Украина. Қазоқистон. ВМКБ. Мубориза барои дунёи чандқутбӣ ё “сохтани таърихи нав”?
«Вазъи тағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири хатарзои рақобати кишварҳои абарқудрат сабабгори сар задани бозиҳои геополитикӣ ва низоъҳои сиёсӣ дар рӯй замин гардидааст”.
Бо ҳамин ҷумла оғоз намудани баёнияи худ аз ҷониби Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ пас аз хатми амалиёташон дар Бадахшон, дар худ маънии ҷиддӣ дорад.Дар ин гуна изҳорот метавонад воқеиятҳое ҷо дошта бошад.
Махсусан пас аз ҳаводиси Украина, ки беш аз чор моҳ боз давом дорад, гуфта наметавонем аввал ё охири бозиҳои геополитикӣ дар куҷост. Инро ҳам гуфтан душвор аст, ки пеш омадани чунин ҳолатҳо мисли рӯз равшан ва пешгӯишаванда буд…
Чор тезиси асосӣ
Аз ҷанги ахири Россия бо Украина оғоз намоем. Дар асл, ҳаводиси рӯ ба рӯи Украина намешавад гуфт натиҷа ё сабабҳоеро дорад, ки дар ин бора расмиву ғайрирасмӣ мегӯянд. Онҳоро ҳатто бо иттифоқоти 8 сол пеш рухдода дар Киев – табдили ҳукумати “рӯ ба Ғарб” ва “гузаштани чанд вилояти Украина ба Россия” низ рабт додан, маънои шарҳи воқеии ҳолату равандро надорад.
Дуруст, барои чунин шиддат гирифтани вазъ ҳамеша аз баҳонаҳое ном мебаранд. Аммо онҳо решаӣ нестанд. Ҳам баҳонаи Россия дар ин бора, ки НАТО ӯро “печониданист” ва даъвои Украина ҳам, ки Кремл зидди мустақилияти онҳо дастбакор аст, агарчӣ ҳарду ҷониб далелҳое пеш меоранд, аз ҳамин қабиланд.
Танҳо Украина ҳам нест, ки бо ин гуна сабабу баҳонаҳо ба чунин ҳолати даҳшатнок гирифтор шудааст, балки медонем: дар сивучанд соли ахир Югославия, Ироқ, Афғонистон, Либия, Сурия ва чандин кишварҳои дигар ҳамин даҳшатҳоро аз сар гузаронидаву мегузаронанд.
Саволи асосӣ ҳамеша мавриди баҳсҳост: чаро ин ҳодисаҳо ва дар ин муддати вақт пеш омаданд?
Оё гуфтан имкон дорад, ки “харитаи нави сиёсии ҷаҳон”, ки дар борааш чанд даҳсола боз мегӯянд, акнун таҳия шудаву то чанд даҳсола ё садсолаи дигар муҳити умумии дунёро оромӣ фаро мегирад?
Ба назари таҳлилгарон, раванде, ки пас аз “анҷоми ҷанги сард” ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт, ҳоло низ поёни номаълум дорад. Аз ин ҷост, ки онҳо мегӯянд, агар рухдодҳои сивуяк соли ахири дунёро тезис намоем, дар чанд воқеият ифодаи худро меёбанд, ки онҳоро дар маҷмӯъ натиҷаи муборизаҳои геополитикиву геостратегӣ меноманд:
– Барҳам хӯрдани СССР;
– “Ҳукмрони ҷаҳон” шудани Ғарб;
– “Эҳёи Россия” –и путинӣ;
– “Аз хоби гарон хестани “Аждаҳои бузург”” – Чин.
Ҷанги Россия бо Украина аст, ё бо Ғарб?
Аслан, дар поёни солҳои 90 ҳолате пеш омад, ки барои якқутба шудани дунё гӯё чизе халал намерасонд. Чин ҳоло “хоб” буд ва омадани Путин дар аввали солҳои 2000 -ум ба қудрат дар Россия мисле, ки бедораш намуд. Ё таҳрику илҳомаш дод.
