10 қарори Мирзиёеви ислоҳотгаро, кимеарзад дар худ татбиқ кунем

Президент Шавкат Мирзиёев дар 4 соли охири роҳбариаш дар Ўзбекистон тавонист як қатор масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намояд, ки дар гузашта беш аз ҳама сабаби танқиди Ислом Каримов мешуданд.

Аз ибтидо ба руҳияи ислоҳотгароёнаи президенти нав мардум бо назари шубҳа менигаристанд, бисёриҳо чашмдори ба зудӣ пайдо шудани диктатори нав буданд. Хоса дар ҳоле, ки сухан аз сарвазири ҳукумати даврони марҳум Ислом Каримов мерафт, ки 13 сол дар ин мақом кор кардааст. Аммо Мирзиёев ҳадафмандона ба тағйири ноҷўриҳои кишвараш шурўъ кард. Тадриҷан оҳанги гуфтори расонаҳо, аз ҷумла ВАО-и хориҷӣ низ, дар бораи ў комилан мусбат шуд.

Дар натиҷаи ислоҳоти Мирзиёев яке аз кишварҳои пўшидатарини олам бе шўру шикаст ба сатҳи сифатан нав баромад.

Мо 10 қарори қобили таваҷҷуҳи ўро интихоб кардем, ки меарзад дар худ низ татбиқ намоем.

  1. Тағйири имиҷ

Ҳанўз панҷ сол пеш Ўзбекистон аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ як кишвари ҳавлноки зери назорати хадамоти махсус буд, ки ҳама аз он худро дур гирифтанро авло медонистанд. Тоҷикистон, масалан, ҳатто тасмими гузарондани хатти роҳи оҳан ва зерсохтори дигар аз тариқи Афғонистони 40 сол боз ҷангзадаро гирифт, танҳо ки тариқи Ўзбекистон наравад – ин амр худ аз худ гувоҳи ҳол аст.

Ўзбекистон дар ҳар гуна раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар охир, дар радифи кишварҳое аз қабили Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ ҷой мегирифт. Ва обурўи ҳар кишвар дар олам бо некуаҳволии он зич вобаста аст – ин сармоягузориҳо ва ҳамкориҳои дигари молиявӣ, сайёҳон ва бисёр чизҳои дигарро ҷалб мекунад.

 Ислоҳоти амалинамудаи Мирзиёев қатъиян муносибатро ба Ўзбекистон дар дунё тағйир дод.

Ў аз маҳбасҳои кишвараш маҳбусони сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, арбобони дин,  рўзноманигоронро озод кард, маҳбаси «Жаслик»-ро, ки ҳамчун макони шиканҷаҳои бераҳмона ном бароварда буд, маҳкам кард.

Иқдомҳои мазкур боис ба вокуниши мусбати Ғарб гардиданд. Масалан, Комиссияи байналмилалии ИМА оид ба озодиҳои динӣ Ўзбекистонро аз рўихати кишварҳое, ки ба поймолкунии озодиҳои динии шаҳрвандон айбдор мешуданд, баровард.

  • Сиёсати кадрӣ

Мирзиёев кулли роҳбарони вазорату идораҳо, аз ҷумла роҳбари биллоивази Хадамоти миллии амният Рустам Иноятов ва сардори дастгоҳи иҷроияи президент Залимхон Ҳайдаровро, ки дар замони Каримов беш аз ҳукумат таъсир доштанд, аз вазифаҳо барканор кард. Ҳарчанд Мирзиёев расман дар замони Каримов шахси дуюми кишвар буд, аслан ин мақомро Иноятов ишғол мекард.

Курсии худро танҳо сарвари ВКХ Абдулазиз Комилов нигоҳ дошт.

Ба идораи кишвар технократҳои ҷавон, ки дар низоми давлат кор мекарданд ва ҳамчунин онҳое омаданд, ки дар замони Каримов барканору таъқиб мешуданд.

Симои мансабдори ўзбек тағйир ёфт: имрўз онҳо, бо супориши Мирзиёев, дар чордевори утоқҳои худ маҳкам нашуда, бо аҳолӣ дар иртиботи бошиддат қарор доранд, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ. Онҳо наметарсанд аз мушкилот ҳарф зананд, на танҳо ба хабарнигорони ўзбек, балки бо хориҷиҳо низ мусоҳиба мекунанд, ки замони Каримов инро тасаввур кардан ҳам намешуд.

