2. ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я

Иҷлосияи XVI. Касри Арбоб.

Сӣ сол қабл аз 15 ноябр то 2 декабр дар Қасри Арбоб киҳо чиҳо гуфтанд ва чӣ иттифоқҳое пеш омад?

Шореҳи Nuqta.tj маълумотро ҷамъоварӣ карда, солномаи рӯйдодҳои он рӯзҳоро бо ин санаи таърихӣ тартиб дод. Матлаби мазкур қисми дуюми маҷмӯи мақолаҳо дар ин мавзуъ аст.(Идома. Авалаш дар ин ҷо).

ЧАРО ИНТИХОБ САРИ ҚАСРИ АРБОБ АФТОД?

“Ба назари ман, баргузории иҷлосия, ки дар пойтахт нею дар дуюмин шаҳри бузурги кишвар баргузор гашт, на ин ки моро ба ҳам овард, балки мисли Теҳрон, Ялта, Потсдаму Ҳелсинки ва дигар шаҳрҳое, ки дар онҳо конфронсу ҷамъомадҳои тақдирсози ҷаҳонӣ доир мегарданд, Хуҷандро шуҳратёр кард. Шаҳрҳои Хоруғу Турсунзода, ки зери таъсири гурӯҳҳои муқобил буданд, барои баргузории иҷлосия созгор набуданд. Хориҷи кишварро барои он рад кардем, ки аз як тараф, нангу ори миллӣ буд, аз тарафи дигар, таҷрибаи талхи тақдири Афғонистонро пеши назар овардем. Яъне, дар Москва ва Душанбе (давраи шӯравӣ) чанд роҳбару раёсат тайёр карда, ба он ҷо бурда шинонданду оқибат он амалҳо ба чӣ оварда расонд, медонистем.

2. ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я

Дуюм, ботил будани даъвои онҳоеро, ки гӯё шимолиҳо ба хотири бақои ҳукуматдорӣ минтақаҳои ҷанубро ба ҳам «ҷанг андохтанд», исбот кард. Яъне, шимоли кишвар на ҷудоиандоз, балки муттаҳидкунанда ва созандагиро бо муносибати самимӣ ва масъулияти баланди ватанпарастӣ дар назди таърихи кишвару миллат нишон дод, ки барои баргузор шудану самаранок анҷом ёфтани Иҷлосияи XVI тамоми шароитро фароҳам овард”.

Ин ҳоло аст, ки Абдумаҷид Достиев – раиси котиботи иҷлосия ва баъдан муовини (аввали) Эмомалӣ Раҳмонов дар Иҷлосияи 16 зимни мусоҳибаҳояш чунин мегӯяд. Аммо соли 1992 дар куҷо баргузор шудани иҷлосияи 16 мавзуи №1 ба ҳисоб мерафт. 

  • Дар он рӯзҳо як гурӯҳ, аслан ҷонибдорони мухолифин, талаб доштанд, ки иҷлосия дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Онҳо ба сифати варианти эҳтимолӣ Хоруғро ҳам пешниҳод карданд. Як қисми дигар,  аз ҷумлаи ҷонибдорони Фронти халқӣ бар он буданд, ки иҷлосия бояд дар шаҳри Турсунзода доир гардад. Пешниҳод барои дар хориҷи кишвар доир кардани иҷлосия ҳам ҷо дошт. Зимнан, назарҳое ҳам будааст, ки Панҷакентро барои баргузории иҷлосия интихоб намоянд. Аммо он ҳам қабул нашуд. Ниҳоят ба хулосае омаданд, ки ҷои амнтар шимоли мамлакат аст.

Ҳоло ҳам ин савол ҷо дорад, ки агар шимоли мамлакат интихоб шуд, чаро Хуҷанд неву маҳз Қасри Арбоб?

Сарвазири собиқ ва рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов дар робита ба ин боре дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои “Озодӣ” гуфт, «агар сессия на дар Кохи Арбоб, балки дар Хуҷанд баргузор мешуд, эҳтимол он қарорҳое ки дар он қабул шуданд, дар ин ҷо амалӣ намешуданд…».