Барои ҳамин, ҳоло Путин мегӯяд, он чи ки байни Россияву Украина мегузарад, ба маънои муборизаи дунёи якқутба ва чандқутба аст. Барои ҳамин ҷанги Россиву Украина аслан ҷанги байни Россия ва Ғарб маънидод мешавад.

Ба таври дигар, Украина ба майдони набарди пуршиддати ҷазабаи қудратҳо табдил ёфт. Ба ин ҳолат Белоруссия ҳам дар соли 2020 метавонист гирифтор шавад. Лукашенко, ки дар аввали кор зидди Россия “ҷанг” эълон намуд, шояд дертар аз ҷониби Путин “хуб фаҳмонида шуд”. Қудратҳо ҳамингунаанд, дар аввал ба ҳар тарзе паём медиҳанд. Диданд, ки нашуд, “пайдо кардани” баҳонаҳои дигари ҷиддӣ мушкил нест. Садҳо ниҳоди таҳқиқотиву истихборотӣ ва институт доранду ҳар кадоми онҳо раванди ҳаводиси кишварҳо, фаъолияти шахсиятҳои ҷудогонаро пайгирӣ менамоянд ва албатта дар ҳолати зарурӣ истифода хоҳанд кард. Дар ин раванд таҳияву роҳандозии сиёсатҳои санҷидашудаи дохиливу хориҷии кишварҳои нисбатан хурд хеле муҳим аст. Махсусан сиёсати муваффақонаи хориҷии кишварҳо таъинкунанда хоҳанд буд.
Путини “диктатор”, аммо зидди “пешвошавӣ”-и дигарон. Чаро?
Зимнан, ҳаводиси аввали соли 2022 дар Қазоқистон ба таври ошкор маълум намуд, ки “сиёсати дарҳои кушод” барои хеле аз кишварҳо метавонад хатарзо бошад. Дуруст, сиёсати дунё чунин бунёд шудааст, ки ҳеҷ гоҳ такя ба ягон кишвари мушаххас имкон надорад. Аз ин хотир мегӯянд, ки шарики стратегии ҳар кишвар мардуми он аст. Хоса имрӯз, ки сиёсатҳои дунё дар як лаҳза тағйирпазиранд. Ҳолатҳои мушаххаси иқтисодиву иҷтимоӣ ва шояд амниятӣ тақозо менамояд, ки кишварҳои хурд ва дар меҳвари ҷуғрофиёи геополитикиву геостратегӣ қарордошта, наметавонанд дар мавқеи “зид” ё “ҷонибдор” –и раванди мавриди иҷрои абарқудратҳоро қарор бигиранд. Ҳадди ақалл халал нарасонидан ба ҷараёни иҷроиши барномаҳо мисле, ки барои қудратҳо қобили қабул аст.
Вагарна дар ин моваро мебинем, ки ҳатто мамолики аз нигоҳи иқтисодӣ – иҷтимоӣ то андозае муваффақ наметавонанд худро аз хатар дур ҳифз кунанд. Зеро бархӯрдҳои геостратегӣ ҳарчӣ тангтар мешаванд…
Бубинед, Қазоқистон ҳарчанд аз ҷонибдорони побарҷоии СССР (зимнан Қазоқистон охирин кишвари СССР буд, ки танҳо дар поёни соли 1991 истиқлолияти худро эълон намуд) ва асосгузорони Иттиҳоди Авруосиё, хулоса яке аз шарикони Россия дар масоили калидӣ аст, аммо сиёсати хориҷиашро “чандҷониба” намоиш медод. Дар бархе маврид шояд эҳсоси мустақилияти комил намуда, ҳамчун “як кишвари аврупоӣ” дар лоиҳаҳои ҷиддии Ғарб ширкат дошт ва дар ниҳоят “ҳушдор” гирифт. Махсусан дар ҳолате, ки Назарбоев худро “Элбаси” ё пешвои қазоқҳо эълон намуда, ба гунае аз сиёсати калон дуртар шудан мехост.
Ҳадс задан мумкин, ки дар “эҳтиёткории” Назарбоев ҳангоми роҳандозии сиёсати хориҷии кишвараш аз як тараф шояд ба нобоварӣ ба Кремл ва аз ҷониби дигар ба масоили сирф амниятии хонаводагӣ ҳам рабт мегирифт.