Дар рафти муроҷиат ба палатаи қонунгузор соли гузашта Мирзиёев гуфт, ки қариб 15 сол ў ҳам вакил будааст. «Лекин замони мо дигар буд. Ҳар қадар хомўштар мебудӣ, бароят беҳтар буд… Мо одамони дирўзем, имрўз мо вазирону мансабдорони наву ҷавонро дар маҳалҳо таъин мекунем. Инҷо муваққатием. Мо дар замони тарс зиндагӣ мекардем»,- гуфт президенти Ўзбекистон.

  • ВАО

Дар даврони Каримов нашрияҳои чопии ўзбекиро касе намехонд, зеро онҳо бештар ба нашри хабарҳои мақомоти давлатӣ машғул буданд ва аз ҳисоби обунаи кормандони буҷавӣ вуҷуд доштанд. Телевизион аз замони шўравӣ кам фарқ мекард, эфирҳои мустақим хеле кам буданд, нашрияҳои интернетӣ ҳам хабарҳои мақомоти давлатиро бознашр мекарданд ва ба омода кардани маводҳои худӣ тамоман машғул намешуданд.

Дар замони Мирзиёев вазъ ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳукуматдорон ба рўзноманигорон иҷозат доданд ҳодисаҳо аз ҳаёти воқеии ҷамъиятӣ-сиёсиро шарҳ диҳанд, баъзе сомонаҳои хориҷиро, ки қаблан ҳатто номашонро бо овози паст талаффуз мекарданд, аз «блок» бароварданд. Барои ҳимояи манфиатҳои журналистон Агентии иттилооту иртиботи оммавӣ ва Хазинаи ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди ВАО-и миллӣ таъсис дода шуданд.

Акнун дар ВАО-и Ўзбекистон танқид намудани ҳукуматдорон иҷоза дода шудааст. Ҳатто хабарнигорони минтақавӣ боҷуръаттар шудаанд: поймол шудани ҳуқуқи инсон, фасод, хунукназарии мансабдорон – ин ҳама мавзўи дигар табу нест. Гоҳ-гоҳ ҳукумат ба матлабҳои ҳангомадор вокуниш ҳам мекунад.

Маъруфияти расонаҳо зуд зиёд мешавад, мансабдорон ба додани мусоҳибаҳо ва ҷалб намудани хадамоти матбуотӣ ба кори худ шурўъ карданд.

Дар Шохиси озодиҳои матбуот-2019 Ўзбекистон бори нахуст дар таърихи нави худ аз «минтақаи сиёҳ» берун шуд.

  • Муносибат ба таҳсилот

Нишондиҳандаҳои баланди фзоиши нуфуси аҳолӣ дар даҳсолаи охир ба ду карат зиёд шудани шумораи довталабон сабаб гардид. Дар зимн квотаҳо барои қабули донишҷўён ба мактабҳои олӣ бетағйир боқӣ мемонданд. Чунин талаботи зиёд якҷоя бо ғайришаффоф будани механизми гузарондани имтиҳоноти дохилшавии давлатӣ ба паҳн шудани фасод замина гузоштанд.

Мирзиёев соли 2017 муборизаи беамони васеъро бар зидди фасод дар мактабҳои оилӣ сар кард. Ҳукумат технологияҳои навро ба кор бурд ва шумораи квотаҳоро беш аз 50% зиёд кард.

10 қарори Мирзиёеви ислоҳотгаро, кимеарзад дар худ татбиқ кунем

Вале тавсеаи фарогирӣ бо таҳсилоти олӣ набояд аз ҳисоби таҳсилоти шартномавии музднок ба даст меомад. Сарвари давлат пешниҳод кард, ки ду карат шумораи грантҳои давлатӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ зиёд карда шавад. Ҳоло, мегўянд, имтиҳоноти дохилшавӣ бо шаффофияти хеле бештар мегузаранд.

Ислоҳоти низоми маориф ҳамзамон бо бештар аз ду маротиба зиёд кардани маоши муаллимони мактабҳои миёна ва устодони макотиби олӣ амалӣ мегардид.

Аз 1 феврали соли ҷорӣ бо қарори президенти ҶЎ маоши муаллимон ва идрорпулиҳои донишҷуён 50% зиёд шуданд.

