чандин генералу полковникҳо ҳастанд, ки метавонанд мансаби вазирии корҳои дохилиро соҳиб бошанд. Ҳоло, агар ман ин мансабро бигирам, сару садои зиёд пайдо мешавад, ки барои ман умуман зарурат надорад”.

Иҷлосияи 16 аз А то Я
“Оши оштӣ” дар саҳни Қасри Арбоб.

Гапи Ёқуб он замон гап буд ва ҳар кас ҷуръат намекард дар баробари ӯ чизе гӯяд. Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ кор кунанд. Ёқуб бошад, гуфт, Шумо иҷлосияро гузаронидан гиред, ман рафтам! Ва дар хонаи як дӯсташ дар Хуҷанд ҷо гирифт, ки нишонии онро касе намедонист. Ҳамроҳаш ман будаму як муҳофиз. Баъди тақрибан як ё ду рӯз занги дари ҳамон хона, ки Ёқуб ҷо гирифта буд, садо дод. Мебинем Бобои Сангак ҳамроҳи чанд нафар. Дарро ба он хотир кушодем, ки шояд ягон ҳолати хос ба вуҷуд омадаасту кӯмак зарур аст. Бобои Сангак гапро аз дур сар карду боз ҳам сари вазифаи вазирии корҳои дохила омад. Ёқуб ҳамон мавқеъву ҳарфҳоеро гуфт, ки пештар ҳам гуфта буд. Бобои Сангак дар ҳолате буд, ки гӯё гиря гулӯгираш кардааст ва гуфт: “Бачаҷон, фикр дорӣ ба ҳамин полковнику генералҳое, ки мегӯӣ, бовар кардан мумкин аст? (Вай ба он чанд нафаре, ки ҳамроҳаш буданд бо ангушти ишора нишон дод – ҳамроҳи Сангак ҳамон полковнику генералҳое будаанд, ки Ёқуб дар суҳбатҳои аввал аз онҳо ба сифати номзад ба вазирӣ ном бурдааст.) Оё ҳаминҳо набуданд, ки ба Набиев хиёнат карданд? Оё инҳо ба ҳукумати нав, ки таҷрибаи давлатдорӣ надорад ва дар лаҳзаи душвор сари қудрат омадааст, метавонанд хидматгузор бошанд?”. Ҳатто чанд гапи сахту дашном ҳам ба ҷониби онҳо равона кард. Баъд боз ба Ёқуб муроҷиат кард:

“Ёқубҷон, ба хотири он заҳматҳое, ки кашидаем, ба хотири шод намудани арвоҳи он ҷавонмардоне, ки аз пушти мо рафтанду кушта шуданд, илтимос, мансабро ба гардан бигир. Ақаллан барои чанд муддат, то вазъияти мушкилро паси сар карданамон”.

 Танҳо пас аз ин Ёқуб розигии худро дод…

САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ 5 РӮЗ КУҶО БУД?

29 ноябр дар кори иҷлосия танаффус эълон шуд. Депутатҳо он рӯз аз корхонаи шоҳибофии Хуҷанд ва ҷамъияти саҳҳомии “Қолинҳо” –и шаҳри Қайроққум боздид намуданд.

Ҷаласаи 30 ноябрро муовини Раиси Шӯрои Олӣ Қозидавлат Қоимдодов раисӣ мекард. Зеро, ҳамон тавре дар китобҳо навиштаанд, “Эмомалӣ Раҳмонов ба корҳои сиёсиву давлатӣ банд буд”.

1 декабр ҷаласаро Эмомалӣ Раҳмонов раисӣ намуда, дар ибтидо оид ба бетараф набудани баъзе ҳамсоякишварҳо вобаста ба вазъияти Тоҷикистон сӯҳбат намуд. Баъди ин масъалаи ворид намудани нерӯҳои сулҳхоҳ, ки чанде пеш дар машварат ва муҳокимаи намояндагони Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳо баррасӣ шуда буд, ба муҳокима гузошта шуд. Ў бо итминон гуфт, ки ба овозаву гапҳои беасос набояд бовар кард. Баъдан телеграммаву табрикоти Дабири кулли СММ Бутрос Ғолӣ ва Президенти ИМА Ҷорҷ Бушро ба самъи ҳозирин расонд.

Лоиҳаи қонун “Дар бораи зиёд кардани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои ҷудогонаи вазнин” ва “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории ҶТ” муҳокима ва қабул гардид.