Саволи муҳим ва фикрзо: Чаро Путин пешвосозии кишварҳои пасошӯравиро таҳаммул карда наметавонад?
Рӯи ду сабаб метавон андеша намуд:
Якум, шояд ба қудратҳои дигар ошкор карданист, ки дар ин паҳно ҳамоно ҳарфи ниҳоиро Кремл хоҳад гуфт, на раҳбарони ин кишварҳо.
Дуюм, дар Кремл шояд ба ин назаранд, ки ин оилаҳо хоҳу нохоҳ бештар рӯ ба Ғарбанд, ба ҷои он ки рӯ бо Россияи “камбағалпарвар” бошанд.
Дар робита ба ин гуфтан мумкин, ки пас аз ҳаводиси январии соли 2022 ба Назарбоев фақат имкон дода шуд, ки як қисми дороии худу пайвандонашро ҳифз кунад, аммо аз баҳри баъзе титулу имтиёзҳои зиёди худ гузарад, камнуфуз шавад, фарзандону пайвандонашро аз мансабҳои калидӣ ва ҳатто Қазоқистон берун барад. Муҳим ба “стратегияи қабулшуда” халал нарасонад…
Аз ҷониби дигар, дар рӯ ба рӯ бо ҳаводиси Қазоқистон имкони мусоиде пеш омад, ки Россия нерӯи худ ва ба истилоҳ ҳампаймонҳояшро аз СПАД (ОДКБ) намоиш диҳад. Ин маънои нишон додани “ҳашамати минтақавӣ” –и Кремлро дошт ва барои асоснок кардани тезиси “Осиёи Миёна соҳиб дорад!” муҳим намуд.
Ба ин васила ду паёми муҳим дод:
а) ба ҳампаймонҳояш, ки дар сурати “саркашӣ” метавонанд ба ин ҳол ва ҳатто аз он бадтар рӯ ба рӯ шаванд,
б) ба Ғарб, ки ин минтақа ҳамоно зери нуфузи Кремл аст ва барои ҳимояташ нерӯи кофӣ дорад.
Хулосаи аслӣ ин аст, ки сарфи назар кардани воқеияту иқтидори мамолики абарқудрат аз ҷониби кишварҳои хурд ҳамеша фоҷиабор аст. Хоса имрӯз, ки доираи “ҷанги зӯрҳо” хеле танг шудааст. Мисолҳо хеле зиёданд, ки нодида гирифтанҳои ин воқеият натиҷаҳои аз пешбинӣ дур ба бор овардаанд. Аз намунаи наздиктарин бохти Арманистон дар ҷанги Қарабоғ мисол оварда мешавад…
Чаро “ҷанги зӯрҳо” ба Осиё накӯчид?
Ҷанги Россияву Украина ин эҳтимолро ҳам зиёд мегардонад, ки замони “инқилобҳои ранга” тамом шуд. Акнун вақти “зӯрии ошкор” фаро расидааст.
“Тақвими сиёсии ҷаҳон” бо тезису барномаи нав аслан метавонист аз 15 августи соли 2021 – бо ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон, рӯи кор биёяд. Вақте силоҳи зиёдеро Амрико амалан дар ихтиёри “Толибон” гузошту нерӯҳои худро аз ин кишвар бадар намуд. Шояд интизор ин буд, ки нерӯҳои Россия ба ин кишвар ворид мешаванд. Воқеан, Путин ин корро анҷом дода метавонист, аммо шояд дар он бозии қудратҳоро дид ва ба хулосае омад, ки “мушкил дар дигар ҷост”. Инро ба он маъно фаҳмидан ҳам шояд дуруст набошад, ки Кремл аз ҳаводиси ахири Афғонистон зуд хулоса кард: бояд дасти худро дар дарёи Панҷ шуст ва тамом!
Ба назар мерасад Кремл ба моҷарои “тақсими ҷаҳон” дар Осиё баъдтар баргаштанист. Ҳаводиси аввали сол дар Қазоқистон танҳо ишора ба “дасти дароз” –и онҳо дар минтақаро дошту бас…
Поёни ҳаводиси Украина чӣ метавонад бошад?