Вазири маорифи халқ Шерзод Шерматов дар охири соли гузашта изҳор дошт, ки ба соли 2024 музди кори якмоҳаи муаллимон ба ҳадди баландтарин расида, тадриҷан ба $970 расонда мешавад.

  • Манъи меҳнати маҷбурӣ

Меҳнати маҷбурӣ яке аз масъалаҳои доғу дардноктарини Ўзбекистон дар замони Ислом Каримов буд. Тошканд пайваста мавриди танқид аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ қарор мегирифт.

Аз меҳнати ихтиёрӣ-иҷбории муаллимон, кормандони тиб ва донишҷўён ҳам дар заминҳои пахта истифода мекарданд, ҳам ҳангоми рўбучину сабзкунии кўчаҳо. Ҷои тааҷҷуб нест, ки дар ин шароит пахтаи ўзбекиро истеҳсолкунандагони ҷаҳонии маҳсулоти либоса ба «рўихати сиёҳ» дароварданд.

Аввал Шавкат Мирзиёев тариқи шифоҳӣ ба ҷамъоварии пахта баровардани кормандони соҳаи буҷавӣ ва донишҷўёнро манъ намуд, сипас қонунан ба меҳнати маҷбурӣ хотима гузошт. Дар натиҷа, моҳи сентябри соли 2019 ИМА пахтаи ўзбекиро аз рўихати молҳое, ки бо истифода аз меҳнати кўдакон истеҳсол мегардад, берун кард.

  • Технологияҳои нав

Мирзиёев ба рушди технологияҳои нав, татбиқи васеи иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ таваҷҷуҳи махсус дорад.

Соли 2019 дар Тошканд нахустин дар Ўзбекистон парки маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ фаъол гардид. Ширкатҳое, ки дар ҳудуди ин IT-паркҳо кор мекунанд, андоз аз даромад дар ҳаҷми 8% месупоранд (дар Тоҷикистон – то 79%). Ин ба парки тошкандӣ шароит барои рушди босуръат, ҷалби ширкатҳои хориҷӣ, таълими мутахассисони ҷавон, пардохти маошҳои хуб фароҳам овард. Воқеан, дар ҳудуди ин парк ширкати технологияҳои молиявии «Алиф»-и Тоҷикистон ҳам кор мекунад.

10 қарори Мирзиёеви ислоҳотгаро, кимеарзад дар худ татбиқ кунем
Озмоиши технологияҳои нав дар мубориза бо коронавирус дар Ўзбекистон. Акс: darakchi.uz.

Айни замон бо супориши Мирзиёев қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар чунин паркҳо бунёд мешаванд, ки ба рушди лоиҳаҳои ҷавонон равона гардидаанд. Биноҳои ин навъ паркҳо бояд на кам аз 20 ошёна баландӣ дошта бошанд. Ҳар ҳоким мутасаддии сохтмони чунин IT-парк дам минтақаи худ хоҳад буд.

«Як чизро дарк бояд кард: бе илм, бе навовариҳо мо ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ ноил намешавем. Кор бояд на ба хотири ҳисоботдиҳӣ, балки ба хотири натиҷа бошад»,- гуфт Мирзиёев дар охири соли гузашта.

  • Ислоҳот дар соҳаи андоз

Мирзиёев эътироф намуд, ки дар системаи мавҷуда иқтисод ҳеҷ имкони рушди устувор надорад ва он кишварро ба танҳо як манбаи ашёи хом барои иқтисоди ҷаҳон табдил медиҳад. Пас аз баррасиҳои тўлонӣ президент Шавкат Мирзиёев соли 2018 консепсияи ислоҳоти андозро тасдиқ намуд.

Он ба ҳалли се масъалаи калидӣ равона гардидааст:

-андозҳои баланд ба фонди пардохти музди меҳнат, ки ба болоравии шуғлмандии аҳолӣ мусоидат намекунанд ва ба вусъат ёфтани «иқтисоди соягӣ» боис мегарданд;

-тақсимоти нобаробари сарбории андоз;

-ҷамъоварии андоз аз даромад (аз гардиш). Яъне, андоз на аз арзиши иловагӣ, фоида, даромад ва ғайра, балки аз ҳамаи маблағҳои аз фаъолияти тиҷоратӣ ба дастомада ситонда мешуд.

Аксари тағйирот ҳанўз аз 1 январи соли 2019 қувваи эътибор пайдо кардааст.