Аммо ӯ равшан изҳор намедорад, ки манзураш кадом қарорҳост.

Иҷрокунандаи ваколати сарвари давлат Акбаршоҳ Искандаров баъдан дар мусоҳибаҳояш сабабҳои маҳз дар шимоли мамлакат баргузор шудани иҷлосия ва “шартҳо”- еро, ки пеши ӯ гузошта буданд, чунин шарҳ медиҳад:

– Ҳаминро гуфтаниам, ки дар вазъияти ногувори он давра ду давлате, ки манфиатдори сулҳу салоҳи мо буданд, пеш аз ҳама, ҳамсояи мо Ӯзбекистон буд ва давлати бузурги Русия. Вақте ман рафтам, ба ман таъкид карданд, кас фиристоданд ва шартҳое гузоштанд ва гуфтанд, агар ин шартҳоро қабул кунед, Шумо ягона соҳибмансабе ҳастед, ки аз рӯи қонун интихоб шудаед ва метавонед дар оянда низ кор кунед, лекин ин шартҳоро бояд қабул кунед. Ман дар ҳамон давра барояшон гуфтам, ки ин шартҳои пешгузоштаатон маънои аз сари нав ҷангро идома додан аст. Ман ба ин шартҳои Шумо розӣ шуда наметавонам. Мақсади ба ин ҷо (Бишкек) омадани ман пешгирӣ кардан аз ҷанг аст. Гуфтанд, ки Шумо дигар дар ин ҷо кор намекунед ва ман дар он давра, бовар кунед, ҳаматарафа ин масъаларо намедонистам. Баъдтар дар матбуот хондам, ки касоне рафта дар Термез вохӯриҳо доштаанд, чи гапу ҳарфҳо будааст. Ман ин чизҳои пасипардагиро намедонистам…

Дар ҳамин ҳол, ҷонибдорони ҳукумат вобаста ба ин иҷлосия аз асрорҳое сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд пеш омадани онҳо бе ҳикмат нест: Иҷлосияи 16, 16 сутун доштани Қасри Арбоб, ба таърихи 16 ноябр рост омадани оғози он ва 16 рӯз идома ёфтанаш, дар қатори 116-ум номнавис гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил, пас аз соли 1930 16-умин роҳбари давлати Тоҷикистон гардидани Эмомалӣ Раҳмон ва ғайраҳо…

ЧАРО АЗ 230 ВАКИЛ 197 НАФАР ИШТИРОК НАМУД?

Масъалаи ба Хуҷанд рафтани вакилони Шӯрои Олӣ ва тибқи кворум ташкил намудани иҷлосия аз масъалаҳои асосии он рӯзҳо буд. Шароити ҷангӣ, роҳҳо баста буданд. Аз сӯи дигар, нобоварӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифта буд. Воқеан, дар хотираҳои худ вакилони Шӯрои Олӣ аз вилояти собиқи Кӯлоб Ҳабибулло Табаров ва Адолат Раҳмонова зикр мекунанд, ки тавассути чархболҳои Ӯзбекистон, ки барои мардуми Кӯлоб орду маҳсулот мебурданд, онҳоро дар охири октябр ба Тирмизи Ӯзбекистон фиристоданд, то аз он ҷо ба Хуҷанд бираванд. Аз Сангак Сафаров, ба гуфтаи Ҳабибулло Табаров  “супориш” ҳам гирифта буданд, ки ҳама корро ҳал карда, баъд баргарданд. Аммо саҳари 27 октябр раиси вилояти Ленинобод онҳоро назди худ даъват карда, мегӯяд, ки бояд ба Кӯлоб баргарданд, зеро раиси вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоев кушта шудааст. Онҳо ба зодгоҳ баргаштанд ва баъдан нимаҳои ноябр дубора ба Хуҷанд рафтанд.

Қасри Арбоб. Ноябри с.1992. Акс: АМИТ Ховар.
Қасри Арбоб. Ноябри с.1992.

