Портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” тибқи Оинномаи созмон таъсис дода шудааст. Портал ҳадафҳои махсуси касбиро оид ба рушди тахассуси рӯзноманигорӣ тавассути эҷоди платформаи зарурии онлайнӣ ва давраҳои омӯзишӣ барои таҳлилгарони оянда пайгирӣ мекунад.
Ташкилоти ҷамъиятии “Машваратаи расонавӣ” соли 2010 ба қайд гирифта шудааст. Рисолатии асосии созмон пешниҳоди кӯмак ба расонаҳои ватанӣ дар соҳаи менеҷменти ташкилот, эҷоди сохтори самарабахши ВАО, ташхиси мушкилоти дохилии идораҳо, тавсияҳо оид ба бартарафсозии камбудиҳо, кӯмак дар таҳияи ҳуҷҷатҳо, лоиҳаҳо, омодасозии кадрҳо мебошад.
Дар муддати даҳ сол созмон ба даҳҳо расонаҳои давлативу мустақил кӯмак расонидааст. Дар бахши расонаҳо 11 тадқиқотро ба анҷом расонидааст, маъруфтарин тадқиқот инҳоянд:
«Баҳодиҳии таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба воситаҳои ахбори оммаи мустақили ҶТ” (2016г);
«Муайянсозии афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо». Лоиҳаи Сафорати ИМА дар ҶТ (солҳои 2018 ва 2019).
Портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” – ин лоиҳаи нави ТҶ “Машварати расонавӣ” аст. Портал матлабҳои хусусияти таҳлилӣ доштаро нашр карданист, ки мундариҷаи амиқи аз ҷиҳати таҳлилӣ ва ё илмӣ асоснокшуда, муҳтавои дурусти мантиқӣ доранд ва хулосаи онҳо самараи кори зеҳнии муаллифон мебошад.
Портал – бо фаъолияти сиёсӣ машғул нест, дар таблиғи ҳизбҳои сиёсӣ ва динӣ, ҳаракату гуруҳҳо, шахсиятҳои алоҳида ва ҳадафҳои онҳо, ё маъракаҳои аз ҷониби онҳо баргузоршаванда иштирок намекунад.
– барои таъсиргузорӣ ба натиҷаҳои интихобот, раъйпурсиҳо, чорабиниҳои маъмурии ҷамъиятӣ ва давлатӣ, инчунин маъракаҳои ба онҳо вобаста пешбинӣ нашудааст;
– дар ҳадафҳо ва амалҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мекунад, ширкат намеварзад;
– ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гуна сатҳҳо таъсир гузоштанӣ нест.
Принсипҳои асосии Портал:
• Амалигардонии манфиатҳои ҷамъиятӣ ва рӯ овардан ба истеъмолкунандаи муҳтавои таҳлилӣ;
• Таъсиси пойгоҳи рӯзноманигорон ва коршиносоне, ки ба назоратбарӣ ва таҳлили босифати мушкилоти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Ҷанбаҳои муҳими сиёсати идории Портал:
• Тасмим дар бораи нашр кардан, зарурати аз нав дида баромадан ё рад кардани матлабҳои ба мавзуъ номувофиқ ва ё ба таври зарурӣ таҳия нашуда аз ҷониби ҳайати таҳририяи Портали иттилоотӣ-таҳлилӣ дар шахси сармуҳаррир, муҳаррир ва ё ҳамоҳангсози лоиҳа гирифта мешавад. Матлабҳои аз берун ирсолшударо ҳайати таҳририя метавонад бидуни асос ва баррасӣ рад кунад;
• Матлабҳои ба нашр пешниҳодгардидаро аз ҷониби системаҳои мухталиф, ки асардуздиро ошкор мекунанд, санҷидан, тибқи талаботи Портали иттилоотӣ-таҳлилӣ тафтишу таҳрир кардан мумкин аст. Ҳайати таҳририя ҳақ дорад, ки бидуни тағйири мундариҷаи матлаб онро ихтисор ва ё таҳрир кунад. Пеш аз нашр, аз рӯи зарурат, он метавонад бо муаллиф (муаллифон)-и матлабҳои пешниҳодшуда мувофиқа карда шавад;
• Муаллифон барои маълумоту додаҳои дар матлаб овардашуда масъул мебошанд. Матлабҳои дар Портал ҷойгиршуда ва хулосаҳои онҳо нуқтаи назари шахсии муаллифонро инъикос мекунад, ки мумкин аст бо назари ҳайати таҳририя мувофиқ набошад;
• Ирсол кардани мақола ба идора чунин маъно дорад, ки муаллиф ба нашри он дар Портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” ва таҳрири мақолаҳо тибқи сиёсати идории Портал розӣ аст. Ҳамзамон ин розигӣ ба бознашри мақола дар сомонаҳои дигар ва интиқоли матни мақола ба расонаҳои ҳамшарик (бо зикри ҳатмии маълумот дар бораи муаллиф) бо мақсади таъмини имконоти истиноди матлаб ва болобарии шохиси истинодҳои муаллиф ва Портал мебошад;
• Роҳбарияти Портали иттилоотӣ-таҳлилӣ ҳамеша тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки ягон муаллифи мақола бе пардохти хақмузд барои матлаби пешниҳодшуда намонад;
• Матлабҳое, ки хусусияти тарғиботӣ доранд, дар Портали иттилоотӣ-таҳлилӣ бо шарти ҳатмӣ – нишондоди ҳамаи маълумоти фармоишгар нашр мешаванд.
ТАВАҶҶӮҲ! МУҲИМ!
• Бознашри матлабҳои дар Портали иттилоотӣ-таҳлилӣ нашршуда бе иҷозаи хаттии ҳайати таҳририя ва истинод ба Портал мумкин, аммо мавриди истиқбол нест ва агар дар матн тағйироте ба амал наомада бошад, он наметавонад сабаби мурофиаи додгоҳӣ шавад.
• Бознашри матлабҳои дар Портали иттилоотӣ-таҳлилӣ нашршуда бе зикри маълумот дар бораи муаллиф, ҳамчунин бознашр бо тағйироти иловашуда ба мақола мумкин нест ва метавонад сабаби мурофиаи додгоҳӣ шавад;
• Бознашри матлабҳои дар Портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” нашршуда бо зикри маълумот дар бораи муаллиф ва ё Портал, аммо дар шакли ихтисор ё овардани пора аз мақола, ки моҳияти муҳтавои мақоларо инъикос намекунад, мумкин нест ва метавонад сабаби мурофиаи додгоҳӣ гардад;
Фаъолияти ТҶ “Машварати расонавӣ” бо намудҳои дар боло зикршудаи амалҳо маҳдуд намешавад. Доираи намуди хизматрасониҳои ташкилот ҳамеша васеъ мегардад ва мо барои баррасии дигар намудҳои фаъолияти марбут бо расонаҳо, ки ба пешрафти созмони шумо мусоидат менамояд, омода ҳастем.
Мо барои сифати баланд, эътимоднокӣ ва ҳамкории дарозмуддат саъй мекунем.