Ин гуна андеша ҷо дорад, ки Украина дер ё зуд байни Россия, Лаҳистон (Полша) ва Маҷористон (Венгрия) тақсим хоҳад шуд. Молдавия бошад шояд миёни Россия ва Руминия.
Ҳамин чанд рӯз пеш президенти собиқи Молдавия Игор Радон изҳор намуд, ки президенти феълии ин кишвар Майе Санду “пайвастшавии техникӣ” –и Молдавия ба Руминияро омода дорад. Ӯ мисол овард, ки ҳукумати феълӣ иқдомоти зиёд анҷом медиҳад, ки мисли Украина дар мамлакати онҳо бесарусомонӣ ба вуҷуд ояд. Гуфт далелҳое дорад, ки НАТО силоҳи зиёд ба кишвар ворид кардааст ва “ҳузури худро” дар Молдавия таъмин карданист. Андешаи зиддирусӣ низ дар ин авохир ба гуфтаи Радон афзоиш ёфтааст. Хотиррасон мешавем, ки Санду қаблан гуфта буд, ки якҷо шудани Молдавия бо Руминия танҳо дар ҳолате имкон дорад, ки мардум аз ин тарҳ ҷонибдорӣ намоянд. Маълум аст, ки агар ин кор сурат бигирад, Россия бештар “хашмгин” хоҳад шуд ва албатта тасмимҳои ҷиддӣ мегирад. Мисле, ки ҳамла ба Украина барои бисёриҳо тасаввурнашаванда ба назар мерасид…
Муҳимтарин бардошт аз ин равандҳои ба эҳтимол давомдор ин аст, ки моҷарои Россия бо Украина бо ҳарчӣ хатм нашавад, дунё пас аз он бозигарон ва қутбҳои дигарро хоҳад дошт. Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки: ҷаҳон ба гардиши наве рӯ ба рӯст ва тезии аслии он бар зидди зидди низоми тақрибан чорсадсолаи ҷаҳонӣ, ки “аврупомеҳвар” –аш мегуфтанду пас аз пошхӯрии СССР “амрикомеҳвар” гашт, равона шудааст.
Дар ин моваро ба назар мерасад, ки Россия, Чин ва Ҳинд хоҳони ҷаҳони чандқутбианд. Шояд ин гурӯҳро бозигарони пурқудрати минтақаии осиёӣ, аз ҷумла Ветнам, Индонезия ва то ҷое Филиппин дар Шарқи Дур; Эрон, Туркия ва Арабистони Саудӣ дар Ховари Миёнаи Бузург; Миср, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ дар қораи Африқо; Мексика, Бразилия, Аргентина ва Чили дар қораи Амрико ҳимоят кунанд.
Ин фарзия ҳам ҷо дорад, ки кишварҳои собиқ муттаҳиди Амрико дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин барномаҳои худро тадриҷан сӯи кишварҳои шарқӣ ба хотири маркази ояндаи қудрати сиёсӣ ва иқтисодӣ тағйир диҳанд. Зеро пайомадҳои ҷанги Россия бо Украина метавонад бӯҳрони энергетикӣ, ғизоӣ, таворумро дар дунё ба вуҷуд биёрад ва аллакай овардааст. Ин минтақа бошад ҳамоно аз онҳо бой аст…
Дар ин замина пеш овардани ҷангҳои милливу мазҳабӣ барои қудратҳои таъсиргузор мушкил нест, балки хеле аз хостаи онҳоро бароварда месозад, “асоснок” менамояд. Аз ҷумла, шояд талоше сурат гирад, ки бо ҳадафҳои барои қудратҳо мушаххас Чин ба ҷанг сӯи Тайван кашонида шавад.
Воқеан, Чин феълан дар қазияи пешомадаи Афғонистон манфиатҳои худро суроғ кард ва то ҷое онҳоро ҳосил намуд. Аз ҷумла, ба воситаи маблағгузории тарҳҳои иқтисодии Афғонистон, ки то ҳанӯз камбуди маблағро сахт эҳсос мекунад.