Бо намояндагӣ аз вакилони ҷонибдори нерӯҳои мухолифин Аслиддин Соҳибназаров, Тоҳири Абдуҷаббор, Ҳайдаршо Акбар, Шарифбек Ёқубов, Мақсуд Икромов, Сайфиддин Тӯраев, Маҳмурод Каримов, Далер Шораҳматуллоев дар иҷлосия иштирок доштанд. 

Аз раҳбарияти сатҳи баланди мухолифин бошад, танҳо Давлат Усмон чанд рӯзе ширкат намуд ва баъдан навишт, ки бо сабаби суиқасд ба ҷонаш Хуҷандро тарк кард. Тӯраҷонзода на танҳо ошкор гуфт, ки ба Хуҷанд намеравад, балки ба вакилони дигар, ҳамон тавре онҳо баъдан навиштаанд, маслиҳат додааст, ки иштирок накунанд.

Абдулмаҷид Достиев шояд дар назардошт бо ин солҳо пас дар китоби хотираҳояш навишт:

  • ”Қазияҳалкунандаҳои ҷониби мухолифин дар ин иҷлосия иштирок накарданд ва  касе инро талаб ҳам накард. Ягон кас ҳам даъво накард, ки ин вазорат аз мову инаш аз дигарон! Ҳама шоҳид будем. Боз дар ин иҷлосия на танҳо раҳбарони давлату ҳукумат, ба ҷуз аз А.Искандаров иштирок накарданд, балки пешвоёни оппозитсия иштирок кардан нахостанд. Ин боз ҳамон пешвогии тоҷикӣ, ки ҳангоми ҳалли масоили тақдирсоз пешвоён ҷонибдорони худро бе сарвар монданд ва ё бархе умуман ба иҷлосия нарафтанд ва бархе аз он ҷо ғайб заданд. Ман ин ҷо ному насаби онҳоро аз ҳарду ҷониб ба хотири дар ҳамон рӯзҳо «Ба гузашта салавот» гуфтанҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов зикр намекунам”.

Аммо ӯ рӯйхати вакилонеро, ки дар ин иҷлосия иштирок доштанд, (аз 230 вакили Шӯрои Олӣ 197  нафар) дар китобаш “Тоҷикистон: шикастанҳо ва бастанҳо” нашр кардааст.

Гуфта мешавад аз 33 вакили ба иҷлосия наомада 4 нафар аз олам гузашта буд – Шерализода, Ҳувайдуллоев, Олимов ва Имомов, 25 нафар бе сабаб ширкат наварзиданд, 4 ҳавзаи интихоботӣ озод буд.

Чаро пеш аз иҷлосия Маҷлиси миллӣ баргузор шуд ва Комиссияи муросо таъсис намуданд?

Иҷлосияи 16-ум асосан 15 ноябри соли 1992 сар шуд. Дар маҷлисгоҳи Қасри Арбоб ҳамоише баргузор гардид, ки онро Маҷлиси миллӣ номиданд. Дар ин ҷаласа ғайр аз вакилони Шӯрои Олӣ, аъзои ҳукумат, ҳамчунин раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, қумандонҳои саҳроӣ аз ҳар ду ҷониб, намояндагони илму санъат, ҷамъиятҳои миллӣ, ҳаракатҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ, намояндагони дигар давлатҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Шоҳидон аз ин ҷаласа навиштаанд, ки аксарияти одамон ба суханронӣ баромада, изҳор мекарданд, ки хостори ҳарчӣ зудтар хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор гардидани сулҳ дар кишвар ҳастанд. Аммо чӣ тавр ва бо кадом роҳ бояд онро ба даст овард, инро касе гуфта наметавонист. Дар миёни ҷамъомадагон ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надошт. Ҳатто дар байни вакилони Шӯрои Олӣ ҳам назарҳо мухталиф ва муқобили якдигар ба назар мерасид. Гуфта мешавад, ҳисси маҳалгароии баъзеяшон он қадар авҷ гирифта буд, ки вазъиятро торафт мураккабтар мегардонд.