  • Сабукиҳо дар сиёсати тарофаҳои гумрукӣ

Ўзбекистон то соли 2017, аз сиёсати аксиз кор гирифта, бозори дохилиро аз воридоти 3242 номгўи молҳо ҳимоя мекард.

Аз соли 2018 роҳбарияти нави кишвар сиёсати сабук кардани тарофаҳои гумрукӣ ва аксизиро пеш гирифтааст. Пардохтҳои гумрукӣ дар ин байн якчанд бор бознигарӣ шуданд.

Шўрои вазирони Ўзбекистон қарорро дар бораи «Тасдиқ намудани меъёрҳои пардохт гумрукӣ» тасдиқ намуд. Меъёрҳои боҷу хироҷи гумрукӣ барои хизматрасониҳо бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои зерин тасдиқ шудаанд:

– кам кардани меъёрҳои пардохтҳои гумрукӣ барои бақайдгирӣ дар реҷаи коркарди молҳо дар ҳудуди гумрукӣ ва берун аз он;

– васеъ намудани хизматрасониҳои пулакие, ки мақомоти гумрук мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи пардохтҳои гумрукӣ пешкаш мекунанд;

– ҷорӣ намудани пардохти маблағҳои гумрукӣ ба ҷои истифода аз тадбирҳои масъулияти маъмурӣ барои риоя накардани муҳлати расондани молҳое, ки зери назорати гумрукӣ қарор доранд;

-бекоркунӣ ва такмили пардохтҳои алоҳидаи гумрукӣ дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ.

Бо фармони президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон айни замон Консепсияи ислоҳоти идоракунии гумрук ва бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти хадамоти давлатии гумруки ҶЎ барои солҳои 2020-2023 амалӣ карда мешавад.

  • Хусусигардонии замин

Президенти Ўзбекистон фармонеро ба имзо расонид, ки аз 1 январи соли 2013 ҳуқуқи хусусигардонии заминро ба шаҳрвандони кишвар додааст.

Шахсони воқеӣ имкон пайдо карданд заминҳоеро хусусӣ гардонанд, ки ба онҳо барои сохтмони хона ва хизматрасонӣ ба манзили зист дода шудаанд. Ба шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқи хусусигардонии замине дода шуд, ки дар он моликияти ғайриманқули онҳо воқеъ аст.

Заминҳо бо қарори мақомоти масъул дар маҳалҳо хусусӣ карда мешаванд ва мақоми дахлнопазириро соҳиб мешаванд.

Қонунгузории Тоҷикистон фурўши заминҳоро манъ кардааст, метавон онро аз давлат танҳо ба истифода гирифт. Агар истифодабар онро фурўхтан хоҳад, маҷбур мешавад аз ҳар гуна роҳҳои ғайриқонунӣ кор гирад.

  1. Эътирофи хизматҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

Дар замони Каримов ошкоро дар бораи мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ намегуфтанд, гарчанде аз муҳоҷирон ба иқтисоди кишвар $5 млрд ворид мешуд.

Бо сари қудрат омадани Мирзиёев муносибат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам тағйир ёфт. Саҳми онҳо ба иқтисоди Ўзбекистон эътироф гардид.

Ҳукумати Ўзбекистон азм кардааст минбаъд аз ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дифоъ намояд.

Тоҷикистон ҳанўз ҳам дар мавқеи нодида гирифтани хизматҳои муҳоҷирони меҳнатии худ устувор аст. Мақомоти дахлдор қатъиян доир ба ҳаҷми маблағҳое, ки муҳоҷирон ба кишвар интиқол медиҳанд, пешкаши иттилоотро рад менамоянд. Баъзе мансабдорон инро чунин шарҳ медиҳанд, ки гўё журналистон ба масъала «тобиши сиёсӣ» медода бошанд…

Дилшод Шарофов

Оцените статью

10 қарори Мирзиёеви ислоҳотгаро, кимеарзад дар худ татбиқ кунем Президент Шавкат Мирзиёев дар 4 соли охири роҳбариаш дар Ўзбекистон тавонист як қатор масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намояд, ки дар гузашта беш аз ҳама сабаби танқиди Ислом Каримов мешуданд. Аз ибтидо ба руҳияи ислоҳотгароёнаи президенти нав мардум бо назари шубҳа менигаристанд, бисёриҳо чашмдори ба зудӣ пайдо шудани диктатори нав буданд. Хоса дар ҳоле, ки сухан […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.