“Мубориза барои бетаърихӣ” ва ҳаводиси Бадахшони Тоҷикистон
Як хулосаи муҳим аз моҷароҳои нави дунё ин аст, ки онҳо бар зидди таърихи қадимаи башарият равона шудаанд. Дар Ироқу Сурия бо баҳонаи ташкили “давлати исломӣ” тақрибан ҳама осори таърихиву фарҳангиву мазҳабӣ аз ҷониби “ҳомиёни аслии ислом” аз байн бурда шуд. Дар Афғонистон ҳам. Ҳоло дар Украина бо баҳонаи ҷанг бо Россия тақрибан ҳамаи осору тасаввуроти бозмонда аз замони СССР аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ нобуд мегардад. Ин мавзӯъ метавонад хеле ҷиддӣ баррасӣ гардад. Масалан, чаро набояд дар ин бора фикр кард, ки яке аз ҳадафҳои муборизаҳои геополитикиву геостратегӣ ба он равона шудааст, ки таърихи кӯҳан ва нисбатан кӯҳан дар ин мовароҳо аз байн равад, то ин ки насли нав аз онҳо тақрибан чизе надонад? Одами бехотира ба чӣ монанд буда метавонад? Манқурт! Робот! Ва идора карданаш хеле осон аст…
Хулоса, мешавад гуфт бозандаи аслӣ дар ин гуна моҷароҳо мардуми кишварҳои Украина, Ироқ, Сурия, Афғонистон аст, ки кишварҳояшон зарари ҷуброннопазири инсонӣ ва иқтисодӣ дида, зерсохтҳояшон аксаран аз байн рафт. Давлатҳояшон ҳам мисли пешин дигар нестанд…
Барандаи аслӣ, ба назари таҳлилгарони мустақил, ИМА аст, ки бо пешбурди сиёсати путинҳаросӣ дар Аврупо, бо бастани шартномаҳои нави фурӯши аслиҳаи низомӣ бо кишварҳои аврупоӣ онҳоро заиф намуда, қудрати худро пойбарҷо гузоштанист. Аз ҳисоби қарордодҳои наваш дар мавриди фурӯши энергияи нафту газ бо кишварҳои аврупоӣ бошад, ИМА манфиати бузурги молиро ба даст меорад.
“Таътил” дар ҳодисаҳои Афғонистон бошад, ба он вобаста аст, ки интизор доранд: қадами баъдии Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ чист?
Давомдор шудани ҳодисаҳо дар Бадахшони Тоҷикистон низ ба сифати як мӯҳраи дигар дар минтақа боқӣ мемонад. Албатта дар ин вилоят мушкилоти дигаре вуҷуд доштанд, ки бештар хислати дохилӣ доштанд. Шояд чунин ҳам бошад, ё ҳолати дигаре, ки мо маълумот надорем…
Аммо мақомоти Тоҷикистон, ки дирӯз аз поён ёфтани “амалиёти террористӣ” дар Бадахшон ва “қатъ шудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави ВМКБ ба пуррагӣ” хабар доданд, шояд ба ин назаранд, ки авомили дохилӣ акнун решакан шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар баёнияи онҳо “хатарҳои беруна” мавқеи асосиро касб мекард.
Зимнан, “Бадахшони бузург” лоиҳаест, ки солҳо боз сари он мегӯянд. Талошҳое буданд, ки ҳодисаҳои ахири Бадахшонро ҷомаи мазҳабӣ пӯшонанд ва бархе марказҳои истихборотӣ тавассути расонаҳои хабарии ба онҳо мувофиқ, амалиёт дар ВМКБ –ро бо мақсадҳои мушаххас ҳамчун “ҷанги сунниву шиа” бозтоб доданӣ шуданд.
То куҷо ин гуна самт додани ҳодисаҳо ҷо дошта метавонад ва чӣ хавфҳоеро дар пай хоҳад дошт, саволи дигарест, ки аз раванди ҳодисаҳои баъдӣ бармеоянд…
Раҷаб Мирзо