Козидавлат Коимдодов. Иҷлосияи XVI. c. 1992.
Қозидавлат Қоимдодов. Иҷлосияи XVI. c. 1992.

Қозидавлат Қоимдодов, ки дар ҳамин иҷлосия муовини Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуда буд, солҳо баъд ҳолати онрӯзаи Маҷлиси Миллиро чунин тасвир мекунад:

  • Бовар кунед, дар ин ҷаласа даъватшудагон ақидаҳои ҳархела доштанд. Ҳатто аз ҳамдигар хеле дур буданд ва фосила мегирифтанд. Агар пештар бо ҳам тифоқу якҷо чой менӯшиданд, он замон сояи ҳамдигарро аз девор метарошиданд. Одамон гурӯҳ-гурӯҳ ҳар ҷо меистоданд ва бо як нобоварӣ ба ҳам менигаристанд. Дар рӯзи аввал тасмим гирифта шуд, ки ҷаласа шуруъ шавад, аммо он баргузор нагардид. Чунки рӯзнома ва регламенти ҷаласаро тасдиқ карда натавонистем. Ба хулосае омадем, ки аз ҳар ҳавза як нафар депутатро ҳамчун намоянда пешбарӣ намоем ва гурӯҳи корӣ таъсис диҳем. Ин гурӯҳи корӣ як рӯз кор кард ва рӯзномаи ҷаласаро матраҳ намудаву тартиб дод.

Ба эҳтимоли зиёд манзури ӯ Комиссияи муросо аст, ки намояндаи мухолифин Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи он гуфта буд:

“Ҷаласа дар ҳамон Қасри Арбоб мегузашт ва атрофи онро се ҳалқа гирифта буданд ва ҳамаашон аз нирӯҳои Тоҷикистон набуданд. Аз Русия буданду аз Узбакистон. Ва аз ибтидо мавзӯъи дигаргун сохтани ҳукумат матраҳ буд. Дар табақаи дуввум як толори кӯчактар буд ва як кумиссиюни созиш дуруст шуда буд, ки бештар дар он ҷо ҷаласа мекард ва тасмимҳои худро баъдан меоварданд ва барои ҳамагон эълон мекарданд. Номзадии Раҳмонов низ аввал дар кумиссиюн пешбарӣ шуда буд ва баъдан дар толор ҳам ҳамин чиз садо дод. Ва метавон гуфт, ки тақрибан ғайриинтизор буд“.

Абдулмаҷид Достиев, ки роҳбари котиботи иҷлосия буд, мегӯяд Комиссияи муросо “барои баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳайати 40 нафар намояндагони халқ созмон дода шуд, ки раиси он вакил Қурбон Тӯраев интихоб гардид. Дар робита ба ин, дар кори ҷаласа танаффус эълон шуду Комиссияи муросо корро оғоз намуд. Баъди гузаронидани машварати Комиссияи муросо иҷлосия бо иштироки 197 вакил корро идома дод”.

Комиссия паси дарҳои пӯшида ҷаласа гузаронд ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз 14 масъала тасдиқу пешниҳоди вакилон кард. Ҳамин тавр, Маҷлиси миллӣ то бегоҳи ҳамон рӯз идома ёфт ва қарор дода шуд, ки пагоҳ иҷлосия ба кори худ оғоз намояд.

16 НОЯБРИ СОЛИ 1992

Соати 10. Қасри Арбоб. Баъд аз садо додани Гимни аз замони шӯравӣ боқимондаи Тоҷикистон вакилони Шӯрои Олӣ хотираи ҳамтоёни худ Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев, Мавлон Олимовро, ки ба таври фоҷиавӣ кушта шуда ва Қурбоналӣ Имомовро, ки ногаҳон вафот карда буд, инчунин он шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки дар ҷанги дохилӣ ба шаҳодат расиданд, бо дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.