Сафарали Кенджаев. ОТ А ДО Я 16-ой СЕССИИ О чём говорилось и что происходило с 15 ноября по 2 декабря во дворце Арбоб?
Сафарали Кенджаев

Дар ҳамин рӯз депутатҳо аз Сафаралӣ Кенҷаев талаб карданд, ки сабабҳои 5 рӯз дар иҷлосия иштирок накарданашро шарҳ диҳад. Ӯ ба минбар баромада, аз ҷумла гуфт, ки ҳамчун ҳуқуқшинос дар ин бора тафтишот бурда истодааст ва барои фош нагаштани сирри тафтиш аз гуфтани баъзе чизҳо худдорӣ мекунад.

Бо ҳамин иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ кори худро ба итмом расонд. Дар кори он дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид.

БА ДУШАНБЕ АВВАЛ ЁҚУБ САЛИМОВ ОМАД. БАЪД ҚОИМДОДОВ.

Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар поёни иҷлосия аз журналистон хоҳиш намуд, ки вазъиятро бо далелҳо инъикос намоянд ва ба мардум роҳи ростро нишон бидиҳанд. “Мо аз рӯзи нахустини иҷлосия қарор додем, ки агар мақсадамон сулҳу салоҳ бошад, бояд ба гузашта салавот гӯем. Агар имрӯз ҳукумати нав ба кор сар накарда, ба ҷустӯҷӯи гуноҳи ҳамдигар даст занем, пас ба мақсад намерасем”,- гуфт ӯ.

Баъди ба охир расидани иҷлосия бо супориши раиси Шӯрои Олӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфт. Қозидавлат Қоимдодовро ҳамчун ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар намуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо гурӯҳаш ба минтақаи Кӯлоб, Абдумаҷид Достиев бо гурӯҳаш ба Қурғонтеппа рафтанд.

Гуфта мешавад охирҳои ноябр ва аввалҳои декабри соли 1992 шаҳри Душанбе аслан бесоҳиб буд ва аз ҳар ҷониб тирборон мешуд. 4 декабр сарварони гурӯҳе, ки худро «Артиши халқӣ-демократӣ»-меномиданд, тавассути радио эълон карданд, ки ба роҳбарияти нави Тоҷикистон итоат намекунанд. 10 декабр гурӯҳи махсуси аввалини ҳукуматӣ зери назорати вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов ба Душанбе дохил гардид. Қувваҳои мухолифин, ки дар пойтахт буданд, муқобилияти сахт нишон надода, ба сӯи ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза) ақибнишинӣ карданд. Дар натиҷа Душанбе аз харобии зиёд эмин гашт. Дар шаҳри Ваҳдат мухолифин то 20 декабр муқобилият нишон дода, ба водии Рашт қафо гаштанд.

Қоимдодов ҳамчун роҳбари гурӯҳи кории вобаста ба Душанбе лаҳзаи ба пойтахт рафтани худ ва гурӯҳашро солҳо пас  чунин тасвир намудааст:

–        Дар аввал ба шаҳри Душанбе аъзои ҳукумат ва депутатҳо, ки 30 нафарро ташкил мекарданд, бояд парвоз мекардем. Вале бо сабабҳои гуногун ба Душанбе ҳамагӣ 15 нафар расидем. Кам шудани шумораи вакилони мардумӣ ва аъзои ҳукумат аз тарси ҷон буд. Вақте ки аз болои Душанбе парвоз мекардем, дар шаҳр қариб ягон мошин дида намешуд…

Худи Эмомалӣ Раҳмонов ба Душанбе дертар омад. Гуфта мешуд дар Хуҷанд ӯ чанд масъалаи муҳим, аз ҷумла барқарор сохтани роҳи оҳани Тоҷикистон — Ӯзбекистон ва таъмини озуқавориро бояд ҳал мекард.

Раҷаби МИРЗО

Оцените статью

4. ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я Сӣ сол қабл аз 15 ноябр то 2 декабр дар Қасри Арбоб киҳо чиҳо гуфтанд ва чӣ иттифоқҳое пеш омад? Шореҳи Nuqta.tj маълумотро ҷамъоварӣ карда, солномаи рӯйдодҳои он рӯзҳоро бо ин санаи таърихӣ тартиб дод. Матлаби мазкур қисми дуюми маҷмӯи мақолаҳо дар ин мавзуъ аст.(Идома. Авалаш дар ин ҷо). ПАРЧАМИ АВВАЛИНИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР КОМБИНАТИ ХУҶАНД […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.