  • Котиботи иҷлосия дар ҳайати раисиии А. Достиев  ва аъзогии Т. Абдуҷабборов , Е. Тургунов, Ҷ.Убайдуллоев, ва Ғ. Муҳиддинов ташкил шуд. Раиси комиссияи баҳисобгирӣ бошад В. Шафоев интихоб гашта, Д. Нуриддинов, Б. Гадоев, С. Муродов, А. Худоиев, О. Ёқубов, А. Ҷабборов, Ш. Ёқубов, А. Ятимов, А. Раҷабов, Х. Хидиралиев дар ҳайати он буданд.

Иҷлосия тибқи регламент бояд бо забони тоҷикӣ баргузор мешуд, аммо чун тарҷума бо забони русиро таъмин карда натавонистанд, иҷозат дода шуд, ки бо ду забон – русӣ ва тоҷикӣ вакилон суханронӣ намоянд.

Дар иҷлосия меҳмонон ҳам иштирок доштанд. Аз ҷумла: Айтматов Аскар Чингизович (муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон), Иманқулов Азиз         (аташеи вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон), Зиямов Шаҳобудин Сраджевич (муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон), Таиров Саҷвалӣ Таирович (котиби якуми вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон), Синкевич Мечеслав Иванович (сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон), Смагулов Агибай Диненович (мушовири дастгоҳи Президенти Қазоқистон), Такаев Касимжамарат Келилевич (муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон).

Акбаршоҳ Искандаров, ки он замон расман раиси Шӯрои Олӣ буд, ба кори иҷлосия оғоз бахшид. Ӯ пешниҳод кард, ки барои татбиқ гардидани қарорҳои қабулнамудаи иҷлосия дар маҳалҳо ба иҷлосия бояд раисони комиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ даъват шаванд.

Аз номи Комиссияи муросо Қурбон Тӯраев оид ба рӯзномаи иҷлосия сухан ронда, таклиф кард, ки бо сабаби ба рӯзнома ворид намудани истеъфои аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ пеш бурдани иҷлосия бояд ба уҳдаи вакили кӯҳансолтарин вогузошта шавад. Ӯ номзадии Ҳабибулло Табаровро пешниҳод кард. Искандаров нисбат ба ин пешниҳод норозигӣ баён намуда, гуфт, ки ҳарчанд ба аризаи истеъфо имзо гузоштааст, вале ҳақ дорад, ки то вақти ҳалли масъала ба ҷаласа раисӣ кунад.

Пешниҳоди Тӯраев ба овоз монда шуд ва қабул гардид. Ҷаласа зери роҳбарии Ҳабибулло Табаров оғоз шуд, аммо гурӯҳе аз вакилону меҳмонон, аз ҷумла Искандаров, Соҳибназаров, Ҳайдаршо Акбар, Муъмин Қаноат, Гулрухсор ба нишони эътироз иҷлосияро тарк намуданд.

Достиев дар хотироташ менависад, ки “рӯзҳои 16 ва 17 ноябр то расида омадани раисони комиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар кори иҷлосия танаффус эълон гардид”.

Вакилони ҷониби мухолифин бошанд, мегӯянд, масъалаи асосӣ маҳрум кардани Искандаров аз маќоми раисикунандаи иҷлосия буд, ки дар натиҷа онҳо иҷлосияро тарк карданд. Ҳамин тавр, 17 ноябр иҷлосия баргузор нашуд.

(Идома дорад)

Раҷаби МИРЗО

Оцените статью

2. ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я Сӣ сол қабл аз 15 ноябр то 2 декабр дар Қасри Арбоб киҳо чиҳо гуфтанд ва чӣ иттифоқҳое пеш омад? Шореҳи Nuqta.tj маълумотро ҷамъоварӣ карда, солномаи рӯйдодҳои он рӯзҳоро бо ин санаи таърихӣ тартиб дод. Матлаби мазкур қисми дуюми маҷмӯи мақолаҳо дар ин мавзуъ аст.(Идома. Авалаш дар ин ҷо). ЧАРО ИНТИХОБ САРИ ҚАСРИ АРБОБ АФТОД? […]
2.5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.